MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

* Ҳикмати «бозхонӣ» ва ҷаримаи афғонӣ

Posted by MAHBUB-TJ на 07.11.2009

Давоми бештар аз даҳ рўз аст, ки як гўшаи дили бархе сарояндаҳои «маъруф»-и тоҷик ба қавли бибии Сойра «лахча барин сиёҳ» шуда аст. Онҳоро барои оҳангу сурудудуздї  хатари ҷаримаи ҳангуфт пардохт кардан тахдид мекунад.

Сарояндаи афгонтабори мукими Олмон касд дорад, сарояндаи шинохтаи Узбекистонро барои плагиат ба додгох бикашад. Ин хабар баъди интишор дар яке аз сомонањои узбекзабон сахифаи аввали чандин расонаи дигарро хам чанд муддат «зеб» дод. Shov-shuv.uz навишт, сарояндаи афгон Човид Шариф, ки феълан дар Гирмон ба сар мебарад, хангоми як сафари эчоди ба Узбекистон миёни сурудахои Фирўза Чуъманиёзова ду суруди худро «шинохта аст». Шояд ин хабар дар катори ахбори сенсатсиони чой намегирифт, агар давомаш намешуд. Давомаш ин ки Човид Шариф раками телефони Чуъманиёзоваро пайдо кардаву тамос мегирад, то бидонад, ки ин бонуи саркаш чаро бидуни ичоза таронахояшро «мазза» карда мехонад. Аммо Фируза мегўяд: «сурудхои маро хам дигарон бе ичоза мехонанд, осмон ба замин начаспидааст-ку» ва гўширо мегузорад. Човид Шариф ба Shov-shuv.uz гуфтааст, ки ин масъаларо «хам ту» намемонад, адвокатхояш хатман барои плагиат аз болои Чуъманиёзова ба додго шикоят хоанд бурд


Ин хабар барои аксар сарояндахои точик ногахони ва хело нохушоянд аст (агар хабар дошта бошанд). Таври маълум,  барои хисоб кардани хонандахои точике, ки таронахои сарояндахои афгон (мукими Олмону Аврупову Амрико)-ро копи мехонанд, дах ангушти дастро даххо маротиба шумурдан лозим меояд. Ачобати кор ин аст, ки бештари маврид сарояндахое ба «дузди» даст мезананд, ки хело шинохтаву маъруфанд. (Ин ки махз бо копиву бозхони кардани таронахои ситорахои Шарк шинохтаву маъруф шудаанд, мавзўи сўхбати алохидаест). Каблан, дар чамохири Осиёи Миёна баъзан аз казияхое хабар мерасид, ки хонандае хамватани худро барои беэхтироми ва бидуни ичоза бозхони кардани таронахояш тасмими додгохкаши дорад. Дар Точикистон хам соли 2005 хабари бахси бозхони кардани суруди «Зиндаги бувад чудо» аз чониби Зикрулло Хакимов, ки ба Акбар Рўзиев мутаалик аст, чанд муддат хабари ТОП-и олами Шоу-Бизи Точик буд. Аммо тасмими Човид Шариф дар Осиёи Миёна ходисаи нахустини пурсару садоест, ки як хонандаи хоричи мехохад, аз хакки муаллифияш дифоъ кунад. Агар Човид Шариф вокеан хам чидди тасмим дошта бошад, ки Фирўза Чуъманиёзоваро барои бозхони кардани ду таронааш ба суд бикашад, пас мутмаин бошед, ки дигархо низ «фаъол» мешавад. Зеро аллакай навъе ба хукми анъана даромадааст, ки дар сурати сар задани кадом як казия хатман ба он монандхо занбуруги баъди боронро мемонанд. Ва агар дувумин даъвогар хам аз хонандахои афгонтабор бошад, пас якин бошед, ки «ситорахо»-и эстрадаи точик низ гўшанишини гушахои «сиёх»-и расонахои хабари мешаванд. Аз казияхои зиёди даъвои хакки муаллифии Русияву Аврупо медонем, ки барои бидуни ичоза бозхони кардани як тарона дар бештари маврид чаримахои хангуфт ситонида мешавад, ки ба гумони ин чониб як сарояндаи «маъруф»-и точик бо вучуди дар мавсими тўйхо дар шабонарўз 24 соат «заказ» доштанаш хам то охири умр наметавонад онро пардозад.

Хуб, гуфтем, ки баъди Човид Шариф нафари дуюми даъвогар шояд, кадом як хамватани ў мегардад. Агар Худо накарда ин нафар Амирчон Сабури (вай низ алон дар Олмон ба сар мебарад) бошад, хеле аз хонандахои мо чандин солхо «карзкани» мекунанд. Дар Точикистон то имрўз хамаги як албоми Амирчон Сабури бештар дастрас аст, ки аз 12 суруди он 98 фисадашро хонандахои точик бозхони кардаанд ва хеч боварам намеояд, ки барои ин корашон ичозаи расмиву гайрирасмии Сабуриро дошта бошанд. Ачобати дигари кор ин аст, ки Амирчон Сабури барои як таронааш метавонад якбора аз чор сарояндаи точик чарима ситонад: Шабнами Сурайё, Бахроми Гаффури, Нигора Холова ва Субхон Умаров (боз чанд нафари дигарро метавон ном бурд, ки албоми Амирчони Сабури барояшон писанд уфтодааст).

Фарходи Дарёву Хабиб Кодири низ метавонад дар катори «чабрдидахо» бошад. Агар рафту пайвандони Ахмад Зохир низ ба даъво бархезанд, пас анкариб хамаи сарояндахои точик барои пардохти маблаги чарима Русия мардикори мераванд (ба такдирашон Черкизро дар бастанду кризис мавчи бекориро дар сохтмонхо баланд кард).

Гузашта аз ин хонандахои эронитабори мукими Амрико хам агар хоханд, ки аз хампешагони афгонашон пас наоянд, пас Точикистон барояшон кишвари хело хуби «пулкоркуни» мешавад. Кариб дар дилхох албом таронаи копишудае аз сарояндахои саршиноси эрони пайдо мекунем. Анди, Муин, Гугуш, Шахоби Тиём, Комрону Хумон, Ораш, Мансур ва даххо нафари дигар метавонанд хар кадом кариб даххо сарояндаи точикро бо иттихоми накзи хукуки муаллифи ва бидуни ичоза бозхони кардани таронахояшон ба додгох кашанд.

Дар сўхбате, ки соли 2006 бо Акбар Рўзиев доштам, гуфта буд, агар сарояндахо танхо бо як чумла дар фехрасти таронахояшон зикр намоянд, ки оханг ё мусиќи моли ки аст, хама гуна нофахмихоро дар самти хукуки муаллифи аз миён мебарад. Вокеан хам ман хеле кам вохўрдаам, ки дар рўйхати таронахои албом ё навори видеоии сарояндахои точик муаллифи охангу суруд навишта шуда бошад. Агар хонандахои точик, ки аз сохиби аслияш нопурсида бо дили пур таронахояшонро чун мероси бобои истифода мебаранд, аккалан бо як чумла зикр мекарданд, хатари додгохдавию чарима пардохт карданашон камтар мешуд.

Шояд хонандахои бисёр арчманди мо фикр мекунанд, ки чун хамеша чор зада мешавад, ки афгону эронихо бародарони моянд, бидуни ичоза бозхони кардани таронахояшон хамеша окибати мусбат ба дунбол дорад? Бо ин хама гуфтахо интизор мешавем, то вакт нишон дихад, ки аз миёни сарояндахои точик аввалин шуда КИ-ро барои плагиат чарима мебанданд… Ба андешаи ин чониб ин лахзахо наздик аст. Шумо чи фикр доред?

Ба чойи P.S. Чанд рўз пеш буд, ки дар бозори Корвон вакте назди нуктаи фиттафурўши мегузаштам шохиди вокеаи ачибе шудам. Як хонум аз савдогар пурсид, ки диски дар Точикистон сабтшудаи  Муинро дорад? Зани тахминан 35 солае ба он духтар гуфт: «Хамин Муин, Муин гуфтанд, билеташро бо нархи киммат харида рафтем консерташ, хамаи байдоша аз хофизои худмон дузидай. Кариб хамаи сурудои Сухроби Сафарзоди худмона хонд-э…»

Реклама

комментариев 5 to “* Ҳикмати «бозхонӣ» ва ҷаримаи афғонӣ”

  1. Сарвиноз said

    Аслан бигирем имруз сарояндагони точик танбал шудаанд ва намехоханд ки худашонро барои дарёфти оханиги наву шеъри нав гам диханд. Аз ин ру онхо даст (Ба гуфти муаллиф)ба плагиат задаанд. Вале бояд сарояндагони танбал фаромуш насозанд, ки имруз шуданвандаи асил дарк карда метавонад, ки шеър ва мусики моли ки асту ки аввалин шуда онро сароидааст. Як нуктаи дигар низ ногуфта намонад, ки агар барои плагиат сарояндагони точик чарима шаванд чи хохад шуд? Ин дар холе ки баъзе сарояндагони точики ба кавли мардум СИТОРА аз Кумитаи андози кишвар барои напардохтани андоз карздор хастанд.

  2. Махпари said

    Рости, ин сарояндагони мо аз копихони хатто шарм накарда, вакте дар мусохибахояшон аз онхо суол мекунанд, ки «копихони ё таклидро чи гуна кабул мекунанд?» чавоб медиханд, ки сароянда бояд сабку услуби худро дошта бошад. Дар холе, ки худаш бо сурудхои овозхонони даврони пеш шинохта шудааст.
    Онхо бо ин ахвол боз даъвои овозхони мекунанд!!!!!!!!!!
    Намедонам кай ин мардуми сарсахти точик хукуки худро хифз мекардаги мешавад то ин ки «кирмак аз пушти шоли об нахурад».

  3. Бахтиёр said

    Cарвинозхон, каме иштибох мекунед. Далер Назар хам сарояндаи точик хаст.
    Барои хамин каме ислох дароред:
    Аслан бигирем имруз сарояндагони точик танбал шудаанд
    🙂

  4. ДиЛя said

    Рости гап,бисёре аз сарояндагон саводи кофи надоранд ва ин касбро пешаи худ месозанд,ба кавли оне ки мегуянд»Шеъри худам,оханги худам,худам месароям».Агар дида барои суруд аз Эрон,оханг аз Афгонистон ва сароянда бошад,фанаграмисти точик.Худо накунаду дар бораи аз кучо омухтани ин касб суол дихи кариб хамаашон як чавоб доранд:Устоди аввалини ман ин падарам мебошанд»,хол он ки падари аксарияташон дуторо аз гитара фарк намекунанд…. Ман,албатта ба изати нафси хеч кас расидани нестам,аммо набояд фаромуш кард,ки шодравон Зафар Н,Кароматуллои К ва Точиддин Мухиддинов барин сарояндагони бехамто доштем,магар онхо копихони мекарданд? Албатта не……Боки фикр мекунам, ин рохи осони ба даст овардани маблаг ба хисоб меравад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

 
%d такие блоггеры, как: