MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

* СОУР-ПРАЙЗ ВА рекорди нави консерти «Борбад»

Posted by MAHBUB-TJ на 18.12.2009

Консерти «Бидуни марз»-и Кохи Борбад пур аз «соур-прайз» (таъбири Орзӯ Исоев)-ҳо буд; бо вуҷуди дар таблу ва овезаҳои таблиғотӣ аз Афғонистон ном бурда нашудан марзи Кохи Борбардро аз ин давлати ҳамҷавор якбора ду нафар (ҳайрон нашавед, Фирӯза Ҳафизоваи «худамон»-ро ҳам ҳисоб кардам) убур карданд. Афшинро он қадар самимӣ эронӣ гуфтанд, ки фикр мекардед, ҳамин ҳоло аз ҷигари Теҳрон ба Душанбе омадааст (даъвати сафорати Эрон гуйё фаромӯш шуд). Хулоса, аҷобатҳои зиёде, мисли соур-прайзи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсия, ки муовини сармуҳосиби «Барқи Тоҷик»-ро барои аз худкунии маблағи зиёд боздошт кард. Агар розиед аз як тараф оғоз мекунем…


Соур-прайз 00. Дар ин навишта хоставу нохоста гоҳ-гоҳаке аз такрори калимаву ҷумлаву тарзи пешниҳоди матлабҳои гузашта истифода кардаем. Ҳам ба ин хотир ки такрор модари дониш аст ва ҳам барои он ки валло ҳеҷ роҳи дигаре ба ҷуз такрор надидем.

Соур-прайз 01. Консерти «Бидуни марз»-ро мебояд дар феҳрасти консертҳое, ки баъди камтар аз як соати вақти дар чипта нишондодашуда оѓоз шудаанд, дар зинаи аввал навишт. Ба ташабускорони он муяссар шуд, расо 33 дақиқа дертар (16:33) аз вақти муқараршуда консертро ифтитоҳ бубахшанд. Ин нишондод, ҳадди аққал миёни консертҳои баргузоршудаи Кохи Борбад давоми соли 2009 «рекордї» аст. Бисёре аз томошочиёнро ҳам, ки бовар доштанд (ё аниқтараш одат карда буданд), консерт як соат дертар оѓоз меёбад, чунин ранг гирифтани вазъ ба қавле «гармохунук» кард.

А) Вақте дар соати 16:30 нуги калобаи риштаи сухан ҷониби сари вақт оѓоз нашудани консертҳо ѓеҷид, дӯсте мухлисонро гунаҳкор кард. Ба иддаои вай дар зеҳни мардум навиштаи вақти шурӯи консерти рӯйи чиптаҳо ба ин маънї нақш баста, ки онҳо бояд ҳамон соат аз хонаашон сӯйи «консертгоҳ» роҳ бигиранд. Аз ин хотир созмондиҳандагон мунтазири пур шудани  толор мешинанд.

Б) Аммо ба андешаи ин ҷониб сад дар сад созмондиҳандагон гунаҳкоранд. Онҳо ё аз дер оѓоз кардани консертҳо лаззат мебардоранд ва ё бо мардум бозї мекунанд. Мақсади аслии аксари онҳо аз баргузор кардани консерт ба даст овардани маблаѓ аст на бештар аз ин ва таври маълум чиптаҳо то рӯзи саршавии консерт фурӯхта мешаванд (ин ки онҳоро мехаранд ё не мавзӯи дигар аст ва ҳам дар баъзе ҳолатҳо, аниқтараш консертҳои бонуфуз чиптаҷалоббон тамоми билетҳоро яклухт харидаву бо нархи зиёд мефурӯшанд, ки низ набояд чизеро таѓйир бидиҳад). Аз ин рӯ созмондиҳандагон мувазафанд, новобаста аз он ки тамошобин кадом соат вориди толор мешавад, бояд консертро дар вақти муқараршуда оѓоз намоянд. Он тамошобини «ландаҳур» як маротиба, ки ними пулаш «сухт», яъне аз ними консерт вориди толор шуд, дигарбора ним соат қабл пушти дар ҳозир мешавад.

Соур-прайз 02. Консертро бо калимаи «ВОЙ» оѓоз карданд. Муҷрии консерт Орзӯ Исоев вақте рӯйи саҳна шуд, се маротиба ин калимаро истифода бурд, дақиқтар, бори аввал гуфт, ки «вой аз ин зебої». Хело аҷиб аст, ки чаро барои зебої «вой» бояд гуфт? Ё шояд Орзӯ чизи дигареро дар назар дошт? Инро дар аввалин имконияти сӯҳбат бо ӯ мепурсам, аммо ҳоло шоҳиди соур-прайзи навбатї мешавем. Фирӯза Ҳафизова намояндаи Тоҷикистон ба саҳна баромад. Садо, кард, ки Тоҷикистон, Тоҷикистон. Аммо ҳамин ки ҳунарнамоияш шурӯъ гардид, ба намояндаи Тоҷикистон буданаш шубҳа кардам. Дар толор мусиқии афѓонї баланд шуд. Аввал фикр кардам, шояд дар интихоби «мини диск» (фонограмма) хато шудааст (чунин ҳолатҳо зиёд мешаванд-ку)

Б) Сарояндаи «маъруфе» (исмашро намегӯям) дар як тӯй, баъди «мувофиқи талабҳо»-и зиёде розї шуд, ки як суруди хондаашро такроран иҷро кунад. Мусиқї оѓоз шуд, ҳофиз бо виқор рақс карда ҳатто ҷониби духтарон «чашмак» паронд. Ҳамин вақт садои ҳофизи дигаре баланд шуд, аниқтараш соҳиби аслии суруд, ҳофизи мо ҳатто науспетид, ки микрофонро ба даҳонаш наздик бубарад, яъне масъули «мини-дискҳо» иштибоҳан диски ҳофизи дигарро фаъол кардааст (баъдан овоза шуд, ки ҳофиз он бечораро, масъули дастгоҳҳоро албатта зери «шатта» кашидааст.

Идомаи соур-прайз 02. Мусиқии афѓони баланд шуд, аммо Фирӯза худро гумм накард, балки рақсид. Бонуи Ҳафизова бо ҳамон хушҳолии ба худаш хос мехонд, ки: «Зи баъди мо на сарою на хона мемонад…» (кадоме аз ҳамроҳонам гуфт, ки баъди инҳо ки чизе намонад, ин қадар даводаву саҳмияхариҳои «Роѓун» ба кї лозим? Гуфтам ку бишнавем, ки давомаш чї мегӯяд ва Фирӯза садо кард, ки «…ҳамин ѓазал нишона мемонад…».

Агар суруди аввали Фирӯза танҳо оҳанги афѓонї дошт, пас таронаи дуюмаш саропо (манзур аз саропо, сарулибоси Фирӯза нест, зеро он афѓонї ҳам набуд) афѓонї буд. Бале, ҳамон «Дилам дук-дук мекна», ки фикр мекунам ниёзе ба шарҳ надорад. «Тарона»-и таҳти рақами сеи Фирӯза бо оҳанги арабї садо дод. Рақосаҳои театри «Падида» бо чолокие, ки доранд, ба камари Фирӯза рӯмоли «ҳил-ҳил» бастанд, то ларзонад (румолро). Медонед, Фирӯза бо мусиқии арабї чї хонд?

Ма, ма, ма, Фирӯза ма (яъне, ман, ман, ман Фирӯза ман! Аниқтараш чор бор ман Фирӯза-да),

Бинед ҳама рақсидану бозидани ма

(ва ростї, мо ҳам аз тамошои рақсидану бозиданаш бенасиб намондем). Фирӯза ба таъбири худаш «рақсидаву бозида» сурудашро идома дод: «Рӯзи якум меҳр, рӯзи ду муҳаббат, сею чору панҷ ниҳоли муҳаббат…» (шояд фурсат тангї карду Фируза то 9 моҳу нуҳ рӯз нашумурд, набошад мумкин ягон натиҷаи дилхоҳе ба бор меомад). Хулас, вақте то панҷ шумурд пушташро ҷониби тамошобинонаш гардонду рақсид, он чунон рақсид, ки миёнбанди «ҳил-ҳил» тоб наоварда зери пояш «титу пит» шуд, шояд гуфт, ки «хоки поят шавам, дхта». Намояндаи Афѓонистон эъ, бубахшед, Тоҷикистон қоил кард-э…

Б2) Аммо фикр мекунам агар расман эълом мешуд, ки намояндаи Афѓонистон аст, шояд беҳтар мебуд.

Дар суруди таҳти рақами чор мегуфт, ки «дилам танг аст», аммо бори аввал медидам, ки «қалбтангҳо» низ ин қадар энержї дар худ доштаанд (ин суруд тоҷикї хонда шуд, танҳо дар толор чанд ҷавонї афѓон «арѓушт» рафт). Таҳти рақами мубораки панҷ суруди дигари афѓонї иҷро шуд. «Каҷакабрӯ» (ин суруд мардона аст).  Баъди ин тарона Фирӯза Ҳафизова аз аҳли толор дархост кард, то барояш каф бикубанд ва ӯ саҳнаро тарк намояд: «я қарсак бзанен ма бравум».

А) Фикр мекунед, Фирӯза барои он 99,9 дар сади сурудҳояшро дар Кохи Борбад афѓонї ё бо мусиқии афѓонї иҷро кард, ки консерт «Бидуни марз» унвон дошт? Агар ба ин боваред, охирин диски сурудҳояшро бар ивази се сомонї бихаред.

Соур-прайз 03. Орзӯ саҳна баромад ва ба қавли худаш эълон кард, ки дар консерти имрӯз «соур-прайз»-е доранд: Ҷавод Каримї, як хонандаи афѓон ҳам меҳмони консерт аст (Бо ҳамин тарозӯи ҷониби Афѓонистон «вазн» гирифт).

Соур-прайз 04. Севинч Муъминова ҳам баробари саҳна баромаданаш нишон дод, ки аз Фирӯза кам омаданї нест (дар хондани сурудҳои афѓони не, балки дар «ҷасту хез»). Соур-прайзи ин қисмат ин буд, ки Севинч 11 суруд хонд (якам як албом). Ду тарона бо тоҷикї ҳам суруд (Дӯст медорам ва Муҳаббат).  Аввалї бо куртаи чакан (бо ду гушам шунидам, ки чанд ҷавон ҳангоми иҷрои ҳамин тарона мегуфтанд, ки «аз касе бошї аз ман бошї» ман бошам ба таъбири Орзӯ садо кардам, ки вой аз ин зебої.

Соур-прайз 05. Қисмати «равѓанин» ҳам даррасид. Аксарияти «толоракиҳо» ба хотири намояндаи Эрон (?) аз 130 то 230 сомонияшонро қурбон кардаву чипта харидорї карданд, ҳалолашон бод, аммо чї мегӯед, ки баъзеҳо билетҳои қалбакї расид.

Б) Бо 230 сомонї дар рӯзи 05.12.09 аз бозори Шоҳмансур як халтаи орд (85 С.), 5кг равѓани пахта (25 С.), 15кг картошка (23 С.), 10 кило пиёз (15 С.), 5 кг шакар (20 С.), 5 кило макарон (20 С) ва дар 38 сомони дигар (ду сомонаш хаққи тангем) пули барқ, партов ва айнасобун барои либосшӯї харидорї кардан имконпазир буд.

Идома: Орзӯ гуфт АЗ ҶУМҲУРИИ ЭРОН АФШИН ДАР ХИЗМАТИ ШУМОСТ (?!) (Ба ин соур-прайз чандаҳ ҷумла поёнтар бармегардем, аммо ҳоло аз ҳунарнамоии Афшин мегӯем: «Диге дӯстам надорї…» Вақте ин ҷумла аз пушти саҳна баланд шуд, толор «ҷумбид», ин «ҳаё-ҳуй»-у «ваѓу чиѓа» намегӯед (деворҳои Кохи Борбад гиребон нагирифтанду бас). Нафаре рӯйи саҳна шуд, ба Афшин «себи дукафон» буд, чанд ҷумла хонам нахонам боз як Афшини дигар омад, аниқтараш Афшини асосї. Ду Афшин (аввалиш ёрдамчї ё ба қавли сарояндаҳо дар микрофони дуюм будааст) тамоми аҳли толорро ба ваҷду ба рақс оварданд. Ба ибораи дигар ҳама мисли Фирӯза «бозиду рақсид». Онҳо мардумро маҷбур мекарданд, ки аз курси боло шавад, даст бардорад, хурсандї кунанд ва бо онҳо суруд хонанд (бо вуҷуди саду як таку дави онҳое, ки то Афшин баромад карданд, танҳо аз ҳамовозии гурӯҳои хурде бархурдор буданд. Хай, ин саҳнадида-да мардак. Роҳашро медонад).

А) Вақте Фирӯзаву Севинч ҳунарнамої карданд фонограмма нақши «момодоя» мебозид. Чанде аз дӯстонам гуйё бо такя ба фармони вазорати фарҳанг мегуфтанд, ки чаро «зинда» намесароянд. Гуфтам, аввал ин ки тибқи гуфтаи худи сарояндаҳо дастгоҳҳои мавҷуда дар Тоҷикистон ин қудратро надорад (Садриддин, Муин, Анди истсно-да). Дуюм ба гуфтаи худам бубинед, онҳо чї қадар ин тарафу он тараф дар «ҷастухезанд» оҳубараи кӯҳї агар ин қадар «рақс» кунад, аз ҳалокат мемонад.

Б) Аммо вақте Афшин саҳна баромад мӯй аз хамин ҷудо шуд ва рӯшан гашт, ки айб дар ош аст ё дар мош. Афшин ҳам камтар аз дуи аввал (Ҷавод Каримї бо вуҷуди «ритми тез»-и мусиқияш қариб беҳаракат буд) «рақсу бозї» накард, балки шояд зиёдтар, аммо дар ин баробар «зинда» сароид. (#)

Реклама

комментариев 5 to “* СОУР-ПРАЙЗ ВА рекорди нави консерти «Борбад»”

  1. Шохписанд said

    Салом Махбуб! Мехостам кайд намоям, ки хунармандон модоме, ки дар сахнахои калон байни мардум хунарнамои мекунанд, бояд ба тарзи гуфтору рафтори худ эътибори чидди диханд. Зеро онхо ба кавле «намуна» хастанд. Агар инчо мо соатхо руи арвоки сафед хуруфчуни намоему «камбуди» -хои эшонро бигуем, аммо худи санъаткорон инро нодида гиранд, пас вой бар холи он санъаткорон!!!

    • MAHBUB-TJ said

      Шохписанди азиз, хело хуб гуфтед. Мавзуе низ дар мавриди суханрониву сухбатороии сарояндагон дорем.
      Фикр намекунам, ки ин хама навиштахо ба овозхонхои мо бетаъсир бошад. Медонам, ки онхо дар мавриди хар як навиштае, ки номашон аккалан як бор зикр шудааст хабар меёбанд. Бовар низ дорам, ки дар наздиктарин фурсат дар бисёр самтхо аллакай тагиротхое ба миён меоянд, зеро мушохида мешавад, ки ахиран ин мавзуъ низ дар катори мавзуъхои «дог» карор гирифтааст ва атрофаш зиёд мегуянд. ба хар сурат ба ояндаи хуб умед мебандем.

  2. Бахтиёр said

    Чанд бор аст ботакрор мехонам…
    Бо як тарзе навиштед, ки намедони хайрон шави ё хандон…

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

 
%d такие блоггеры, как: