MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

* «Моликиявмиддин»-и духтари примадона

Posted by MAHBUB-TJ на 09.07.2010

Бисёр маворид комилан мухолифи қиёсгузориву шабеҳсозии ҳамагуна бахшҳои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷиям. Аммо ки намояндагони Шоу Бизи тоҷик ҳамеша талош меварзанд, амалҳоеро иҷро намоянд, ки ҳамкасбонашон аз давлатҳои дигар дар саҳнаву зиндагӣ анҷом медиҳанд (ҳатто боифтихор аз онҳо ёдрас ҳам мешаванд), мавзӯи имрӯзро ба монандиҳое дар Шоу Бизи Тоҷик мебахшем…

  Дар барномаи консертие буд, ки яке аз гулдухтарони примадонаи тоҷик гулдастаҳои аз мухлисон гирифтаашро «депортатсия» кардаву дигарбора ба саҳна ҳаво дод. Ин амал дар маҳофиле беэҳтиромӣ нисбати мухлисон унвон шуд, вале бонуи сароянда иддао пеш овард, ки Алла Пугачеваи саршинос ҳам гулдастаҳои барояш тақдимшударо ба саҳна «мепартояд»…

 

Бовар дорам, ки пайвандону мухлисон бе ҳеч шакку шубҳае ин ҳофизаву Алларо садрнишини як мақом хоҳанд кард, аммо ба ёди ман мақоли кампири Сойра мерасад, ки вақте кори келини фалон касро бо хушдоманаш монанд мекарданд, мегуфт: «ӯро (келин дар назар аст- М.Г.) чиву моликиявмиддинаш чӣ».

Дар аввал, ишора кардам, ки комилан мухолифи шабеҳсозии ҳамаи соҳаҳои Тоҷикистон бо кишварҳои дигар, ҳатто ҳамзабонону ҳамҷаворонам, зеро зиндагӣ, фарҳанг, менталитет, урфу одат, расму оин (бо қонуни танзимаш) ва ғайраву ҳоказоҳои мову онҳо фарқкунандаанд. Гулдастаро баъди гирифтан, дар гармогармияш «обратно» аз он ҷое, ки овардаанд, партофтан, шояд дар мамлакати Пугачева амалест, «хайр»-у қобили қабул, вале аз қадимулайём аст, ки ҳамватанони мо тӯҳфаро дубора ба нафари эҳдонамуда намедиҳанд, ҳатто бубинед, ҳеч нафаре косаи шӯрбои дар ифтор овардаи ҳамсояашро аз пушти дарвоза намегардонад, балки бо нишони эҳтиром онро бо макаронпалови он шом пӯхтааш пур намуда, мефиристад. «Ташаккур», «раҳмати калон»,- гуфтани сароянда баъди гирифтани гулдаста ҳамон макаронпалови ҷавобӣ аст.

Бисёре аз намояндаҳои Шоу Бизи Тоҷик на танҳо ба амали ҳамтоёни русашон, балки ба  шеваи номгузории гурӯҳу дастаҳои овозии онҳо низ «монанд» будан мехоҳанд, аммо то имрўз, довари аслӣ- ВАҚТ ҳамеша нишон дода, ки ин тоифа номуваффақ будаву то парокандагӣ расидаанд. Гурӯҳи «Боло» замоне ба «Вазир» тағйири ном кард, ки гурӯҳи «Премьер министр» шӯҳратёр шуд. Баъди як муддати барои таърих тамоман ночиз аз ин гурӯҳ бозам, ба қавли кампири Сойра, «на ном монду на нишон» ва раҳбари он- Ҷонибек Муродов шояд роҳи пайдо кардани «имиҷ»-ро дар «яккахонӣ» дид. Ё шояд, ба қавли баъзеҳо, дар баргузор намудани консертҳои муштарак бо Шабнами Сурайё (ахиран, дуюмӣ ба маҷаллаи русии «VIP ZONE» гуфтааст, сабаби вақтҳои охир муштаракан фаъолият накарданашон ин аст, ки Ҷонибек ба ӯ миннат кардааст, ки агар ман намебудам ту дар  Аврупову Амрико намерафти…). Ва як шояди дигари характери пешгӯикунандадошта, ки ба шояди дуввум пайвандӣ дорад, ин аст, ки шояд рӯзе аз рӯзҳо шеваи таронасароии шӯйи собиқи Алла-Филипп Киркоровро дар ӯ мебинем.

Аз сарояндаҳои дигар Солеҳро  медонам, ки дар ҳар сӯҳбате бо хабарнигорон мекӯшад ҳадди ақал як бор ёдрас намояд, ки ӯро Валерий Леонтеви тоҷик мегӯянд. (киҳо, кай ва дар куҷо ин гапро ба ӯ гуфтаанд, ягон маротиба Солеҳ нагуфтааст). Бояд иқрор намоям, ки ягона монандие, ки миёни Солеҳу Валерий дарёфтам, мӯйи дарозу каме ҷингилаашон буд.

Жанна Шаинян ҳам монандиҳое бо ҳамҷинсҳои худ аз Шоу Бизи рус дорад. Ин шабеҳиятро метавон дар ишораву ҳаракат ва тарзи таронасароии ӯву чандин сарояндаҳои кишвари Русия пайдо кард.

Гурӯҳе аз дигар хонандаву раққоса ва шоуменҳои тоҷикро метавон дар феҳрасте навишт, ки агар ба таври ошкор набошад ҳам, ба қавли Сойракампир, «хаппаки таги таппак» барин худро аз ҷиҳатҳое бо русҳо «қиёс» мекунанд. Раққосаурёнҳо (чун агар бо ҳисоби арифметикӣ бигирем, бархеи онҳо бо зиёда аз 98 дар сади бадани урён (баробар ба фоизи аҳолии мусалмони Тоҷикистон!!!) арғушт мераванд, ба ҳеч ваҷҳ намешавад, ки нимурён номашон барем), яқинан, ба русҳо «монанданд». Тамошои танҳо як барномаи «Comedy club» кофист, ки ин «монандӣ» аён гардад. «Монандӣ»-и қисме аз ҳофизони тоҷику русро бошад, зиёдтар дар матни хароби таронаҳояшон метавон дарёфт. «Ман харгўшшакалодам» (Я шоколадный заяц)-и Нарсис Пйеру, «Вақте ман гурба мешавам», (Наверно, когда я стану кошкой…)-и Юлия Савичева аз «Фабрика звёзд» (Корхонаи ситораСОЗӢ) мояи илҳоми тоифае аз «ситорасароянда»-ҳои СОХТАШУДАИ тоҷик аст (аз қудрати компутеру барномаи Adobe Audition бояд гашт, ки садои зоғро ҳам ба булбул монанд мекунад)…

Барои ман ҷойгоҳи ҳамон «харгушшакалод»-и Пйер ва «Дилум, дилум, дилумо, Ҳайфи ишқи покумо, Ҳайфи дӯстдориём дар ту, Ай бевафо ёрумо»-и Миҷгона ё «шояд гурба мешавам»-и Юлияву «Алам, алам, Ёрам алам, Ин рақси зебои ман дар алам» гуфтани Нилуфар дар зери як хат қарор мегиранд, ки бисёриҳо онро «черный список» меноманд. Дар ин ду мисол тағйироти кулли мусиқӣ ба шумор меравад, ки дар қиёс ба «дилумо»-и Миҷгонаву «Ёрам алам»-и Нилуфар, дар таронаҳои русӣ ҷаззобтаранд, яъне агар матнро «минус» намоем, дар ду суруди аввал чизи шунидание боқӣ мемонад, аммо, вале, лекин ва барои имрӯз охирин «иқтибос» аз кампири Сойра «вовайло», ки аз дуи охир барои худ наметавонем чизе бигирем. Шабеҳияту монандиҳо миёни Шоуменҳои  тоҷик (дар Тоҷикистон теъдодашон хело ночиз аст) хело зиёд аст. Бархеи онҳо ҳатто шеваи суханрониву нишастан ва сӯҳбат карданашонро «монанд» кардан мехоҳанд. Аммо ҷолибтарин нуқта дар ин маврид он аст, ки шоуменҳое ҳам ба «ҳамтоён»-и ватанияшон шабехият доранд. Ҳарчанд онҳо бо исрор (мисли аксарияти хонандаҳо) мегӯянд, ки худро ба касе монанд накардаву карданӣ ҳам нестанд, аммо нигоҳи сар-сарие кофист, ки ин «монандиҳо», ки «идеядуздӣ» (танњо дар мисоли шоуменҳо) гуфтанашон дурусттар мебуд, «ошкор» шаванд. (Ба ин мавзӯъ дар сӯҳбати алоҳидае хоҳем баргашт)…

Монандиву қиёсгунагии Шоу Бизи тоҷику русро мешавад ба моли аслу дуюмдараҷа  шабеҳ кард, ба гунаи мисол, телефони ҳамроҳи «NOKIA»-и тавлиди Амрикову «NOKIA»-и дар кадом хамкӯчаи Хитой истеҳсолшударо, ки ба дуюмии арзон баъди харидорӣ на танҳо кафолат дода намешавад, балки вақте ба шумо занг мезананд, овози ҳамсўњбатро «аз даруни труба» мешунавед, гӯйё намояндаи кадом сайёраи дигаре бо шумо сӯҳбат дорад.

Шояд шумо ба ин шабеҳсозиҳо розӣ набошед? (#)

    

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

 
%d такие блоггеры, как: