MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

* Сарояндаҳо то кай вақти мардумро медузданд?

Posted by MAHBUB-TJ на 06.11.2009

Аввалин нафаре, ки сарояндахои точикро барои дуздии вакт то долончахои додгох мекашад, кай аз худ дарак медихад?

Точикистоне, ки замони истиклолият ситорахои заминияш ба ахтарони само анкариб баробар шудааст, шохиди чандин холате гардид, ки хонандахои эстрада бо хамватанони худ, ба вижа журналистон моххои дароз пракуратураву судбози карданд. НEW-намояндахои Шоу Бизнеси точик дар аксар маврид рўзноманигоронро бо иттихоми тўхмату тахкир ва дахолат ба зиндагии шахсияшон муттахам мекарданд (аммо дар хеч мавриде ин даъвохо исботи худро наёфт). Аммо хар кадар сахифаи таърихро варак мезанем, дар ягон сархати он харфе перомуни аз суйи мухлисон ба додгох кашидани сарояндахои «махбуб»-ро намехонем. Ханўз нафароне пайдо нашудаанд, ки ситорахои точикро мачбур созанд, барои дуздии вакт аккалан якуним боракак даргохи додситону додгохро ба хайси гумонбар «зиёрат» намоянд.


28.06.09, соат 13:50. Мардони либоси махсуспуше бо навиштаи «Red line», ки масъули нигахбонии

Борбад

Мардуми чиптабадастро пушти дархои хамиин Мучтама интизор мекунанд

баргузории консерт буданд, одамони зиёди дар даст чиптадоштаро ичозаи вуруд ба Кохи Борбад намедоданд. Ба кавле тамошочиёни консерт, ки кисме хатто соати 12:00 омадаву дар гармои токатфарсо интизори огози консерт менишастанд, таачубзада ба билети дасташон менигаристанд. Дар чипта огози Шоу-консерт(!) (ман давоми панч соли ахир, ки хамин калима хело фаровон истифода мешавад, фаркияти просто консертро аз ШОУ-яш дар Точикистон дарк накардам) соати 14:00 навишта шудааст. Миш-мишхое низ баланд шуданд, ки Баходури Гаффорзод консерташро боз ба рўзи дигар гузоштааст. (Ин «Шоу-консерт мебоист рўзи 14.06.09 доир мегардид, аммо бо сабабхои барои одамон то ханўз Х (икс) эълом шуд, он баъди расо ду хафта баргузор мешавад). Акрабаки соат ба 14-и расо наздиктар мешуд. Вале ханўз хам нигахбонони «Red line» нафаре аз чиптабадастонро намегузоштанд, ки «хатти сурх»-ро убур карда, дохили толор шавад.
ВА наконец-то яке аз намояндахои нигахбонон бо дастгохи садобаланд, ки овозашро танхо атрофонаш шуниданд, эълом дошт, ки билетхоро ба даст гирифта омода шавед. Охи хама сабук баромад. Баъди тафтиши дурударози нуктаи аввал хамаги баъди панч кадами мардаки боз як нуктаи дигари тафтиши чиптахоро гузашта мардуми аз гарми ба чон омада, осемасар дохили толор шуданд, то аз огози консерти «деринтизор»-ашон бенасиб намонанд. Дохили толор чунон ором аст, ки гуйё дар ин хафтахои наздик баргузории чорабиние дар накша набошад. Гузашта аз ин харорати толор хамаги чанд дарачае сардтар аз берун буд…
Соат 14:45. Сил-силакарсакхои бардавоми толорнишастахо фоида накард, ки накард. (Одатан, вакте консертхо аз ваќти мукарраргардидаашон дер сар мешавад, карсаки мухлисон як намуди эътироз ва даъват ба огози консерт аст).
Шурўъ аз соати 14:40 ваќте дар ду экрани калон аксхои Баходури Гафорзод нишон дода шуд, чунбучули мардум каме сокит гардид ва бори дуюм охи субук кашиданд. Аммо мутаасифона ин охирин охи сабуки консерти он рўза набуд. Хулоса, ки хамон дах аксро то саршавии «ШОУ» батакрор як си маротиба намоиш доданд. Акрабаки соат ракамхои 15:05-ро нишон медихад. Ин вакт аз пушти парда нафаре руйи сахна омад. Аз толор садохо баланд шуданд, ки «баррандаи Баходур, барандаи Баходур». Он барандаи Баходур бо як шухии гармохунук аз огози консерт эълом дошт…
Баходури Гаффорзод, ки чуръати мардона карда як соату панч дакика вакти ќиммати мухлисонашро дуздид, хатто бо ними дахон аз онхо маъзарат нахост. Шояд ба андешаи вай мухлис ё тамошобин муваззаф аст, ки уро интизор бишинад, танхо ба ин хотир ки гохаку нимгохаке ба исмаш калимаи «ситораи эстрада» часпонида мешавад? Агар чунин нест, пас гуфтани хамаги як калимаи иборат аз панч харф- «бубахшед» фикр намекунам, ки обруи уро мерезонд. Хадди аккал нигахбонони «сурх» ё кадоме аз масъулини консерташ низ агар аз мардуми интизори консерти пушти дар бо ними дахон узр мепурсиданд, торе аз муйлабашон кам намешуд. Ё шояд Баходур дар хакикат ШОУ кардани буд?
Баходури Гаффорзод намунаи ягонаи ситорахои точик нест, ки вакти мардумро «медузданд». Дар аксар маврид, хонандахои точик бидуни ироаи сабабе аз панчох дакика то якуним соати мухлисонро ба манфиати худ истифода мебаранд. Инчо аз 10-у 15 ва 20-у 30-ву 40 дакикахо харфе намегўем, ки чизест маъмули. Хатто «фархангиён» (Вазорати фарханг дар назар аст) хам бе ибо консертхои созмондодаашонро зиёдтар аз ним соат дертар огоз мекунанд. Озмуни интихоби сарояндахои чавони Точикистон барои ширкат дар озмуни байналмилалии мусикии кишвархои ИДМ ва Балтия- «Панч ситора. Интервидение» дар санаи 4 июли соли 2009 мисоли рушани чумлаи боло аст.

консерт

акс аз: scootertechno.ru

Интизорихо барои саршавии консертхову мунтазири пушти мизи шиносномадихи (паспортный стол) акнун баробарвазн шудаанд. Гумони голиб ин аст, ки хам хонандахову хам масъулин аз норохатии одамон кайфият мебардоранд. Шояд иллати аслї дар хомушии худи мухлисон аст? Агар хамаги як маротиба бештар аз дах нафар бо як аризаи даъвогї барои дуздида шудани ваќташон аз сўйи кадом як сароянда ба додгох шикоят баранд, табиист, ки ин хабар ба сархати расонахо мебарояд. Таку дави аккалан як хафтаинаи як хонандаи точик ба додгох бо чурми дуздии ваќти мухлисон, дигаронро дар самти эхтиром гузоштани вакти мардуми чиптабадаст «хушёртар» мекунад. Хамин тавр не?  Гузашта аз ин мухлисони точик тачрибахое хам доранд, ки барои дер огоз кардани консерт хатто ситорахои Шарку Гарбро бо баклашкахои холи «танбех» медиханд. Намунаи олии ин мисол консерти Ораши маъруф аст.

P.S. Хонандаи саршиноси амрикои хонуми Мадонна хам, боре чуръат карда консерташро дар майдони «Уэмбл»-и шахри Лондон баъди ним соати вакти муайяншуда огоз кард. Анна барои хамин як густохияш аз чайби кашангбонуи амрикои 135 хазор фунт стерлинг, муодили худуди 100 миллион сомони ситонида шуд. Соли 2007 бошад, дар хамин майдон сароянда ва охангсози маъруф- Чорч Майклро барои ним соат дер огоз кардани консерт 130 хазор фунт стрелинг чарима бастанд. Гайрати сарояндахои точикро бинед, ки бо зиёдтар аз як соат таъхир, хатто узр намепурсанд.

Вокен, вакте аз иншои ин матлаб 125 рузи расо сипари шуд, вактдузди хамоно идома дошт. Ва чи мегуед, ки ин навбат гулдухтарон як соату чил дакика дертар аз вакти мукарраршуда консертро огозиданд ва касе «пишакашонро пишт хам нагуфт». Ин ки дар консерти Гулдухтарон фонограмма истифода шуду супергулдухтарон- Фарзонаи Хуршед, Нигораи Холова, Фируза Хафизова, Шабнами Точиддин ва Дилноза Каримова  (дар тамоми таблохои таблигии кучахову роликхои радиоиву телевизиони номи ин нафарон бо зада гирифта мешуд), хузур надоштанд аз мавзуи сухбати дигари мост.  Зеро аксари  ширкатдорон мегуфтанд аз мавчудаяти «гулдухтарситорахо»-и навбаромаде, ки дар Кохи Чоми 31 октябр баромад карданд, хамон руз огахи пайдо кардаанд. Онхо танхо ба хотири дидани сарояндахое омадаанд, ки дар консерт ширкат накарданд.

Реклама

комментария 4 to “* Сарояндаҳо то кай вақти мардумро медузданд?”

  1. Эхсон said

    Салом: Рости ман ба гуфтахои ин муаллиф, ки иддао дорад, ки чаро барои дер омадан ба майдон сарояндахоро мучозот намедиханд, ман низ сад дар сад розиям зеро чандин маротиба ман низ дучори ин гуна базмхо гардидаам.

  2. Дар вакти донишчу буданамон агар устодон каме таъхир мекарданд: муаллими калонро 7-10 дакика, номзади илмро -15 дакика, докторро-25-30 дакика мунтазир мешудем (Барои хурматашон-дия).

    Хайрият, ки ман хуши иштирок дар консертхои «»ситорахои»» эстрадаи точик надорам, набошад…

  3. MAHBUB-TJ said

    Ду карат хам гап? Фикр мекунам нафари хушбахтед, ки «хуши ширкат дар консертхо»-ро надоред….

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

 
%d такие блоггеры, как: