MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

Ъ’2) На Шоу на Биз

ГОЛРЕЗА-2

Каме поинтар шоҳиди ГОЛҳои зебо шудем. Чун ГОЛҳои фасон хело зиёд буданд, тасмим гирифтем, ки ин сил-силаро идома диҳем. Инак, ҳафтҳгонаи СуперГолҳо.

Дар мақоми ҳафтум голи дар санаи 25 феврали соли 2009 дар бозиҳои Лигаи Қаҳрамонҳои Аврупо ба дарвозаи  дарвозабони № 1-и ҷаҳон- Жанлуиҷе Буффон  задаи бозингари дастаи Код-Диуар- Дидие Дрогба қарор дорад. Дар ин радиф ҳамчунин голи нашъамандеро гузоштаем, ки ба «участковой»- и № 1-и яке аз маҳаллаҳои пойтахт задаст:
Занги дар баланд мешавад. Нашъаманд пушти дар омада мепурсад:
— Кӣ аст?
— Кушоед, милиса!
— Чи мехоҳед?
— Сӯҳбат кардан даркор.
— Шумо чанд нафаред?
-Ду нафар.
— Ду кас, ки бошед, сӯҳбат карда шинед.

Ҷойи шашум насиби голи Андрей Аршавин аст. Дар Ҷоми Аврупо-2008 Аршавин ҳимоятгари тими Ҳоландро фиреб дода, тӯбро ба дарвоза зад. Тӯб миёни ду пойи дарвозабонро холӣ ёфта шуввос аз он гузашта вориди дарвоза шуд. Гаишникҳои мо низ баъзан «двайной»голхои хуб мезананд:
Нозири рох мошинро нигоҳ медорад.
— Летинанти хурд Шарифзода, падари хафт фарзанд…
— Камандир, охир ман ягон қоидаро вайрон накардум-ку.
— Фарзандони ман интизор намешинанд, ки ту кай қоида вайрон мекунӣ.  

Зарбаи Зайниддин Зиданро дар зинаи панҷуми рейтингамон ҷой додем. Ин зарбаи ба дарвозаи Англия дар соли 2004 задаи Зидан нест, ки дар дақиқаи охирин зада шуду бо ГОЛ анҷом ёфт ва тими Фаронсаро пирӯз гардонд. Балки ин зарбаест, ки ҷойизадори секаратаи «Тӯби тиллоӣ» бо сараш ба қафаси синаи Марко Матератси куфт. Ин зарба, ки дар бозии финали Ҷоми Ҷаҳон-2006, ҳангоми бозии яккачини Фаронса бо мунтахаби Италия зада шуд, дар олами футбол такконе буд, такрорнашуданӣ. Мувозии зарбаи Зидан инаст, ки интихоб кардаем:
Ду Рафиқ дар истгоҳ бо ҳам вомехӯранд.
— Салом, ҷура! Чанд вақт боз камнамо шуда рафтайи, зан гирифтӣ-чӣ?
-Не, ҳоло.
— Пас, чиро интизорӣ?
— Автобусро…

Зудтарин гол садрнишини мақоми чоруми рейтинги мост. Ин голро Ҳакан Шукур, бозингари Туркия дар Ҷоми Ҷаҳон-2002 ба дарвозаи Кореяи Ҷанубӣ зад. Баъди хондани сурудҳои миллии ду давлат ва баланд шудани ҳуштаки довар Шукур тӯбро ба дарвозаи ҳариф, ки Ли Вунҷа ҳимоят мекард, ворид намуд, ки ба зудтарин ҷавоби марди занкалоне мисли як себи дукафон монандӣ дорад:
Нимашаб нозири милиса мардеро, ки сархуш буд, нигоҳ медорад.
— Куҷо ин қадар шитоб доред?
— Барои шунидани лексия.
— Дар ин ними шаб кӣ ба ту лексия мехонад?
— Занам, командир, занам.

Златан Ибрагимович бо голи зебояш дар соли 2004 тавонист, ки зинаи сеюми рейтинги моро иҷора бигирад. Ҳангоми бозӣ бо Италия Ибрагимовичи шведсиягӣ дар Ҷоми Аврупо бо буҷулаки пояш тӯбро чунон сахт зад, ки вақте дарвозабон хабар шуд, тӯб аллакай тури дарвозаро меҷунбонд. Ҳамин гол Италияро аз идомаи бозиҳо маҳрум сохта, онҳоро ба Ватанашон бурд ва танҳо баъди чор сол итолиёвиҳо дигарбора имкони бозӣ дар Ҷоми Аврупоро пайдо карданд, чунон, ки қаҳрамони тоҷики мо:
Ректор аз муаллими имтиҳонгиранда мепурсад:
— Барои чӣ достони  «Ҳасани аробакаш» дар қатори мавзӯъҳои имтиҳоноти дохилшавӣ нест?
— Устод, ман аз ин асар қимобам.
— Барои чӣ?
— Панҷ сол пеш довталабе дар ҳамин мавзӯъ иншо навишта буд.
— Баъд чӣ?
— ӯро баҳои ду гузоштему гуфтем, акнун аробаатро каш.
— Аробаашро кашид?
— Не, вай писари як вазир будаст, ӯ донишгоҳро «бомувафаққият» хатм карду мо бошем чанд сол аробакашӣ кардем.

Соли 2001 дар бозиҳои Қаҳрамонии Англия бозингари клуби «Арсенал» Дэнис Беркамп дар майдончаи ҷаримавии дарвозаи тими «Нюкасл» ҳунарнамоие кард, ки то ҳол аз ёдҳо нарафтааст. Беркамп тӯбро пойи рост ба тарафи рости ҳимоятгари «Нюкасл» партофта, худаш ба тарафи чапи ӯ тоб хӯрду тӯбро соҳиб шуда, чунон голе зад, ки… Аз ин бозии зебо миллионҳо нафар лаззат мебурданд, ба ҷуз аз марде, ки он замон билет гум карда буд:
Писарак ту аз куҷо барои харидории билети чунин бозии қиммат пул ёфтӣ?
— Падарам хариданд.
— Ҳозир вай дар куҷост?
— Дар хона, билет мекобад.

Нахустин бозиҳои Ҷоми Ҷаҳон дар хотиратон ҳаст? Бале, бале ман соли 1930-ро дар назар дорам. Он вақт Эктор Кастро, бозингари тими Уругвай дар бозии финалӣ ба дарвозаи Аргентина голи «девятка» зада буд. Сабаби ба ҷойи аввал баровардани ин гол он аст, ки Эктор Кастро ягона бозингарест, ки як даст надошт. Дар паҳлуи дигари ҳамин рейтинг зани дудастаеро гузоштем, ки суханонаш ҳамвазни Голи Эктори якдаста аст:
-Модарҷон фариштаҳо парвоз мекунанд?
— Бале парвоз мекунанд, чӣ буд?
— Шаби гузашта вақте шумо хонаи холаам рафтед, падарам зани ҳамсояро фариштаҷонакам гуфт. Баъд вай кай парвоз мекунад?
— Саҳарӣ бачам, саҳарӣ…

Маҳбуби Ганҷаалӣ


P.S. Ин навишта бознашри хафтаномаи «Гол» аст 

ТОЛЕЪНОМА

Аҷаб мардуме дорем. Пешгӯйиҳоро нағз мебинанд. Барои ин яке назди фолбин мераваду дигарӣ пеши дилбину ситорашиносу руҳшинос. Гурӯҳе ҳам ҳастанд, ки ҳар рӯзи панҷшанбе рӯзномаҳои зиёдро танҳо барои толеъномаашон мехаранд. Маҳбуби Ганҷаалӣ баъди ҷустуҷӯҳои зиёде муваффақ шуд, ки бо ситорашиноси чинойӣ— ТСАН ХУ ФУН ТЧАН ТСИ, ки аз 1236548791654 пешгӯйиҳояш 1236548791653 тоаш дуруст баромадааст, толеъномаи варзишгаронро таҳия намояд. Хонед ва муқоиса намоед.   

Ҳамал (21.03-19.04)

Нафароне, ки зери ин бурҷ ба дунё омадаанд, зиндагияшон шабаҳи майдони футбол аст. Агар иродаи Шумо қавӣ несту хатти ҳимоя заиф, пас хатари сӯйи дарвозаи ҳаётатон омадани зарбаҳои сахт мавҷуд аст. Аз ин рӯ Шуморо низ мебояд аз қоидаҳои футбол истифода намоед, яъне аввалин шуда ба ҳуҷум гузаред. Ситораҳо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди то нимаи ҳафта хело зиёд шудани ҳолатҳои хафнок назди майдончаи ҷаримавиятон ва дарёфти як корди зард, қисмати аввал мусовӣ (0:0) анҷом меёбад. Аммо ба Шумо маслиҳат дода мешавад, дар қисмати дувум, яъне баъди рӯзи панҷшанбе барои пирӯзӣ бештар талош намоед. Истифодаи зарбаҳои «пас», «кручений», «через себя» ва «парашют» имкони ГОЛзании Шуморо бештар мекунад.

Сарв (20.04-20.05)   

Сарвмардҳоро дар ҳафтаи нав «муҳориба»-ҳои ҷиддӣ интизор аст, зеро намояндагони ин бурҷ зери варзиши Бокс ё муштзанӣ номнавис шудаанд. Оғози ҳафта бо як  зарбаи «бакавой» ҳамсаратонро бо усули «накаут» мағлуб мекунед, аммо инро ҳанӯз ғолибият гуфтан нашояд. Хушдомани Шумо аз номи занатон талаби «мач реванш»-ро мекунад. Шумо бояд бештари вақти худро ба тамрин гузаронед. Рӯзҳои чоршанбеву панҷшанбе аз баҳри ҳама гуна «муҳориба» бароед, ҳатто агар ба Шумо маблағу манфиатҳои зиёде ваъда шавад.

Ҷавзо (21.05-20.06)

Ситораҳо ҷавзоҳоро дар тенисбозӣ муваффақ арзёбӣ мекунанд. Ин ҳафта низ истисно нест. Зарбаҳои Шумо дар аксари маврид ба намуди «эйс» ба ҳадаф мерасанд. Ҳамчунин, дар гирифтани имтиёзҳои «брек поинт» низ пешсафиро ба даст меоваред. Гузашта аз ин ҳарифатон аз муваффақияти Шумо дасту по хӯрда бештар «аут» мекунад, ки ин «хол»-ҳоятонро меафзояд. Миёни мардум ҳатто овозаҳое пайдо мешаванд, ки «Ракетка»-и Шумо «гармӣ» карда шудааст. Ба ҳамаи ин аҳамият надода, барои пирӯзии бештар талош варзед.

Саратон (21.06-22.07)

Чун аксар нафарони зери ин бурҷ тавлидшуда паҳлавонҷусаанд, гуштии миллӣ ба онҳо мувофиқ меояд. Тамоми «приключени»-ҳоро саратонҳо дар нимаи аввали ҳафта паси сар мекунанд. Рӯзи душанбе рақибатон Шуморо бо усули «сари севҷӣ» ба замин мепартояд, аммо бо чолокии ба Шумо хос худро тоб медиҳеду довар «говғел» ҳукм мекунад. Дар рӯзҳои сешанбеву чоршанбе низ «шустряки»-ятон Шуморо аз «ҳалол» шудан эмин медорад. Рӯзҳои панҷшанбеву ҷумъа ва шанбеву якшанбе мисли рӯзҳои муқаррарӣ паси сар мешаванд. Бо вуҷуди рӯ ба рӯ шудан бо чанд ҳолати ногувор  дар оғози ҳафта метавон гуфт, ки ин ҳафта бароятон бобарор аст.

Асад (23.07-22.08)

Маҳорати баланди Шумо дар хоккейбозӣ ҳамин ҳафта ошкор мешавад. «Сирратон»-ро «шайба»-и аз резини чархи трактори «МТЗ-80» бурида ва  «клюжка»-и аз чуби тути сиёҳ тарошидаатон «фош» мекунад. Миёни мардум ҳатто сару садоҳое баланд мешаванд, ки гӯйё дар хобатон ба Шумо Харламови машҳур, ки дастаи хоккейи СССР-ро дар тамоми ҷаҳон муаррифӣ намуд, «дуо» додааст. Баъзеҳо ҳатто пешгӯӣ ҳам мекунанд, ки рақами 17-и Харламовро, ки баъди фавташ то ҳанӯз ба касе надодаанд, Шумо соҳиб мешавед. Ба таърифу тавсифҳо дода нашуда, бештари вақти худро ба тамрин гузаронед.

Сумбула (23.08-22.09)

Барои сумбулаҳо ҳафтаи равон мисли панҷ рӯзи муқарарии ҳафтаҳои гузашта аст. Оғози ҳафта бо оромӣ ва бидуни ягон ҳолати булаҷабе шурӯъ гардида бо ҳамин раванд анҷом меёбад. Боз ҳамон афту хезҳо ва боз ҳамон бохту бурдҳо. Ба ҳар сурат ситораҳо нишон медиҳанд, ки аз эхтиёт кор гирифтан бар манфиати кори Шумост, зеро тавре гуфтаанд: «Эҳтиёт ними ҳаёт аст».

Мизон (23.09-22.10)

Мизонҳо ин ҳафтаро қариб дар ҳолати номувозӣ паси сар мекунанд. Гоҳе пешсаф мешаванду гоҳе «ақиб» мемонанд. Бо вуҷуди талошҳо барои ғолибият на ҳамеша муваффақият ҳамсафарашон мегардад. Аммо набояд аз ин ноҷуриҳои зиндагӣ дилозурда шуд. Мизонҳоро лозим аст, аз рӯйи шиори «ба навмеди мадеҳ тан гарчи дар коми наҳанг ҳастӣ» амал намояд. Танҳо талошу муборизаҳои пайваста барои расидан ба «марра» кӯмак мерасонад.

Ақраб (23.10-21.11)

Ситораҳо ба ақрабҳо маслиҳат медиҳанд, то зимистони оянд, лижаҳои хешро докапеч намуда, дар болои шифанер гузоранд ва барои 8-моҳ шуғли дигаре интихоб намоянд. Зеро офтоби баҳорӣ қариб дар аксар манотиқи кишвар барфҳои маҳалҳои «лижаронбоб»-ро об намудааст. Дар ин ҳафта «категорический» қасди барои лижаронӣ ба «Сафедорак» рафтанро накунед, ки хатарнок аст. Агар «тарки одат амри маҳол» бошад, пас метавонед, конкиҳои чархакдор пушида дар роҳҳои асфалтпуше, ки рондани «Тангем»-ҳо қатъиян манъ аст, «армон шиканед».

Қавс (22.11-21.12)

Чусту чолокии Шумо дар ин ҳафта барои ба «марра» расиданатон кӯмак мерасонад. Шумо қобилияти хуби давиданро доред. Аз оғоз то анҷоми ҳафта муваффақият домани Шуморо раҳо намекунад. Ситораҳо маслиҳат медиҳанд, ки бо вуҷуди фарсуда шудани «красофки»-ҳоятон онҳоро напартоед. Барои харидории «красофки»-и нав ҳанӯз фурсат ҳаст. Сирри мувафаққияти Шумо низ маҳз ҳамон «красофки»-ҳои тӯҳфагирифтаатон ҳаст. Шарм надошта, онро назди музадуз баред, ва ҷойҳои даридаашро «поргӣ» намоед. Ба Шумо барор мехоҳем!

Ҷаддӣ (22.12-19.01)

Ҳафтаи Шумо мисли бозии шашка оғоз мегардад. Новобаста ба ҳолату вазъият ҳеҷ гоҳ аввалин шуда «ход» накунед, зеро баъди панҷ гардиш тамоми роҳҳоятон баста мешавад. Ба рақиб фурсат диҳед, ки «дона»-ҳояшро дар қисматҳои бурҷӣ ҷойгузин намояд. Баъди ин «ход»-и ҳариф шумо бемалол роҳхои пешрави ӯро баста аз роҳҳои миёна ба пеш ҳаракат намоед. Соҳиб шудан ба як «дамка» имкон медиҳад, ки ду донаи рақибро «шинонед».

Далв (20.01-18.02)

Далвҳо дар волейбол маҳорат доранд. Ин ҳафта барои онҳо сабқати муҳимеро мемонад, зеро акнун финали ҳамаи он воқеоту ҳодисаҳои дар ҳафтаҳои пеш баамаломада баргузор мегардад. Чун ин воқеот басо печида буд, Шуморо зарур аст, бо омодагии ҷиддӣ ба қисмати ниҳойии он омодагӣ бигиред. «Брасок»-ҳои ноҷо ва партобҳои  ғалат дар оғози ҳафта як навъ Шуморо рӯҳафтода мекунад, аммо «тушит»-ҳои нишонрасатон баъди «сеюм тайм» имкон медиҳад, ки ҳисобро баробар намоед. Ду «тайм»-и минбаъда низ бо ҳамон «шаст» пеш равед. Ба Шумо барои пирӯзӣ барор мехоҳем.

Ҷуз ин дуот нагӯям, ки Леанардо Виссотто гуфтааст,

Сад тушит бзан, саду як тушит бзан.

Ҳут (19.02-20.03)

Ситораҳо барои ҳутҳо пайки хуше овардаанд. Дар ҳафтаи ҷадид нафароне, ки зери ин бурҷ зода шудаанд, имкон доранд, худро ба қавле «нишон» диҳанд. Дар сабқатҳои мухталифе, ки дар арафаи Иди Наврӯз баргузор мешаванд, ҳутҳо бар муваффақият ноил мегарданд. Бо вуҷуди ин Шуморо зарур меояд, ки бо баъзе ноҷуриҳо «даст ба гиребон» шавед, аммо рӯҳафтода набошед, зеро ин ҳафта, ҳафтаи Шумост. Фаромӯш насозед, ки талошу мубориза гарави пирӯзиву муваффақият аст.

 

ГОЛРЕЗА

Биёед, ГОЛ мезанем. ГОЛи фасон. ГОЛе, ки хаваси хурду калонро биёрад. ГОЛе, ки мухлисон аз фарах чойи нашастанашонро гум кунанд. ГОЛе, ки душманон ЛОЛ монанд. Зарбахое, ки 78-чойи узви бадани дарвозабон ба ларза биёяд. Орчуки гап, ГОЛе занем, ки вокеан хам ГОЛ бошад.

Солхои пеш хама ГОЛ мегуфтанд, холо бошад, хама ГОЛ мезананд. Хам хурду хам калон, хам пиру хам барно, хам духтари хаждахсолаву хам кампири хаштодсола, хам кондуктори муйсафеду хам ронандаи «Тайота-Королла» ва хам аробакаши бозори «Шохмансур»-у хам вазиру Кабир чунон ба голзани мохир шудаанд, ки ба кавле кайки баданат хафтоду хафт чакрим мегурезад.

Лек, ГОЛи задаи футболистон аз ин ГОЛхо ба кулли тафовут дорад. Агар футболистон баъди захматхои шабонарўзиву машку даводави ва хазору як дашноми мошубиринчии тренер ногох чашми дарвозабони дар хоби гафлатмондаро хато кардаву ба дарвозаи холи ГОЛ зананд, кањрамонхои мо бе душворие ба хар сурохии аз пешомада ГОЛ мезананд. Ва чунон ГОЛхое, ки ГОЛхои Марадонаву Роналдинову Зидан ва Аршавину Роналдову Фигу дар пешашон тутмавиз мехўранд. Бовар надоред? ОК, биёед киёс мекунем.

Голи «девятка»-и ба дарвозаи дастаи «Байер» задаи Зинедин Зиданро дар финали Лигаи Кахрамонии соли 2002 дидаед? Акнун шохиди ГОЛИ писарбачаи шашсолае мешавем, ки бобояшро ГОЛ мезанад.

-Бобочон, шумо дандон доред?
— Не, бачам, чи буд?
— Чи хел зўр. Хамин себи маро дошта истед, дастонамро шўям.

Баъди чор сол то ханўз мухлисони футбол аз 17 метр масофа «через себя» ГОЛ задани бозингари бразиляги- Жулио Бабтистаро фаромўш накардаанд. Аммо мардоне хам хастанд, ки дар нимашаб чунон «через себя» ё бо усуби кайчи ГОЛхое намезананд:

Марде нисфи шаб аз хоб бедор шуда оби дида шашкатор ба гиристан медарояд. Занаш дар хайрат монда суол мекунад:
— Ба ту чи шуд?
— Хоб дидам, ки хонаи модарат тамоман сўхта ба хок яксон шудаст.
— Хайр, хеч гап не, дар хоб будаст-ку, чаро гиря мекуни?
— Охир хама гап сари он ки хамааш дар хоб будааст.

Соли 2002 дар Чоми Чахон Роналдинио зарбаи чаримавиро аз 32 метр вориди дарвозаи яккачини Англия намуд. Миллион-миллион духтараку занакаку кампирак баъди ин ГОЛи зебо мафтуну шайдои Роналдино гардиданду хонааш пур-пури мактубхои ошикї шуд. Вале, боре дидаед, ки чи гуна олуфтабонуе чавони рохгузарро ГОЛи чаримави задааст?

Дар кўча чавоне аз бонуе мепурсад:
— Духтарак…
— Бовари дори?
-Хай, занак…
-Ягон бор хабар гирифтайи?
— Охир, як дам истед…
— Ман рост одат накардаам.
— Акалан панч дакика…
— Ту успед мекуни?
— О ман ягон хел…
— Ягон хел гап-мап гуфтани нест, ту бо занат ин ягон хелашро ичро кардан гир, бо ман бошад, аз руйи тамоми коидахо, фахмиди?

Аммо гох-гохаке баръакс низ мешавад:
Чавон духтарро рўйи дастонаш бардошта болои чойхоб мегузорад.
Духтар: — Чонакам, шояд бехтараш баъди туй-а?
— Эха, агар баъд шавхарат бадрашк бошад-чи?

Дар мавриди СуперГОЛи Дмитрий Торбински навбати дигар мегуем. Акс аз: wolfalone84.t1s.ru

Ба ин монанд, дар Чоми Чахон соли 1994 вакте мунтахаби Иёлоти муттахидаи Амрико бо яккачини Колумбия бози мекард, нимхимоятгари шинохтаи Колумбия дасту по хурда як ГОЛи зебоеро ба дарвозаи дастааш зад ва хамин «кахрамонияш» ба мухлисон нафориду хангоми баргаштан ба ватан ўро парронданд.

Боз ГОЛхое хастанд, ки «гайриконуни» зада мешаванд, аммо ба гуфтаи кампири Бибисоро «чисто случайно» аз чашми доварон пинхон мемонаду он хисоб мешавад. Хеч кас голи бо дастзадаи падари футбол Марадонаро аз хотир набаровардааст. Соли 1982 дар Чоми Чахон хангоми ракобати мунтахаби Аргентина бо Англия дар 4/1 финал Марадона бо дасташ «охистакек» тўбро вориди дарвозаи Англия карду довар надид ва бози 2:1 бар нафъи Аргентина анчом пазируфт. Бозихои хонаводаги ё хаётии мо, ки бидуни довари майдон баргузор мешаванд, дар бисёр маврид пур-пури чунин ГОЛхои «фаршивиянд»:

Мард аз занаш мепурсад:
— Ту кастюми маро тоза карди?
— Ха.
— Шимамро чи?
-Бале.
— Туфлихоямро хам?
— Онхо низ киса доранд?

Аммо ГОЛи «крученый» аз мода нарафт, ки нарафт. Чи тавре ки аз кадимулайём «ШОХИ ГОЛХО» буд, хамон тур монд. Барои хамин аст, ки вакте бозингари бразилияги-Роберто Карлос дар Чоми Чањон-94 ба дарвозаи Фаронса «кручёный» ГОЛ зад, дахони хама аз хайрат кушода монду пашшахо дар хаво муаллак. ГОЛи «кручёный»-и «кручёни»-ро муовини вазири наклиёт ва комуникатсия- Бек Зухуров дар нишасте, ки бо ширкати тамоми макомоти дахлдори марбут ба алока ва кулли намояндагони ширкатхои мухобиротии дар Точикистон фаъолиятдошта, ки мехмонхои хоричи хам кам набуданд, ба дарвозаи сарвари кулли ширкати ЧСШП «ТТ-Мобайл» зад. Агар шорехони футбол дар ин нишаст хузўр медоштанд ин голро «девятка» меномиданд ва ба Бек Зухуров нишонзани бехтарини соли 2009 дода мешуд. Ин голро хамчунин дар катори ПЕНАЛТИГОЛХОИ бехтарин шомил кардаанд, хамон тавре, ки кисмати нимнихойии Бозихои Кахрамонии Чоми Африко тимхои Камерун ва Кот-Дивуар дар панч зарбаи аввали пеналтихо низ хисобро мусови карданду анна баъд сар шуд-э… Хулоса, тамоми бозингарон як туби пеналти заданд, аммо хисоб мусови монд, ки монд. Баъди зарбаи 12-ум хайрият, ки капитани дастаи Камерун- Самуэл Этоо натавонист, ки тубро вориди дарвоза намояд, ва мухлисон хам баъди интизорихои дароз нафаси сабук кашиданд…

Рўйхати чунин ГОЛХО аз 0 то + беохири мерасад. Хам дар бозихои хакикии футбол дар майдонхои хурду бузург бо ширкати мухлисону фанатхои сершумор ва доварони тачрибадида ва хам дар майдончахои гохе тангу тор ва гохе васеву равшани зиндаги, гохе бо ширкати мухлисону гохаки дигар бидуни шохиде…       Аммо ба андешаи ин чониб дар хама холатхо хам ГОЛ ГОЛ аст ва бояд баъди чунин зарбахо бо овози баланд ГОЛ ё мисли аврупоихо ОЛЕ-ОЛА бояд гуфт…

Бо таманои зарбахои нишонраси шумо ба тамоми намуди дарвозахо (новобаста ба андозаву тачрибаи дарвозабонхояш), дуогў- мухлиси любой  ГОЛи зебо- Махбуби Ганчаали

 

P.S. Ин навишта бознашри хафтаномаи «Гол» аст

 

 

НОМАИ ДАРД

Номаи бесарпуш ба сарвари кулли ширкати «Кут-кут мобайл»- Чаноби мухтарам ва огои Оли  Шохиндюки Нар

Салом ва дуруди бехад! Шумо шоханшахи одилу сулхпари хамин ширкатед. Хайри Шумо беканор аст. Афтодагонро асоед. Рохравонро куввати дил. Давлататаон пояндаву зоянда бод. Умратон дарозу пурбаракат. Ахли хонаводаатон сарбаланду сихатманд. Бандаи камтарини Шумо тўлии чахордах соласт, ки дар ин даргох фаъолият дорам. Дар ду интихоботи кабли бо лутфи Шумо дигарбора ин мансаб  бароям арзони омад. Рўзгорам хуш буд. Ахли оилаам аз ман каноатманд. Аммо чанд рўз аст, ки богбони ширкат ба курсии ман чашм алло кардааст. Мегўянд, ў фаъолияти корияшро дар синни 7 солаги аз подабони одди сар кардааст. Миш-миш аст, ки дар «боло» «криша»-и бокуваат дорад ва мехохад, ки мани бечораи ба Шумо содикро аз мансаб бадар кунад. Барои Шумо маълум бод, ки ман хеч гохе фикри хиёнат ва нишастан ба макоми Шуморо дар сар надоштаму надорам, хам. Хамеша кўшиш мекардам, дахи Шумо хазор ва хазоратон миллион гардад ва хамин тавр хам шуд. Дар омода намудани асноду хуччатхо барои нигохдории маблагхоятон дар бонхкхои чахони хамеша сайъ кардам. Аз паси хар як корманд «одами худи» гузоштан низ идеяи ман буд, ки дар натича давоми се мохи ахир 34 нафарро аз кор пеш ва кисмашонро паси панчара нишондем. Барои бунёди Касри бемислу монади Шумо, ки хатто сарватмандони кишвархои кораи Осиё доштанашро танхо дар хоби ноз орзў мекунанд, меъморони хиндуро овардан низ аз пешниходхои ман буд. Ин ки дар телевизион пайваста аз хайрхохии Шумо харф зананд ва дар кўчаву паскуча ва роху рохравхо акси Шумо чилва дихад, низ аз идеяхои мананд. Хулоса, то хадде, ки тавонистам барои Шумо хидматгори содик будам… Аммо имрўз маро аз ин маком гирифтан мехоханд. ШЭФ-и мухтараму иззатманд ва бехамто, ман ба Шумо ошкоро мегўям, ки хуну пусту раг ва устухонхоям бо ин курси пайвандаст. Як лахзаи кўтохе низ бидуни он буда наметавонам. Нафасам танги мекунад, мемирам. Хамон лахзае, ки аз курси дурам кунанд, чон ба чонофарин месупорам. Аллакай, дилзанак шудаам. Ранги рўям паридааст. Тайи ду рўз дах кило хароб шудам. Пизишкон мегўянд, агар вазъ дигаргун нашавад, дар харобшави рекорд мегузорам. ШЭФ-и бенихоят дилсўз ва мушфику хамхори кормандони содик. Агар боз барои як даври дигар, яъне панч солаки дигар курсиямро аз Ману манро аз курсиям дур насозед, чону равону рўхамро  ба Шумо мебахшам. Аз маблаге, ки бо  мехнати халол давоми ин солхо ба даст овардам ду рамма дорам, ки алъон дар чулхои Ёвон 6 дахмарда онхоро мепоянд. Шуморо ба манзили факиронаам, ки аз як бинои чорошёна дар 5 гектар замини дар рўзи зодрузам соли гузашта хадякардаи Шумо бунёд шудааст, даъват мекунам. Як рамма бо чупонхояш аз они Шумо аст. Боварии зиёд дорам, ки Шумо мехнати кормандони содикатонро кадр мекунед ва маро аз вазифа намегиред.
Бо дасти бар дуо давоми 24 соат дар шабонарўз бандаи даргох ва корманди ширкати Шумо, ки Худо накарда ба он калимаи собкќ пайванд шавад,  муовинатон- Калмурги Сафеди Точсурхак.

Идгардаки хитойӣ

«33 живачкаи «Тангем», 45 пуфаки хитойӣ (29-тоаш кафидагӣ), 15 шакалоди Made in Chaine, 10 хурӯсаки обшуда, 3 мошинчаи китайски 21 шакалоди прастой ва як панҷа нахудшураки тоҷикӣ».

Вақте бо ду даст шиками ба сӯзишдаромадаамро, ки баъди хӯрдани қурбонии бо равғани хитойӣ омодашуда якбора авҷ гирифт дошта сӯйи хона мешитофтам, ду кӯдакеро дидам, ки халтачаҳои идгардакиро миёни роҳи асфалт гузошта, «дастовардхо»-и худро мешумурданд. Дуи онҳо баъди ҳисобу китоби идгардакхояшон аз халтаҳо танҳо нахӯдшурак ёфтанд, ки моли Хитой набудааст. Воқеан, ҳам дар ин Ид дастурхони мардуми тоҷик бӯйи хотойӣ дошт. Бечора кӯлчаҳои ширмолу гушти гусафндҳои бурдоқии маҳаллӣ, ки қурбонӣ шуда буданд, худро рӯйи дастурхон «бегона» ҳисоб мекарданд. Дигар ҳалвоҳои номдор низ маззаи хитой дошту орзуқу чагалдак ҳам. Ба хонаи марди қурбоникарда, ки дар рӯзи Ид аз «одами иззатманд» ҳисоб мешаваду ҳама аввал  барои дуову фотиҳа онҷо мераванд, расидан баробар «хитойигарӣ» сар мешавад. Дастонатонро бо чойнаки хитойӣ об мегиранду барои пок кардани он сачоқи хитойиатон медиҳанд. Поятонро аз туфли тавлиди Хитой кашида ба рӯйи палоси хитойи роҳ мегардеду бо таклифи соҳибхона аз «бари боло», ки се қабат курпачаву болини хитойи партофта шудааст мегузаред. Хайрият, ки дуохонӣ бо шеваи хитойӣ ҳозир муд нашудааст. Баъди фотиҳа ба рӯҳу арвоҳи гузаштагон, ки хело мардуми хушбахт буданд, ки қабл аз хитойизатсия моро падруд гуфтанд, ба қавле ба рӯйи дастурхон АТАКА сар мешавад. Э, мечарӣ-ээээ…. Ба ҷуз аз шири мурғу пойи мор ҳама чиз рӯйи хон муҳайё ва ҳама made in Chine.

Идхалтаҳои кӯдакон ҳам ин Ид аз тӯяҳфаҳои хитойӣ пур шуд. Дар рӯзи дуюми Ид рӯйи роҳ ҳамроҳ бо қоғазҳои рангобарангу ҷилодори шакалоду сақичу қандҳои чинойӣ қанду шакалоду сақичҳои нимхоида ҳам мехобиданд. Бечора кӯдакон фикр кардаанд, ки дохили ин қоғазҳо ҳам мисли шакли берунияшон аст ва то донистани ҳақиқати ҳол чандин маротиба оби даҳонашон рафтааст. Аммо ҳамин, ки онро ба даҳон бурдаанд, ба таври автоматик бо тамоми қувва аз дарвозаҳои лаб бо милтиқи забон берун рондаандшон.

Ва ҳам ин Ид на танҳо маҳсулоти хитойӣ меҳмони мо буд, балки худи хитойиҳо ҳам идгардак омаданд. Аҷибаш ин буд, ки онҳо ба қанду қанфитҳои истеҳсоли кишварашон таваҷҷӯҳ надоштанд. Хулас, Иди Қурбонро бо маблағҳои қурбонишуда барои хариди маҳсулоти хитойиву шаҳрвандони Хитой гузарондем. Агар аҷал амон диҳад, мебинем, ки то Иди Рамазон вазъ чӣ ранг мегирад.

P.S. Иди Қурбон гузашту мазаи маҳсулоти хитойи аз даҳон нарафта гушҳоямон ба тарақ-парақи хитойӣ одат кард. Хлопушкаҳои хитойӣ акнун то як моҳи баъди Соли Нав «сурудхонӣ» мекунанд. Ростӣ, дар гуши ман садои бархе аз ситораҳои эстрадаи тоҷику овози хлопушкаҳои хитойӣ якранг мерасад. Фарқ танҳо дар ин аст, ки даҳони «ситораҳо»-ро мешавад «баст», яъне агар дар радио гӯш мекарда бошӣ канали дигарро мемонӣ, аммо хлопушкаҳои хитойи на пахтахои даруни гушро писанд мекунанду на тирезахои пластикии рекламашавандаро…

Тасбеҳи хитойӣ дар даст муҳрахои онро бо дуои ояндаи наздик расидан ба Соли Нави бе хлопушкаи хитойиву дар рӯйи хонҳои тоҷикӣ дидани маҳсулоти тоҷики як-як тоҷикона мегардонам…

Реклама

Один ответ to “Ъ’2) На Шоу на Биз”

  1. ZULOL said

    ОЛИ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

 
%d такие блоггеры, как: