MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

* «ШОҲБАЙТ»-ҳои эстрадаи тоҷик

Posted by MAHBUB-TJ на 27.03.2010

Биё, ёрам, дилам менолад,
Биё, ҷонам, дилаТ менолад.
Ёд кардӣ маро дар дилат,
Медонам ман, медонам.


Ал ваъдаву дайн. Пештар ба дунболи мазмуни хароби сурудҳову номувофиқатии нақорот бо рубоиҳои онҳо гуфтам, ки ба ин мавзўъ ҳатман бармегардам ва на як бору ду бор. Дар хоки Шоу-Бизи тоҷик маҳз решаи ҳамин қисмат чуқур рафтааст ва дар муқоиса бо паҳлўҳои дигар, агар онро ба об шабеҳ созем, уқёнуси оромро мемонад дар баробари кўли маъруф ба Комсомоли шаҳри Душанбе.
Ин навбат аз кулбори сарояндаҳои на он қадар «имҷнок» ё «ситораҳои осмони сеюм» тўҳфаи наврўзӣ мегирем.

«Шоҳмисра»-ҳои боло ба Насиба Қаюмова мутаалиқ аст. Овозхоне аз шимоли мамлакат, ки бо ҳамовозии бонуи дигаре суруди «Биё, ёрам» мехонад. Чун сўҳбати имрўзро бо бисмиллоҳ аз он сўйи ағбаи «Анзоб» шурўъ кардем, меҳмони боз чанд овозхони дигари ин минтақа мешавем. Аниқтараш, рейтинги «бемазатарин» таронаҳои сарояндаҳои вилояти Суғдро пешниҳод мекунем (осуда бошед, минтақаҳои дигар фаромўш нашудаанд, фурсати дигари сӯҳбат перомуни онҳо хоҳем гуфт). Феҳрасти мазкур бе ҳеч рақамгузорӣ манзур мешавад, зеро дар «тарозу»-и мантиқ «баробарвазнанд».
Гурўҳи «Билол» дар суруди «Ёри нағзакак»-и шеъри халқӣ рубоӣ эҷод кардааст ба ин мазмун:

Эй Худоё, чӣ шуд бар ман,
Ки ман имрўз ошиқам.
Дилам меларзад аз ишқи ту,
Ки ман имрӯз ошиқам.

ва баъди нақорот ё авҷи суруд, ки мегӯяд «ёри нағзакак» дораду «номакша намедонад» ва агар номашро фаҳмад, «дил канда наметонад» идома медиҳад:

Ашк мечакад аз чашмам,
Хун мерезад аз дилам.
Дил реш-реш аз нигоҳи ту,
Ки ман имрўз ошиқам.

Гурўҳи «Аср» ҳам «шедевр»-е дорад: таронаи «Лола». Таваҷҷӯҳ, ки ин «шербачаҳо» чӣ мехонанд:

Лола, лола, ҳай лола,
Ошиқ шудам дубора.
Охир, биё ба наздам,
Шудам ман бемора.

Саросема нашавед, ҳоло барои гиребонгирӣ (бо қасди тавба кардан) вақт ҳаст. Ин «суруд» давом дорад ва баъди он ки идомаашро мехонед, ба қавли журналисте «ҳар кор, ки мекунед раво аст». Маслиҳатҳо пухт? Рафтем:

Биё, ба сӯйи ман назар кун,
Ба сўям назар кун, дўстдорӣ кун.
Охир туро ман интизорам,
Рўзу шаб аз ишқат беморам.

Хуш, боз меравем ба суроғи сарояндаи дигар. Аниқтараш гурӯҳи дигар. Гурӯҳи «Бахт» таронае дорад, бо унвони «Маҳҷабин». Агар гўшу ҳушед, пас мешунавем:

Маҳҷабин, ширинаму шакараму ту нозанин,
Маҳҷабин, шаҳди ману асаламу ту нозанин,
Ту парии руйи замин, нозанин, маҳҷабин.Маҳҷабин офтобаму моҳтобаму ту нозанин,
Маҳҷабин, заминаму осмонаму ту нозанин.
Маҳҷабин, ситораву сайёраву ту нозанин,
Ту парии рўйи замин, нозанин, маҳҷабин.Маҳҷабин, сими ману зарри ману ту нозанин,
Маҳҷабин, ёқутаму фирўзаву ту нозанин.
Маҳҷабин, боғи ману баҳораму ту нозанин,
Ту парии рўйи замин, нозанин, маҳҷабин.

Суруди «Шаби моҳтоб»-и Хуршед Абдураҳмоновро ҳам бубояд дар ин рўйхат навишт:

Умед дорам аз зиндагӣ,
Аз ин ҳаёти дарбадар.
Шудам девона аз хастагӣ,
Омалум (?) ҳар рўз аз саҳар.
Шаби моҳтоб, шаби моҳтоб,
Ишқи дилам ба ман бидеҳ…

Идомаашро наменависаму шуморо аз ин зиёдтар асабӣ намекунам, аммо наметавонам сӯҳбати имрўзро мисли оғозаш ба анҷом нарасонам. Боз ҳам Насиба Қаюмова ва ин навбат аз таронаи «Бале, ёрам»:

Бале ёрам, бале,
Адо ҷонам, бале.
Чаро надонӣ,
Дили зорам, бале.

Реклама

комментариев 5 to “* «ШОҲБАЙТ»-ҳои эстрадаи тоҷик”

  1. Follower said

    лоооооооооооооооооооооооооооооооооооооооооооллллллллллллллллллллллллллллллллллллллллл, бехтарин сурудҳои тоҷикӣ! Браво, ……………………….. интизори давомаш ҳастем,

  2. Дуруд!
    Вокеан хамин тавр аст ва ин боис мешавад ки бо як бор шунидани сурудҳояшон дигар ҳатто инсон майле надорад исми он хонандаро шунавад чи расад ба сурудаш. Аз марги Аҳмад Зоҳир чандин сол гузашт, аммо сурудҳояш ҳануз ҳам барои мо таоу тоза хастанд. Мутаассифона имруз хонандагони моро чи бало задааст, ки….

    • MAHBUB-TJ said

      Аз ин қабил овозхонҳо танҳо барои чанд соат ситора хоҳанд буд. ман онҳоро «ситораҳои думдор» меномам ва бовар дорам, ки умрашон ба ҳади як донаи сухташудаи гугирд кӯтоҳ аст.

  3. яъне, думдор ба ин маъни, ки вакте ин гуна ситорахо сухта хомуш мешаванд, аз пасашон дуд мисли дум давомдор мемонад?!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

 
%d такие блоггеры, как: