MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

* Дўстмурод Алиевро баъди марг хам ором намегузоранд

Posted by MAHBUB-TJ на 28.04.2010

Бахшида ба 60-умин солрўзи овозхони мардумии Точикистон

«Бознашр аз хафтаномаи «ОЗОДАГОН» 

Ду сол аст, кабл аз санаи поси хотири маъруфтарин хонандаи сурудхои мардуми нимпайкараи ўро хароб мекунанд. Дўстону пайвандон, мухлисону дўстдорони садои овозхони ошик, хунарманди театр, тасхиркунандаи калби хазорон нафар, тарбиятгирифтаи мехру садокат, бузургшуда зери боди «дар пушта гардон»-и Файзобод Дўстмурод Алиев соли 21-ум мешавад, ки 19-апрел зодрўзашро бе хузури ў чашн мегиранд. Ду соли охир хам, ки нимпайкараи ў аз сўйи кадом нафар ё афроде хароб мешавад, заррае аз мехри мухлисонро кам накарда…       

Хамааш аз овоза сар шуд

Шаби 9-ум ба 10-уми январи соли 2009, шаби овоза дар мавриди заминларзаи шадид дар Точикистон, ки ними ахолиро мачбур сохт шабро дар кўчахо ба рўз бубаранд, дар нохияи Файзобод нимпайкараи ду шахсияти маъруфро хароб карданд. Нимпайкараи яке аз машхуртарин хонандаи сурудхои мардуми Дўстмурод Алиев дар саргахи зодгохаш дењаи Кабкрез ва гуруглисарои маъруф Хикмат Ризо, ки Хомери асри 20-аш эътироф кардаанд, дар рустои Мискинобод аз сўйи афроди номаълум шикаста шуд. Ин вокеа  аксари мардуми Файзободро то дергох дар холи «шок» гузошт. Чахонгир Алиев, писари бузурги Дўстмурод Алиев аз он шаби шум ёд оварда мегўяд, онхоро низ овозахои зил-зила безобита карда буд, аммо аз тахриб шудани нимпайкараи падараш танхо рўзи дигар огах ёфтаад.

-Хохарам вакти аз кор омадан мебинад, ки нимпайкара нест. Баъд мо хамакаса рафтем, ки шикаста партофтаги аст.

Нимпайкараи нахустини Дустмурод, ки шаби 9-уми январи соли 2009 шикаста шуд

Гуфтугўхое баланд шуданд, ки гўйё овоза хам мањз ба хамин хотир пахн шуда, ки нимпайкарахо тахриб шаванд, аммо тибки хабархо он шаб дар тамоми худуди кишвар танхо хамин ду нимпайкара шикаста шудааст, дар холе, ки овозаи заминчунби тамоми каламрави Точикистонро фаро гирифт. Он замон аз шўъбаи умури дохилии нохияи Файзобод ба мо гуфтанд, ки тамоми бахши корхои дохилии нохия бо шумули ду гурўхи бахши кофтукови чинои, нозирони минтакави, милисахои катори ва хатто бозрасии дохилии автомобили барои ошкор кардани ин ходиса сафарбар шудаанд. Гуфта мешуд, тамоми кўшишхо ба харч дода мешавад, то тахрибкор ё тахрибкорони нимпайкарахо ёфта шаванд, аммо…        

Нимпайкараи Дўстмурод гайриконуни буд 

Мудири шўъбаи фарханги нохияи Файзобод Хабибулло Мирзошарипов баъди бори аввал шикаста шудани нимпайкарахо гуфт, тибки накшаи тархрезишудаи шўъбаи фарханг то аввалхои мохи апрели соли 2009 нимпайкараи чадиди Дўстмурод Алиев дар тархи нав комат хохад афрохт. Мардуми Точикистон мисли солхои пешин 19- апрел дар рўзи таваллуди хофизи мардумии Точикистон шохиди чорабинии бузурге бо ширкати пайвандону шогирдон, дўстдорони санъати волои сароянда мешаванд.

-Бо вазорати фарханг дар ин маврид дар хамкори будем, мутахассис даъват кардем, нимпайкараи чадид ба маблаги 15 хазор сомони сохта мешавад, маблаг хам аллакай пайдо шудааст. Баландии нимпайкара 3 метру 20 сантиметрро ташкил медихад. 2 метру кариб 80 сантиметраш пояи нимпайкара хохад буд ва дар тани он яке аз сурудхои махбубгаштаи Дўстмурод хакоки мешавад:

«Бимон ман мираму ту дар амон боши,

Бимон ман мираму ту човидон боши…»

Дар холе, ки шўъбаи фарханги нохияи Файзобод гуфт, то рўзи тачлил аз зодрўзи Дўстмурод Алиев нимпайкараи харобкардашудаи ўро баркарор мекунад, дар вазорати фарханг сўхбат сари гайриконуни будани он мерафт. Музаффар Азизов, сардори шўъбаи хифз ва истифодаи мероси таърихиву фархангии вазорати фарханги Точикистон он вакт гуфт, нимпайкараи Дўстмурод Алиев дар фехрасти ёдгорихои таърихии монименталии вазорат сабт нагардидааст ва шиноснома надорад:

«Харчанд ки ман чустучў кардам, нисбати гузоштани нимпайкараи Дўстмурод Алиев ягон санаде пайдо накардам. Ягон хайкалсози точик нагуфт, ки онро ман сохтаам. Намедонам ки онро сохтааст ва кай сохтааст. Бояд чунин икдомхо ё бо  карори макомоти махаллии хокимияти давлатии шахру нохияхо ё карори хукумати Точикистон амали шаванд, аммо дар мисоли нимпайкараи Дўстмурод чунин нест».

Аммо дар нишасти вазорати фарханг, ки баъди чанд хафтаи ин сўхбат баргузор шуд, вазир Мирзошохрух Асрори эълон дошт, ки нимпайкараи Дўстмурод Алиевро ба фехраст шомил кардаанд ва аз ин ба баъд он конуни ва зери химоя аст.   

Нимпайкараи конуниро хам шикастанд

Нимпайкараи чадиди Дўстмурод Алиев он чунон, ки шўъбаи маорифи нохияи Файзобод ваъда карда буд, то рўзи ёдбуди овозхон дигарбора комат афрохт. Аммо баъди як солу 18 рўз, дакиктар шаби 28 январи соли 2010 боз хам дар мохи январ ва боз хам дар шаби тор нимпайкара дигарбора хароб гардид. Ин навбат низ аввалин шуда нимпайкараи харобшудаи падарро духтари Дўстмурод дид. Ў мегўяд, нисбат ба касе хусумату бадбини надоранд ва хадафи онхое, ки даст ба ин кори нангину бемаъни задаанд, барояшон норўшан аст.

Ба фарк аз соли гузашта имсол нимпайкара пурра хароб нашудааст.

Холати нимпайкара. 06.02.2010

 Китф ва сари нимпайкара кисман шикаста, тахтасангхои тани пояи он комилан тахрибшуда аст. Замоне мо аз он дидан кардем, рўйи он латтапеч буд.   

Имсол хам ба монанди соле кабл шўъбаи фарханги нохия ваъда дод, ки то рўзи мавлуди Дўстмурод нимпайкара холати аслро мегирад ва гирифт. Шўъбаи корхои дохили хам ба тафтиш машгул аст, аммо аз натичахо холо хам маълумоте дода нашудааст…

Мавриди тазаккур аст, нимпайкараи шодравон Дўстмурод Алиевдар саргахи дехаи Каб крез, дар баландие гузошта шудааст. Замини мутаалик ба нимпайкара бештар аз 1 гектарро ташкил дода, дорои дарахтони зиёди сояафкан аст. Фарзияхое хастанд, ки ин китъа барои касе писанд омадааст ва мехохад онро сохиби кунад…          

Номи нек сохибашро мурдан намемонад

Дўстмурод Алиев аз маъруфтарин овозхони замони худ буд. «Мохи Файзобод», «Огозу анчоми ишк», «Хабар дори», «Туро бояд нигах дорад дили ман», «Киссаи ишк», «Васфи точик» дар катори даххо сурудаш дар гузаштаву имрўз махбубият доранд. Хаводорони хунари ў имрўз низ кам нестанд. Дўстмурод Алиев шогирдони зиёдеро тарбия кардааст ва хамаги дар чодаи санъат муваффаканд. Бегмуроди Гулмурод худро аз нахустин шогирдони Дўстмурод Алиев медонад. Ба гуфтаи вай обрў ва махбубияте, ки дорад аз шарофати устодаш хаст:

-Дар синфи панчум мехондам, соли 1967 Дўстмурод Алиев маро аз фанни мусики дарс мегуфт. То соли 1982 хамрохи ў кор кардам. Аз сурудхояш фаровон мехонам ба хамин хотир маро иззату эхтиром мекунанд. Ба наздики шахри Норак рафтам. Маро панч  шабонарўз ба хона омадан намонданд. Ба кадом хотир, ба хотири Дўстмурод Алиев.

ВАНДАЛИЗМ

Шаби овозахои беасос дар мавриди заминларза дар баробари хароб шудани нимпайкараи Дўстмурод Алиев хамчунин дар 18 километрии маркази нохияи Файзобод  нимпайкараи шахсияти маъруфи дигар — Хикмат Ризоро шикастанд. Сардори шўъбаи хифз ва истифодаи мероси таърихиву фархангии вазорати фарханг Музаффар Азизов гуфт, тибки конун «Дар бораи хифз ва истифодаи объектхои мероси таърихиву фарханги», ки соли 2006 кабул шуд (каблан, соли 1976 чунин конун фаъолият мекард) ба мучасамаву хайкалхо шиноснома дода мешавад ва онхо зери химояи давлат карор мегиранд. «Нимпайкараи Хикмат Ризо бо карори собик совети вазирони Точикистон аз 15 октябри соли 1990 аз санги хоро аз чониби хайкалсоз Аратунян ва меъмор Хасанов сохта шудааст. 17 ноябри соли 1990 дар чамоати дехоти Мискинободи нохияи Файзобод гузошта шуд». Нимпайкараи Хикмат Ризо ё Хомери асри 20 низ дар махалли каблияш баркарор шуд.

Рабудашави ё хароб кардани мучассама ё хайкалу нимпайкарахо дар Точикистон ходисаи нав нест. Ба иттилои сардори шўъбаи хифз ва истифодаи мероси таърихиву фархангии вазорати фарханг Музаффар Азизов дар солхои чанги шахрванди тарконида шудани нимпайкараи Нусратулло Махсум дар нохияи Рашт ва мучассамаи «Модари гирён» дар Хоитро, ки ба хотири шахидони заминларзаи минтака насб шуда буд, метавон ба гунаи мисол овард.

Тибки омори расми дар вазорати фарханг беш аз 147 хайкалу мучассама ба кайд гирифта шудааст, ки шиноснома доранд.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

 
%d такие блоггеры, как: