MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

* Далери саҳнаи тоҷик 50 сола шуд

Posted by MAHBUB-TJ на 07.12.2009

Дар Тоҷикистон ду чизи баде ҳаст, ки мутаасуф ҳамасола мустаҳкамтар реша давондаву хосияти оммавї касб мекунад: ришвату фасод ва таърифу тавсифҳои болохонадори шахсиятҳои шинохташуда (манзур нафароне, ки барои Ватан кори арзандае анҷом додаанд) танҳо баъди маргашон. Аввалиро бигузор Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо корупсия шарҳу баррасї намояд, аммо дар мавриди дувум пардаи хомӯширо медарем…

Агар феҳрасте тартиб дода дар он исми нафаронеро, ки бо кашфиёту ҳунару истеъдодашон Тоҷикистонро берун аз хатти марз муаррифї кардаанду ҳангоми дар қайди ҳаёт буданашон дар доираҳои мухталиф (аз Ҳукумат сар карда то нафарони алоҳида) қадр шудаанд, нависем, рӯйихати хандаоваре ба вуҷуд меояд. Дар мо одат шуда, ки танҳо баъди марг ба ҳисобу китоби кору амали хайри марҳум бипардозанд (шояд кори фариштаҳоро дар он дунё осон кардан мехоҳанд), агар хоҳем, ки онҳоро навишта кунем даҳҳо дафтару қаламу калкулятори хитойї камї мекунад. Дар олами санъати мусиқии Тоҷикистон воқеан шахсиятхои камшуморе ҳастаанд, ки бояд дар зиндагияшон қадр шаванд, ҳарчанд ба ин ниёзмандие надоранд.

Овозхоне фарзона ва марде самимиву замини.

Шоҳи мусиқии попи Тоҷикистон 50 сола шуд. Барои ман комилан бефарқ аст, ки вай дар куҷо, чї гуна ва бо киҳо аз мавлудаш таҷлил кард, аммо намешавад, дар ин рӯз перомуни ҳунари ӯ хомӯш буд. Далер Назаров дар санъати эстрадаи тоҷик аз шумули камтаринҳоест, ки ба таври густурда дар ватану берун аз он муаррифї шудааст. Ё ба таври дигар ватанашро дар берун муаррифї кардааст. Ѓазали «Турки Шерози»-и Ҳофиз Далерро дар Аврупо машҳур намуд. Бисёре аз русҳоро ҳоло низ ба ёди «Ширазская турчанка» дилашон «гум» мезанад. Далер Назаров замоне муваффақ шуд, ки дар эстрадаи тоҷик оҳангҳои хориҷї, ба вижа руси «ҳукмфармо» буданд. Маҳбубияти оҳангхои ӯро мусиқашиносон дар ҷойгоҳи махсус доштани нозукиҳои фолклору асбобҳои мусиқии миллї дар оҳангҳои муосир нисбат медиҳанд. Ансамбли созмондодаи Далер Назаров давоми 20 сол (умри аксари гурӯҳҳои эстрадии мо мутаасуф аз 5 сол беш нестанд) ба дили ҳаводорон наздикї дошт. «Юрмала-89», «Исиқул -90», «Бухоро-90», «Садои Осиё-91» номгӯи нопураи озмуну маҳофили мусиқии Шӯравии собиқанд, ки гурӯҳи Далер садрнишинии онҳо буд. Таронаҳои ӯ дар ИДМ, Фаронса, Испания, Олмон, Ҳонгонг ҳаводорони зиёде доштаанд.

Ман кам сарояндаеро медонам, ки таърифро хуш надоранд ва Далер Назаров дар ин қатор зинаи аввалро соҳиб аст. Ҷумлаҳои: «Ман орзӯи ситора шуданро надорам» ва «Ман метавонам барои як нафар соатҳо таронасарої намоям, ба шарте, вай маро дарк намояд…» ба Далер Назаров таалуқ доранд. Ӯ ошиқона, файласуфона ва самимї суҳбат мекунад. Далер

Акс аз филми "Ишк ва Фалсафа". Коргардон Мухсини Махмалбоф

овозхон, оҳангсоз ва ҳунарманди синамосту дар ин се бахш муваффақ хам шудааст. То имрӯз беш аз 14 филми ҳунариву мустанадро метавон ном бурд, ки дар онҳо нақши Далер Назаров калидї аст, яъне агар дар сеи он ба ҳайси ҳунарманд нақш офарида бошад, пас мусиқии боқии филмҳо ба ӯ мутаалиқанд. Беҳтарин коргардонҳои синамо ( аз ҷумла Бахтиёр Худоназаров (Тоҷикистон) ва Муҳсини Махмалбоф (Эрон) ӯро барои ҳамкорї даъват кардаанд. Ҳамин ҷост, ки Барзу Абдуразоков, ҳунарманди маъруфи театр гуфтааст, касеро намедонад, ки дар мизони суҳбатҳои фалсафї, оҳангсозї барои филм ва овозхонї баробари Далер бошад.

Матн, мазмун ва мусиқии таронаҳои Далер Назаров хело қавиянд, ҳамин вижагї аст, ки то ҳанӯз таронаҳои аз 12 солагї сурудааш шунавандаи зиёд дорад. Дар сурудҳои ӯ мусиқии миливу хориҷї тавъаманд, ки ҷаззобияти таронаро таъмин месозад. Таронаҳояш ҳамеша дар рейтинги даҳгонаи мусиқиҳои хостанї мавқеи устуворро соҳибанд. Суруди «Мастам-мастам» дар сомонаҳои маъруфи мусиқї аз сертамошобин будааст. Аз ин тарона дар youtube 14174 нафар дидан кардаанд. Таронаи «Рудакї» бошад, бо 2189 райъ дар озмуни «Суруди сол-2005» миёни 208 оҳанг ҷойи аввалро сохиб шуд. Ва ба ин монанд даҳҳо таронаи ӯро метавон ном бурд, ки аз телефони ҳамроҳ, нуқтаҳои сабти овозу фиттафурушї, дохили мошин, радиову телевизиону магнитофон ҳамарӯза чандин маротиба садо медиҳанд. Далер ба монанди Аҳмад Бобоқулов, Акашариф Ҷӯраев, Одинаи Ҳошим соҳибмактаб аст.

Юлдуз Усмоноваи саршиноси узбекистонї бо ҳама салобату ѓуруре, ки дорад, нисбати Далер эҳтироми зиёдеро қоил аст. Ӯ фахр мекунад, ки Далерро мешиносад, ифтихор дорад, ки ҳатто дар Аврупо муяссараш гардидааст бо Далер дуэт хонад. Дар чанд мусоҳибаи телевизионї ба журналистони узбек ҳам борҳо такрор кардааст, ки намунаи олии эстрадаро бояд аз Далер Назарови тоҷик омӯхт. Ҳамин аст, ки аксарияти таронаҳои дар солҳои ахир эчодкардаи ӯро таронаҳои тоҷикї ташкил медиҳанд. Феълан, Далер Назаров дар шаҳри Алмаато кору зиндагї мекунад. Гуфтан душвор аст, ки ӯ барои якумрї маскуни Қазоқистон шудааст ё мисли солхои 90-и асри пор муваккатї. Худо кунад, ки варианти дуюм бошад, зеро ба қавли Барзу худи Далер, овозаш ва гаштугузораш дар Ватан барои мо зарур аст. Ҷурабек Муродов мегӯяд, Далер Назаров шахсияти нодир аст. Воқеан ҳам, оё имрӯз фурсате нарасида, ки ба чунин шахсиятҳои нодир таваҷҷӯҳи хосае дода шавад? Ба андешаи инҷониб ҳамин рӯзу ҳамин ҳафтаҳо фурсати хело қулай аст. Набояд кадом фардоеро интизор шуд, фардое, ки Худо медонад чї гуна оѓоз мешавад.

Пас, МАВЛУДИ ОЗОДМАРДУ ОЗОДАМАРДи санъати тоҷик фархунда бод! (#)

комментариев 12 to “* Далери саҳнаи тоҷик 50 сола шуд”

  1. Далер — нотакрор аст. У — боигарии миллат…

  2. Бахтиёр said

    Худро мухлиси Далер медонаму дар борааш анакнун маълумот ёфтам 😦

    Дар хакикат нотакрор аст. Далери сахнаи точик!!! Чи бахои оличанобе додед!

  3. MAHBUB-TJ said

    Ташаккур, дустам! Ба рости ин матлаб ба он гунае, ки тархрезияш карда будам, навишта нашуд, аммо Худо хоста бошад сари ин мавзуъ дигарбора бармегардем…

  4. Бахтиёр said

    Бо немиси хам тарчума шудааст филми «Падари мохтоби»

  5. Бахтиёр said

    Бигуед, чи тавр мухлиси чунин садо шуда наметавони!!!!! Вакте казокхо ба у карсак мезананд:

  6. MAHBUB-TJ said

    Хело оли гуфтед! Аслан, охангу садои хуб дар хама чо мухлис дорад…

  7. Vatandust USA said

    Daler bargarded, hudaton estradaro az nav zinda kuned, joi shumo hamesha holi. Muhlisoni shumo intizor..

  8. MAHBUB-TJ said

    Салом ба Ватандусти гироми! Аслан, ки Далер Назаров дар Точикистон аст. Худи хамин руз (17.12.09) соати 13:30 уро дар наздикии махалли кораш дидам. Аз тараддудаш хулоса кардам, ки шояд дар пайи тахияи суруду охангхои чадид бошад…

  9. Бахтиёр said

    Хуш, як вокеаро накл мекунам:
    Дар Стокгольм дар курс будем. Як хамрохам, ки аз Руссия буд, баъди узри зиёде аз ман маънои «жигельме»-ро пурсон шуд. Фахмидам, ки сухан дар бораи чи меравад.

    Аз Ютуб аввал клипи казокиро мондам ва хохиш кардам, ки аввал гуш кунад. Баъд клипи «Эй чураи чон…»-и Далерро мондам ва пурсидамаш, ки хамон жегелмику балову батар ба кадомаш монанди дорад.
    Гуфт: — аввали.
    Пурсидамаш: — дуюмиаш чи?
    Гуфт:- не ин забон тамоман дур.
    Пас гуфтамаш, ки якумаш казоки ва олами турки, дуюмаш точики, ки фарсаххо дур аст аз он чи ки ту мешунави…

  10. MAHBUB-TJ said

    Салом! Бехтарин посух додед, офаринатон!

  11. Навруз муборак дустон!!!
    Мегуянд, ки рузи 23 март дар Хучанд Далер Назаров меомадааст!!!

Ответить на Бахтиёр Отменить ответ