MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

* Маро нози нИгУт дИвУнИ кардЕ

Posted by MAHBUB-TJ на 10.11.2009

Хикояи дўстдоштаи ман дар овони хурди, ки хар шом ба чойи афсона аз бибиям мешунидам, ин буд, ки зоге таваччухи зиёди мардум ба хониши булбулро дида, ба худ меандешад, ки чаро ў низ мисли андалеб гули сари сабади махфили одамон набошад? Бо ин хаёл зог шабу рўз ба садои хониши булбул таклид кард. Чунон ба таклиди овози булбул пардохт, ки садои табии худро фаромўш сохт, вале овозашро натавонист булбулона намояд. Ба хамин минвол, ба кавли бибии афсонахонам «аз ин мондаву аз он ронда» шуд.

Ахиран, дар олами шоу-бизнеси точик равияи чадиде дар холи рушд аст, ки аксари навАХТАРОН ва хатто гурўхе аз «кахрамонситорахо» низ осемасар дунболи он мераванд. Бархе аз хонандахои точик акнун «зўр» зада бо шеваи эрониву афгони таронасарои мекунанд, бехабар аз он ки «зўри бехуда миён мешиканад».

Олими Махмуд, ки дар сурудхояш мехонад: «…шаб шаби ошиКунЕ…» ва «…борУн мИборЕ…», бародари хонандаи саршинос Сўхроби Махмуд аст. Ў, ки худро навозандаву охангсозу сароянда муаррифи мекунад, хамаги чанд солакест, ки дар «ситоразор»-и эстрада «мечарад». Дар чанд сўхбаташ бо хабарнигорон оГУЙи Олим гуфтааст, лахчаи эрони ба гўш ширинтар садо медихаду бо ин шева хондани онхоро мухлисон бештар кабул доранд. Гузашта аз ин ба иддаои Олими Махмуд танхо хамин шеваи сурудхони метавонад рохи хунармандони точикро ба телевизионхои форсизабон хамвор кунад.

Чун сухан сари шабакахои телевизионии форсизабон (маъруфтаринашон PMC, TVP) рафт, мавриди зикр аст, ки яке аз аввалин хонандахои точик, ки таронахояш ба ин шабакахо рох ёфтанд, Садриддини Начмиддин буд. Ва хам Садриддин яке аз сарояндахои точикест, ки бо лахчаи эрони сурудааст. Хатто як албомаш пурра бо ин шева суруда шудааст. (баъди хамин албоми Садриддин сарояндахои «эронисаро» занбуруги баъди борон шуданд). Дар робита ба ин албоми Садриддини Начмиддин бо продюсери ў Камариддин Мирзоев сўхбате доштам. Номбурда гуфт, бастаи сурудхое, ки бо забони форси суруда шудаанд, аслан тибки тавофукномае бо шабакахои форсизабон тахия шудаанд, зеро талаботи онхо хамин буд. Яъне, харчанд дар нуктахои фиттафуруши ин албомро дидан мумкин аст, он аслан барои мардуми Точикистон нигаронида нашудааст. Аммо, ман намефахмам, ки сарояндахои дигари мо мувофики талаботи КИ сурудхои худро «эрони» мехонанд? Аслан бигирем, бархе аз сарояндахое, ки гуйё бо шеваи эрони мехонанд, аз нозукихои талафузи калимахо ба кавле хазору панчсаду се чакрим дуранд. Ин кабил «ахтаракони боги санъат» тарзи дурусти хондани шеърро бо забони точики, ки аз модар ба мерос гирифтаанд, намедонанд, кучо монад забони эрониву афѓони? Онхо фикр мекунанд, ки агар калимаи «меравам»-ро «мИравам» ва «мекунам»-ро «мИкунам»-у «мехонам»-ро «мИхонам» талафуз намоянд, тамоми чомеаи эронизабони Амрикову Аврупо дар нуктахои дискфуруши барои харидории албомашон дастбагиребон мешаванд. Ман чонибдори онам, ки хонандахои мо танхо бо нишон эхтиром ба фархангу забони Эрон ва ё ба кадом як сарояндаи саршиноси ин давлат танхо як сурудро аз эчодиёти хамон нафар айнан копихони кунад. (Такрор мекунам!!!! Манзур бозхони кардани танхо як суруд ва он хам танхо дар як сол як маротиба ва бо зикри номи муаллифи асл. Зеро имрўзхо албомхои кисмате аз сарояндахои точик ба кавле хурчини Афандиро ба ёд меоварад, ки аз он хама чизро ёфтан мумкин аст). Вале шеъри Бозору Лоикро танхо бо иваз кардани як ва ё ду харф бо иддаои рох ёфтан ба бозори чахони бекадр сохтан ба хеч вачх набояд бойиси дастгири бошад. Хуб, фарз кардем, ки бархе аз «ситорахо», яъне нафароне, ки дар шоу-бизнеси точик аз кайхо ворид шудаву акнун ба кавле «гурги борондида» шудаанд ба хотири рох ёфтан ба шабакахои телевизионии форсзабон аралашхони мекунанд, аммо эронихонии сарояндахои туйгард ё ба ибораи дигар кўчагиро (мисоли рушан-Махмадали Умаров) сабаб чи бошад? Ё шояд онхо мехоханд, бо ин васила ба майдони бузургтар ворид шаванду баромадхояшонро дар бузургтолорхои консертии пойтахт, ки аз руйи лоиха баъзеашон барои чорабинихои фархангии дигар (на консерт) пешбини шудаанд, гузоранд?

Бо боварии комил мегўям, ки тамоми шунавандаи эронитабори аврупонишин ва точиконе, ки кабл аз инкилоби октябру солхои ахири Иттиходи Шўравии собик аз Точикистон кўч бастанд, вакте аз шабакахои мусикии дўстдоштаи гурухе аз сарояндахои мо клипхои хонандахои точикро тамошо мекунанд, ба мову забони мо хайфашон меояд. Бехабар аз он, ки гурухе аз сарояндахоянд, ки барои санъати мо «хидмати хирсона» мекунанд. Бо кафолати садфоиза мегўям, ки бидуни таклиди номуваффак ба забони эрони, хам метавон ба шабакахои байналмилалии форсизабон рох ёфт. Забони мо хам зебову равон ва шуниданбоб аст, танхо сарояндаро зарур аст, тарзи дурусти талафузи калимаву иборахоро аз худ намояд. Хонандаи саршиноси Эрон-Саттор вакте соли 1995 Точикистон омад, изхор дошта буд, ки: «бори аввал аст, ки ман ба ин сарзамин омадам ва инчо фахмидам, ки дар форси бехтарин ва ширинтарин шева ин забони дарии точики будааст». Саттор чанд таронаи точикиро сабт кардаву бо худ гирифт.

Дар нишасти хабарие вазири фарханги кишвар Мирзошохрух Асрори изхор дошта буд, бо шеваи эрони хондани сарояндахои точик барои рушди фарханг монеа шуда наметавонад. Аммо ман наметавонам ба ин акидаи чаноби вазир рози бошам. Чаро? Зеро дар махаллае, ки ман ичоранишин хастам, аллакай кўдакони богчаравакаш:

«Ман кайон мИшавам,

Кахламон мИшавам»

-мехонанду наврасону чавононаш:

«Маро нози нигУт дИвУнЕ кардЕ»…


… Ва аз хама ачоибаш ин аст, ки раванди «эронисарои» махз соли 2008 ба авчи аъло расида буд. Дар соле, ки «СОЛИ БУЗУРГДОШТИ ЗАБОНИ ТОЧИКИ» эълон шуд. Муаррифи намудани санъати муосири точик ба вижа бахши эстрада бо шеваи гайр (махсусан эрони дар назар аст. Шояд барои баъзехо бо ин далел, ки мову бародарони эрони хамфархангем ин чумла хуш наомада бошад) ба андешаи ман чойиз нест, ки нест. Мутмаинам, ки агар аз ин раванд чилав нагиранд, ба рушди забони точики халал ворид мешавад. Шумо чи мегуед?

Реклама

комментариев 25 to “* Маро нози нИгУт дИвУнИ кардЕ”

  1. tojikona said

    Дуруд ба худовандгори ин сафхаи зебову кашанг. Агар тасмими Шумо чиддист, бовар дорам, сурудахои фач аз майдони сахнаи точик дур мешавад. Харчанд чодаи пешгирифтаи шумо басо сангину мушкилзост. Муваффкият ёратон бод.
    Бо иродат Набиюллохи Суннати

    • MAHBUB-TJ said

      Дуруд ба Набиюллохи гироми! Ташаккур аз изхори назаратон. Ман хам бовар дорам бо кумаки дустон хар мушкилеро дар ин замина рафъ хохем кард. Муваффак бошед!

  2. Умедчон said

    Сарояндахое, ки бо лахну шеваи эрони мехонанд, санъати точикро «Хор» кардаанд. Чунин сарояндахоро аз кишвар рондан даркор!Зеро ин сарояндахо аз точик будани худ шубха доранд. Мухтарам ситорахо, Садриддин, Олими Махмуд, Остони Азиз сарояндае машхур шуда аз руи санъаташ нон мехурад, ки вай ватану забону мардумашро эхтиром мекунад. Шумо аз забони точики руй гардонда барои машхур шудан бо шеваи эрони мехонед хамаро шарманда кардед. Ба чойи шумо мо шарм медорем. Агар хол чунин бошад аз гуш кардани сурудхои фачи шумо хамчун як шахрванд руй гардондам. Дар майдони ВАО бошад, бардоштани хамин мушкилот набуд. Дар навбати худ ташаккур мегуям аз таъсисдихандаи хамин сахифа. Худо нигахдоратон.

  3. Неъмат said

    Ман низ «эронизация» шудани сурудхои ( имич, афту андому харакоту ришу фашу….)Садриддинро дида, дар радиои Озоди саволаш додам, ки «Огочун, чи чури мише, ки йек саройендае точик доре бо йек ишколи тамум зур мизане то дар ширкати тиливизуние ПОРС-видео ируни суруд бихене? дар холе ки «Имшаб ба ёди руи ту хобам намебарад», фахмотар аст аз «Имшеб бе йоди руи ту хобем немибарад».» Ва се гузина (вариант)ироаш кардам, то ногузер йекашро бойед мепазируфт:
    1) Гуфтам, тамалуккору чоплус хасти, то туро ирунихо бипазиранд?
    2) Дар порс-видео фишорат оварданд, ки хатман ируууууууни шави, вагарна калучот пеши пот мигузоштанд
    3) Барояят би забни точики хондан хамту ор аст….
    Хайр у ба саволхои ман чавоби намешудани доду…майлаш миллат уро бахшад….

  4. Неъмат said

    Cухроби Сафарзод, дар «ирууууунизатсия» пешгомтарин аз сарояндахои точик махсуб мешавад, эъ мебахшед махсуб МИШЕ! Яъне аввалин нафарест, ки худро шогирди Муйин кард ва агар Муйин 30 албом дошта бошад, Сухроб 31 албоми уро ночакондаву норезонда аз бар кард…
    Дуввум нафаре, ки дар таклид (на факат бо суруду мюзик, балки афту дарафту сару мангалу либосу пар) хамаро «ба як нул зад» Ахмад Шарипов мебошад. Дубликейти Анди! Бечора Анди ду боре, ки ба Точикистон омад «Клон»-ашро дида ачаб нест, ки гурдакаф шуда бошад…Хайр давомаш безкомент!……..
    Мехрубони Равшан хам бо овози хирриву гирифтааш «АНДИ-2» шуд. Ва хеле зур хам зад, аммо шухрату обруву муваффакият=0.
    Остон Азизов хам ба дугонаи «Сухроб-Мехрубон» пайваста як сари овози онхоро бо ирууууууууууни гирифту намедонам, ки аз ин чи фоида гирифт????
    Хайр Фахриддини Малик ду «партнёр»-и эрони аз кучое ёфту худашро хамхуни онхо гирифта як соли нав намоиш дод ва бо хамин паспорти ируууууунияшро гуиё сохиб шуду ба «Муйин-2» мубаддал гашт. Факат Суруди патриотии «Ин сол соли нур аст»-аш каме ба обруяш афзуд, ки он хам балои чонаш шуд….Шояд уро хамчун «Дуруггуи сол» ба додгох кашидан бубояд, зеро солеро, ки у «соли нур» эълон кард (2008) ва ваъда дод, ки «Имсол модари мо шод аст дар бари мо» дуруги махз чи ки ба багали мардум чормагзи пуч пур кардан будааст, Зеро хамакнун ду сол мешавад, ки ин суруд исботашро намеёбад ва Модарони моро дар бари мо сард задаасту ва шояд соли 2010 (се соли ба баъд аз суруд, ки муодили 1095 руз+Х номаълум аст…) боз «Модари мо ях баст дар бари мо» шавад…
    Шумо чи мегуед? Биоед як чо шавем, Фахриддини Маликро барои «дилпуркуни»-и бардуругаш, ва муаллифи суруди уро барои кизби руиросташ ба додгох кашем. Акалан ягон хазори чарима супоранд ва он чаримаро ба хазинаи НБО Рогун бирезанд.
    Дигибриди (дигибризатсия-яъне дуругакунии генхо, ки дар натича як гени дорои харду аломат меруяд…..ва шояд номи бехтаре аз ин барои сарояндахои мо набошад) дигар кахрамони мо-Садриддин Начмиддин аст, ки албатта дар хаккаш зиёд гуфтанду гуфтем ва уро ба холи худаш мегузорем.
    Охир «Оби Рукнобод» давоми «Чуи Мулиён» аст, чи зур зада худро ируууууууууууни мекунед?????????

  5. Хеее, ин ирунихунихои онхо як дарди бахайр.

    Ман ба эстрадаи имруза онкадар эътибор надорам. Эъ не-йе. гуфтани будам ба хамин эстрадачихои имруза. Як руз як бародар диски Садриддинро доду гуфт, ана инаша тамошо кун рохат мекуни. Мани ахмак, гирифтаму вакти хама дар хона чамъ буданд (яъне волидайну дигар аъзои оила) мондаму тамошош кардем, бовар кунед аз карда азхамабаландусверхсупермиллиардучитирлиярдходардарачаибеохир маротиба пушаймон шудам.

    Дар клипи ин Садриддини каллаварам духтарако чойхои нозукашон чунон тоб медоданд, ииииииииии, руям сиёх, эъ не-е суп-сурхи оташин шуд… Бомбаи атоми таркиду Замин аннигляция шуду ман нест нашудам… :opss:

    Ой, ягон макомоте хаст, ки ин аблахиро пешгири кунад-а? О ин порнухаи тап-па тайёрээээ. Э муред аз ин рузотон, хамин клипотона зану фарзанду волидайнатон тамошо намекунад? Боз яктои ланъатии дигараш дар Хиндустон хамин чиро хам тавр рафтор кардаст. Лоакал дар огоз нависанд +16 ман мефахмидам…

  6. Чанд рузи охир аз шунидани Хазон мерезади Лоику Кароматулло дил канда наметавонам…
    Намедонам чи фол дошта бошад…
    Вакте маколаатонро мехондам Далер назар доду вой мекард: Фарёёёёёёёёёёёди бесуз. 😮

  7. Х,орун said

    Салом Мах,буб!
    Торнигоратро хеле оли дарёфтам, вале фикр мекунам мушкилоти х,уруфро х,ал бояд кард:)

    • MAHBUB-TJ said

      Аз лутфатон хушхолам, дусти гироми. Дар аввал тамоми матолиб бо хуруфи точики навишта шуда буд, аммо бисёре аз хонандагони блог шикоят оварданд, ки дар кироати он мушкил доранд, чун чои аксар харфхои точики чоркунчаву секунчахои зиёде хаст. Аммо талош дорем, ки дар фурсати наздик ин мушкилро бартараф созем.

      • Бахтиёр said

        Мардум!!! Шумо як чиро пайхас накардед? Хар чикадаре ки мо мардумро аз ягон чиз манъ кунем, хамон кадар талабгору тарафдори он зиёд мешавад. 🙂

      • MAHBUB-TJ said

        Дуруд. Бахтиёр, вокеан, дуруст навиштед, ки дар аксари маврид навиштахои интикоди ба хайси «реклом» хизмат мекунанд ва ба рейтинги «обект» ё раванди мавриди интикод меафзоянд. Аммо фикр мекунам, замоне расида, ки бояд хамин «фахмиш»-ро аз майнаи мардум берун сохт, то дар шинохти вокеияти асл бикушанд.

      • Бахтиёр said

        А-ха, ин ба гуфтан осон…
        Ман фикр мекунам, ки чомеаи имрузаро хеч рохи начот нест. Кишти гарк шуда истодааст. Обро аз вай берун кардан суде надорад. Бояд чомеаро аз нав созем.

        —бояд хамин «фахмиш»-ро аз майнаи мардум берун сохт— Аммо чи тавр?

  8. MAHBUB-TJ said

    Дустам, Шумо каме муболига кардед. Он киштии гаркшуда истодае, ки гуфтед, «Титаник» буд, ки осораш намондааст. Аммо сафинаи ормону умедхо хануз руйи укёнуси зиндаги дар харакат аст. Танхо самташро дигар кардааст, яъне чониби чап рафтан дорад. Фикр мекунам ба рохи рост тоб додани «рул»-и он осонтар аст аз он ки киштии нав (чомеаи чадид)-е бизозем. Хамин хел не?

  9. Бахтиёр said

    🙂 Баъзан хун дар сарам мезанад. Чихое мегуям…

    Чи рохи гардонидани рул хаст?
    🙄 Агар ронанда бошед мефахмед, ки баъзан, рулро мондан даркор ба хости худаш, набошад чунон «занос» мешавад, ки!!!

    Шахсан ман рохи начотро намебинам, чашмонамро сиёхи фаро мегираду сарам чарх мезанад, ана баъд «занос». Хотя…

    • MAHBUB-TJ said

      Хамеша рохи начот хаст, дустам.

      • Бахтиёр said

        Аха. рохи начот хамеша хаст, хатто вакте «шахсро хурданд, вай 2 рох дорад ;)»

        Аммо ман ягон рохашро надида истодаам, масалан кадом рохро пешкаш мекунед?

  10. Raja said

    Салам бародар Махбуб!!! Хофизхои мо шояд аз забони модариашон шарм мекунанд ё таклид ба онхо. ман тарафдори он хастам, ки бо забони модариашон хонанд. ва ин коре ки Шумо кардаистодаед, барои ободии Ватан аст. Офарин!!!!!!!!!

    • Не-а!
      Фикри ман баръакси фикри Шумо 🙂

      Ман мехохам, ки ин хаваскорон-таклидкорони мо (онхо санъаткор нестанд)бо забони софи точики шеър нахонанд. Бигзор бо забони точики санъаткори асил шеър хонад. Хуб, ман инчо эстрадаро дар назар дорам.
      Мисол, Далер Назар. Вакте вай месарояд казокхо ❗ ба ракс медароянд, тасаввур мекунед? Бовар намекунед? ман хам бовар намекардам…

      Як вокеаро накл мекунам, хохед нахохед, хатто мачбуред бовар кунед 😉

      Мохи январи соли чори (яъне 2009 🙂 ) мо дар ш.Алма-ато будем, бо проблемахои экологию, радиацияю балою батар бо намояндагони МАГАТЭ.
      Вакти танаффус телефони як хонуми казок садо дод, иииии 😯 хуш аз сарам парид!!!
      Аз терефонаш мусикии «Мастам-мастам»-и Далери точики гариб садо медод. Валлох, ки рост мегуям… Анакнун сари ман ба осмон, эъ 🙄 ба кайхон парид!!!

  11. MAHBUB-TJ said

    Аз ин накли Шумо ман низ ифтихор кардам. Дар ояндаи наздик матлабе ба муносибати 50-солагии Далери Назар дар ин торнигор чойгузин мешавад. Фикр мекунам, ончо гуфтанихо сари эстрадаи касбии Точик зиёд мешаванд…

  12. Komron said

    salom hamada ! barodaron Shumohaq nadored ki yak saroyandaro past zaned vayho hunar doran, agar khonda tonen marhamad sahna! az pushti sahna gapnazanen broen agar hunar doshtaboshen ,,,, baroi chi saroyan daho rusi mekhonand yagon gap nameshavad? eroni in FORSI-TOJIKI ma dar fikri shumo rozi nestam!!!!

    • MAHBUB-TJ said

      Дуруди бехад бар Комрон! Сипос, ки андешаатро навишти. Максад аз навиштахои ин торнома ба хеч вачх паст задани шаъну эътибори кадом сарояндае нест. Ман хеч гох ба худам чунин ичозатро намедихам. Бубинед, имруз бархе аз овозхонхои точик як харфро тагир додаву бо хамин калимаи эрони месозанд. Тавре худат навишти ФОРСИ-ТОЧИКИ такрибан як забон аст, танхо лахчаи гуфтугуяш фарк дорад, пас чаро хонандахои мо бояд зур зада эрони хонанд? Дар холе, ки дар хондани таронахо бо забони модарияшон муваффактаранд ва хам ин забон барои тамоми мардуми форсзабон фахмо хам хаст. Дар мавриди ба руси тарона сурудан бошад, харчанд мавзуи сухбати дигар аст, аммо танхо мегуям, ки сарондахои мо шояд барои миёни русзабонхо низ пайдо кардани хаводоронашон ин корро мекунанд ва тавре ишора кардем мардуми эрониву афгон дар холи бо точики сурудан хам моро мефахманд ва хочат ба «эронихони» намемонад.

  13. Subhiddin said

    Хонандаи доимии торнамои шумо хастам аммо аз ин матлабатон хушам наомад, албатта ин фикри шахсии ман аст, Ёд дорам солхои 90-уми асри гузашта дар хар як базму шабнишинии мо чавонони соф точик, албатта ягон суруди «шейтун бало чуну дилам хуне карди» -ё монанди ин мачлисро гарм мекард, ва аз оне ки «СЕБА ЛАРЗОНЕД БАРГУШ НАРЕЗА ПУХТАГИШ РЕЗА ХОМУШ НАРЕЗА мехонанд МАНУ НОЗИ НИГОТ ДИВУНЕ КАРДЕ хазор маротиба кашангтар аст. дигараш бо Комрон мувофикам бо ин далел ки фарз мекунем дар аксар манотики Точикистон хатто фарк аз форсии Ирон то форсии точикистон вучуд надорад, Ин харджу дар гузашта я буданд, масалан ба н Айни мехмон шавед, дар ин чо ба чои чон-чун, ба чои хона-хуна, боз хазорхо калимахое хастанд ки фарк намекуни хатто дар 1-2 кишлок меравам неву миравам мегуянд, з-ин сабаб шахсан барои ман хамааш ширин аст, асос ин ки магз дошта бошад

    • MAHBUB-TJ said

      Дӯстам, ташаккур барои изҳори назар. Воқеан, андешаи як нафар наметавонад барои ҳама писанд биёяд ва ин табиист, ки навиштаҳои ман ҳам боиси нигаронии бархеҳо мешавад. Инҷо танҳо як чизро мегӯям, ки бархе аз сарояндаҳои тоҷик тақлидро ҳам ба ҳадди ифрот расондаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

 
%d такие блоггеры, как: