MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

* Заифнолии сарояндаҳои тоҷик ва шофбурутҳои афғонӣ

Posted by MAHBUB-TJ на 12.01.2010

Аллакай, дар Тоҷикистон раванди клип-трагедияро намешавад ба ниҳоли дар ҳоли сабзиш шабеҳ кард, зеро он дарахте шудааст, ки патакрешааш ба рагу хуну пӯсти ҳофизону коргардонҳо чуқур давидаст. Сарояндамардакҳои тоҷик дар клипҳояшон худро ғуломи ҷафокашидаи ишқ ва назди тақдир ҳақиру нотавон нишон медиҳанд. Гӯиё онҳо бечоратарин табақаи ҷомеаи моянд, на нафақахӯрони танҳо (бо 60 сомонии нафақа) ва ё тамизкорони пойтахт (кӯчарубакҳо, ки соати 3-и шаб бо калӯши дарида, пӯчоқи «семичка» мерӯбанд…).

Нофи тамоми new-сарояндаҳои моро бо қайчии, ба қавле, «кидат(ь)» буридаанд. Баъди тамошои силсилаклипҳои тоҷикӣ хулосаи ман ҳамин шуд. Қариб ҳамагӣ объекти ҳамин «кидат» будаанд, ё шудаанд. Бо сабабҳои мухталиф арӯсҳояшон таркашон мекунанд: онҳоро кашида мегиранд; худашон бо дигарон мераванд; падару модарашон розигии тӯй намедиҳанд ва ғ. Як дӯстам низ рӯзе гуфт, ки ҳамин ҳофизҳои мо чӣ «балое» доранд, нотавонанд-чиян? Батолеътаринашонро бошад, гуйё чашми бобои Мухтор (шоҳидони айниву ғайни қисса мекунанд, ки чашмаш харсангро дукафон мекардааст) мегирад, ки дар охири клип арӯсашонро мошин мезанад. Касе ба ин шубҳа дорад, чанд лаҳзаяке худро ҳамроҳи мо ба уқёнуси клип-трагедияҳои тоҷик партояд.


Валиҷон АЗИЗОВ на танҳо дар рейтинги «кидатшудаҳо» садрнишин аст, балки бо клип-сериали «Саргузашти ишқ»-аш рекорд гузошта, Меҳрубони Равшанро (сил-сила аз клипи «Таманно») ба як зина поин бурд. Қисми аввали клип-сериали Валиҷон «Парешонам» ном дорад ва филмҳои ҳиндуро ба ёд меорад. Дақиқтар, ду кӯдаки тахмин панҷ-шашсолае, ки дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекунанд, ба ҳамдигар ончунон бо меҳр менигаранд, ки ба қавле ҷаззобияти қиссаи Лайливу Маҷнун ба «сифр» баробар мешавад. Солҳо мегузараду падари духтар ба қавле калӯшҳои хостгорҳои ҷавонро бо иллати «камбағалияш» «пеши по мегузорад»-у духтарро ба «бойбачае» медиҳад. Пеш аз тӯй ба Валиҷони ошиқи «парешону аз моҳруи гулрухсораш дур, ки раҳми касе ба ӯ намеомадааст» забони гов барин даъватнома меоранд… (давом дорад)

Дар клипи Амирхони НАЗАР, ки бар таронаи «Эй ишқи ман» сохта шудааст, «занаш» дору хӯрдаву худро мекушад. Дар клипи «Гулсанам»-и ҳофизи гумном (номашро бо микроскоп кофта наёфтам), ҷавони харсавори қишлоқие аз сари похсадевор духтареро, ба қавли ҷавонон, «движени» мекунад. Аз таҳдиди модари духтар ҳаросида гурехтани мешавад, аммо хараш «гапнофармоӣ» мекунад. Модари духтар, кампири тахмин 65-солае, ки базӯр роҳ мегардад, қариб сад метр роҳро тай карда, аз даруни ҳавлии васеъ ба пушти бом мебарояду ҷавонро ҷорӯбшап мекунад. (О, ғайрату қуввати кашидани як харро надорӣ, куҷо «движени» меравӣ? (тақрибан, суханони кампир, ки на ҳар кас мешунавад) Дарду алами Саидакбар ИСМОИЛОВРО нагӯед. «Азизакам, ҷудоӣ байни мо шуд». Он қадар ғаму ғусса дар ин суруд нуҳуфтааст, ки ногуфтанӣ. «Ту рафтиву ба кунҷи хона танҳо… Вафо кардам ба ҷойи ҳар ҷафоят… ва ғайраҳо аз китоби «шикоятнома»-и Саидакбаранд (айнан ҳамин мазмунро Остони Азиз ҳам мехонад).

Ва серияи дуюми клипи Валиҷон АЗИЗОВ. Ин қисмат «Арӯсӣ» ном дорад. Ҷавон баъди гирифтани даъватнома худро ба БАР мезанаду ҳай менӯшаде… Духтарро арӯс кардаву аз хонаи оташ «бурор-буроруш» мекунанд ва дар хонаи шӯйи «бояш» «дарор-дароруш…». Собиқ ошиқу маъшуқҳо боре дар супермаркет «рӯ ба рӯ» мезананд. Валиҷон бо аробачааш дар ҳамон супермаркет, ба қавли бибим, «дум-думи» духтарак хуб мегардад. Шавҳар ба духтар рӯзи хуш нишон намедиҳад. Хӯрокашро намехӯрад, мезанадаш… Рӯзе духтар мефаҳмад, ки шавҳараш нашъаманд аст ва аз алам худро ба кӯча мезанад. Аз роҳи калон гузаштанӣ мешавад. Пешонии шӯри ҷавони ошиқро бинед, ки бо мошин аз ҳамон роҳ мегузашту хаёлаш парешон духтарро мезанад. Духтарро дар беморхона ҷон медиҳад. Валиҷон дар маҳбас… (идома дорад). Маҳбас гуфтему ҷойи дуюми рейтинг ба хотир расид. Меҳрубони РАВШАН анқариб як клип пас зиндонӣ мешавад. Гоҳе арӯсашро акаҳояш мепаронанду ба гардани ин «бечора» бор мекунанд ва гоҳи дигар… Дар суруди «Бимон бо ман» Анвар АХМЕДОВ он чунон бо алам мехонад, ки гӯиё ҳамин лаҳза ё дақиқае пас дунё ба охир мерасида бошад. Дар оғози клип духтар назди ҷавон омада мегӯяд, ки онҳо бо ҳам буда наметавонанд, зеро волидонаш зиданд ва меафзояд, ки ӯро бубахшад. Аммо Сафаралӣ НАИМЗОД ҳамаро «ҷазир» кард. Агар касе ин ҳофизро надидааст, кӯтоҳакак мегӯям, ки ҷавонест бузбала, яъне агар кӯҳро занад, талқон мекунад. Дар клипаш мебинад, ки ҷавони харобаке бо арӯсаш дастобагардан «айшу ишрат» дорад. Хирсак-тӯҳфаи барои арӯсаш харидаро мепартояду духтарро як шаппотӣ мезанад. Он «харобак» як мушт занам-назанам, ин бузбала он чунон дароз мекашад, ки… ва бо лабу даҳони хуншор ба хонааш меравад. (Ба Худо, ки садқаи ин тану тӯш шавӣ).

Интизории мо дер накашид ва расидем ба серияи охирини «Саргузашти ишқ» ё клип-сериали Валиҷон. Қисми сеюм дар пояи суруди «Азизи ман» клип шудааст. Валиҷон мехонад: «чаро ёдам наорӣ азизи ман». Бале, бале аз духтаре, ки зада кушта аст, шиква мекунад, ки ёдаш намеорад. «Ба дил меҳре надорӣ, азизи ман». Маро бубахшеду лекин ба ҷое, ки ӯ рафт дигар омадан имконнопазир аст, аммо ҷеғ заданаш мумкин ва агар «ба дил меҳр ҳам кунад», мисли даъватномаи тӯяш танҳо даъватнома фиристода метавонад. Сироҷиддин. Сил-силаи «Ту рафти олами ҳастӣ дигар шуд» аз дастурхони «кидатшавиҳо» ғизо медиҳад. Гурӯҳи Сайф. Клипи «Бевафо ёр». Ин писаракро арӯсаш ба қавле «в натуре» кидат мекунад, «аҳду паймони дилашро мешиканад». Кӯтаҳи гап ин ки арӯсаш бо маъшуқи духтураш маслиҳат мекунанд. Духтарро гуйё дарди «ҷон» мегираду ба беморхонааш меоранд. «Табиб» 3000 доллар талаб мекунад. Писари ошиқ мошинашро фурӯхта пулро меорад. Он ду пулро гирифта фурӯдгоҳ мераванду… (Ҳалолашон бод)! Хуллас, ҳама сар то по олудаи андоваи «кидатанд». Ва ана ҳамин вақте ки ҳама ҳофизҳои тоҷик ҳақирона аз фиребу ғаму андӯҳу ғусса мегӯянд, Ҷавод (Jawad)-у Заби ИСТОЛИФӣ (Zabi Istolifi)-и афғон бо Фирӯза ҲАФИЗОВА аз зиндагишон «то таки гулӯ» розӣ мехонанд, ки «ма, ки ёр мегирам, духтари тоҷЕк», Наҷим (Najim, афғон) бо Шабнами СУРАЙЁ «маза мета»-ву хушбурути дигаре аз ҳамватанони онҳо-Вакили АХТАРӣ (Vakili Akhtari) ба Райҳона РАҲИМОВА ҷасурона мегӯяд, «ман дил ба ту додаму қаноат кардам». Ва ин бонувон ҳам бо чеҳраи кушодаву розӣ яке «қарсакзанон сӯйи Панҷшер» мераваду дигарӣ «бачаи Кобулро ёр мегирад» ва сеюмӣ «қоилу моили» ӯ мешавад. (#)

Реклама

комментариев 7 to “* Заифнолии сарояндаҳои тоҷик ва шофбурутҳои афғонӣ”

  1. Илхом said

    Оличаноб! Хеле хандидам. Хеле дакик дарёфтаед. Хаста набошед бародар.

  2. Равшан said

    Бо салом. Хеле оли!
    Бародари азиз, мавод менависам гуфта якта намонда хамаи хамин фачу лача тамошо мекуни ба фикрам. Офарин ба асабхои ту.
    Худо кунад, ки натича ба даст ояд ва ба максадат раси. Иншооллох!
    Ман хам як вакт пайгири хамин мавзуъ (бахусус раксхои баданнамо дар клипу консертхо) будам, аммо……….. «Эй вой ба гуши кар зани танбуре»

    • MAHBUB-TJ said

      Равшани гироми, дуруд. Бале, то кадри имкон мекушам аз тамоми навиди ба ном «ШОУ Бизнес»-и Точик огах бошам. Намехохам мавзуи пайгирифтаам бе далел ва хому хушк бошад. Дустам, ба ин ки гуфтаед, навиштахо дар ин маврид «накоранавози бар гуши кар»-ро мемонад, рози шуда наметавонам. Шояд дар назари аввал чунин хам намояд, аммо бовар дорам, ба охистаги вазъ тагир мехурад. Охири ин рох пирузи аст ва дар хеч шароиту вазъияте набояд пас гашт. Бовар дорам, дигарбора пайгири мавзуъ хохед шуд. Мо хатман муваффак мешавем, иншоонлох. Боки Худованд мададгоратон.

  3. AVRUPOI said

    SALOM AEIKM BARODAROVU XOHARO….INSHOLLOH HAMAKASA XUB BOSHEM…
    BARODARO CHI DARKORAI AMITARI GAPO???OHI SATKATON SHAM AMU SANATKOR AGAR NAKNA BSHINA AMUTA MEGEN NAKAD SHISHT BO BKNA MEGEN E KAJALA KAD….OHI HAR XE KAD NAKAD OHI KADAI KU AMU MARDAK OHI CHI BO MESHINE TOJIKI XTONA PRIKOL MEKNE??????SHMO YA LAHZA AKALAN FIKRKNE YA SEKUND BA URUSI KI AMU MARDAK YATASH AI TAI YA KUHI CHUM KJO BROMADAGI BADI PODABONI SANATA DAST GIRIFTAI OHI ZAHMAT KASHIDAI RAFTAI FARZ KNEM AMERIKA YO ANGLIA YO GERMANIA YO IJA YO UJA ZAHMAT KASHIDAI IKA XARJ KADAI IKA ENERGIA SARF KADAI HAMASH BO MAILA BO ZANU GUDAKSHA DA TOJIKISTON PARTOFTAI KI BAROI HAR YA PADARU HAR YA SHAVHAR AI XONADON DUR BDAN UKA XUSH NEST BA FIKRM MERAVAN AMITA JON MEKANAN MEKNANSH BUDSH MEKNAN MEBRORANSH SHMO MEXEZE ITARISHON MEGE OHI SHMO OKILTAR BOSHEN IDEYOI RUSHANTAR DOSHTABOSHEN BREN OHI YA BEHTAR BROREN AI IJA SHISHTANU LINGI URAV LINGI IRA XOIDANA HAR XEL KAD NAKAD OHI TOJIKI XDT KAD T FAXR KN BGU KAD TOJIK YO BRA AI UDA ZUR KN GAP NAZAN BRA T MAIKL JEKSON VORE NOMI SHA YO MASHHUR SHA BA MONANDI ELTON JOHN:::SATKATON SHAM DAGDAGOTON CHUM CHITARIAI NEKE BA FIKRM ITA ZURI ZUR BZANEN BEGARZI GUZ HICHI AI DRUNTON NMEBROYA BO MESHINE YADIGARTA IJA PAST ZADA MA DONO T NODON ::::DA KJOI ODAMGARIVU DA KJOI TOJIKI I ROST MEOYA???MILATI TOJIKDA NAMEZEBA OHI :::SHMO MEDROEN I TOJIKT U TOJIKTA PRIKOL MEKNEN DA YAGON SAIT BAD MIXAIL GALUSTYAN MEBINA MEGA E I TOJIKO NEKE XDSHON XDSHONA PRIKOL MEKAIAN ZNACHET BESOHIBAN BAD MEBRORAN NASHA RUSSIARA TOJIKORA PRIKOL MEKNAN MEGAN ZNACHET MOJNA BDAI MODAM…..NAKADAN KU UNA DOGISTONIORA PRIKOL KNAN YO GRUZINORA YO ARMIYANOI XDSHONA YO UZBAKORA NAKADAN IMENO TOJIKORA KADAN BAROI KI MEBINAN KI SHMO AMITA RAFTOR MEKNE BA YADIGART ….AI DASTAI GAIBATOI SHMORA AMU MUHOJIROI MARDIKORO TARK KADAGIAN AMU VATANA DUR AI PADARU MODARSHON DA AMU AHVOLOAN KI SHMO PAGA NAXANDEN KI E UNA SOHIB NASHID XONAVODASHA YO YAGON KORI BEZEB KAD …MERAVAN DA AMU HOLATO MEGARDAN BAD PRIKOLSHON MEKNAN…..ITA DRUJNI BOSHEM OHI KI YA GAPMON MEGA???????XAI GAP BISYORU BO USUSH AK HAR KARA BA KADRI INSOFU NOMUSSHAI:::::NEKE XUB NEST NAKNE ITA BA JOI YA TASHVIK KADANU YA DASTGIRI AU YA SAROYANDA MEBRORA YA BAID PRIKOLSH MEKNE DIGA DILSH XNK MESHA MUMKIN BADI U BAID YAGON IDEAI ZURTAR DORA DIGA NAMEBRORA… OHI SHMORA SATKAI ZAHMATI MA KNA…..BARORI KOR HAMATONDA FALONI AI FALON JO!!!!

  4. Follower said

    Маҳбуб, бояд лооооооооооооооооооооооооооооооооол-ро дар зери ин матлаб менавиштаам, аз хандая клет шудум кароче. Супер, брат, ҳаму линкоҳошона аз ютюб ҳам илова кунед, ва чунин стили навиштанро низ идома бидиҳед, браво, офарин!

  5. Daler said

    Bravo . Hele oli !

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

 
%d такие блоггеры, как: