MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

* «Аралашбод» ё ҳамҷинсбозии лафзӣ

Posted by MAHBUB-TJ на 24.11.2009

Аз назди Боги Рудакӣ мегузаштем, ки дӯстам гуфт: «Хамин занхои точик бо мардон мусобиқа доранд-чӣ? Шиму куртаи мардона пӯшиданд, носу сигор кашиданд… Сухан хамин ҷо расид, ки аз магнитафони сабукраве садои «ширадор»-и бонуе баланд шуд: «Азизи дилам — Зулайхо, ёри хушдилам — Зулайхо…».

Чинсхои латифи шоу бизнеси точик ба кавле «маладес»-анд. Бархе аз онҳо хар шеъру тарона, рубоиву хикоя ва хатто киссаву афсонае, ки писандашон омад, ба кавли Хайриддинча «эсту бест»-е накарда рӯнавис мекунанду чониби студияхои сабти овоз рох мегиранд. Барояшон комилан бефарк аст, ки он навишта чӣ мазмуне дораду ба кӣ бахшида шудааст. Муҳим ин ки мусикичасп бошаду зери навояш «чунбонда» шавад. Чунбонда ки шуд, мухлис пайдо мешавад. Барои он ки, шумову бонусарояндахо ва кисме аз продюсерхои «гарданшах»-и онҳо «тухматчӣ» номам набаред, «аз нӯги хамир фатир» гуфтагӣ барин, чанд мисолаке меорам.


Гумонам, аз оилаи примадонаи тоҷик, ки феълан дар Шоу Бизнес чойгохи назаррасеро сохибаст, оғоз кардан аз руйи адолат аст. Сурайё Косимоваи саршинос месарояд: «Шом омадаем, намози шом омадаем. Дар пушти дарат мисли гулом омадаем, Чон дилбари чон, ай ширини чон чӣ шиштаи дар хона? Бархезу буро, бахри салом омадаем». Ин сурудест, ки мебоист ба худи бонуи кашанги Сурайё бахшида мешуд, зеро мардонанд, ки намози шом баъди ба масчид рафтани падару модари духтар аз пушти похсадевор барои саломи махбубаашон меоянд. Аз кулвори Шабнами Сурайё чунин таронахоро арзони пайдо мекунем. Гурӯхи «Black cats» (Гурбахои сиёх) дар таронаи «Миёй аз ин варо гузарӣ»-яшон шиква мекунанд, ки хонуме «дилро хар чо, ки хохад мебарад» ва «бо ин дилбарӣ» мекушадашон. Аммо намедонам, бо «маро мекушӣ бо ин дилбарӣ» гуфтанаш Шабнам киву чиро дар назар дорад. Дар суруди дигар, ки алъон рӯшан нашудааст, моли кадом хонандаи ӯзбек аст, Шабнам ёри худро он кадар васфу тавсифу сифат мекунад, ки… «Эй, мӯрчамиён, эй пистадахон, эй сарви равон, эй ороми чон (!)…». Шумо боре шунидед, ки духтарон чавонписаронро мӯрмиёну пистадахон гуфта бошанд? Ва чолибтар давоми ҳамин суруд аст, ки бо хамовозии Шабнам баланд мешавад: «эй духтари зебое, каду қоматаш ларзоне, Чашмони ту сиёҳе, дил ба ту интизоре, кучо рафтӣ кучоХе, дили ман дар азобе, аз ту шудам чудохе, дилбари…». Дар суруди «Ма садкаи ту» низ Шабнам охи сард аз дили пурдард бароварда мехонад: «Гулпирахано, ки мушкфишон мегузарӣ, Нозукбадано сарви равон мегузарӣ».

Фарзонаи Хуршед хам аз апааш кам намеояд. У суруди маъруфи халкии «чала дар дасти сафеди чалладор, мо ба сохиби чала ошиқи зор»-ро ки маъшук хитобан «дар гушаи қошони ту кардем бозор» мегӯяд, месарояд. Сифати дасти сафед мансуби бонухост ва маъмулан ошикони шайдоянд, ки гушаи коши дилбарашонро бозор мекунанд. Ва ҳамин Фарзонаи Хуршед аст, ки суруди «аз боло кафтар меояд, як села духтар меояд»-и Шахоби Тиёмро бо «аз боло бачаи кулобӣ меояд» иваз кардааст, ки боиси галат шудани кофия шудааст. Фарзонаи Хуршед хатто «ёри хушдилам Зулайхо, азизи дилам Зулайхо» мегӯяд.
Мавҷуда, як бонуи дигар, ки дар фиттахои «Сборник» ё «Гулчини таронахои сарояндахои точик» (ман пешниход мекардам, «Сборник»-ро «Аралашбод» тарчума намоем) бо номи Мавчудаи Кулоби муаррифӣ шудааст, дар оғози як сурудаш мехонад: «Э бача мара куштӣ, э бачаи аргуштӣ», аммо каме нагузашта бачаро як тараф мегузораду ба духтар «мечаспад». Ба гумонам раксхои ракосааш ӯро мафтун мекунанд, ки мегӯяд: «бо ракси зебои худ, бо ракси зебои худ, бо гамза мара куштӣ, э духтари аргуштӣ…». Накаротхои дигар «ай духта мара куштӣ» идома меёбанд. Агар ба ин мазмун сурудро кадом як хонандаи аврупоӣ, ки ҳамчинсбози конунист, месуруд, шояд ҳочати эътибор хам набуд, аммо наузанбиллоҳ, ки… Бовар дорам, ки шумо низ писарони куртаи чакканпӯшро надидаед. Аммо боз хам Мавчудабону бо исрор мегӯяд, ки дида аст. Дар суруди дигараш ин хофиза мехонад: «майда мераксад гуле, чон майда мераксад гуле, дар танаш куртаи чакан, зебанда мераксад гуле». Мутаасуф, ҳатто ситорахои вокеии санъати точик хам аз забони мардон суруд мехонанд.

Нигина Рауфоваи азиз, ки ман нисбаташ эхтироми бузургро коилам мехонад: «Э дилрабои, дилбар, ту камнамоӣ дилбар»… харчанд рубоихои ин суруд пурра занонаанд, аммо накароташ харфест, ки аз забони мард бояд гуфта шавад. Зебуниссо Нурова хам «зебидай зебидайе, ракс тура зебидайе, зебидай, зебидайе ноз туро зебидайе. Бари пеш кулфи гиребон тура зебидайе» мехонад.
Фируза Алифова— «Лайлӣ-лайлӣ», «Ёрам гули хандонай», Тахмина Рамазонова— (Гурухи «Авесто») «Дилбар», Дилноза Каримова, Кибриё Раҷабова— «Ширинзабон», Майрам Ҳафизова, Миҷгона Ҳакимова (бале хамон раккоса), Насиба Абдуллоева «Амина», Нигора Холова «Хайрбод», Парвина Шукруллоева «Ишки бехамто», Парвина, Юсуфӣ «Дилбари хушрӯи ман», Ширинмоҳ Ниҳолова «Кабки хиромон», Нозияи Кароматулло— «Сабзак лаби чу». Ин фехраст аз кӯли Сарези Шоу Бизи точик хурдтарин катраест.

P.S. Дар сӯхбате Шабнами Точиддин ба ин суол, ки чаро баъзе аз таронахое месароед, ки аслан бояд аз забони мард гуфта шаванд, посух гуфт, ки чунки ин сурудҳо барояш писанданд.  Агар сарояндахо пушти ин сухан, ки тарона барояшон писанд омадааст, ё руйи хотири дӯсту бародар, ё мухлисон «пеш омад, хуш омад» гуфта, сурудан гиранд, шояд он рӯз дур нест, ки дигар хофизахонумхоро аз сарояндамардхо фарк гузоштан душвор мешавад, чунончӣ имруз дар кӯчахои пойтахт тафовути бархе аз писарону духтарон душвор аст. Ҳамин тавр не?

Реклама

комментарий 21 to “* «Аралашбод» ё ҳамҷинсбозии лафзӣ”

  1. Бахтиёр said

    Фарзона (садкаи хамин номи зебо шавад):

    Аз боло «каф тар» (!!!) меояд,
    Як дона бача меояд…

    Ана бачохои точика чи хел масхара мекунанд, фуууууууууууухххххххх!!!!

    Кафтар — намеояд, вай парвоз мекунад. Лекин каф-тар…

  2. Нуфарн said

    Ин сарояндахои мо хама бесаводанд. Худашон намедонанд, ки чи месароянд. Мегардед дигар аз кафои ин номахрамхо. Инхо садкаи ин миллату ин сарзамину ашъори бойи точики шаванд.
    Худо морову Ватанамонро нигох дорад. Биёед ба ягон корхои чиддитар ру орем, то ватанмонро на бо сарояндахо, балки бо олимону корхонаву варзишгаронамон ба чахониён шиносонем.

    • Бахтиёр said

      🙂 Ба инаш кам-кам сахм гузошта истодаем.

      • MAHBUB-TJ said

        Бовар дорам, Бахтиёр «кам-кам сахм» гуфта, такмили ихтисос ва корхои нодири илмияшро дар назар дорад, на аз Киев барои «ситорахо» овардани дастгоххои муосири хонандаги (бархе аз хофизон бо хамин рох «ситорахои боги дониш» шудаанд).id=426 alt=’:Улыбаюсь:’

  3. Бахтиёр said

    Дар сина дилам реш аст, аз хачри ёрам,
    Бегона зи ман хешаст…

    Хахахахаха дуууууууууурааааа. Бегона чи тавр зи ту хеш аст. перуза алеефава

    • MAHBUB-TJ said

      Дустам, инаш дарди бахайр. Якеаш мехонад, ки:
      Дилум, дилум, дилумо,
      Хайфи ишки покумо.
      Хайфи дустдориём дар ту,
      Ай бевафо ёрумо….
      (Вокеан, ин мавзуъро ояндаи наздик матрах мекунем)

      • Бахтиёр said

        Чистон:
        Номи туро шунидам,
        Аммо туро надидам.

        Чавоб:
        Гушхоям шунавою,
        Чашмонам кур.

        Давомаш 😳

        Шарм намедоранда? Ё тавба!

  4. Vatandust USA said

    Salom dusti giromi, hele sayti olijanob. Baroi ogoz kardaaton siposguzoram, hasta nashaved davom dihed mumkin, ki saroyandaho az navistani inguna kambudiho ogoh shavand va hatogiyoyashono isloh kunand.

    Shukhi…Saroyandahoro duzd nagued onho hele purgayrat va sertalaband. Az hamon daftari shahsii shoiron, ki bahshida ba hamsari hud navistaand ba monandi {himcha miyon, pista dahon va gayra..} hamonro ham duzdida mehonand.:-)

    • MAHBUB-TJ said

      Аз, Ватандусти азиз сипосгузорам. Хамеша муваффаку сарбаланд бошед!

      Максади мо низ ислохи камбудихост, на бешу на кам. Мехохем, санъати сарояндаги (ба вижа бахши эстрада)ва раккосии точикон озода бошад.

  5. НАХУДАК said

    Mahbubtj медони, дар кишваре мазори Хоча Насриддин будааст. Мазори Хоча дарвозагунае дорад мегуянд, бо занчир. Он занчирхоро бо кулф махкам кардаанд. Вале атрофи мазор хуй, ягон девору ягон панчарае надорад. Ба мисли хамин боге будааст, ки ба номи устод Рудаки мондаанд. Яъне атрофи боги устод хам на девор дораду на симхор, вале дарвозаи мухташаме дорад!!!

    • MAHBUB-TJ said

      Нахудакхучаи азиз, шояд ин бедеворию дарвозадории Боги Устод Рудаки хикмате дорад, ки медонад?

  6. Patriot said

    Салом бародарони азиз!
    Бори аввал аст ки, ман мехмони ин торнома шудаам. Сахифахои ин торномаро варак ба варак хонда истодаам, бисёр чолиб. Аз як тараф зиккунанда аст аз тарафи дигар хушхолкунанда.Зиккунанда аз он ру аст ки, дар Точикистон имрузхо сафи сарояндагон руз то руз меафзояду сифаташон бробари сифр шудаистодааст. Хушхолкунанда аз барои он аст ки, камбудихои онхо гуфта мешавад ва зери танкиди хамагон карор мегиранд. Одамони боору бономус бо танкид ислох мешаванд—-Одамони беору беномус бо танкид хафа мешаванду…
    Ин масъала як «дог»-ест дар чомеаи имрузаи мо ва барои фарханги Точикон як тархи калон мебошад. MAHBUBI азиз аз шумо як хохиш дорам ки, дар бораи сару либоспушии сарояндагон дар сахна ва видеоклипхои онхо низ мавод таёр мекардед бисёр шод мешудам чунки, аз дидани наворхои видеои ва сарулибоспушии бисёри сарояндагон шарму аламу кахри тамошобин меояд!
    М а с а л а н: чандсол пеш Паривина Шукруллоеваро дида будам, ки суруди «Ал-Муъалим»-и Самеъ Юсуфиро мехонд кариб ки, урён буд. Гуё ки, дар ягон «сприптиз-клуб»-и Москов хофизи дошта бошад. Охир маънои шеър, сару либоси сароянда ва ё наворхои видеои бояд харсе хаммаъно бошанд. Агар ин «сегона» яке мукобили дигаре бошанд, сароянда тахти танкиду таъна карор мегирад!
    Ба шумо MAHBUB.TJ мувафакиятхоро орзумандам ва хамеша дуъо мекунам ки, дар ин рохи пешгирифтаатон устувор бошед. Бо умеди рузи хушихои Точикистон! Худо Хофиз!

  7. MAHBUB-TJ said

    Дуруд бар Патриот! Ташаккур барои ранчи кадаматон дар ин торнома. Дар хусуси тарзи либоспушиву шеваи клипсози чанд матлаби омода дорам, ки Худо хоста бошад дар фурсати наздике бо аксу навори видеои пешниходи хонандахо хохам кард. Сарбаланд бошед!

  8. Ачиб сайт кушодаед мавзуъои кампириву мавзуъои нолозима яъне гайбату гайбат.Як сайт кушо ки виртулаьный хам бошад як муаллим проекти хударо гуяд ба фоидаи чомеа як инженер ободи шархра дар хаёлаш нависад як архитектор дизайнер электрик ва гайра.ой гуфти хаму эронихо ке… аст ки ку… аз ки во вой вой ки мекунад!!!Чи кор доред ба шеъру либоси хофизу сарояндахо.Имруз ЛЕДИ Гага либоси гушти пушида болои даст мегардад …вакту соататона дигар чизда сарф кунед!!!!

    • MAHBUB-TJ said

      Э, боракалло Энштейни тоҷик. Мешудаст-ку? Ман бесаброна интизор, ки Ту аз мавзуъҳои ба қавли худат муҳим қисса мекунӣ ва барои мо иншову хондани мавзӯъҳои «кампиронаву нолозим» зарурате боқӣ намемонад. Бубинем, чӣ ҳунаре дорӣ. Ман дасти рост болои синаи чап гузошта қавл медиҳам, ки аз хонандаҳои доимии блоги Ту мешавам. Агар як рӯз саҳифаи блогатро накушоям хоб намеравам. Маслиҳатҳо пухт? Аммо агар чунин қудрату имконият надорӣ пас беҳтараш гуфти бобои Сафомиддин «… ба шохи гов ба ҷанг набаро». Боқӣ Худованд нигаҳбонат!

  9. Хамаи одамхои комплексдор дар хамича чамъ шудай ба Худо!!!!эээ бачахои тавонову доно кори дигар надоред ми Богигулу Маликаву Сураёву дигарша обсуждать мекунену …пахх ма ягонташа гуш намекунум хуб нав фахмидум ки мардакхои точик хам бекор будаанд!!!!

    • MAHBUB-TJ said

      Кори худат хуб? Ман барои ин корат Туро(гӯш накардани сарояндаҳо)ба китоби «Рекордҳои Гиннес» пешниҳод мекунам.

  10. Соф хама бекоро чамъ шудаги re!!!!»‘ мардум бекорен чи равен 4 дарахт шинонен чор китоб як бекитоба тухфа кунен!!!
    Худо гайбата дуст намедора!!!!

    • MAHBUB-TJ said

      Ба пешниходат дар мавриди дарахтшинони мувофикам. Дасти рост болои синаи чап гузоштаи ваъда медихам, ки дар мавсими нави нихолнишони хатман ба чои Ту низ дарахт сабз мекунам. Аммо вобаста ба кисмати дуюми навиштаат бошад, наметавонам рози бошам. Худованд бузург аст ва дар киёс ба баъзе одамон гайбатро аз хакикат фарк мегузорад. Боки Худо хифзат кунад, бародар!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

 
%d такие блоггеры, как: