MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

* Эрониҳои Амрико эронӣ нестанд?

Posted by MAHBUB-TJ на 04.01.2010

Дар Тоҷикистон аксаран мусиқии эронӣ гуфта мусиқии ба истилоҳ лос-анҷелосиро мешиносанд. Намояндаи Эрон гуфта дар консертҳо онҳое муаррифӣ мешаванд, ки ё зодаи Амрикову Аврупоянд ва ё баъди пирӯзии инқилоби исломӣ хоки ин давлатро тарк гуфтаанд. Сафорати Эронро бошад гуйё ин ҳолат нигарон кардааст ва ҳатто чанд сол қабл бо ирсоли мактубе аз журналистон дархост кард, то ин хонандаҳоро «эронӣ» муаррифӣ насозанд. Аммо худи сафорат барои муаррифии мусиқии ҷоиз дар Эрон иқдоми ҷиддие накардааст, балки интизори даъватномаҳои расмии вазорати фарҳанг ба ҷашни фалак ва ғ. ҳ. аст…

Дар чанд моҳи ахир бо ширкати хонандаҳои эронизабону эронитабори Амрико дар Душанбе баргузор кардани консерт «мӯд» шуд. Охирин меҳмони Кохи Борбад Афшин буд. Қабл аз ӯ Муини саршиносу Лайло, Андиву Мансур… Санаи бистуми моҳи равон бошад, чанд овозхони дигар ҳамроҳи ҳампешагони тоҷику афѓонашон консерт медиҳанд. Ин раванд иқдоми хуб ва боиси дастгирист. Чеҳраи онҳоеро, ки солҳо аз тариқи ТВ тамошо мекардем, акнун дар Тоҷикистон мебинем. Масалан, дар хурдї ҳамеша фикр мекардам, вақте муъҷизае мешаваду Амрико меравам ҳатман Андї суроѓ мекунам… Мақсад аз сӯҳбат сари ин мавзӯъ шумориши теъдоди хонандаҳои эронизабони меҳмони Душанбе нест. Шеваи муаррифии онҳову мусиқии онҳо дар меҳвари гуфтугӯ хоҳад буд.

«Аз ҷумҳурии Эрон Афшин дар хизмати мост!» (ин ҷумла иқтибосе аз матлаби гузашта аст, ки дар консерти рузи 5.12.09 изҳор шуд). Дар мантиқ шарҳи ин ҷумла ба ин маънист, ки хонанда расман аз ҷумҳурии исломии Эрон намояндагї мекунад. Дар таблу ва «роликҳо»-и таблиѓоти низ зада ба ҳамин чиз дода мешавад, масалан: «5-уми декабр. Кохи Борбад. Консерти «Бидуни марз». Тоҷикистон-Фирӯза Ҳафизова, Узбекистон-Севинч Муминова, Эрон-Афшин». Шояд мегӯед баъд чї? Дуруст чизе не, аммо ин шева ба сафорати ҶИЭ хуш намеояд. Дар ин робита Сафоратхонаи мазкур (қабл аз сафирии Шеърдӯст) аз тамоми рӯзноманигорон даъват карда буд, то аз хонандаҳое, ки берун аз марзи давлати исломиянду иҷозаи вуруд ба ҳудуди онро надоранд, ба ҳайси намояндаи Эрон ном набаранд. Дар тамосе бо ин сафоратхона посух гирифтем, ки бо гузашти чанд сол ҳоло низ мавқеи сафоратхона таѓйир нахӯрдааст. Ҷаноби Ширхонї, вобастаи фарҳангии сафорат мегӯяд, сабки хонандагии ин афрод қобили қабули давлати исломї нест ва онҳоро ба унвони хонандаи эронӣ ҳам намедонд. Як масъули созмони консерти рӯзи 5-декабр гуфт, ин хоҳиши худи хонандаҳост, ки онҳоро эронї ё намояндаи Эрон муаррифӣ кунанд. Бояд гуфт, баъди пирӯзӣ пешвоёни инқилоби исломӣ барои онҳое, ки низоми исломиро қабул надоранд, имкон дод то ба таври ройгон аз роҳи заминиву фазої хоки кишварро тарк намоянд. Дар қатори афроди дигар хонандаҳо низ аз марзи Эрон берун шуданд. Аксари онҳо ба давлатҳои Ғарб кӯч бастанд ва муқими Амрикову Аврупоянд. Дуруст аст, ки шояд эрониҳое, ки баъди инқилоби исломӣ Ватанро тарк карданд зиёдтар аз маскунини феълӣ Эронро дӯст доранд. Таронаҳои зиёде низ доранд. Ҳатто вақте тими миллии фуутболи Эрон ба Ҷоми Ҷаҳон роҳхат мегирад, таронаҳои «варзишї» суруда мешаванду клипҳо таҳия мешаванд.

Мусиқиеро, ки имрӯз дар Тоҷикистон ба ҳайси мусиқии эронӣ мешиносем, мусиқии лос-анҷелосӣ мегӯянд, ки аз омехтаи мусиқии шарқу ғарб ба вуҷуд омадааст. Аслиддин Низомов, ректори Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо  Турсунзода дар ҳамоиши «Мусиқии миллии тоҷикӣ ва эронӣ: решаҳо ва ҳамсониҳо» дар шаҳри Душанбе гуфт, ҳамарӯза дар фазои фарҳангии Тоҷикистон садхо суруди ба ном эронӣ паҳн мешавад, ки ба мусиқии Эрон робитае надоранд. Пас, мусиқии асили эронӣ кадом асту чаро дар бораи он қариб чизе намедонем? Ва гузашта аз ин вақте сафорат намехоҳад, хонандаҳои эронизабону эронитабори Ѓарб намояндаи Эрон шиносої шаванд, барои муаррифии мусиқии суннатї чї коре анҷом додаанд? Ба назар мерасад, ки кори назаррасе накардаанд. Ба қавли вобастаи фарҳангии сафоратхонаи ҶИЭ дар Тоҷикистон- оѓои Ширхонӣ ҳар вақт ки аз сӯйи вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар робита ба ширкат дар маҳофили фарҳангиву мусиқї даъват шудаанд, бо он мусиқии ба мавриди назарашон иштирокчии он буданд. Аммо метавон танҳо бо интизории даъватномаҳо мусиқии асилро муаррифї сохт ва пеши сели таронаҳои «лос-анҷелосї»-ро гирифт? Ба назари ман ҳаргиз на! Вақте вобаста ба ин масъала бо як масъули Ройзании фарҳангии ҶИЭ сӯҳбат доштам гуфт, онҳо омодаанд, дар сурати пешниҳоди созмондиҳандагони консертҳо хонандаҳои эрониеро тавсия кунанд, ки аз мусиқии суннатии Эронї пуштибонанд ва дар хоки давлати исломї ба Сар мебаранд. Инҷо суоле посух мехоҳад, ки ин консертҳо метавонанд хароҷоти худро мепӯшонанд ва ба созмондиҳандагон фоида биёранд? НЕ! Зеро ин сарояндаҳоро касе намешиносад, чунки муаррифї нашудаанд.

Яке аз намунаи олии мусиқии суннатии эрониро метавон аз маҷмуи таронаҳои «гумшуда» шунид. Мусиқии клосик, ки гумон мекунед бо созҳои ҳинду омезиш хӯрдаанд. Ё агар касе дар охирин рӯзи Фестивал-симпозиуми «Фалак» (авали мохи октябри соли 2009) ширкат дошт, аз мусиқии асили эронї баҳра бардошт. Ҳайати панҷнафараи навозандаву овозхонҳо бо сарварии Муртазо Бударзӣ ҳунарнамоӣ карданд.

Ва гузашта аз ҳамаи ин бархеҳо мегӯянд, мусиқие, ки имрӯз лос-анҷелосї мегӯяндаш, қабл аз инқилоби исломӣ ҳам дар Эрон фаровон истифода мешуд. Шояд, муҳтарам фарҳангшиносону масъулини сафорат ба ин чиз посух мегӯянд. (#)

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

 
%d такие блоггеры, как: