MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

Ъ’1) AҶобатҲо

Шоми 22 сентябр телевизиони Тоҷикистон филми ҳунарии «Нишони зиндагӣ»-ро намоиш дод. Аз мазмуни филм фаҳмидан мумкин, ки ҳодисаҳои 15 соли пешро нишон додан мехоҳанд. Котибаи мактаб бо мошинкаи ҳуруфчинии хато накунам «Янтарь» кор мекунад, аммо духти либосаш замонавитарин аст.

Офарин ба Шумо-Newкоргардонҳои тоҷик! Аҳсант!!!  

Дар кӯчаи марказии пойтахт пушти дари қаҳвахонае бо ҳарфхои каппа-калон навишта шуда, ки ҚАҲВАИ ГАРМ

Ба тасаввури ман қаҳваро ҳамеша гарм менӯшанд. Ё дар қаҳвахонаҳо қаҳваи «ширгармак» ё хунук ҳам фармоиш медиҳанд?

Агар назди лифт ду нафар истода бошанд, вақте нафари сеюм ба он наздик мешавад ҳатман тугмаи «даъват»-ро як бор зер мекунад…

Гӯйё ин ду нафари аввал хоҳиши бе ҳамшарикии боз як нафар боло (ё поин) шуданро надоштаанд ва ё ҳамин навакак аз кадом як деҳаи зиндагияш дар сатҳи асри санг омадаанду фаҳмишашон барои зер кардани тугмаи «даъват»  намерасида бошад…

Ба даромадгохи Мучтамаи маччалаву рузномахо маъруф ба ГЖК расидан баробар баргахои эълони кор ба рузномаро во мехуред, ки чор кунчи сутунхо ва назди лифту деворхои гирду атрофи биноро «зеб» медиханд. Чашматон хатман ба сархати сеюми ин эълон, ки бо харфхои калону «жирний» МАОШИ КАЛОН навишта шуда, таъкид мешавад, ки довталабон «рост« ба идораи рузнома биёянд…

Гуйё хонандахои эълону таблухои таблиготи аввал качу килеб ба Боги Устод Рудакиву «светофор»-и чорохаи «Садбарг» мераванд…

Мусофиркаши хатсайри 8 аз суйи Фурудгох чониби Махаллаи 82 дар харакат аст. Як мусофир аз  дувуми мепурсад: «Ака Шумо хам тарафи 82 меравед?»

Не, ин бечора Кулоб рафтани асту, хамту барои зебаш ба машруткаи 8 нишастааст.

Ба мусофиркаше, ки хамаги як чои нишаст дорад як нафар савор шуда, як Сомони дароз мекунад. Кондуктор хатман мепурсад, ки: «Ака чанд касай?»

75 нафар! Охир як нафар, ки савор шуд пули як нафарро дароз мекунад-ку. Ё хамин хел шуданаш хам мумкин, ки мусофирон рохкирои набераи хануз тавлиднаёфтаашонро «пешбардохт» намоянд?

Дар кучахои Душанбе духтарони шими тангпушро зиёд вомехурем, ки камарбандашонро бо тасмахои «пусти тимсох» мебанданд. Ачобаташ ин ки дар оханхои калон-калони ин тасмахо ишорахое хаст, ки наузанбиллох… Баъзе ин ишорахоро ман дар симчубхои шиддаташон баланд дидаам. Ба гунаи мисол: «Осторожно! Высокое напряжение!»

Тасмаро аслан барои он мебанданд, ки шимро аз поин шудан нигох дорад. Лекин шимхои пушидаи бархе аз чинсхои латифамонро бе розигии сохибаш бо кран хам бикашед муроде хосил намешавад, пас накши ин тасмахо чи аст?

Баъзан дохили маршруткахо духтаронеро вомехурем, ки бо дастонашон мисле, ки салом медода бошанд пеши барашонро медоранд. Аниктараш ин амалро барои он анчом медиханд, ки гуйё мехоханд, дахони мисли чуволи кахкашонии бобои Сафомиддин васеяшонро касе набинад.

Агар бисёр мехохед чашмони тези кадом як чавони ба кавле «гурусначашм» (аслан бо чунин духти либос чашми хама ба он меафтад) ба «брилиантхо»-и «киматбахо» наафтад, аз дузанда хохиш намоед пеши бари куртаро каме тангтар дузад. Агар аз паси муд рафтаниед пас бигузор обекти тамошо бошад.

13.01.10 Чашмандозе ба ТВ

Шабакаи иттилоотии «Чахоннамо»

Мучрии барномаи варзиши вакте аз муваффакияти пахлавонони точик дар риштаи самбо дар хоричи кишвар хабар медод, гуфт:  «ду кас сохиби чои аввал шуда медали тилло ба даст оварданд».

Ман боре нашунидаам, ки голибони чои аввалро бо медали биринч ё  нукра сарфароз карда бошанд. Ва ё бигирем барои усули хуби «сари севчи»  Алмос дода бошанд. Чои аввал хатман медали тилло мегирад-ку.

Дар барномаи ахбор бошад, наттокбону хабар дод: «Дар натичаи садамаи нохуши наклиёти дар чумхурии мардумии Хитой 16 нафар ба халокат расид».

Шумо садамаи хуши наклиётиро хам медонед? Ба надешаи ман садама хамеша нохуш аст, новобаста аз он ки хисороти чоние дар пай дорад ё не.

Аз хама чо

Бисёр шунидаем, ки дустон бо шикоят мегуянд: «хамин шаб сарам ганда безеб дард кард»…

Хамагуна дард, махсусан агар дарди сар бошад, хамавакт «ганда безеб» аст. Ё дарди сари гуворо хам мешавад? Маслан, мехохед, ки дард кардан гирад?

Сарлавҳа аз як хабари ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»:

ҶАВОНОНИ БАДАХШОН ПЕШ МЕРАВАНД!

Кашфиёти аҷиб-а? Анна акнун сабаби рушд накардани ҷавонон маълум шуд:  МО ҳама то имрӯз «қафонокӣ» мерафтаем. Офарин ба ҷавонони Бадахшон, ки ба пеш мераванд, браво!!!

Дар барномаи «Навид»-и Телевизиони «Сафина» (4-уми феврал, соати 8:10) ровӣ дар шарҳи нишасте вобаста ба ҷашни 86 солагии милисаи тоҷик гуфт, ки «ба наздикони кормандони милиса, ки ҳангоми иҷрои вазифа фавтидаанд, тӯҳфаҳо дода шуд», дар гузориши дигари ҳамин барнома, ки ҳамчунин ба Рӯзи милиса бахшида шуда буд мегуфт «ба наздикони кормандони ВКД, ки дар пайи адои вазифа ҷон додаанд, ИФТИХОРНОМА супорида шуд»…

Хело аҷиб! Агар дар кишвархои дигар наздикони кормандони макомоти интизомии зимни адои вазифа халокшударо ёрдампули диханд, дар мо бо тӯҳфаву ифтихорнома сарфароз мекунанд. Бо ин рох шояд алами падару модаронеро биёваранд, ки фарзандонашон дар амалиётҳо ҷон ба саломат бурдаанд?

Дар барномаи «Ахбор»-и шабакаи иттилоотии «Ҷаҳоннамо» рӯзи 4-уми январ аз як амалиёти вижаи нерӯҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳи Алии Бедакӣ (Аловуддин Давлатов) дар минтаќаи Рашт хабар дода шуд. Ваќте ҷасадҳои сӯхташудаи ҷангиёнро намоиш медод ровӣ бо сароҳат мегӯфт, ки ҳамин ашхос бо ҳамлаи ноҷавонмардона ба сарбозони вазорати мудофиа ҳамла карда, 25 нафарро куштанд.

Аз барои савоб. Дар нахустин рӯзи сари забонҳо шудани номи Алии Бедакиву ҳузури ӯ дар минтаќаи Рашт маќомоти давлатӣӯро террорист меномиданд. Пас, кадом террорист раќибашро «ҷавонмардона» мекушад?

                                    

  Яке аз устодони раќси ансамбли раќсии «Лола» зимни мусоҳибае дар ТВ мегуяд: «Барои омӯхтани нозукиҳои раќс ба назди мо кӯдакЧАҳои зиёде меоянд».

Ба фикрам шумо низ мисли ман зиёд мехоҳед бубинед, ки кӯдакчааш боз чи гуна бошад, хамту не?

Ψ Ба даромадгохи Мучтамаи маччалаву рузномахо маъруф ба ГЖК расидан баробар баргахои эълони кор ба рузномаро во мехуред, ки чор кунчи сутунхо ва назди лифту деворхои гирду атрофи биноро «зеб» медиханд. Чашматон хатман ба сархати сеюми ин эълон, ки бо харфхои калону «жирний» МАОШИ КАЛОН навишта шуда, таъкид мешавад, ки довталабон «рост« ба идораи рузнома биёянд…

ξ Гуйё хонандахои эълону таблухои таблиготи аввал качу килеб ба Боги Устод Рудакиву «светофор»-и чорохаи «Садбарг» мераванд…

Реклама

комментариев 13 to “Ъ’1) AҶобатҲо”

  1. 🙂 Дар кучое чоп шуда буд, бо обу ранг такрор — модари дониш 8):

    ш.Хучанд. истгохи Универмаг.
    1. Маршрутка дар истгох истодааст. Дар пешаш лавхачаи 8-12 (мкр).
    2. Кудаки пулчинак беист фарёд мекунад: Хашту-дўзда…
    3. Мусофирон хам меоянду як бор пеши маршруткаро нигох мекунанд, ки ба кучо меравад, бовари хосил мекунанд, ки 8-12 .
    4. Бар замми хамаи ин се кисми номбаршуда аз кудак мепуранд 8-12 мерад-ми?.

    😈

    • MAHBUB-TJ said

      01. Бале, дустам ин навишта баргирифта аз «Ману Ту» аст.
      02. Мушохидаи хело чолиб (Мутаасифона ман холо намедонам, ки хамон каллачахои хандон (смайлик)-хоро чи гуна ва аз кучо пайдо карда монам)))))

      • Хи-хи… 8)

        Агар ин сатрхоятонро чаноби nakhudak.wordpress.com хонад, ганда хафа мешавад.
        Шумо магар хабар надоред?! 😯 Худо гуед, нахудаки бизнесмен дар сафар бошаду як сари кадам ба ин хонатон надарод. «Каллача»-хое, ки Шумо гуфтед хама «нахудак» ❗ Хоричи не — точики!

        Хозир меёбем:
        Оп. мархамат:

        http://en.support.wordpress.com/smilies/

  2. MAHBUB-TJ said

    😆 Ташаккур, акнун навиштахои ман низ «нахудакзор» мешаванд…

  3. Raja said

    дар кахвахонахое, ки Шумо гуфтед бародар чойи хунук,чойи нимчуш ва кахваи серузаро хам мебиёранд (гап байни худамон)агар нафахми

  4. НАХУДАК said

    Ба арзи Шумо расонам, ки Нахудак аз касе хафа намешавад. Вале бовар дорам, ки аз Нахудак алакай чандин нафар хафа хам шуданд, ха чи кор кунам, ин айби Нахудак не ку!!!
    Боре Нахудак дар рустоаш бо хамдехааш меистод. Як нафар дар дасташ бо як зарфи пур аз хурок мегузарад. Хамрохи Нахудак мегуяд, вай хурокаа бинандееее. Нахудак мегуяд, кори ту чи???
    Он мард мегуяд, охи ба дарвозаи хонаи ту даромад. Ана, ба дарвозаи ман даромад, ба чи шудааст, ба инаш хам кори ту чи?
    Дустонам ба Нахудак ба гуфте бару бир аст!!!

  5. MAHBUB-TJ said

    Нахудаки азиз, ба ин рохе, ки ману Ту равонаем, аник аст, ки бисёрихоро аллакай хафа кардаему хафа мекунем.

    • Хуб мекунед!!! Баъзехо фикр мекунанд, ки миллати точик бесохиб хасту чи номаъкулиеки хоханд мекунанд. Хоханд эрони мекунанду нахоханд «нагз мебинанд».

      Хоооооо ин миллат бесохиб нест. Ё ба кавли мардуми хучандихо «шахри хала-хула не».

      Кош сафи чунин сохибони миллат нафас ба нафас зиёд шавад.

  6. Марисабель said

    Махбуб!!! хама гапхое ки гуфтед, Шумо дуруст кайд кардед! вале ман як чизба рози нестам, ки шумо дар бораи куртахои духтарон дар боло гуфтед! Ба гуфти руссо «Кому видно тому стидно» рост хаст хамин гап! Хастан мардхое ки агар ду чашми дигар карз дихи ба онхо не немегуянд хамон чор чошмро болои духтарон мепартоянд ва ба як нигох карданашон гуфти гапои лахча узи мекунан духтархоро хамаи хамин барои ки даркораст??? Агар аз тарафи дигараш гирем хама мардхо инаш хохари инашро нигох мекунаду узи мекунад дигараш аз дигарашро… аз ин маълум мешавад ки, мо мардуми Точик бо хамдигар иттифок нестем!

    • Follower said

      Марисабел, агар нигоҳ накунад, пас ба «мард» буданаш шубҳа пайдо мешавад…Ва ҳам, нигоҳ ба бадани зан рефлекси табии чашмони мард аст… Духтар агар аз ин нигоҳҳо озурда мешавад, пас чаро мепушад? Агар мепушад, пас чаро озурда мешавад?

      sorry, вале агар духтаракҳои зебо андоми зебояшонро нишон додан мехоҳанд — ин ҳаққи онҳост (мо хурсанд), вале ҳаққи тамошоро аз мо нагиред охир! Ё чашмомона дига ай замин наканем?

      кароче, хафа нашавед, ҳама гапом бо оҳанги шӯхиянд, take it easy

      • MAHBUB-TJ said

        Фикр мекунам Марисабелро ин мушоҳидаҳо ба хашм намеорад, зеро Follower хуб қайд намудааст, ки оҳанги навиштааҳо шухиолудаанд (аммо дар қаъри ҳар шухие ҳақиқат нуҳуфтааст))))).

      • amid said

        Саломат бошед Махбуб. Ин Марисабел хамаи точикхоро хаел мекунад, ки бояд ба кавли русхо амал кунанд. Яъне урен шуда гардад айб несту баръакс касеро чашмаш ба урен меафтад айб аст. Ана мантик. Марисабел дуруст гуфтанд, ки мардхо бо чашмхояшон узи мекунанд, лекин кадом мардхо ва кадом занхоро? Албатта вакте ягон зан либоси нимурену диккатчалбкунанда пушад, чашми марди фосик на хамчун узи балки айнан мебинанд, худи бадан метобад кучои вайро узи даркор. Лекин зане, ки либоси кушод мепушад, фигурааш наметобад пеши бараш махкам ва муи сараш низ зери руймол панох аст, ягон кас на ба суи у бо шахват нигох мекунад ва на фикри аппарати узиашро ба кор даровардан мекунад. Пеши бари сина, муи сар, остин, рони по то поени бучулак аврат аст ва Худованд барои мусалмонон амр кардааст, ки занхо аврати худро аз чашмони номахрам хифз кунанд. Хохарони мухтарам агар хоханд, ки ягон кас нозукии бадани онхоро набинанд, бояд куртаи танг надузанду пеши барашонро болотар дузанд. Вагарна ин чашм аст, пушидан е ба суи як тараф нигох карданро на хама кудрат дорад. Узр ки аз ин хаводис дер даракдор шудаму нав навистам. Саломат бошед.

      • Марисабель said

        Мухтарам Fllower ва мухтарам Amid пас шумо тамошо кардан гиреду мо пушидан мегирем харкас гунохи худро мегирад!!!…

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

 
%d такие блоггеры, как: