MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

* Наву кӯҳнаҳои ШОУ-БИЗИ тоҷик

Posted by MAHBUB-TJ на 29.12.2009

СЕ БОР ТАВАҶҶУҲ!!!
DUSHANBE-WOOD бидуни ҳамшарикии HOLLYWOODBOLLYWOOD метақдимадатон!
Толори дили хонандагони ин торнигор
Шоу-Маҳфили олуда бо барфи зарофат бо ширкати пешқадамони эстрадаи Тоҷик!
Толеъномаи як соли ахиру як соли баъди олами Шоу Бизи тоҷик аз нигоҳи «Ситораи эстрадашиносон».
Исми Бобои барфӣ ва наберааш дар охир ошкор мешавад.
Замон ва макони баргузорӣ: Ҳамин ҷо, ҳамин соату ҳамин дам.


Муҳаммадрофеи Кароматулло тасмим гирифта, ки  аз соли нав бад-он сӯ дар реҷаи таомхӯрияш таѓйирот ворид созад. Дар ин бора донишмандони мусиқашинос баъди таҳқиқи дурударози суруди «Масти нозї» хабар додаанд. Гуфта мешавад, ҳамакнун Муҳамадрофеъ қасди «диета» дошта, субҳ, нисфирӯз ва бегоҳї бо ду бӯсаи обдори ёраш қаноат мекунад. Аммо сарчашмаи илҳоми Сӯҳроб Отаев бошад, баръакс ҳамоно «оши палов» боқї мемондааст. Ҳолдонҳо мегӯянд, дар соли 2010 дар «ошхона»-и илҳоми Сӯхроб таронаҳои шунидание аз қабили «Тухмбирёнҷон» ва «Ордоби ҷӯш»-ро низ интизор шудан мебояд. Дар «дисерт» чойи кааааб-кабуди 95 ваъда мешавад. Наконец-то баъди тамосҳои зиёди Валиҷон Азизов ба телефони дастии Гулпарї аз он сӯйи гушї «муштарии машѓул аст»-ро намешунавад. Ба ин муносибат дар назар аст, ки Валиҷон консерти хайрияе бо номи «Ошиқбачаҳои Тоҷикистон» таъсис бидиҳад. Дар ин консерти баъдисолинавї вуруди тамоми ҷавонони ошиқи тоҷик бо маъшуқаҳояшон ройгон хоҳад буд. Дилбари Самад Ѓанї ҳам билохира дар охирин рӯзҳои соли кӯҳан фикри «ҷони афгор»-и ӯро мекунаду бе «ноз» пешаш меояд ва Самад «гап»-и доштаашро мегӯяд,  «умедашро аз бӯсаи лаб» бароварда мекунад. Як сенсатсия: Фарзонаи Хуршед бо имиҷи тамоман дигар вориди саҳна мешавад. Ин бонуи зебо аз якуми январ сар карда дигар таронаҳои эрониро копї намекардааст, балки мисли сурудҳои «намакин»-и «Ёр биё-ёр биё»-аш таронаҳои «ноб» месурудааст. Сабаби аслии ин тасмими Фарзонабонуро омадани ёраш маънидод мекунанд, ки баъдан суруди «Вой ёракум омад»-ро тавлид кард. «Ситораи эстрадашиносон» ҳамчунин пешгӯйи мекунанд, ки бо шарофати суруди «Муҳоҷирбача»Баҳрому Ѓаффурї то Наврӯз теъдоди зиёде аз ҳамватанони мо ба Тоҷикистон меоянд. Гузашта аз ин баъди муваффаққият дар Амрико Баҳром мехоста, ки тамоми маблаѓи як консерташро дар Кохи Борбад ба НБО Роѓун бубахшад. Онҳое, ки ба таѓиротҳои бозори Шоу Бизи тоҷик бетафовут нестанд, ба хуби дар ёд доранд, ки баъди клипи «Назира» Меҳрубони Равшан «баҳор-вақти деҳқонї» ба аристон афтид. Мегӯянд, ҳунари «маҳбасгурези»-и ӯ дар ин клип муаллифи филми «Побег из тюрми»-ро дар ҳайрат гузоштааст. Пол Шоуринг ният кардааст, ҳамин ки буҳрони молиявї бартараф шуд, Меҳрубонро барои нақшофарї дар қисмати шашуми «Побег из тюрми» даъват мекунад. Тибқи миш-мишҳо чанд муддат аз саҳна дур будани Манижа Давлатова ба омодагияш ҷиҳати иҷрои нақше дар филми се соатаи ҳиндуи будааст. Овозаҳое ҳастанд, ки Манижа бо даъвати студияи «Шанкар интернешнл» бо Шоҳрух Хон нақш меофарад. Ба филми ҳиндуи даъват шудани Манижа хело ҷолиб будааст. Дар сӯҳбати виртуалие тариқи agent-mail.ru Манижа суруди машҳури «Маро мешиносї, ҳамонам ҳамонам»-ро мехонад. Коргардони ҳинду ҷавоб мегӯяд, ки «номи уро шунидам, аммо туро надидам». Хулоса ин аст, ки Манижа мегӯяд, «Биё лаби об равем, дар шаби моҳтоб равем»
Пизишкон мегӯянд, баъди тавлиди суруди Парвиз Назаров«Чарх бизан» теъдоди «сарчархзадаҳо» он қадар афзудааст, ки дар беморхонаҳо катҳои холї намерасад. Гуфта мешавад, духтурон дар таррадуди пайдо кардани «ваксина»-и «античархгардак»-анд. Худо қувваташон диҳад!
Акнун финали маҳфил. Бобои Барфи ва набераи ӯро аз ҳисоби онҳое интихоб кардем, ки соли 2009 бештар аз дигорон номашон гирифта шуд. Ҷонибек Муродов бо либосҳои Бобои Барфї халта сари китф мебоист то шаби соли нав чанд таронаи нави худро таҳия мекард, аммо то пушти дари хонаи барфак расид, ки шаб шуд, шаб шуду «маст» шуд. Баъдан маълум мешавад, ки дохили халтаи барои Бобои барфї интихобшуда ду шиша «Меҳри гиёҳ»-у як шиша «Таджикскый стандарт» будааст, ки мутаасифона мӯҳлати стандарташ соли 2008 гузашта будааст. Таври маълум одамони маст баъзан чизи аз пешашон омадаро мешикананд, аммо хушбахтона Ҷонибек танҳо «зї мастї шишаи ѓамро шикастааст»-у бас. Мегӯянд, шояд то субҳи соли нав касе аз ин қисса огаҳї намеёфт, агар худи Ҷонибек суруди «Ман ин шов, масти мастам»-ро намесуруд. «Барфак» кайҳо либосҳои солинавияшро пӯшида мунтазири Бобои Барфї менишасту зери лаб зам-зама мекард, ки «биё, ки брем боѓ», «ҳамон боѓ, ки Лайли хона дораду Маҷнун хайма дорад», бехабар аз он ки ҳоло хаймаи Маҷнун таги подъез шудааст. Соат аз вақти муқараршуда мегузарад, вале ҳамоно «зи Маҷнун асаре не». Аз тирезаи ошёнаи панҷум нигоҳ мекунад, ки Бобои Барфї рӯйи хараки пеши гузаргоҳ каҷпаҳлӯ задааст ва осемасар поин мешавад. То ошёнаи якум мерасад, ки Наҷим ҳам меояд, хулоса се нафара «қарсак зада сӯйи Панҷшер» мераванд. Мунтазир бошед, ки ба зудї бо оҳангҳои тоза баргашта меоянд…

Ин охирин сӯҳбати мо дар гӯшаи Шоу-Бизи Тоҷик буд (дар соли 2009 албатта). Аз ин хотир каме дуртар аз воқеият будем. Ба ин боварем, ки ин ҳама бойиси малоли хотири кадоме аз хонандаҳои эстрадаи тоҷик намешавад. Зеро соли навро бояд бо табассум пешвоз гирифт. Қисме аз навиштаҳои боло шухие беш набуданд, қисмеаш фонтастика ва аммо ба амалї шудани нуктаҳое аз ин гуфтаҳо умедвор ҳам мешавем. Боқї бо умеди соҳиб шудани тамоми толорҳои консертии Тоҷикистон бо муосиртарин таҷҳизоти хонандагї, аз сурудҳои «по дар ҳаво» парҳез кардани сарояндаҳо ва дар сатҳи байналмилал муаррифї шудани мусиқии соф тоҷикї дар соли 2010 СОЛИ НАВИ ҳамаатон МУРАК БОШАДЕ!!!

Реклама

комментария 2 to “* Наву кӯҳнаҳои ШОУ-БИЗИ тоҷик”

  1. bayodgor said

    Дар навиштани матнхои тафрехи хеле калами хуб дори, бародари гироми. Ин тавсифро бе тамаллук мегуям.
    Дар тасвири хунурмандони бехунар хам хеле мохир хасти. Аммо мутаассифам, ки то хол надидаам, нафаре аз ин бехунаронро баъд аз гуфтахои ту ислох шуда бошанд…
    Ба умеди ислохи эшон, каламат шикаста мабод!

    • MAHBUB-TJ said

      Дуруди гарму самими! Дусти гироми, минатпазирам, ки вакт ёфтаву ба ин торнигор саре андохтед. Дар мавриди ислох шудан ё нашудани овозхонхо фикр мекунам, ин равандест, ки ба якбораги ва на дар як рузу ду руз ва на бо нигоштахои як нафару ду нафар тагйир мепазирад. То чое, ки ман вокифам, теъдоди хело ками сарояндахое хастанд, ки аз чи будани интернету торнигору вокуниш огахи доранд. Аксари онхо таклидро ба маънии тахкир мефахманд, ки мушкили раками яки онхост. Аз суйи дигар холо дар мо фарханги вокуниши озод ва пазироиши камбудихо шакл нагирифтааст. Аммо ман бовар дорам, ки дар наздиктарин фурсат равандхои махуфи эстрадаи точик ба охистаги аз миён мераванд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

 
%d такие блоггеры, как: