MAHBUB-TJ
* ЧАШМАНДОЗЕ БА СОЛИ ХАРГУШ
Дар 12 моҳе, ки гузашт уқёнуси шоу бизнес ҳолати якранг надошт. Сафинаи бархе аз овозхону ҳунармандон зери барфу туфон қарор гирифт ва қисме рӯи мавҷҳои ором дар шино буданд. Заврақи гурӯҳе дар нимароҳи санъат ба яхпораҳои бузург бархӯрда пора-пора шуд ва аммо боди форам киштии қисмеро ба соҳили мурод бурд. Ҳоло ки дар соли наҳанг умр ба сар мебарем, чанд тикае аз хабар ва ҳаводиси гуфтании соли заргушро пешниҳод месозем.
Нахустин воқеоти марбут ба шоубизнес дар нахустин моҳи 2011 ин буд, ки Меҳрубони Равшан, овозхони попи тоҷик эълом дошт, бо далели ба арзишҳои исломӣ рӯй оварданаш саҳнаро тарк мекунад. Меҳрубони Равшан ба «Озодӣ» гуфта буд, қасд дорад аз ин ба баъд таронаҳои мазҳабӣ иҷро намояд. Аммо бо гузашти ҳудуди як сол ҳеч як таронаи мазҳабии вай қобили шунидан нашуда, баръакс дар консертҳои Душанбе ҳамчунон таронаҳои «шух» иҷро мекунад. Воқеан, дар барномаҳои солинавии толорҳои Душанбе, ки аз тарики телевизион таблиғ мешавад, исми Меҳрубон низ ҳаст.  Дар ҳоле, ки як сол қабл ба хабаргузориҳо гуфта буд, чор сол мешавад, соли нави мелодиро ҷашн намегирад, зеро «дар ислом мамнӯъ аст».
14 июн дар рӯзи мавлуд ва ҳам марги Аҳмад Зоҳир, сарояндаи фақиди машриқзамин дар толори филармонияи давлатӣ маҳфили ёдбуд баргузор гардид. Дар он 40 нафар аз сарояндаҳо, ки таронаҳои Аҳмад Зоҳирро бозхонӣ кардаанд, барои алоқамандони ҳунари ӯ ҳунарнамоӣ карданд.
Моҳи июн дар шаҳри Душанбе ба беҳтарин сарояндаҳои эстрада ҷоиза супориданд. Дар маросими эътои мукофотҳо, ки «Суруди сол» унвон мешу два вазорати фарҳанг созмон дод, шоҳҷоиза- «Беҳтарин сарояндаи сол» насиби Садриддин Наҷмиддин ва Ҷонибек Муродов гардид. Баҳроми Ғафурӣ ҷоизаи «Беҳтарин клип», Зикриоллоҳ Ҳакимов «Беҳтарин оҳангсоз», Эҳсон ва Манижа «Беҳтарин Дуэт», Гулру Табарова ва Зайнура Пулодӣ  ҷоизаи «Барои қадамҳои нахустин дар саҳна», Фирӯза Ҳафизова «Беҳтарин албом», Валиҷон Азизов «Таваҷҷӯҳи тамошобин», Бахтиёр Иброҳимов, Нигина Амонкулова ва Дилноза Каримова «Беҳтарин иштирокчии чорабиниҳои давлатӣ» дониста шуданд.
Таронаи «We Found Love»-и Рианна сершунавандатарин суруди соли 2011 эътироф шудааст. Нақороти ин тарона, ки бо тоҷикӣ «Муҳаббати худро дар ҷои номуносиб дарёфтам» аст, 12 маротиба такрор мешавад ва ин такроршавиҳо боиси танқидҳои зиёди мунақидони шоу бизнес шуд, аммо бо вуҷуд ин тарона ҳашт маротиба паи ҳам дар садри  хит-паради Billboard қарор гирифт.
17 июл дар кохи Борбад консерти Мансури Ҷаъфарӣ, овозхони саршиноси эронитабори муқими Амрико доир шуд. Ин дувумин барномаи ҳунарии Мансур дар Тоҷикистон буд. Консерти нахустини вай соли 2004 ҳамчунин дар Кохи Борбад баргузор шуда буд.
Моҳи июли соли 2011 мақомоти Белорус пахши таронаи «Перемен» -и гурӯҳи «Кино»-ро дар радиоҳои ин кишвар мамнуъ кард. Гуфта мешуд, ин суруд дар қалби шунавандаҳо руҳияи инқилобиро бармеангезад. Ин таронаро ҳатто гимни ҳаракати эътирозӣ дар Белорус унвон мекарданд.
24 июл гурӯҳи «Парем» дар гаронарзиштарин толори консертии Маскав, мавсум ба «БИ-2» консерт иҷро кард. Хабари барномаи консертии «Парем»-ро шоуменҳои радиои «Маяк» ба танз кашиданд. Бо талоши Олим Ширинов, раҳбари гурӯҳи «Парем» вазорати умури хориҷии Тоҷикистон унвони радиои «Маяк» нома ирсол намуд ва талаби узр пурсиданро кард. Ровиёни радио номаро дар эфир хонданд ва аз мардуми тоҷик узр хостанд.
Соли равон Тимур Юнусов, мулаққаб ба Тимати бо 500 ҳазор евро бар матни таронаи «На краю земли» клип бардошт. Ин клипи 3,5 дақиқаии рэпсаро дар шоубизнеси Русия гаронтарин маҳсуб мешавад.
Дар Амрико бошад, видеоклипи Lady Gaga бар таронаи «Judas» гаронтарин дар соли 2011 будааст. Аммо буҷаи ин клип бо маблағи 10 миллион доллар натавонист, ба гаронтарин клип дар таърихи мусиқӣ-таронаи «Scream»-и Майкл Ҷексон ва Ҷанет Ҷексон дар соли 1995 баробар шавад.
Дар Тоҷикистон гаронтарин клип таронаи «Сердце прости»-и Ҷонибек Муродов аст, ки дар Амрико бардошта шудааст.
Фарзонаи Хуршед баъди наздики ду соли маҳбас моҳи август дар пайи қонуни авф раҳо шуд. Ӯ авоили соли 2010 бо ҷурми кӯмак ба фирори дӯстдоштааш Фаррух Рӯзиев аз додгоҳ ба ду соли зиндон маҳкум шуда буд. Аз замони озодӣ то кунун 3 тарона иҷро кардааст. Дар нахустин рӯзҳои моҳи декабр вай ҳамроҳи апааш Шабнами Сурайё ба Амрико рафта дар ҷашнвораи «Биг Эпл» ба ҳайси меҳмон тарона иҷро намуд.
Далер Назаров, маъруфтарин сарояндаи попи тоҷик моҳи сентябр ҳаводорони ҳунарашро ба осорхонаи «Гуринҷ» хонд. Дар ин маҳфил Далер чанд оҳанги тоза низ иҷро кард, ки бо истиқболи гарми ҳаводорон рӯ ба рӯ шуд.
Имсол Ораш, хонандаи саршиноси Шарқ барои клипи «Мелоди» аз ҳаводоронаш кӯмак хост, дақиқтар вай барои ҷолиб шудани клипи суруд аз тариқи сомонаи расмии худ аз мухлисонаш даъват кард, то зери таронаи мазкур худро навор бардошта, ба ӯ фиристанд. Дар ин клип ҳудуди 200 навор аз тамоми гӯшаи сайёра ҷой дода шудааст, аммо ҳеч пораи наворе аз Тоҷикистонро онҷо намебинем, ҳарчанд дар суҳбате ба ОМ Ораш гуфта буд, ки зиёд мехоҳад, наворҳое ҳам аз Тоҷикистон дар ин миён бошад.
Онлайн-мағозаи iTunes феҳрастиалбомҳоисерхаридорисоли 2011-ромунташиркард. Албоми Адел, овозхони бритониёӣ, ки «21» ном гирифтааст, дар ин рейтинг садрнишин аст. То имрӯз беш аз 12 миллион нусхаи албоми мазкур харидорӣ шудааст. Маҷмуаи «Sigh No More»-и Mumford & Sons дар зинаи дуюм қарор дорад. Албоми Лил Уэйн бо номи«Tha Carter IV» мақоми сеюмро муаррифӣ мекунад. Леди Гага бо албоми«Born This Way» дар ҷои шашум аст. Lady GaGa ҳамчунин имсол чор ҷоизаи MTV Europe Music Awards  ё «Ҷоизаи мусиқии Аврупо» дар соли 2011-ро ба худ ихтисос дод. Дар феҳрасти «Овозхони беҳтарин» садрнишин шуд ва таронаи «BornThisWay» ё «Таваллудшудаи ин роҳ» дар номгӯи «Беҳтарин Суруд» ва «Беҳтарин Клип» ба зинаи аввал баромад.
Консерти Ҷонибек Муродов, ки мебоист якуми октябр дар Кохи Борбад баргузор мешуд, он гуна ки масъулин гуфтанд, бо далели қавоиди зидисухторӣ дар филармонияи давлатӣ доир гардид.
27 октябр шаҳри Душанбе меҳмони дуюмин ҷашнвораи «Осмони иттиҳод» буд. «Самои иттиҳод» хонандаҳои саршиноси кишварҳои аъзои иттиҳоди давлатҳои ҳамсудро бо истиснои намояндагони Ӯзбакистон ба Душанбе овард.
11 ноябри соли 2011, соати 11:11, ки дар расонаҳо бо 12 як навишта мешуд, Андӣ, шоҳи мусиқии шарқ дар сини 55 солагӣ барои нахустин маротиба арусӣ кард. Ӯ бо амрикоидухтаре бо номи Шани издивоҷ намуд, ки даҳсолаҳост дар таҳияи албомҳои Андӣ кӯмак мекунад. Андӣ ва Шани таронаҳои муштарак ҳам иҷро кардаанд. Маросими арусии онҳо се рӯз идома кард.
Роман Тенгизбоев, оҳангсози тоҷикистонӣ гурӯҳи «Топик Рекертс»-ро барои бе иҷоза истифода кардани оҳангаш муттаҳам кард. Ба қавли Тенгизбоев ин гурӯҳи бритониёӣ ба як оҳанги ӯ бо забони англисӣ суруд навишта, ба фурӯш гузоштаанд. Тенгизбоев гуфт, оҳангро дар вазорати фарҳанги Тоҷикистон сабти ном карда ва шаҳодатномаи байналмилалӣ низ дорад. Тенгизбоев изҳор намуд, ки қасд дорад, аз ҳуқуқҳояш то лаҳзаи охир дифоъ намояд ва дар сурати зарурӣ баҳсро то ба додгоҳи британияи Кабир хоҳад кашид.
3 декбр се овозхони тоҷик баррандаи ҷашнвораи Big Apple Awards-и Амрико шуданд. Ҷӯрабек Муродов «Чеҳраи мондагор», фарзанди вай Ҷӯрабек Муродов «Беҳтарин сарояндаи мард аз Осиёи Марказӣ» ва Шабнами Сурайё «Беҳтарин овозхони зан аз Осиёи Марказӣ» эълон шуданд.
Филармонияи давлатии Тоҷикистон 3-юми декабри соли 2011 мизбони барномаи ҳунарии Субҳони Саид, маҳбубтарин овозхони тоҷик буд. Толоре, ки ҳамагӣ барои ҳудуди 900 тамошобин пешбинӣ шудааст, қадамҷои бештар аз 1,5 ҳазор нафар шуд. Тақрибан нисфи тамошочиён бо иллати набудани ҷой пушти дарҳои филармония монданд. Субҳони Саид баъди бештар аз 10 дурӣ аз саҳна дигарбора рӯ ба рӯи ҳаводорони ҳунараш омад.
13-декабр дар театри ба номи Лоҳутии Душанбе нахустин консерти  се гурӯҳи фолклорӣ- «Яр», «Алос» ва «Ло Ноти Фломенгу»-и Русия баргузор шуд.
Алла Пугачева, примаддонаи рус баъди даҳ соли ҳамзистӣ бо ҳаҷвнигор Максим Галкин билохира 24 декабри соли 2011 расман ақди никоҳ баста, арусӣ карданд.
* Сукути Фарзонаро соли нав мешиканад?
Номи Фарзонаи Хуршед чун 22 моҳи қабл боз ба сархати хабарҳои Тоҷикистон баромад. Агар дар 23 феврали соли гузашта вақте додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ӯро барои ду сол равонаи зиндон кард, расонаӣ шуд, пас ҳоло аз он хотир, ки дар ҷашнвораи мусиқии мавсум ба «Big Apple Awards» тарона иҷро кард.
«Big Apple Awards» 3 декабри соли 2011 баргузор шуд ва Фарзонаи Хуршед ба ҳайси меҳмон дар он ширкат намуд. Аммо апааш Шабнами Сурайё имсол ҳам ба монанди як соли пеш ҷоизадори озмун буд. Шабнам имсол «Беҳтарин овозхони зан аз Осиёи Марказӣ» эътироф гардид. Аммо Шабнаму Фарзона танҳо хонандаҳои тоҷик набуданд, ки ба «Big Apple Awards» даъват шуданд. Ҷӯрабек Муродов ва фарзанди ӯ Ҷонибек Муродов ҳам аз ҷашнвораи мазкур дасти холӣ барнагаштанд. Аввалӣ «Чеҳраи мондагор» ва дуюмӣ «Беҳтарин овозхони мард аз Осиёи Марказӣ» шинохта шуданд.
Акнун баргардем назди Фарзонаи Хуршед, ки замоне ҳамчун «маҳбуси ишқ» маъруф гардид. Ин унвон замоне ба исми ӯ ҳалқа шуд, ки додгоҳ Фарзонаи Хуршедро барои мусоидат ба фирори дӯстписараш Фаррух аз толори додгоҳ муттаҳам шинохта, барои ду сол аз озодӣ маҳрум кард. Фарзонаи Хуршед баъди бештар аз як соли гушанишини зиндони занонаи Норак будан, моҳи август тибқи қонуни афв раҳо шуд. Вақте аз дарвозаи маҳбас берун шуд, гуфт, нахуст мехоҳад ба дидори модараш-Сурайё Қосимова бирасад ва аз ӯ узр бихоҳад. Воқеан, замоне ки Фарзона озод гардид, Сурайё дар бистарӣ беморӣ буд. Дар сӯҳбатҳои қаблӣ низ ба хабарнигорон Сурайё мегуфт, ғами Фарзона ӯро мариз кардааст.
Фарзонаи Хуршед гуфт, ки дар маҳбас ҳарчанд тарона насуруд, аммо ба эҷоди шеър машғул буд ва ваъда кард дар наздиктарин фурсат дигарбора ба саҳна бармегардад.
Баъди раҳоӣ дар саҳнаҳои Тоҷикистон ӯро касе надид, ҳарчанд ду таронаи тозаи ӯ дар феҳрасти сершунавандатарин сурудҳои нуктаҳои дискфурушӣ қарор дошт. Яке аз ин сурудҳо копишуда аз эронист, ки «Хаста шудам» ном дорад. Таронаи дуюм «Ба ҷонам ҷафо кардӣ» ва суруди сеюм «Баро-баро» аст.
Тули чор моҳ, ки Фарзона дар озодист, дар ҳеч барномаи консертӣ ширкат накард. Дар консертҳое ҳам, ки ба хотири ҷашни Соли нави мелодӣ дар толорҳои хурду бузурги шаҳри Душанбе зиёд таблиғ мешавад, дар феҳрасти дуру дарози сарояндаҳо номи Фарзонаи Хуршедро намебинем. Таҳлилгарон мегӯянд, бо эҳтимоли зиёд Фарзонаи Хуршед, аз соли нави 2012 ба саҳна хоҳад баргашт. Шояд ӯ мехоҳад, ин солро, ки ба димоғаш буи зиндон ва дуриву ҷудоиро меоварад, поён бубарад ва аз соли нав бо руҳи болидаву табъи чоқ рӯ ба рӯи ҳаводоронаш биёяд.
Фарзонаи Хуршед 22 сол дорад ва мисли апааш Шабнами Сурайё миёни ҷавонон маҳбубияти хосае касб кардааст. Таронаҳои «Модар», «Ҷураҷон хона биё», «Эй ошиқон», «Ёракам омад» аз сурудҳои сершунавандаи ӯ маҳсуб мешавад. Дар ин миён чанд таронаи хонандаҳои эронзабон бо шумули хонум Гугуш «Оҳуи ишқ» ва Комрону Ҳумон «Маро бубахш»-ро низ бозхонӣ кардааст, ки ба обруяш афзуд.
«Талоши зиндагӣ»-и Субҳони Саид
Инқилобе дар мусиқии тоҷик, набарде алайҳи заъфу нотавонӣ, шӯрише дар ло балои қачравиҳои рӯзгор.
Филармонияи давлатии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе 3-юми декабри соли 2011 мизбони барномаи ҳунарии Субҳони Саид, маҳбубтарин овозхони тоҷик буд. Толоре, ки ҳамагӣ барои ҳудуди 900 тамошобин пешбинӣ шудааст, қадамҷои бештар аз 1,5 ҳазор нафар шуд. Тақрибан нисфи тамошочиён бо иллати набудани ҷой пушти дарҳои филармония монданд…
10 соле, ки ёди ӯро аз ёдҳо набурд
»Ӯ аз миёни обу оташ бурун омад,
ӯ паҳнои дардро қадам зад ва акнун
ба сӯи мо бо як сабад гул меояд,
гули ёдҳо, гули андеша, гули алам…»
Субҳони Ҷалил, журналист
Субҳони Саид баъди бештар аз 10 сол дигарбора рӯи саҳна омад. Даҳ соли ранҷ, даҳ соли дард, даҳ соли интизорӣ. Аммо маълум гардид, ки ин фурсати тӯлонӣ ҳам маҳбубияти ӯро назди ҳаводорони мусиқӣ заррае коста накарда. Вақте пардаи саҳнаро боз карданд, аҳли толор ҳамагӣ аз ҷо баланд шуд ва ба истиқболи Субҳон мудаввом кафкубӣ кард. Вай солҳои зиёд дар саҳнаҳои консертӣ баромад надошт, аз экранҳои телевизион дур буд ва садояш ба мавҷи радиоҳои давлатӣ намерасид. Бовуҷуд, дар толори филармония ба таъбири мардум «ҷои сӯзанпартоӣ» набуд. Роҳраву роҳравчаҳои толор моломоли тамошобин. Шаҳриву деҳотӣ, галстукдору «спартивкапӯш», савораву пиёда ва пиру барно талоши дидани Субҳони Саидро мекарданд. Ҳарчанд бахт ба рӯйи ҳама нахандид ва даҳҳо нафар имкони вуруд ба толорро пайдо накард.
Ҷавонони зиёде ҳам аз тамошочии консерт буданд. Аз чанд нафар пурсидам, ки онҳоро чӣ ба ин консерт кашид? Эраҷ гуфт, ки шеваи таронасароии Субҳон барояш писанд аст, зеро ин овозхон дар ҳар куҷо ва ҳамеша аз дарди миллат гуфтааст. «Маҳз ҳамин вижагӣ Субҳони Саидро маъруф кардааст. Ман ӯро аз беҳтарин сарояндаҳои тоҷик мешуморам. Дар чандин консертҳо ширкат доштам, аммо ягон маротиба ин қадар истиқболи гарми мухлисонро надида будам. Мардум ҳама ӯро дастгирӣ намуд ва ба ҳунараш қоил шуд». Саида ҳам тақрибан ба ҳамин маънӣ андешаронӣ кард. Ба қавли вай таронаҳои оригиналӣ-матну оҳанги олӣ Субҳонро миёни ҷавонон саршинос нигоҳ медорад. Саида гуфт, ки бо азобе вориди толор шуд ва аз он ки одамон зиёд буданд, дар қатори аз ҳама охир то охири консерт рост истод. Аммо Абдуазим аз дигар ҷавонони тамошочии консерт сабаби аслии серодам шудани филармонияро ба муддати мадид рӯи саҳна набудани Субҳон марбут донист. Вай гуфт, барои аксар ҷолиб буд, ки баъди танаффуси тӯлонӣ ин хонанда бо чӣ пайғоме рӯ ба рӯи тамошобин меояд. Субҳон Ҷалилов, директории барномаҳои радиои «Ватан» бошад, маҳбубияти ҳамномашро дар хулқу атвори хонанда медонад: «Аксарият аз хулқу атвор ҳам сарояндаҳоро баҳогузорӣ мекунанд. Субҳони Саид ҳеч гоҳ барои ба даст овардани унвон талош накардааст, ӯ кӯшиш накардааст, ки ба барномаҳои фарҳангии давлатӣ бо ҳар усул роҳ ёбад ва ё барои худнамоӣ ё ба даст овардани чизе барои касе суруд хонад. Ҳамаи ин Субҳонро ба шахсияте табдил кард, ки мардум воқеан имрӯз ӯро гуш мекунанд, он гуна ки дирӯз мешуниданд ва фардову фардоҳои дигар низ хоҳанд шунид».
Дар барномаи консертӣ Субҳони Саид 12 тарона иҷро намуд, ки шаштои он сурудҳои қаблан таҳияшуда ва шаши дигар таронаҳое, ки рӯи бистари беморӣ эҷод шудаанд. Дар баробари дӯстону шогирдон фарзандони Субҳон-Сайёд, Амиршо, Ҷамшед ва Сорбон ҳам тарона хонданд.
Ӯ дар набард бо маводи мухаддир дастболо шуд
Ба ҳар коре, ки
ҳиммат баста гардад…
Субҳони Саид аз аввалин овозхонҳои тоҷик аст, ки муътодии худро ба маводи мухаддир пинҳон накардааст. Ба қавли Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи «Фараж» ва дӯсти наздики Субҳон Саидов дар сӯҳбат бо хабарнигорон вақте аз ӯ суол мешуд, ки оё рост аст, ки маводи нашъадор истифода мекард, посухи мусбат медод. «Субҳон Саид муроҷиати зиёде ҳам кардааст ба насли ҷавон, ки ба маводи мухаддир таваҷҷӯҳ накунанд ва аз ин чиз даст бикашанд».
Дар мавриди дилбастагии овозхонҳои тоҷик ба маводи мухаддир сару садоҳои зиёде баланд шудаву мешавад, аммо то кунун ҳеч сарояндае эътироф накардаст, ки маводи нашъадор истифода мекунад. Мавзӯи сарояндаҳо ва мухадарот дар Тоҷикистон замоне доғ шуд, ки хабари марги хонандаи ҷавон Сӯҳроби Сафарзод расонаӣ шуд. Он замон ҳарчанд табибон даргузашти хонандаи ҷавонро сактаи қалб унвон карданд, аммо рӯзи ҷанозаи вай Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, имомхатиби масҷиди маҳаллаи Ҳаёти Нави шаҳри Душанбе ишораҳое ба маводи мухаддир карда буд. Танҳо баъди 7 моҳи марги Сӯҳроб масъулини агентии назорати маводи нашъадори назди райисҷумҳур дар нишасти хабарие ба рӯзноманигорон тасдиқ карданд, ки дар хуни Сӯҳроби Сафарзод амфитамин кашф шудааст. Бахтиёр Алиев, ҷонишини шӯъбаи тафтишотии агентии мазкур гуфт, ки дар пайи хулосаи ташхиси судӣ маълум шудааст, ки марги Сӯҳроби Сафарзод дар натиҷаи заҳролудшавии шадиди бадан аз ҳисоби дорувории амфитамин ба вуҷуд омадааст.
Аммо Субҳони Саид тавониста, ки бар маводи нашъадор пирӯз шавад ва «Талоши зиндагӣ» унвон гирифтани барномаи консертияш зери шиори «Ситораҳо алайҳи нашъамандӣ» ҳам ба ҳамин хотир будааст. Субҳон на танҳо бар маводи нашъадор, балки бар бемории тӯлонӣ, ки билохира як пояшро то зонӯ гирифт, дастболо шуд. Фурқати Саид, дӯсти Субҳон мегӯяд, ҳатто сари болини маризӣ ҳам Субҳон аз эҷоди таронаҳо даст накашидааст. «ӯ яке аз фаъолтарин ҳунармандони тоҷик аст. Таронаҳои зиёдеро ба ман пешниҳод кард ва гуфт, ки интихоб кунам, то кадомаш беҳтар аст. Ҳар як таронаи эҷодкардааш рӯи бистари беморӣ яке аз дигаре беҳтар аст».
Субҳони Саидро кӣ ба «рӯйхати сиёҳ» ворид кардааст?
Гарчӣ ёрон фориғанд аз ёди ман,
Аз ман эшонро ҳазорон ёд бод.
Таронаҳои Субҳони Саидро чанд сол мешавад, ки телевизионҳои давлатӣ манзур намекунанд. Зимнан, баъзе таҳлилгарон ба мавҷудияти «рӯйхати сиёҳ»-е ишора мекунанд, ки ҳар насаби дар он фитода, аз экранҳо «гум» мешавад. Як корманди шабакаи аввал ҳам, ки нахост номашро ифшо кунад, гуфт ба шунидаш чунин рӯйхат ҳаст ва он бевосита аз сӯи раҳбарияти кумита пешниҳод мешавад. Фурқати Саид, раҳбари бадеии ансамбли «Шашмақом» аз пешниҳод нашудани таронаҳои ҳунармандони ҳирфаӣ дар шабакаҳои давлатии телевизиони кишвар изҳори нигаронӣ кард. «Овозхоне, ки нав пайроҳаи ҳунарро пеша мекунад таронааш бо ҳамон шеъри паст, бо оҳанге, ки ба дили кас роҳ намеёбад, аз тариқи телевизион намоиш дода мешавад, аммо ҳунарманди асил таронааш пахш намешавад. Ту медонӣ, ки миёни ҳамон 11 нафар суруд хондаӣ, аммо 11 нафарро нишон медиҳанд, суруди ту пахш намешавад. Дар ин ҳолатҳо шахс бемор мешавад ва дили ҳунарманди асил аз ҳама ин намоиш доданҳо мемонад».
Хуршеди Атовулло таърихи ба «рӯйхати сиёҳ» ворид шудани номи Субҳони Саидро ин гуна қисса кард: «Ин аз давраи раисии як нафаре сар шуд, ки дар маъракаҳо ӯро Субҳон ҳамроҳи худаш ба хотири он ки зиндагияшро пеш барад ҳамчун баранда мегирифт. Вай барандаи тӯйҳои Субҳони Саид буд. Аз ҳамон «мардаки хуб» сар шуд ҳамин кор».
Ёдовар мешавем, аз экранҳои ТВ-и давлатӣ дур мондани Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед, духтарони Сурайё Қосимова, Ҷӯрабек Муродов, Манижа Давлатова, Садриддини Наҷмиддин ва чанд чеҳраи дигари санъати тоҷикро баъзе таҳлилгарон ба «рӯйхати сиёҳ» шомил шудани номашон медоданд. Зеро ҳатто баъди ширкат дар барномаҳои давлатӣ ҳам зимни пахши телевизионӣ баромади онҳо «қайчӣ» мешавад.
Аммо консерти рӯзи 3-юми декабри Субҳони Саид бо эҳтимоли зиёд аз тариқи ТВ пахш мешавад, зеро таъсисдиҳандагони консерт-Маркази тадқиқоти журналистӣ ва шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии сафорати ИМА дар Тоҷикистон барои навор ва пахши консерт бо ТВС қарордод бастаанд. Аммо чаро бо эҳтимоли зиёд гуфтем, зеро тибқи иттилои як манбаъ раҳбарияти ТВС ҳам гуфтаанд, ки агар ба онҳо «аз боло» амр диҳанд, чорае ба ҷуз аз пахш накардани навори консерт надоранд.
Соҳибмактаби беунвон
Субҳони Саид ҳайкали ишқасту навост
Субҳони Саид ба ростӣ, ки доди Худост.
Таҳлилгарони мусиқӣ мегӯянд, Субҳони Саид монанди Акашариф Ҷӯраев, Зафар Нозим, Далер Назаров мактаби худро дорад ва ин мактаб нафарони зиёдеро муаррифӣ кардааст. Фурқати Саид, хонандаи маъруфи тоҷик аз шумули онҳост, ки мегӯяд, агар тавсияи Субҳон намебуд вай шояд на овозхон, балки ҳунарпеша мешуд, зеро ҳуҷҷатҳои худро нахуст ба шӯъбаи актёрии донишкадаи ҳунарҳои зебо супурдааст, вале вақте Субҳон ӯро мебинад, мегӯяд, беҳтар аст, то санадҳоро ба шӯъбаи овозхонҳои анъанавӣ супорӣ. Ҳоло Фурқат раҳбари бадеии ансамбли давлатии «Шашмақом» аст, вале дар пешниҳоди таронаҳои эстрадӣ низ паҳлӯи  мувафақҳои ин жанр мешинад.
Субҳони Саид аз соли 1983 дар рӯи саҳнаи ҳунар аст. Маҷмӯи таронаҳои ӯ дар 10 албом гирд оварда шудаанд, аммо гуфта мешавад, сурудҳое, ки дар бистари беморӣ омода шудаанд, ду албоми дигарро пурра хоҳанд кард. Субҳони Саид фаъолияти ҳунарияшро аз ансамбли «Ганҷина», зери раҳбарии Зафар Нозимов оғоз кардааст. Баъдан баробар бо Кароматуллоҳи Қурбон фаъолияташро дар эстрада идома дод. Баъди қатли Кароматуллоҳ аз соли 1992 то соли 2008 раҳбари ансамбли эстрадии «Гулшан» буд. Дар солҳои аввали раҳбарии вай, ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, Субҳон тавонист, ки «Гулшан»-и маъруфро дигарбора фаъол намояд. Солҳои 2002-2003 Субҳон дар се давраи озмуни хонандагони эстрада ғолиб омада, «Ситораи сол» эътироф гардид. Моҳи июни соли 2011 вазорати фарҳанг ба Субҳони Саид ҷоизаи «Беҳтарин сарояндаи эстрада»-ро сазовор донист.
Бо ин ҳама Субҳон мисли Далери Назар ва даҳо нафари саршиноси санъати Тоҷикистон унвони давлатие надорад. Аммо ба қавли наздикону дӯстонаш вай ҳеч гоҳ ба хотири «ширин» кардани худ назди касе тавалло намекунад. Ҳолдонҳо мегӯянд, шояд сабаби аз экранҳову маъракаҳои давлатӣ дур мондани Субҳон ҳамин «ғурур» ва «сарнафаровардан»-ҳояш бошад. Қисме ба ин назаранд, ки шояд бо далели замоне нашъаманд будан, рӯи номаш хатти сурх кашидаанд. Аммо Марадона ҳам мубталои ин беморӣ буд, вале тими миллии Аргентинаро тамрин медод (боз даҳҳо мисоли дигар метавон овард).
Ҳарчӣ ҳам буд ва ҳаст Субҳони Саид дар дили мухлисон маъво гирифтааст ва ҳеч монеаву «рӯйхат»-е наметавонад ин пайвандиро барканад. Бо ин ҳама Субҳон ба ҳаводорони ҳунараш ваъда кард, ки дар арафаи соли нави мелодӣ бо барномаи ҷадиди консертӣ ба дидорашон хоҳад омад.
Сарчашмаи асл:  http://ozodagon.com/sa/item/16067-%D1%82%D0%B0%D0%BB%D0%BE%D1%88%D0%B8-%D0%B7%D0%B8%D0%BD%D0%B4%D0%B0%D0%B3%D3%A3-%D0%B8-%D1%81%D1%83%D0%B1%D2%B3%D0%BE%D0%BD%D0%B8-%D1%81%D0%B0%D0%B8%D0%B4
* Тамошои озмуни «ҷунбон-ҷунбон» сари табақи қурутоб
Бархе аз намояндаҳои шоу бизнеси тоҷик зиёд талош доранд, ки бо ду роҳ таваҷҷӯҳи мардумро ба худ ҷалб намоянд: ҷинсҳои латиф бо дунбаҷунбониву ҷинсҳои «дурушт» бо ширкати раққосаҳои урёнпӯш дар клипҳояшон. Баъзан ба назар мерасад, ки сарояндазанакҳо гӯё бо ҳам мусобиқаи пӯшидае доранд, «яъне, кӣ хушрӯтар «меҷунбонад». Мардҳо низ ҳамчунин, «дар клипи кӣ зиёдтар духтарони нимурён рақс мекунанд». Хуб, гуфтем, шояд, ин як сабқати пӯшидае бошад, аммо биёед дар сӯҳбати имрӯз 2 озмуни ошкорое ташкил мекунем. То қадри имкон чанд намунаи дунбаҷунбониву синатакониро ба риштаи тасвир мекашам (агар тугмаҳои клавиатура об нашаванд), шумо дар охир ҷамъу тарҳу зарбу тақсим карда, баҳогузорӣ мекунед. Кӣ зиёду хушрӯтар меҷунбонад? Ман пешниҳод мекардам, ки вазири фарҳангро сардовар интихоб намоед (Ин ҷо бо баъзе «хотирҳо» исми бонуҳои сарояндаро зикр намекунем, вале агар барои нафаре, махсусан аз вазорати фарҳанг, таваҷҷӯҳбарангез бошад, метавонем телефонӣ ному насабро «ифшо» созем).
Дунбаҷунбонак
Дар консерти рӯзи истиқлолият дар соли 2010 бонуе сароид, ки гӯё бо раққосаш озмуни «ҷунбониш» дошт. Бале, раққосаш, ки мисли ҷавонписарони ансамбли «Падида» рақси духтарона анҷом медод (дастҷунбониву имову ишора, тарзи ҳаракат дар саҳна ва билохира, «ҷунбондан»-ҳояш ба рақси занона шабоҳат дошт). Суруд дар бораи ёре буд, ки вафо надорад. Нуқтаи авҷ ин буд, ки қашангҳофиза пушташро ба мардум гардондаву «ҷунбонд». Дар ин фурсат, бовар дорам, «банди дил»-и бисёриҳоро «ларза» гирифт, зеро агар, Худо накарда, риштаҳои дарзи он шими танг канда мешуданд… (замони мактабхонӣ дар дарси тарбияи ҷисмонӣ, вақте духтаре ҳалқаи варзиширо дар миён тоб медод, чунин ҳолат ба вуқӯъ пайваста буд). Сарояндаи дигари қашанге дорем, ки лаби поёнашро бо дандон газида «меҷунбонад» (намунаашро дар дискоклубҳои шабонаи, дур наравем, Русия дидан мумкин аст). Аҷибаш ин аст, ки аз ҳама зиёдтар вақте «меҷунбонад», ки мегӯяд, рози ниҳон дораду ба касе ифшо намекунад. Аз саҳна поин шудаву назди тамошобинон меояд ва зиёдтар «меҷунбонад». Шояд, фикр мекунад, аз дур намоён нест? (ин суруд дар майдони футбол, хато накунам, бахшида ба рӯзи ҷавонон анҷом шуд). Намунаи дигар низ аз ҳамин ҳофизаамон ҳаст, ки метавон онро «рақси таърихӣ» унвон кард. Тибқи овозаҳои мухталиф, ин рақси зери «шипанг» дар кадом як шаҳри Русия иҷро гардидааст. Қиссаи синаи чапи бонуи дигар дар консерти шаби соли нав ба хубӣ дар хотиратон нақш бастааст, ба гумонам, ҳоҷати такрор надорад. Аммо клипе дидам, ки то имрӯз касе натавонистааст ба «қаҳрамон»-и он, сарояндаи тоҷик баробар шавад. Дар клипи суруде бо номи «Ишқи ту» сароянда танҳо синабанд пӯшидаасту дар шаби тор назди гулхан месарояд. Дар нофи луб-лучи модарзодаш расми офтоб кашида шудааст. Аз мазмуни суруд бармеояд, ки дӯстдоштааш аз канораш рафтаву ҳоло беқарор аст. Дар ин клип хонандазанак он чунон меҷунбонад, ки ба қавли мӯйсафеди Сафомиддин, «любой» арабзанакро ба як «нӯл» задааст… Як бонуи дигар ҳаст, ки ба тозагӣ дар «ситоразор»-и эстрада пайдо шудан дорад ва ӯ ҳам нишон доданист, ки аз дигарҳо кам намеояд. Бо ҷунбонданҳош, албатта…
Телевизони кӯдаконаи «Баҳористон» дар Амфитеатри Душанбе бо шикарти овозхонҳои тоҷик консерте баргузор намуд. Бонуи сарояндае, ки ҳамеша барои дар матни ҳузнангезу «мотамӣ» шодиву хурсандикунон рақскунияш мавриди интиқод қарор мегирад, дар ин барнома ҳузур дошт ва мисли ҳамешагӣ пушташро ба тамошобинон (аксариятро кӯдакону наврасон ташкил медоданд) гардонду «ҷунбонд»-э. Хайрият, вақте дар телевизион ин консертро манзур карданд, ин лаҳза намоиш дода нушуд.
Рекламная пауза 1. Тасаввур кунед, бо аҳли хонавода сари дастурхон нишастаеду дар ҳоли «бисмиллоҳ» гуфта даст сӯйи табақи қурутоб дароз кардан, бародари шашсолаатон «диск»-и консерти сарояндаҳои тоҷикро мемонад. Нав як-ду «тика» ба даҳон бурдаед, ки раққосаҳои синабандпӯш экрани шуморо ғасб мекунанду   сарояндазанаке дунбаи 20-қадоқаи худро назди чашмаки камера (пеши бинии коргардон) ончунон меларзонад, ки хаёл мекунед заминҷунбии шашбалла ба вуқӯъ пайваст. Хоҳаратон (ё, шояд, хоҳаронатон) аз шарм даст аз табақ мебардораду берун мебароя(н)д. Падару модаратон дар ҳоли ноҳинҷор мемонанд. Танҳо додарчаи шашсолаатон бо «пул(ь)т» телевизорро баландтар мекунад…
Синатаконӣ
Гурӯҳи Иқбол, ки аксари сурудҳои бемантиқро (ба ҷуз аз таронаҳое, ки аз Аҳмад Зоҳиру дигарон копӣ кардаанд) месарояд, шояд, бо нишон додани лучдухтарон (бо синабанд) таваҷҷӯҳи одамонро аз матн гурезонданиянд. Клипҳои «Марҷуна», «Малика» ва боз чандеҳои дигар гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Бонуи паҳлӯи Баҳром Ғафурӣ нишаста ҳам, дар клипи «Шаробӣ» «бад» намеҷунбонад. Дар клипи Диловари Саидзод низ раққосааш миёни ҳафт нафар (аз сароянда сар карда, то навозандаву коргардон) «синаҷунбонӣ» мекунад-э. Сӯҳроб Маҳмуд ҳам ёд гирифтааст. Дар таронаи «Лайлирӯ» як лайлирӯ хуб «баданнамоӣ» мекунад. Дар клипи гурӯҳи Фаррух- «Маликаи замон» ин  ду сароянда, ба фикрам, духтаре наёфтаанд, ки розӣ шавад дар клипашон нимурён бирақсад ва порча-порча аз ҳар клипи хориҷӣ бурида, клипашонро «зеб» додаанд (охир, як боракак ба ансамбли «Падида» муроҷиат мекардед, не, нагуфта, бо ҷону дил, ҳар гунае ки мехостед, бароятон рақс мекарданд). Аваз ҳам чанд духтари нофлучро пайдо кардаву клип кардааст.
Дар як клипи Садриддини Наҷмидинам ҳам зери борон духтару писар бадани ҳамдигарро молиш медиҳанду ба тамошобин намоиш.
Рекламная пауза 2. Як дӯстам ба наздикӣ аз Аврупо омад. Гиребон доштаву тоба кардаву гуфт, ки дар Туркия, Белгияву Фаронса танҳо дунбаву синаҷунбониро дар клубҳои махсуси шабона метавон тамошо кард. Ин «ҷунбон-ҷунбон» танҳо дар Тоҷикистони худамон оммавӣ шудааст. Яъне, метавон ба хулосае расид, ки ҳофизаҳои мо  чунон ки тарзи дурусти пӯшидани либосҳои аврупоиро намедонанд, қоидаи «ҷунбондан»-ро ҳам ёд нагирифтаанд. Баъзан ба он ки 98 дар сади мардуми тоҷик мусалмонанд, шубҳа мекунӣ (наузанбиллоҳ)…
Даҳ қадам то ҷамъбасти озмун. Мисолҳо дар мавриди «дунбаҷунбони»-ву «синатаконӣ» танҳо ҳамин кадар нест, аммо инҷо ҳамин қадараш кофӣ.
Танҳо ман ба як саволчаам посух гирифтан мехоҳам- ҳамин дунбаҷунбониву синатаконӣ ба масъулини вазорати фарҳангамон писанд бошад? Ба фикрам, кам-кам мефорадашон. Охир, агар писандашон намешуд, кайҳо бо қароре ё фармоне ин амали сарояндаву раққосаҳоро манъ, ё аққаллан, танзим мекарданд. Намешавад мегӯед? (охир, мо дар кишвари демократӣ зиндагӣ мекунем). О, чаро барои вазири маориф шуд-ку? Як синча карда бинед, ҳоло тамоми директорони мактабу муаллимони 55-сола дар кисаашон ҷадвал мегардонанд (сари ҳар қадам ришашонро чен карда меистанд, мабодо, аз 4 см зиёд шаваду обрӯйи устодияшон назди коллектив нол). Ун марди Худо, яъне ҷаноби Абдуҷаббор Раҳмонов бештар аз 50 ҳадис хондаву фармон содир кардааст, ки ба мактаб бо риш рафтан мумкин нест. Акнун ҳама меларзонанд, э, бубахшед, меларзанд. Чаро вазири фарҳанг натавонад? Метавонад, ба назарам…
Ба ин мавзӯъ боз бармегардем. Агар сарояндаҳое, ки ном бурда шуданду ном бурда нашуданд, ин амали худро дар мактуби ҷавобие «сафед» кунанд.
Ба ҷойи P.S. Сарояндазанаки нимурёне, ки ғайри одати духтарони имрӯз дар даст сумкача надошт, дар роҳ таксиеро медорад. Дар роҳ ронанда зуд-зуд ба духтар нигоҳ мекунад. Он хонум гӯё бо хашм мегӯяд, ки «зани нимурёнро нав дидӣ»? Ронанда ҷавоб медиҳад: «Нав надидаму ман ҳайронам, ки ту пули роҳкироро аз куҷо мегирӣ»?
Ин латифа ва ба ин монанд шӯхиҳои намакинро аз ин суроға ҷӯстуҷӯ намоед: www.latifatj.wordpress.com
* Дуэт ва ё «ишқи табу» дар эстрадаи тоҷик (видео)
Санъати эстрадаи Тоҷикистон, ки гардонандагони он шоу бизнесро ба маънии тӯйгардак мефаҳманд, шаҳри бедарвозаро мемонад. Расму оинҳоро танзим карданд, ришу мӯйлаби муаллимонро танзим карданд, масҷидравии наврасонро танзим он тараф истад, тамоман табу эълон доштанд…
Ва танҳо санъати мусиқиро касе натавонист танзим намояд. Ҳатто кӯшиш ҳам накард. Дар ин майдони бесару нӯг, ки «ҳар кас медонаду дави аспаш», чӣ корҳое, ки намешавад. Аввалан бахшиш, ки ин тавр андешаронӣ дорам, вале ин майдон то он ҷо беназорат аст, ки бародар ба хоҳари худ изҳори муҳаббат карда, посухи ҳамсон мешунавад ва ҳазорон каси дигар зери ин наво хурсандиву рақс мекунанд. Аҷаб нест, онҳое ҳам кафкӯбӣ кунанд, ки танзиму назорати асолати фарҳангу санъат вазифаи ҷоноҷонашон аст.
Логикаи «Бибисанам»
Шеваи дуэтхонии тоҷикон дар ҷаҳон ягона аст, ягона чӣ ки «ҳамтову назир» надорад. Танҳо зимни дуэтхонии суперсарояндаҳои тоҷик бародар ба хоҳараш изҳори муҳаббат мекунаду фарзанди падар дар навбати худ ба ӯ ҷавоб мегардонад. Танҳо овозхонҳои ҳушманди тоҷик ду нафар паҳлӯи ҳам истода ба як бону изҳори муҳаббат мекунанд. Беҳтар аст аз мисоли аввал мисол биёрем.
Сурӯш ва Нигора. Ин ду наврас дар кӯтоҳмуддат тавонистанд, маҳбубияти хосаро миёни мардум касб кунанд. Акнун номашонро дар қатори «ситораҳои эстрада» менависанд. Садои хуб доранд ва фаҳмиши мусиқӣ низ. Вақте дар алоҳидагӣ суруд мехонанд, ба қавле дили санг об мешавад, аммо дуэтҳои ин дуфарро шунида, гиребон гирифтаву тавба мекунед. Аз охирин таронаи муштараки онҳо шурӯъ мекунем, ки «Бибисанам» ном дорад ва дар қолаби ҳеч этикаву эстетика намеғунҷад.
Сурӯш мехонад, ки:
Қадат бо сарви тар мемона ёрам, бибисанам ҷоне, анори якдоне,
Лабонат бо шакар мемона ёре, бибисанам ҷоне, анори якдоне.
Бидеҳ як бӯса аз кунҷи лабонат, бибисанам ҷоне, анори якдоне,
Ки доғат дар ҷигар мемона ёрам, бибисанам ҷоне, анори якдоне.
Ин суханҳоеанд, ки ба маъшуқа гуфта мешавад ва ҳеч бародаре қади хоҳарашро ба сарви тару лабонашро ба шакар қиёс накарда, ӯро ёр намехонад. Дар навбати худ Нигора низ бо карашма ҷавоб мегардонад:
Ало ёрҷон ту шиштай рӯ ба рӯям, бибисанам ҷоне, анори якдоне,
Намедонам бароят чӣ бигӯям, бибисанам ҷоне, анори якдоне.
Суханҳое, ки дорам дар дили худ, бибисанам ҷоне, анори якдоне,
Намедонам бигӯям ё нагӯям, бибисанам ҷоне, анори якдоне.
Вақте ин дубайтиро мехонад, дар рӯ ба рӯяш ба ҷуз бародараш каси дигаре нест.
Агар клипи ин таронаро тамошо кунед, дар навор баъзан як духтари дигаре низ намоиш дода мешавад, аммо ҳузури ӯ ба мантиқи суруд ягон таъсире намерасонад, зеро дар қисмати дуюми тарона рубоиро бародару хоҳар якҷо иҷро мекунанд. Гузашта аз ин, на ҳама имкони тамошои клипро дорад ва аксарият аз тариқи радио, мошин, ва нуктаҳои фиттафурушӣ танҳо сурудро мешунаванд…
Хело аҷиб аст, ки ин сурудро барои Сурӯш ва Нигора-Исматулло Холов, падари онҳо оҳанг бастааст. Исматулло, ки воқеан як нафари аз мусиқӣ ва мантиқ огоҳ аст (ба шунидам маълумоти олии филологӣ дорад), ба чӣ хотир барои фарзандонаш чунин дуэтеро интихоб кардааст, барои ман нофаҳмост. Фикр мекунам, барои бисёриҳо низ. «Бибисанам» суруди худи Исматулло Холов аст ва маҳз иҷрои ҳамин тарона дар авохири солҳои 80-уми асри гузашта ӯро машҳур карда буд. Аз паҳлӯи дигар ин тарона набояд дуэт суруда шавад, зеро он сирф суруди мардона буда, мухотаби он-бибисанам бону аст. Мантиқан, ҳеч бонуе мардро бибисанам намегӯяд.
Ҳоло дар шоу бизнес расми тозае роиҷ аст; бозхонӣ кардани сурудҳои «Ниёгон». Шояд Сурӯш ва Нигора низ ба ҳамин хотир «Бибисанам»-ро интихоб кардаанд.
Дуэти дигари онҳо «Дили ҷангӣ» ном дорад. Ин суруд хело пештар аз «Бибисанам» тавлид шудааст. Онро Сурӯш ва Нигора дар барномаи солинавӣ низ иҷро кардаанд.
Шоҳписарӣ, Тоҷисарӣ-мехонад Нигора ва Сурӯш баъди ҳар калима бо нишони тасдиқ «оре» мегӯяд. Идомаи суруд, ки Нигора мехонад:
Гуфтори дил мебарӣ, Нозаму чанд мехарӣ (маълум аст, ки ин таронаи эронист).
Баъдан бародару хоҳар якҷоя месароянд:
Вой-вой-вой,
Вой, ки ту ситезӣ,
Бозам хеле азизӣ,
Бо дили ман беҳуда дар ҷангу ситезӣ,
Дил бо ту ҷангӣ,
Бе ту берангӣ…
Навбати Сурӯш мешавад:
Хоби обе дорӣ,
Гуфти дӯстам дорӣ,
Магар аз ман чӣ дидӣ,
Дил ба дилам намегӣ.
«Пайғом» аз дигар таронаи муштараки Сурӯш ва Нигора аст, ки ҳамчунин бозхонишудаи суруди эронист. Ин дуэт ҳам марзи ахлоқи хоҳару бародариро ҳазорҳо чақрим убур кардааст. Сурӯш бо ишора ба хоҳараш мегӯяд «Барот пайғом гузоштам, ки ҳеч каси дигарро дар ин дунё ба ҳадди ту дӯст намедорам». Ва бовар кунед, ин ҷо сухан аз он муҳаббати бародариву хоҳарӣ намеравад. Инҷо ишқе васф мешавад, ки Лайливу Маҷнун доштанд. Ва боз Сурӯш ва Нигора пушт ба пушти ҳам гузоштаву ин таронаро иҷро мекунанд, мисли маҳбубаҳо.
Фикр мекунед, ин таронаест, ки бояд бародару хоҳар якҷо иҷро кунанд? Аммо дар таронае, ки ба муносибати 20-солагии Истиқлоли миллӣ таҳия шудааст ва «Ватан» ном дорад, хушбахтона хоҳару бародар танҳо муҳаббати худро ба Ватан изҳор мекунанд. Беҳтар аст, ки Сурӯшу Нигора ва умуман ҳар бародару хоҳари дигари сароянда дар мавзӯъҳои лирикӣ муштарак тарона нахонанд, балки агар дуэтхонӣ мехоҳанд, мавзӯъҳои бетарафро интихоб намоянд.
Нозияву Муҳаммадрофеъ низ истисно нестанд
Муҳаммадрофеъ ва Нозияи Кароматулло низ чанд суруди якҷоя доранд. Онҳо низ аз «кӯлбори ниёгон» фаровон истифода кардаанд. Таронаҳои муштаракашон  аслан сурудҳоеанд, ки падари онҳо- Кароматулло Қурбонов, хонандаи саршиноси тоҷик иҷро кардааст. Дуэтҳои онҳо низ фарогири мавзӯъҳои муҳаббатанд ва аслан бояд аз ҷониби як нафар иҷро шавад. «Чанд ба дидаҳои чор» намунае аз ин гуфтаҳост.
Тарона ин гуна оғоз мешавад:
Чанд ба дидаҳои чор,
Рӯз кунам шабҳои тор,
Чашми ману ситораҳо,
Дар сина қалби беқарор…
Ин мисраҳоро нахуст Нозия ва баъдан бародараш мехонад. Таври маълум, танҳо ошиқ бо «дидаи чор», шабҳои торро бо дили дар сина беқарор ба рӯз мебарад. Ва агар ин тарона дар алоҳидагӣ суруда шавад мушкиле надорад, аммо вақте Нозия мегӯяд, ки: «Фасли баҳор омадаст, Мужда зи ёр омадаст»-у Муҳаммадрофеъ ҳамовоз мешавад, ки «Дил ба каманди ӯ, Чун гули хор омадааст» аллакай чизи дигар аст. Ё дар идома вақте бародар мехонад: «Эй ғами дерпои ман, Дилбари бевафои ман» ва хоҳар меафзояд : «Бо ғами дерпои ман, Бастаи дасту пои ман» шумо чӣ фикр мекунед?
Инаш гапи дигар
Аз миёни бародарону хоҳарони дуэтхон то имрӯз танҳо як таронаро шунидаам, ки дар он ишқи муҳаббат не, балки дӯстдории бародаронаву хоҳарона васф мешавад. «Ҷон хоҳар, ҷон ҳоҳар, ҷон хоҳар»,- мехонад писарча ва духтарак «бародар, бародар бародар» мегӯяду дар якҷоягӣ мехонанд, ки «умеди модар нури чашми падар».
Ин таронаро фарзандони овозхон Ҳасани Камол иҷро мекунанд.
Тақрибан чанд сол пеш суруде шунида будам, ки як бону иҷро мекард. Ба ростӣ ному насаби сароянда аз хотирам рафта, аммо мазмуни сурудаш то ҳанӯз дар гӯшам садо медиҳад. Ин овозхон бо ишваю нозу карашма таронаи маъруфи «Ҷон додаракам»-ро мехонд. Ӯ таронаро ба танҳоӣ мехонд ва чизи риққатовар ин буд, ки овозхон вақте мегуфт: «Ҷон додаракам, ҷон дилу ҷон додаракам, Сандуқчаи симу заргарон додаракам» рубоӣ ин гуна буд:
Ай боло миёй, лаби ту хандон нашавад,
Ман ёр мегирум, дили ту вайрон нашавад.
Ман ёри дигар гируму ту ёри дигар,
Сад сол гузарад ишқи ту пинҳон нашавад.
Бонуҳои мутаалиқи ду «овозхон»
Акнун бигзарем аз бародару хоҳарон ва суроғи ҷӯраҳое меравем, ки ба як духтар изҳори муҳаббат мекунанд. Чунин таронаҳо он чунон зиёданд, ки ҳисобаш гум. Аммо инҷо танҳо барои намуна «зикри хайр»-и чанде аз онҳоро мекунем. «Марав». Сайёд ва Раҷабалӣ бо ҳамин ном таронаи муштараке доранд, навори клипмаобе низ. Яке аз онҳо мехонад, ки:
Марав ёри аввлини ман,
Туи ганҷи беҳтарини ман.
Ба бозори ҳусни дилбарон,
Зебо ҳастӣ дилбари ман.
Овозхони дигар низ айнан ҳами гапҳоро такрор мекунад. Дар клипе бар матни ин суруд, ки бо коргардонии Ш. Сафаров таҳия шудааст, ин ду нафар гирди гулхан нишаставу аз ишқи як духтар алам мекунанд. Дар навор бошад, духтари шӯхе пайдо мешавад, ки миёни чаманзор хурсандона рақс мекунад. Шояд ифтихор дорад, ки дар ин замонае, ки бо иллати ба мардикорӣ рафтани мардҳо теъдодашон дар Тоҷикистон кам аст, ду ҷӯра аз пасаш даводавӣ мекунанд?
Яке аз ҷӯраҳо ин замон мехонад, ки:
Зи ҳаҷри ту нола мекунам,
Туро масту вола мекунам,
Ҳама мушкилоти ишқи ту,
Ба Худо ҳавола мекунам.
Рафиқи ӯ бошад илҳом мегирад:
Биё ёри ман, ки хастаям,
Зи ранҷу ғам дилшикастаям.
Куҷо рафтӣ аз барам эй ёр,
Сари роҳи ту нишастаям.
Дар аксари таронаҳое, ки ду нафар иҷро мекунанд, мантиқ риоя намешавад. Дар мисоли зер на танҳо мантиқ, ки матн низ подарҳавост. Суруди «Вафо накадӣ»-ро  Илҳом ва Эркин мехонанд. Ду нафар аз дунболи як духтар мегарданду аз бевафоияш мегӯянд, дар ҳоле, ки аз клип маълум мешавад он духтар онҳоро намешиносад. Чӣ гуна одамеро кӣ бори аввал мебинӣ бояд вафо кунад? Гузашта аз ин ду нафар дар ҳузури якдигар ба як духтар изҳори муҳаббат кардан дар куҷо дуруст мегирад? Мехонанд, ки «Бигӯ ту куҷоӣ?», аммо бону дар пешашон истодааст».
Акнун ҳаволаи ҳамаашон ба Вазорати фарҳанг…
Ё ҷаноби Асрорӣ ин «асрор»-ро мекушояд?
Ин гуна мисолҳо мутаасифона беҳисобанд… Дар онҳо на матн, на мантиқ ва на тавре мусиқашиносон гуфтанашро дӯст медоранд, «нозукиҳои санъат» риоя намешаванд. Дар шоу бизнеси Тоҷикистон кай фарҳанги мантиқи таронаҳо шакл мегирад, барои касе рӯшан нест. Насли калонсол ба хотир меорад, ки дар замони шӯравӣ ҳар суруд танҳо баъди аз Шӯрои бадеӣ гузаштан, манзури бинандаю шунаванда мешуд. Вале имрӯз собит гардид, ки барои шӯҳрат ёфтан аслан бе ТВ ва радио ҳам метавон муваффақ шуд.
Воқеан, чун болотар аз фарҳанг гуфтем, вазорати фарҳанг ба ёд расид. Оё ин ниҳоди ҳукуматӣ муваззаф нест, ки ҷиҳати асолати санъати тоҷик заҳмат бикашад? Агар не, пас масъулияти онҳо аз чӣ иборат аст? Гузашта аз ин масъулони ТВ ва радио низ изҳор медоранд, ки онҳо муваззафанд таронаҳои бемантиқро ба эфир роҳ надиҳанд, ҳарчанд ин иддао низ баҳсбарангез аст. Пас ҳатман бояд ниҳоде бошад, ки дар маҷмӯъ мантиқи суруду мусиқиро назорат намояд, то таъсири ин гуна «падидаҳои нав» фарҳанги моро поин набарад ё гапам нодуруст?
Сарчашма: http://ozodagon.com/sabznoz/89-2011-04-13-07-24-36/2168–l-r-
* Ислом Каримов ва клипҳои Фирӯза Ҳафизова (видео)
Фикр мекунам, пайдо кардани нафаре, ки баъди тамошои клипу консертҳои супер-овозхонҳои тоҷик гиребон нагирифтаву тавба накардааст, кори осоне нест. Ман ба ин овоза, ки Ислом Каримов тамоми се моҳи зимистон моро бо барқи «шикамсерӣ» таъмин мекунад, бовар мекунаму ба ҳарфе, ки «тавбагарон»-и тамошои сарояндаҳо ангушшуморанд, ҳаргиз не. Кӣ дасти рост рӯи синаи чап гузошта, ҷавонмардона (ё ҷавонзанона) мегӯяд, тамошои чунин дискҳоро бе нӯги забон овардани калимаи «наузанбиллоҳ» ба итмом расонидааст? Масалан, вобаста ба мавзӯи мавриди матраҳи имрӯз он қадар гиребон «панҷа» кардам, ки на «кӯк» монду на «дарз».
Номувофиқатии мазмуни суруд бо ҳаракатҳои саҳна. Ҳамин аст, мавзӯе, ки атрофаш сӯҳбат хоҳем кард. Азбаски теъдоди «ситораҳо»-еро, ки ҳаракату «баракаташон» заррае ба мавзӯву мазмуни таронаҳо мувофиқат намекунанд, ҳисоб кардан имконнопазир аст, тасмим гирифтем, онро сил-силабандӣ намоем. Агар дақиқтар бигӯем, ҳар навбат ба «албом» ва ҳаракатҳои саҳнавии як ё чанд сароянда «тақриз» менависем. Ин навбат қуръа ба номи Фирӯза Ҳафизова афтод.
Касе, ки аз ғаму андӯҳ, мушкилоти хонаводагӣ, ҳасрату дард, ҷудоиву фироқ, ноумедиву танҳоӣ, заррае парво надораду «шод»-она хурсандӣ мекунад, Фирӯза Ҳафизова аст (дар саҳна албатта). Ин қашангҳофизабону зери дилхоҳ ритм қариб «мастона» мерақсад. Ба гунаи мисол вақте суруди:
«Зиндагиям ба танҳоӣ гузашту мегузарад,
Бо ғаму дарду ҷудоӣ гузашту мегузарад…»-ро
мехонад, ончунон болидарӯҳ аст, ки гумон мекунед, моҳии тилло ба дасташ хӯрдааст. Моҳии тилло гуфему набояд аз либоси «тилои»-яш фаромӯш созем. Ин суруд баъди дар Кохи Борбад иҷро шудан, «вирди забонҳо» шуд. Фирӯзаи саропо зарҳалину попӯши соқнабаландпӯш кӯлоҳи «кавбойӣ» дар сару чӯбчае нӯги чор ангушти ду даст хурсандона аз «умри дар танҳоӣ сипаришавандааш» қисса кард. Ҳарчанд, ҳикмати чӯбчаи дасти ӯро ба 44 тариқ таъриф мекунанд, аммо аз нигоҳи мантиқӣ шояд Фирӯза гуфтанист, ки «аз ҳамроҳи бад чӯбдаст беҳтар». Охир, мазмуни суруд шикваю ҳасрат аз умри якнавохт аст-ку?
Фарзидем, чӯбдасти Фирӯза, ки рӯи ангуштони нозукаш ҳазор намуд алвонҷ мехӯрад, ба маъниест, ки ишора кардем, вале аз барои савоб шахси танҳоеро вохӯрдаед, ки (ба ҷуз аз сарояндаҳо) аз дарду ҳасраташ бо сари баланд қисса намуда, «ҷасту хез» ҳам мекунад? Суруд на ба ин маънист, ки ҳатман зери навои он устухонҳои хонандаву шунаванда ба ҳаракат дарояд. Ё шояд овозхонҳои мо баринанд, ки  бо «ритм»-и тез ва «рақс»-ҳои валъаҷоибот якбора ҷойгузини рейтинги ТОП-сарояндаҳо мешаванд? Агар на, пас чӣ ҳоҷат аст, вақте шикоят мекунем, ки «гаҳе чун най ба фиғонем»-у «гоҳе ишқи хазонем» ва бо «вале бо афсӯс» аз гузашти ҷавониямон ба танҳоӣ мехонему дар ин баробар, тамоми қувваро сарф кардаву «ҷингилменс»  мерақсем?
Давоми суруди Фирӯза Ҳафизова илтиҷо аз Худованд аст, ки «дили девонаашро чӣ чора созад» ва бонуи хонанда на бо чеҳраи маҳзун (агар мантиқан бигирем), балки бо табассуму чеҳраи кушодаву болида, ба осмон на, балки бо нӯги ангушти дуюми дасти чапаш «толоракиҳо»-ро ишора мекунад (аниқтараш ин амал ба ҳисоб монанд аст). Ман ҳеч тасаввур намекунам, ки муаллифи номаъуми ин шеър баъди солҳои тӯлонии ранҷи танҳоӣ дар нимашаби илҳомбиёраш «шоколад» хӯрдаву хандида-хандида онро эҷод карда бошад, балки хуб «хуни ҷигар» шудагист.
Фирӯза Ҳафизова аз замони ба саҳнаи санъат қадам  монданаш албоми мураккаб аз 15 сурудро бо унвони «Шаҳзодаи ман» манзури бинанда кардааст (2008-2009), ки се тои он копишудаанд: «Шабҳо ба майхона»-и Гугуш, «Азми сафар мекунам»-и Аҳмади Зоҳир ва «Дилам дук-дук мекунад»-и Фаввод Ромиз. Ҳамчунин, се суруди ин албомро бо хонандаҳои афғон иҷро кардааст: «Лаҳваи ошиқона» (Lahvai oshikona (?), «Ёри тоҷикӣ» (муштаракан бо Заби Истолифӣ) ва «Чашма» (бо Ҷаввод).
Умуман, агар ба албоми Фирӯза «синча» кунем, аксари сурудҳои мазмунан ғамангез бо «ритм»-и баланд ва хушҳолона суруда шудаанд. Фирӯза ҳангоми хондани он мерақсад, шунавандааш ҳам ихтиёрро аз даст медиҳад (ба ҷуз аз таронаи «Оча»). Дар баъзе маворид рақсҳои Фирқза ҳатто аз «ритм» ҳам пеш мегузаранд. Дар таронаи «Шаби борон», ки мегӯяд:
«Шаб ёди ту кардам, ҷигарам месӯзад,
Дил дар ғаму ман аз ишқи ту месузам»…
низ тавре дар тӯйҳо мегӯянд, ошиқона «тов медиҳад». Ва ҳам бо як ҷумла аз «дук-дук»-и дили Фирӯза ёдовар шудан ба маврид аст. Ин сурудро ба фарқ аз таронаи  «Зиндагӣ» дар майдони варзишӣ иҷро кардааст ва ҷои чӯбдаст баландгӯяк дорад. Фирӯза нигоҳ мекунад, ки тамошобинон кадом вақт, аниқтараш, вақти иҷрои кадом ҳаракати бадан зиёд «ҳуштак» мекашанду «ҳаё-ҳуй» мекунанд ва онро батакрор иҷро мекунад (мувофиқи талаб-да).
Дар матни сурудаҳояш низ костагиҳо ба назар мерасанд.
Дар бораи мазмуни мантиқии клипхои Фирӯза дар мавзӯи ҳунари коргардонҳои клип хоҳем гуфт. Танҳо ғизо барои андеша ин аст, ки коргардони клип (Сафаров) Фирӯзаи «шаби боронхон»-ро бо либосҳое зери борон гузоштааст, ки… ҳич мондан гиред-да! Шумо аллакай дидагистед?
Дар маҷмӯи дигари таронаҳояш, ки фиттаи он соли соли 2011 ба дасти тамошобин расид низ аҳвол ҳамин аст. Инҷо низ либоспӯшӣ бо мазмуни суруд ва ҳаракатҳои саҳна бо оҳанг часпоиш надоранд. Яке аз таронаҳои ин маҷмӯа «Кист ӯ» ном дорад. Фирӯза мехонад:
Кист, кист ӯ ба ту моҲил нашавад,
Кист, кист ӯ ба ту қоҲил нашавад…
Воқеан, ин албомро вазорати фарҳанг дар расми баргузории «Суруди сол» дар Душанбе моҳи июни соли 2011 «Беҳтарин албом» шинохт.
Фирӯза Ҳафизова ҳамчунин дар озмуни рӯзномаи «Оила» ҷоизаи «Маликаи ҳунар»-ро соҳиб шуд.
Қатағани сози мо,
Бишнавӣ овози мо.
Ба нағмаҳои қатағанҷон,
Пайдо карда рози мо.
Ин яке аз дигар таронаҳои бемантиқи Фирӯза аст. Инҷо аз як мусоҳибаи дар сомонаи «Pressa.tj» нашршуда иқтибосе меорам.
«Pressa.tj» – Дуэте доред, бо номи «Қатаған». Дар луғатҳо омадааст, ки «Қатаған» як қабилаи туркҳост. Дар Хатлон низ бо ин ном қабилаест, ки дар қадим бо роҳзанию дуздӣ машғул буданд. Аз зулми онҳо мардуми деҳот ба ҷойҳои дигар мекӯчиданд. Аз ин рӯ, то имрӯз ифодаи «аз дасти қатағанҳо гурехта омадан» ҳаст. Яъне, имрӯз калимаи «қатаған»-ро ба маънои дузду роҳзан медонанд. Ин дуэтро бо афғонписаре месароеду «қатаған», -гӯён изҳори муҳаббат мекунед. «Қатағанҷон»-и шумо чигуна қатаған аст?
Фирӯза: – Ростӣ намедонистам, ки дар кишвари мо «қатаған»-ро ба маънии дузду роҳзан медонанд. Қатаған номи қабилаест ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Афғонистон. Санъат забон надорад. Ҳар сурудеро, ки ба мо маъқул аст ё супориш медиҳанд, мехонем. Ба маънои пасипардагии он кор надорем. Ин суруди маро танқид ҳам карданд, аммо ман дар ягон ҷои он боиси танқид шуданашро намебинам. Ба мардум куҷои суруд маъқул нест, намедонам.
Фикр мекунам, ҳама чӣ инҷо маълум шуд ва дигар шарт нест тамоми таронаҳои албоми нави Фирӯзаро, ки вазорати фарҳанг ҷоизаи «Беҳтарин албом»-ро насибаш гардонд, таҳлил намоем.
Қазоват аз шумост! #
* «Қотил»-и Сӯҳроби Сафарзод маълум шуд (видео)
Соати 4:30 Сӯҳроби Сафарзод дар ҳолати мастӣ ба хонаи шиносаш Сабзалӣ Ҳайдаров меравад. Субҳи рӯзи 10-уми декабари соли 2010 вақте соҳибхона ӯро аз хоб бедор карданӣ мешаванд, аллакай нафас намекашидааст.
«Амфитамин» сабаби марги Сӯҳроби Сафарзод шудааст
Тибқи хулосаи ташхиси судӣ марги Сӯҳроби Сафарзод дар натиҷаи заҳролудшавии шадиди бадан аз ҳисоби дорувории амфитамин ба вуҷуд омадааст. Ин нуктаро Бахтиёр Алиев, ҷонишини шӯъбаи тафтишотии агентии назорати маводи нашъадори назди президенти Тоҷикистон зимни нишасти хабарие дар Душанбе изҳор дошт. Ба қавли номбурда агентӣ 3-уми июни соли 2011 маводи вобаста ба марги шаҳрванд Сӯҳроби Сафарзодро аз прокуратураи генералӣ дарёфт намуда, мавриди санҷиш қарор додааст. Дар парвандаи омадааст, ки шаби 10-уми декабри соли 2010 ҷасади Сӯҳроби Сафарзод ба маркази милли тиббии Тоҷикистон оварда шудааст. Номбурда шаби 9-ум ба 10-уми декабр дар манзили зисти Сабзалӣ Ҳайдаров, воқеъ дар кӯчаи Испечак-2 М-16, бинои 1, ҳуҷраи 25 дар ҳолати мастӣ вафот кардааст. «Аз  хуни Сӯҳроби Сафарзод ҳамчунин спирти этилӣ дарёфт гардид. Санҷиши прокутураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муайян кардааст, ки Сафарзод ҳамроҳи рафиқонаш дар маркази дилхушии «Симин»-и шаҳри Душанбе нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол мекунад. Аммо ҳеч нафаре аз ҳамроҳонаш намедонад, ки овозхон маводи синтетикиро кай истифода кардааст. Онҳо дар дасти Сӯхроб танҳо шишаи пиворо дидаанд»,-афзуд Бахтиёр Алиев. Ба қавли номбурда, ҷиҳати муайян кардани ин ки Сӯҳроби Сафарзод маводи синтетикиро аз куҷо дарёфт кардааст, санҷишҳо натиҷае надодаанд. Ҳамсар, модар ва дигар наздикони сароянда гуфтаанд, ки дар мавриди истеъмол ва аз куҷо дарёфт кардани маводи амфитамин аз ҷониби Сӯҳроб маълумоте надоранд.
Парвандаи марги овозхонро қатъ кардаанд
Соати 4:30 Сӯҳроби Сафарзод дар ҳолати мастӣ ба хонаи шиносаш Сабзалӣ Ҳайдаров меравад. Субҳи рӯзи 10-уми декабари соли 2010 вақте соҳибхона ӯро аз хоб бедор карданӣ мешаванд, аллакай нафас намекашидааст. Ҷонишини шӯъбаи тафтишотии агентии назорати маводи нашъадор мегӯяд, зимни такроран омӯхтани маводҳои марбут ба марги Сӯҳроби Сафарзод ҳамсари сароянда Майрам Давлатова ва модари вай- Хайринисо Шаропова дар марги овозхон касеро гунаҳкор намеҳисобанд. Бахтиёр Алиев гуфт, зимни санҷиши мавод кормандони агентӣ Сабзалӣ Ҳайдаров, нафареро, ки Сӯҳроб дар манзили ӯ ба ҳалокат расидааст, мавриди бозпурсӣ қарор додаанд. Ҳайдаров изҳор доштааст, ки ӯ ба сароянда ягон хел маводи нашъадор надода ва намедонад, ки овозхон аз куҷо ин маводро гирифтааст. Санҷишҳои мақомот дар ин замина бенатиҷа анҷом ёфтаанд ва ба қавли Бахтиёр Алиев то кунун дар ин замина санҷишҳо идома доранд.  Ин дар ҳолест, ки прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 28 декабри соли 2010 қарор дар бораи рад намудани оғози парвандаи ҷиноиро вобаста ба марги Сӯҳроби Сафарзод баровардааст.
Ҷонишини шӯъбаи тафтишотии агентии назорати маводи нашъадори Тоҷикистон мегӯяд, бо гузашти вақти зиёд ошкор ва дарёфти далелҳои ҷиноятҳои марбут ба маводи нашъадор мушкил аст. «Бо сабаби ин ки мо баъди шаш моҳи қарори прокуратура дар мавриди рад кардани оғози парванда маводҳоро аз додситонӣ гирифтем, муайян кардани гунаҳкорони ҳодиса қариб ғайриимкон гардидааст».
Баъди он ки хабари марги Сӯҳроби Сафарзод ба монанди раъду барқи баҳорӣ бо суръати кайҳонӣ паҳн шуд, миш-мишу сару садоҳо низ дар мавриди сабабҳои марги ӯ баланд шуданд. Тибқи ин овозаҳо истифодаи маводи нашъадор боиси марги сароянда шудааст. Дар маросими ҷанозаи Сӯҳроби Сафарзод санаи 11-уми декабри соли 2010, ки дар масҷиди панҷвақтаи маҳаллаи Ҳаёти нави шаҳри Душанбе баргузор гардид, як қисмати асосии мавъизаи Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода, яке аз рӯҳониёни тоҷик ҳам ба нигаронӣ аз паҳншавии истифодам маводи мухаддир миёни ҷавонон бахшида шуд. Дар як бахши суханронии худ номбурда гуфт:
«Ҷавонони азиз, истеъмоли маводи мухаддира инсонҳоро аз маъракаи инсонӣ мебарорад. Вақте, ки инсон аз истеъмоли маводи мухаддира мемирад, ӯ гӯё, ки ба худкушӣ даст задааст. Имрӯз гӯшаки телефонро мебардорӣ, мегӯянд, ки Сӯҳроби Сафарзод мурд. Фардо навбати ману шумо ҳаст. Фардо мову шуморо болои ҳамин чаҳорчӯба бардошта меоранд. Худо накарда агар ҷавоне ба истеъмоли маводи мухаддира машғул бошад, гӯшатонро бигиред ва тавба кунед дар назди Худо».
Аммо табибони беморхонаи ҷумҳуриявии мавсум ба Қарияи Боло иллати аслии даргузашти хонандаи ҷавонро сактаи қалб унвон карданд. Сӯҳроби Сафарзод дар оромгоҳи мавсум ба Калинини шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.
Ҳафт моҳ боз «Муини тоҷик» бо мо нест
Сӯҳроби Сафарзод, яке аз хонандаҳои ҷавони мусиқии поп буд, ки ҷойгоҳи хосеро дар олами санъати тоҷик касб намуд. Ӯ дар як муддати кӯтоҳ шӯҳратёр гардида, матбуоти зард номашро дар радифи «ситораҳои эстрадаи тоҷик» навишт.
Сӯҳроби Сафарзод дуюмин хонандаи тоҷик аст, ки бо сурудҳои Муин, овозхони маъруфи форсзабони муқими Амрико миёни мухлисон муаррифӣ шуд. Дар қиёс ба аксари ҳофизони дигар Сӯҳроби Сафарзод дар бозхонӣ то андозае муваффақ дониста мешуд, шояд ба ин хотир, ки ӯ суруди аслро тақрибан тағир намедод. Ҳам оҳанг ва ҳам матну шеваи бозхониро айнан иҷро мекард. Гузашта аз ин садои Сӯҳроб низ ба Муин шабоҳатҳое дошт.
Ба оҳистагӣ ҷои колексияи сурудҳои бозхонишударо таронаҳои худи ӯ танг карданд. Сурудҳои «Нозанин», «Азизи диламӣ», «Ишқи ман», «Панҷара» ӯро миёни мухлисон зиёдтар машҳур гардонд. Дуэтҳое низ бо Шабнами Сурайё (Ишқи ту), Дилноза Сафарова (Нозанин), Остони Азиз (Аруси сарзаминам) ва Ҳабиба (Дил шикастӣ санам) иҷро кардааст, ки ба шӯҳраташ афзуд.
Як вижагии сурудҳои Сӯҳроб омезиши оҳангҳои эрониву ҳиндӣ буд, ки таронаҳояшро бештар массир ва маҳбуби ҳаводоронаш мегардонд. Мувофиқати ҳаракатҳои саҳнавияш бо матни сурудҳо низ ба андозаи 80 дар садро ташкил медод.
Таронае, ки як рӯз қабл аз марг суруда шуд
Сӯҳроби Сафарзод аз оғози соли 2000-ум дар саҳна муаррифӣ гардид. Ихтисоси мусиқӣ надошт, аммо зимни таронасароӣ нозукиҳои талаффузи калимаҳоро риоя мекард, садояш бо оҳанг тавъам буд. Дӯстонаш мегӯянд, Сӯҳроб тасмим дошт, фурсати наздиктарин маҷмӯи нави таронаҳояшро таҳия ва пешниҳоди мухлисон кунад. То ин вақт Сӯҳроб ҳамагӣ як албоми худро таҳия карда буд, маҷмӯаи дуюми таронаҳояш нотамом монд. Сӯҳроб тасмими филмсозӣ низ доштааст, аммо акнун ин нақшаи ормонии ӯро шояд дӯстони ҳампешааш амалӣ мегардонанд. Охирин таронаи ӯ дар шакли дуэт як рӯз қабл аз маргаш суруда шудааст. Олим Ширинов, коргардони овоз баъди марги сароянда ба хабарнигорон гуфта буд, Сӯҳроб рӯзи 9-уми декабр (як рӯз пеш аз фавташ) зимни тамоси телефоние изҳор доштааст, ки бояд таронаи навашро сабт кунад. Олим пешниҳод кардааст тарона фардо сабт шавад, вале Сӯҳроб зиёд исрор намуда, ки бояд ҳамин рӯз сурудро таҳия кунанд. Гӯйё Сӯҳроб медонист, ки фардо дигар имкони пешниҳоди тарона даст намедиҳад. Ин суруд бо номи «Санам», ки якҷо бо шогирдаш Сорбон иҷро шудааст, чанд рӯз баъд аз марги овозхон танзим ва пешниҳоди мухлисонаш гардид. То кунун ин тарона панҷгонаи сурудҳои маҳбуби хонандаҳоро тарк накардааст.
САРЧАШМА: http://www.ozodagon.com/sabznoz/89-2011-04-13-07-24-36/1548-lr-.html
* Сароянда узвҳои баданашро ба ниёзмандон мерос гузошт
Наталя Ветлитская, хонандаи маъруфи жанри попи Русия дар васиятномаи худ узвҳои баданашро ба ниёзмандон мерос гузоштааст.
Бегурдае, ки ба васияти гурда сабаб шуд
Дар васиятномаи сарояндаи 46 сола чунин омадааст: «баъди маргам тамоми узвҳое, ки имкони пайвандсозияшон мавҷуд аст, бояд ба беморони ниёзманд дода шавад». Наталя дар сӯҳбате ба маҷаллаи  «Асрори Ситораҳо» (Тайны Звезд) гуфтааст, шояд қалби ман, гурдаҳоям, шушам нафареро аз марг наҷот диҳад.
Сабаби чунин васияти ҳунарпешаи маъруфи рус як фоҷеа будааст, ки ба қавли Ветлитская «онро ҳеч гоҳ фаромӯш нахоҳад кард». «Вақти дар беморхона табобат гирифтанам ҷавонеро дидам, ки солҳои дароз дар интизори гурда бо азоби алим ҷон дод. Ин писарак ҳамагӣ 21 сол дошт ва дар интизори донор аз олам чашм пӯшид». Ин ҳодиса ба Ветлитская ба ҳадде таъсир гузоштааст, ки баъди аз касалхона ҷавоб шудан зуд ба нотариус рафта васиятнома навиштааст.
Карераи зани 8-шавҳара хотима ёфт
Наталя Ветлитская 17 августисоли 1964дар шаҳри Маскавтаваллуд шудааст. Соли 1979 мактаби мусиқиро бо ихтисоси навозандаи фортепиано бо медали тилло хатм намудааст. Соли 1988 ба гурӯҳи овозадори «Мираж» пайваст. Баъди солҳои 1996  аз гурӯҳи мазкур канор рафт ва дар алоҳидагӣ ба эҷод машғул шуд. Ситораи эстрадаи шӯравӣ ва Русия маҳсуб мешавад. Даври беҳтарини шӯҳрати ӯ солҳои 90-и аспи гузашта буд.
Аз соли 1994 то 2004 9 маҷмӯи сурудҳояш нашр шуда, дар ҳашт филм (1983-2003) иштирок кардааст.
Ветлитская дар баробари овозхонӣ хайрхоҳӣ низ мекунад. Аз соли 1999 ба таври пайваста ба кӯдакони беморхонаи касалиҳои асабу рӯҳи № 4 (воқеъ дар рустои Николи ноҳияи Рузсккӯмаки молӣ мерасонад.
Шояд зиндагии шахсии ӯ низ барои баъзе хонандаҳо ҷолиб бошад. Наталия бо сершавҳарӣ «маъруф» аст. Чор шавҳари қонунӣ кардаву чор ақди шаҳрвандӣ бастааст.
Соли 2004 духтар таваллуд намуд ва бо ҳамин ба фаъолияти эҷодияш хотима бахшид.
Сарояндаҳои тоҷик кай васият мекунанд?
Намояндаҳои шоу бизнес дар Тоҷикистон талош мекунанд, то ҳамеша монандиҳои зиёде бо хориҷиён ба вижа русҳо дошта бошанд: дар танзими мусиқӣ, хондани суруд, таҳияи клип. Шояд рӯзе хабари васияти хонандаҳои тоҷик низ дар саҳифаи расонаҳо мардуми кишварро дар ҳолати шок қарор бидиҳад, ҳарчанд чунин тасмим аз сӯи сарояндаҳо боварнакарданист. Ба ҳар сурат барои хонанда хело ҷолиб аст, донистани ин хабар, ки Сурайё Қосимова, Шабнами Тоҷиддин, Садриддини Наҷмиддин, Зикруллоҳ Ҳакимов, Фирӯза Ҳафизова ва амсоли инҳо кадом узвҳои баданашонро (албатта онҳоеш, ки солим ва мувофиқи қавоиди тиббӣ пайвандсозияшон мумкин аст) мерос мегузоранд…
«Ноу-хау»-и журналистони тоҷик
Сарояндаҳои рус журналист мешаванд, журналистони тоҷик сароянда
Гурӯҳе аз сарояндаҳои маъруфи Русия акнун ба авҷи қуллаи шӯҳрат аз роҳи ровии барномаҳои телевизионӣ шудан роҳкушоӣ мекунанд, бархе журналистони тоҷик бошанд, бо рӯй овардан ба сарояндагӣ карера сохтаниянд.
«Гардиш»-и Жанна Фриске
Жанна Фриске, хонандаи маъруфи жанри попи Русия ахиран эълом дошт, ки муваққатан аз саҳнаи эстрада канор рафта ба журналистика рӯй меорад. Дар баёнияи матбуотие дар ин робита гуфта мешавад, ки лоиҳаҳои мусиқии тарҳрезишуда бо ширкати овозхон ва барномаҳои консертии дар моҳҳои наздик ба нақшагирифташудаи вай бекор карда шудаанд. Продюссери Жанна гуфтааст, сароянда акнун ба журналистика рӯ меорад. Интизор меравад, ояндаи наздик Фриске ба ҳайси ровии кадом як шоу-барнома дар телевизион пайдо шавад. Карераи эҷодии Жанна соли 1996 аз гурӯҳи «Блестящие» оғоз шуд ва соли 2003 эълон кард, ки гурӯҳро тарк намуда, дар танҳоӣ ҳунарнамоӣ мекунад.
Фриске нахустин овозхони  рус нест, ки аз сарояндагӣ ба зинаи ровии барномаи телевизионӣ қадам мегузорад. Шабакаҳои маъруфи телевизиони Русия кӯшиш мекунанд, хонандаҳои саршиносро ба ҳайси ровӣ дар шоу- барномаҳо ҷалб намоянд. Аз ин ҳисоб онҳо теъдоди тамошобинони худро зиёд кардан мехоҳанд. Ҳамчунин, қисме аз сарояндаҳое низ ҳастанд, ки даричаи шӯҳратро аз ровии телевизион шудан ҷустуҷӯ мекунанд.
Эстрадаи тоҷик ва имлои забон
Дар Тоҷикистон бошад, тенденсияи баръакс амал мекунад. Бархе журналистон сароянда шудан мехоҳанд.
Сарояндаҳои тоҷикро қариб дар ТВ-ҳо ба сифати ровӣ намебинем. Сабаби инро соҳибназарон дар балад набудани забони адабии тоҷикӣ аз ҷониби онҳо арзёбӣ мекунанд. Воқеан, бештари сарояндаҳои тоҷик ба вижа онҳое, ки дар жанри эстрада  суруд мехонанд, дар баёни фикр душворӣ кашида, ҷумлаҳои носолимеро иброз медоранд. Ҷумлаҳояшон ба қавле бе сару нӯг аст. Мушкили аслии онҳо бо забони адабӣ роҳат сӯҳбат кардан будааст. Ҳатто дар баъзе «шоу-консертҳо» ҳам, ки масъули ровӣ будан ба ӯҳдаи эшон буд, матни қаблан азёдкардаашонро натавонистанд бехато қироат кунанд.
То имрӯз агар гӯем, ки танҳо як сароянда муаллиф ва ровии барномаи телевизионӣ аст, муҳобот намешавад. Фахриддини Малик барандаи барномаи фарҳангии «Маҳбуби дилҳо»-ст, ки шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон манзур мекунад. Аммо ин барнома низ мунтаззам пахш намешавад. Тибқи сенария як сароянда ба сифати меҳмон даъват шуда, суруд мехонад ва ба суолҳои ровию  тамошобинони студия ҷавоб мегӯяд.
Тангии майдони журналистӣ ё чизи дигар?
Акнун баргардем сари ин мавзӯъ, ки гуфтем дар Тоҷикистон ахиран ба сарояндагӣ гаравидани бархе журналистон суръати тоза ёфтааст.
Шодмон Файзалиев замоне корманди радиои Тоҷикистон буд, ҳоло ба гурӯҳи ҳаҷвнигорони «Ғарибшо КО» пайвастааст. Ў якбора аз журналистика ба ҳаҷв наомад, нахуст маҳорати худро дар сарояндагӣ санҷид. Баъзе коршиносони бахши шоу бизнес мегӯянд ӯ садои вижаи фарқкунандае дошта, услуб, тарз ва пешниҳоди таронасароияш низ фарқкунанда аст. Дар сурати ҷиддӣ ба сарояндагӣ машғул шудан, муваффақ мегардад. Аммо инҷо мақоми баҳогузориро ба ихтиёри шумо хонандагон вомегузорем, ки Шодмон Файзалиев дар журналистика муваффақ буд ё дар сарояндагӣ ва ё дар ҳаҷвнигорӣ.
Ситораҳо, ситораҳо…дар ҳар куҷо
Кормандони ҷинси марди радиои «Садои Душанбе» аксарият дар баробари журналистика ба сарояндагӣ низ дилбастагӣ доранд. Зиёвиддини Нурзод, Сайфуллоҳи Бозор, Фирӯзи Каримро аллакай мешавад аз қатори рӯзноманигорон ба гурӯҳи сарояндаҳо шомил кард, зеро аз журналистика дида дар санъат хизмат (воқеан муҳақиқони соҳа бояд баҳогузорӣ намоянд, ки фаъолияти сарояндагии инҳо ба санъат хизмат аст ё хайр )-и бештаре кардаанд.
Аммо бояд иқрор шуд, ки аз миёни ин се нафар танҳо Зиёвуддин муваффақ шудааст, то албоми сурудҳояшро нашр кардаву бар чанд сурудаш клип бардорад. Барномаи консертие низ анҷом додааст. «Лонаи тақдир», «Ёри хушгил» ва «Ошиқ шудаам» аз таронаҳои маъруфи ӯст.
Шарифи Мисайзод, корманди дигари ин радио низ дар баъзе маҳофил сурудхонӣ мекунад, аммо монанди дигар ҳамкорони худ сурудеро ҳанӯз дар студия сабт накардаву аз тариқи радио пешниҳод накардааст. Чизи аҷиб ин аст, ягон намояндаи зан аз ин радио маҳорати худро дар сарояндагӣ насанҷидааст. Шояд ояндаи наздик «ситора»-и наверо «Садои Душанбе» тавлид мекунад? Интизор мешавем…
Радиои «Азия плюс» ҳам дар «тавлид»-и сарояндаҳо саҳми андак надорад. Акмал Мансуров мулаққаб ба «DJ AKI» замоне ровии барномаи мустақими шабона буд. Баъдтар аввалин таронааш бо номи «Ошиқ шудаам» аз тариқи ин радио садо дод. Ҳамин тарона ӯро ба сароянда табдил дод ва боис шуд, ки сурудҳои зиёде сарояд, аммо дигар маъруф нагашт. Ҳарчанд ӯ зиёд сари сурудан талош кард ва муддате аз ровии барнома, ба сароянда ҳам табдил шуду клип сохту рақсид дигар мисли таронааи аввал «ситора» нашуд. Фикр мекунам, акнун дигар ҷиддӣ сари сурудан таваҷҷӯҳ накард. Ду сол ин ҷониб Акмал тӯли як моҳи Рамазон субҳона барномаи рамазоние таҳия мекунад. Корманди дигари ин радио Кирил Комбаров низ муаллифи барномаҳои тафреҳист ва бо забони руси таронасароӣ мекунад. Ў ҳатто яке аз муддаиёни даври интихобии озмуни «Панҷ ситора. Интервидение» буд, ки вазорати фарҳанги Тоҷикистон созмон дод. Кирил ба гирифтани ҷои дуюм мушарраф гардид. Мегӯянд ӯ дӯстдори хуби забони тоҷикист.
Анзурат Назарзода, ровии як барномаи субҳонаи ТВ «Сафина» ҳам сурудхонӣ мекунад. Ин хонум чанд клипе ҳам дорад, аммо ба фарқ аз кормандони радиои «Садои Душанбе», ки сурудҳояшон фаровон аз тариқи эфир пешниҳод мешавад,  ҳеч клипашро то имрӯз «Сафина» манзур накардааст.
Номи журналисти дигаре, ки дар ин авохир миёни сарояндаҳо ва мухлисони санъат баландпарвоз буд, Фарҳоди Милод (Фахриддини Холбек) аст. Фарҳоди Милод, корманди радиои «Озоди»-ст ва ҳамкорияш бо сарояндаҳо солҳои тӯлонист, ки идома дорад. Матни суруд ва оҳангҳои бархе сарояндаҳо моли ӯянд. Замоне, ки ҳама гап атрофи НБО «Роғун» буд, таронаи офаридаи Фарҳод «Ману ту ҷура», ки хонандаҳои маъруфи эстрада Садриддин, Баҳром ва Шабнам иҷро карданд, чанд муддат «лидер» буд. Ахиран, худи вай низ ду тарона суруд. Дар сӯҳбатҳояш гуфт, ки эҳсос кардааст, он гуна ки мехост, ин таронаҳоро сарояндаҳои касбӣ иҷро карда наметавонанд аз ин рӯ худаш хондааст. Таронаи «Тоҷикистонам баред» Фахриддинро ҳамчун сароянда миёни мардум маъруф кард.
Пешниҳод: Гурда ва галла-консерт
Дар охир як пешниҳод доштам. Чун сарояндаҳои мо гурдаи муаллиф ва ровии барномаи телевизионӣ буданро надоранд, пас журналистоне, ки акнун ҳамчун сароянда худро муаррифӣ кардаанд, дар якҷоягӣ Кохи Борбадро барои як рӯз ба маҳфили то имрӯз касе шоҳиднабудае табдил намоянд. Ба қавли имрӯзмӯдшуда «Гала-консерт»-и олие, ки онҷо ҳам мусиқии дилнишин бошаду ҳам таронаву оҳанги баланд ва ҳам суханҳои нобу равони тоҷикӣ. Хайр, пешниҳод чӣ хел?
Сарчашма:
http://www.ozodagon.com/sabznoz/89-2011-04-13-07-24-36/1205-l-r-.html
* «Суруди сол» мурд, «Суруди сол» зинда шуд
Дар Душанбе ба беҳтарин сарояндаҳои эстрада ҷоиза супориданд. Маросими эътои ин мукофотҳо қаблан бо номи  «Суруди сол» ёд мешуд ва ба як чорабинии маъруф табдил гашта буд. Он дар шакли озмун пешниҳод ва ҷамъбаст мегардид. Суруди беҳтарин аз тариқи овоздиҳии мухлисон ва баҳои ҳакамони вижа интихоб мешуд. Аммо соҳибони ҷоизаҳои имсоларо худи ташаббускори чорабинӣ, вазорати фарҳанг интихоб намудааст. Бархе иштирокчиёни чорабинӣ мегуфтанд, ки маъракаи имсола аслан ба «Суруди сол» шабоҳат надошт…
Дар гузашта маросими ҷоизасупорӣ гӯё як шукӯҳу шаҳомати хосае дошт, соли равон ба ҷуз аз ролики таблиғотие дар ТВ «Сафина», ки дар баргузории чорабинӣ ҳамкори вазорати фарҳанг унвон мешавад ва чанд овеза дар чанд гӯшаи пойтахт дигар чизе аз мавҷудияти чунин як чорабинӣ дарак намедод. Воқеан, як чунин овезаи таблиғотӣ дар назди бинои Сирк ба қавли як ҳафтанома чанд рӯз «пуштағелак» мерафту касе онро бардошта ба ҷояш дуруст нагузошт.
Киёми вазорати фарҳанг ва ё пешдастӣ аз «Қиём Интертеймент»
Ҷоизаҳо аз рӯи чанд номинатсия соҳибонашонро ёфтанд. Субҳон Саидов ва Анвар Қосимов ба дарёфти ҷоизаи «Беҳтарин овозхони санъати эстрадаи тоҷик» мушарраф шуданд. Шоҳҷоиза-«Беҳтарин сарояндаи сол» бошад, насиби Садриддин Наҷмиддинов ва Ҷонибек Муродов гардид.
Ҳамчунин, Зикриоллоҳ Ҳакимов ҷоизаи «Беҳтарин оҳангсоз», Зайниддин Каримов «Беҳтарин танзимгари оҳанг», Эҳсон ва Манижа «Беҳтарин Дуэт», Гулру Табарова ва Зайнура Пулодӣ ҷоизаи махсус «Барои қадамҳои нахустин дар саҳна», Баҳроми Ғафурӣ «Беҳтарин клип» ва «Беҳтарин албоми сол», Фирӯза Ҳафизова «Беҳтарин албом», Ҷонибек Муродов «Беҳтарин клип», Валиҷон Азизов «Таваҷҷӯҳи тамошобин», Бахтиёр Иброҳимов, Нигина Амонкулова ва Дилноза Каримова «Беҳтарин иштирокчии чорабиниҳои давлатӣ» (воқеан, ин ҷоизаро як намояндаи вазорати кишоварзӣ супурдааст. Шояд ояндаи наздик дар репертуари ин хонандаҳо таронаҳои «Пахта-пахта ҷон пахта», «Гандумак дарав шуд наомад ёрам», «Борон борад Ёвонба, алаф шавад говонба», «Баррача о, баррача» ва амсоли инҳоро фаровон мешунавем?)-ро соҳиб шуданд.
Гурӯҳҳои «Шамс» ва «Авесто» ҷоизаи «Беҳтарин гурӯҳи эстрадӣ»-ро ба худ ихтисос доданд. Ҷоизаи «Беҳтарин барномаи консертӣ» ба Нозия ва Муҳаммадрофеи Кароматулло супурда шуд. Беҳрӯз Зеваров, продюссери ширкати «JM» ҷоизаи «Продюссери беҳтарини сол»-ро ба даст овард.
Ансамбли «Гулрез»-и назди кумитаи ТВ ва радио «Беҳтарин гурӯҳи рақсӣ» шинохта шуд.Вазорати фарҳанг, ташабускори аслии ин чорабинӣ нагуфтааст, ки аз рӯи кадом меъёрҳо соҳибони ҷоизаҳоро муайян кардааст.
Ёдовар мешавем, моҳе пештар овозаҳо атрофи «Суруди сол» гуши шоу бизнеси тоҷикро қариб ба карӣ расонд. Ҳамааш аз он оғоз гардид, ки гуфтанд, ширкати «Қиём Интертеймент» мехоҳад масъули баргузории «Суруди сол»-и Тоҷикистон бошад. Ин гапу гапчаҳо на ба сарояндаҳо ва на мухлисон нафорид. Дар назарпурсие, ки нашрияи «Овоза ва ҳақиқат» анҷом дод, аксари хонандаҳои эстрада гуфтанд, ки намехоҳанд, озмуни тоҷикиеро як ширкати хориҷӣ баргузор кунад. Шояд ҳамин сару садоҳо таъсир гузошт, ки вазорати фарҳанг худ масъулияти баргузории ин чорабиниро бар душ гирифт.
Баннерҳои бо Манижаву бе Манижа
Тақрибан аввалҳои моҳи июн дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе баннерҳои таблиғӣ пайдо шуд, ки аз баргузории як чорабинии фарҳангӣ бо номи «Суруди сол» хабар медоданд. Таваҷҷӯҳро аксҳои қатори сарояндаҳо ба худ ҷалб мекард. Дар баннер миёни дигарон акси Манижа Давлатова низ буд. Хеле ҷолиб менамуд, ки чаро бонуи Манижа на дар барномаи консертии вижаи худ, балки «оливье» баромад мекунад. Аммо ин мавзӯи баҳси дигар аст. Аммо баъди чанд рӯз акси Манижа аз баннерҳо ғайб зад. Дар робита касе аз масъулин сабаб нагуфт.
«Суруди сол»-и вазорати фарҳанг моломоли булаҷабиҳо низ будааст. Инҷо ёддоштҳои як иштирокчии ин чорабинии фарҳангиро пешниҳоди хонанда мекунем.
«Суруди сол» ва ё «Масхараи сол»?
Ростӣ аз аввал ширкат дар консертҳои «оливье»-и Тоҷикистонро хуш надорам. Чунин консертҳо аз нигоҳи ташкиливу саҳнавӣ бисёр дар сатҳи поин баргузор шуда, бештар санъаткорони асил ба он роҳ намеёбанд. Аммо новобаста аз ин 27-уми июн ба Кохи Борбад роҳ гирифтам…
Консерт чун одати ҳамешагӣ 30 дақиқа дертар аз вақти муқарраргардида оғоз ёфт. Мардум дар такопу. Ҳама серҳаракат, касе ҷойи муаяйн надорад. Ниҳоят ровиёни консерт низ рўи саҳна омаданд. Фотима Аббосова ва Раҷаббек Илёсов, кормандони ТВ «Сафина». Дар робита зикр кардан ба маврид аст, ки хело хуб мешавад агар дастандаркорони барномаҳои консертӣ, ки худро продюссер меноманд, ҳангоми ба нақшагирии маҳфилҳо ба барандаҳо низ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ намоянд, зеро ин хеле муҳим аст. Фаразан, дар Русия барои даъват кардани Яна Чурикова ва ё Андрей Малахов продюссерон моҳҳои дароз даву тоз мекунанд. Маълум аст, ин ду нафар маҳорати ҷалби таваҷҷӯҳи бинандаро дошта, ҳеч гоҳ аудиторияро хасташавӣ намемонанд. Аммо аз чӣ бошад, ки консертҳои Тоҷикистонро ҳар нафари «тасодуфӣ» ва бидуни маҳорати хосае ровигӣ мекунад. Барои мисол, бо оғоз гардидани консерти «Суруди сол» ду баранда чунон аз зинапоя поён фаромаданд, ки гӯиё онҳо дар «роҳрави сурх»-и Ҳолливуд  қадам мезананд.
Комплиментҳои тоҷикӣ, мебахшед «номаълум»
Фотима Аббосова шояд бисёр мехост, ки бо тоҷикӣ роҳат сӯҳбат намояд, ки вожаву ибораҳои наве ҳам ихтироъ кард. «Фикр месозам» аз намунаи аввали таҷрибаи ӯ буд ва дар идомаи консерт чунин «масхарабозиҳо» нисбат ба забон ва аудитория дигар ҳисоб надошт. Барои мисол дар ҳеч кунҷи дунё таҷриба нашудааст, ки баранда иштирокдорони чорабиниро дар толор ва барои аудитория баҳогузорӣ ва ё меҳрубонӣ (комплимент) намояд. Фотима Аббосова ва Раҷаббек Илёсов талош мекарданд, ки «симпатия»-и хешро ба ин ё он сароянда нишон диҳанд. Барои мисол Раҷаббек бо дидани чеҳраи Фирӯза Ҳафизова гуфт: «Шумо имрӯз хеле қашангед». Аз ин сухан илҳоми Фотима Аббосова низ омад. Ҳангоми ҷоизасупорӣ ба Ҷонибек ва Садриддину боз чанд сарояндаи дигар Фотима бо садои боғурур мегуфт: «Шумо воқеан арзандаед»…
Иштибоҳкориҳо низ кам набуд. Барои мисол вақте баррандаҳо паси парда мерафтанд Фотима барои толор гуфт, ки феълан баромади Парвиз Пӯлодиро интизор шавед, аммо чанд қадам нагузошта бо садои писхандомез садо дод, ки на ҳоло баромади Шаҳроми Абӯбакр аст. Ҳамин гуна ду барандаи хушсалиқа Таҳмина Рамазонова, сарояндаи гурӯҳи «Авесто»-ро Таҳмина Ниёзова муаррифӣ карданд. Таҳмина Рамазонова дарҳол гуфт, ки насабаш Ниёзова нест. Аз чӣ бошад, ки баъди анҷоми баромади Таҳмина Рамазонова Фотима ба саҳна набаромад. Шояд намехост ғурурашро шиканад ва аз Таҳмина узрхоҳӣ намояд. Раҷаббек бо анҷом ёфтани фонограмма, э астағфируллоҳ суруди Таҳмина Рамазонова гуфт, ки пӯзиш мехоҳад, ҳамеша дар миёни духтарони зебо насабашонро фаромӯш мекунад…
Бошад, ки бошад
Бо ҳамин фурсати рӯи саҳна баромадани Муҳаммадрофеи Кароматулло расид. Вале, Фотима гуфт, ки намехоҳад сарояндаи навбатиро муаррифӣ кунад, чун ҳамеша дар муаррифӣ барои эълони номи ин сароянда ғалат мекунад ва дар паси парда «гап» мешунавад. Вале бо вуҷуди ин, Фотима ин навбат бисёр кӯшиш намуд, ки бидуни иштибоҳ ҳарф бизанад ва гуфт, ки ҳамакнун навбати Муҳаммадрафеъ аст, на Муҳаммадрофеъ. Қариб, ки фаромӯш шавад: «Бошад, ки чунин бошад». Яке аз ибораҳои дӯстдошта ва серистеъмоли барандагони ин консерт буд. Умуман, чунин баромадҳои дилбазани барандаҳо аудиторияро зиёд хаста мекунад.
Фотима ва Раҷаббек дар саҳна худро тавре намоиш медоданд, ки ба ин мазмун мешавад фаҳмид: «инҷо сарояндаҳо муҳим нест, мо аз ҳама асосием». Зеро, бо пайдо шудани сарояндаҳои бону дар саҳна Фотима аслан сухан намекард. Дар акси ҳол Раҷаббек риштаи суханро ба Фотима вогузор мекард…Ин ҷо набояд аз ташкилкунандагони консерт фаромӯш кард. Ба назар чунин мерасад, ки консертро «сарам дилам» ташкил кардаанд. Тамоми нафароне, ки ба саҳна барои ҷоизасупорӣ даъват мешуданд ҳадди аққал либоси мувофиқи саҳнаро ба бар накарда буданд. Ҳунармандон, намояндагони вазорат, ки маъмулан тӯҳфаву ҷоизаҳоро ба сарояндаҳо тақдим мекарданд, бо ҳамон либоси «кӯчагӣ» ҳозир мешуданд, ба истиснои Ортиқи Қодир.
«Суруди сол» дар соли 2011 низ гузашт. Бо умеди дар соли 2012 дар сатҳи олӣ баргузор шудани ин маҳфил тамоми ҷоизадорони имсоларо муборак мегӯем!!!
Сарчашма:
http://ozodagon.com/sabznoz/89-2011-04-13-07-24-36/1110-l-r-l-r-.html