Дар 12 моҳе, ки гузашт уқёнуси шоу бизнес ҳолати якранг надошт. Сафинаи бархе аз овозхону ҳунармандон зери барфу туфон қарор гирифт ва қисме рӯи мавҷҳои ором дар шино буданд. Заврақи гурӯҳе дар нимароҳи санъат ба яхпораҳои бузург бархӯрда пора-пора шуд ва аммо боди форам киштии қисмеро ба соҳили мурод бурд. Ҳоло ки дар соли наҳанг умр ба сар мебарем, чанд тикае аз хабар ва ҳаводиси гуфтании соли заргушро пешниҳод месозем.
* ЧАШМАНДОЗЕ БА СОЛИ ХАРГУШ
Опубликовано MAHBUB-TJ на 03.01.2012
Рубрика: ШОУ-БИЗ | Отмечено: 2011, заргуш | Комментарии (1) »
* Сукути Фарзонаро соли нав мешиканад?
Опубликовано MAHBUB-TJ на 03.01.2012
Номи Фарзонаи Хуршед чун 22 моҳи қабл боз ба сархати хабарҳои Тоҷикистон баромад. Агар дар 23 феврали соли гузашта вақте додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ӯро барои ду сол равонаи зиндон кард, расонаӣ шуд, пас ҳоло аз он хотир, ки дар ҷашнвораи мусиқии мавсум ба «Big Apple Awards» тарона иҷро кард.
Рубрика: ШОУ-БИЗ | Отмечено: Big Apple Awards, Фарзона, Хуршед | Оставьте комментарий »
«Талоши зиндагӣ»-и Субҳони Саид
Опубликовано MAHBUB-TJ на 09.12.2011
Инқилобе дар мусиқии тоҷик, набарде алайҳи заъфу нотавонӣ, шӯрише дар ло балои қачравиҳои рӯзгор.
Филармонияи давлатии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе 3-юми декабри соли 2011 мизбони барномаи ҳунарии Субҳони Саид, маҳбубтарин овозхони тоҷик буд. Толоре, ки ҳамагӣ барои ҳудуди 900 тамошобин пешбинӣ шудааст, қадамҷои бештар аз 1,5 ҳазор нафар шуд. Тақрибан нисфи тамошочиён бо иллати набудани ҷой пушти дарҳои филармония монданд…
Рубрика: ШОУ-БИЗ | Оставьте комментарий »
* Тамошои озмуни «ҷунбон-ҷунбон» сари табақи қурутоб
Опубликовано MAHBUB-TJ на 30.11.2011
Бархе аз намояндаҳои шоу бизнеси тоҷик зиёд талош доранд, ки бо ду роҳ таваҷҷӯҳи мардумро ба худ ҷалб намоянд: ҷинсҳои латиф бо дунбаҷунбониву ҷинсҳои «дурушт» бо ширкати раққосаҳои урёнпӯш дар клипҳояшон. Баъзан ба назар мерасад, ки сарояндазанакҳо гӯё бо ҳам мусобиқаи пӯшидае доранд, «яъне, кӣ хушрӯтар «меҷунбонад». Мардҳо низ ҳамчунин, «дар клипи кӣ зиёдтар духтарони нимурён рақс мекунанд». Хуб, гуфтем, шояд, ин як сабқати пӯшидае бошад, аммо биёед дар сӯҳбати имрӯз 2 озмуни ошкорое ташкил мекунем. То қадри имкон чанд намунаи дунбаҷунбониву синатакониро ба риштаи тасвир мекашам (агар тугмаҳои клавиатура об нашаванд), шумо дар охир ҷамъу тарҳу зарбу тақсим карда, баҳогузорӣ мекунед. Кӣ зиёду хушрӯтар меҷунбонад? Ман пешниҳод мекардам, ки вазири фарҳангро сардовар интихоб намоед (Ин ҷо бо баъзе «хотирҳо» исми бонуҳои сарояндаро зикр намекунем, вале агар барои нафаре, махсусан аз вазорати фарҳанг, таваҷҷӯҳбарангез бошад, метавонем телефонӣ ному насабро «ифшо» созем).
Рубрика: ШОУ-БИЗ | Отмечено: Бахроми Гафури, Садриддин, Сухроби Махмуд | Комментарии (4) »
* Дуэт ва ё «ишқи табу» дар эстрадаи тоҷик (видео)
Опубликовано MAHBUB-TJ на 15.09.2011
Санъати эстрадаи Тоҷикистон, ки гардонандагони он шоу бизнесро ба маънии тӯйгардак мефаҳманд, шаҳри бедарвозаро мемонад. Расму оинҳоро танзим карданд, ришу мӯйлаби муаллимонро танзим карданд, масҷидравии наврасонро танзим он тараф истад, тамоман табу эълон доштанд…
Ва танҳо санъати мусиқиро касе натавонист танзим намояд. Ҳатто кӯшиш ҳам накард. Дар ин майдони бесару нӯг, ки «ҳар кас медонаду дави аспаш», чӣ корҳое, ки намешавад. Аввалан бахшиш, ки ин тавр андешаронӣ дорам, вале ин майдон то он ҷо беназорат аст, ки бародар ба хоҳари худ изҳори муҳаббат карда, посухи ҳамсон мешунавад ва ҳазорон каси дигар зери ин наво хурсандиву рақс мекунанд. Аҷаб нест, онҳое ҳам кафкӯбӣ кунанд, ки танзиму назорати асолати фарҳангу санъат вазифаи ҷоноҷонашон аст.
Рубрика: ШОУ-БИЗ | Отмечено: Исматулло, Муҳаммадрофеъ, Нигора, Нозия, Падидаи нав, Сайёд, Суруш, вазир, дуэт, суруд, фарҳанг | Комментарии (3) »
* Ислом Каримов ва клипҳои Фирӯза Ҳафизова (видео)
Опубликовано MAHBUB-TJ на 29.08.2011
Фикр мекунам, пайдо кардани нафаре, ки баъди тамошои клипу консертҳои супер-овозхонҳои тоҷик гиребон нагирифтаву тавба накардааст, кори осоне нест. Ман ба ин овоза, ки Ислом Каримов тамоми се моҳи зимистон моро бо барқи «шикамсерӣ» таъмин мекунад, бовар мекунаму ба ҳарфе, ки «тавбагарон»-и тамошои сарояндаҳо ангушшуморанд, ҳаргиз не. Кӣ дасти рост рӯи синаи чап гузошта, ҷавонмардона (ё ҷавонзанона) мегӯяд, тамошои чунин дискҳоро бе нӯги забон овардани калимаи «наузанбиллоҳ» ба итмом расонидааст? Масалан, вобаста ба мавзӯи мавриди матраҳи имрӯз он қадар гиребон «панҷа» кардам, ки на «кӯк» монду на «дарз».
Рубрика: ШОУ-БИЗ | Отмечено: Ислом Каримов, Фирӯза Ҳафизова, албом, сарояндаи тоҷик, чубдаст | Комментарии (7) »
* «Қотил»-и Сӯҳроби Сафарзод маълум шуд (видео)
Опубликовано MAHBUB-TJ на 28.07.2011
Соати 4:30 Сӯҳроби Сафарзод дар ҳолати мастӣ ба хонаи шиносаш Сабзалӣ Ҳайдаров меравад. Субҳи рӯзи 10-уми декабари соли 2010 вақте соҳибхона ӯро аз хоб бедор карданӣ мешаванд, аллакай нафас намекашидааст.
Рубрика: ШОУ-БИЗ | Отмечено: Амфитамин, Симин, Сӯҳроби Сафарзод, агентии назорати маводи нашъадор, ситораҳои эстрадаи тоҷик, қотил | Оставьте комментарий »
* Сароянда узвҳои баданашро ба ниёзмандон мерос гузошт
Опубликовано MAHBUB-TJ на 18.07.2011
Наталя Ветлитская, хонандаи маъруфи жанри попи Русия дар васиятномаи худ узвҳои баданашро ба ниёзмандон мерос гузоштааст.
Рубрика: ШОУ-БИЗ | Комментарии (2) »
«Ноу-хау»-и журналистони тоҷик
Опубликовано MAHBUB-TJ на 06.07.2011
Сарояндаҳои рус журналист мешаванд, журналистони тоҷик сароянда
Гурӯҳе аз сарояндаҳои маъруфи Русия акнун ба авҷи қуллаи шӯҳрат аз роҳи ровии барномаҳои телевизионӣ шудан роҳкушоӣ мекунанд, бархе журналистони тоҷик бошанд, бо рӯй овардан ба сарояндагӣ карера сохтаниянд.
Рубрика: ШОУ-БИЗ | Оставьте комментарий »
* «Суруди сол» мурд, «Суруди сол» зинда шуд
Опубликовано MAHBUB-TJ на 30.06.2011
Дар Душанбе ба беҳтарин сарояндаҳои эстрада ҷоиза супориданд. Маросими эътои ин мукофотҳо қаблан бо номи «Суруди сол» ёд мешуд ва ба як чорабинии маъруф табдил гашта буд. Он дар шакли озмун пешниҳод ва ҷамъбаст мегардид. Суруди беҳтарин аз тариқи овоздиҳии мухлисон ва баҳои ҳакамони вижа интихоб мешуд. Аммо соҳибони ҷоизаҳои имсоларо худи ташаббускори чорабинӣ, вазорати фарҳанг интихоб намудааст. Бархе иштирокчиёни чорабинӣ мегуфтанд, ки маъракаи имсола аслан ба «Суруди сол» шабоҳат надошт… Рубрика: ШОУ-БИЗ | Оставьте комментарий »
