MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

* Консерти «булаҷаб»

Posted by MAHBUB-TJ на 20.07.2010

Шаҳрдорӣ замоне тасмим гирифт аз баҳри консертҳои «бо даб-даба», ки ба манзури таҷлил аз ҷашну солгардҳо дар майдонҳои бузурги пойтахт мегузаштанд, барояд. Аммо бо гузашти вақти андаке ин иқдом ба хотири касе намонд. Шояд масъулин, ахируламр, дарк карданд, ки барои мардуми санъатдўсти тоҷик ҳамагуна чорабиниҳои бидуни рақсу бозӣ маъракаи «хушке» беш нест.

Нигоҳи имрӯз ба консерти шаби 9-уми сентябри соли 2009 рабт дорад. Консерте, ки ба хотири тачлил аз 18-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар майдони назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ сурат пазируфт.

Агар гўям, ки консерти истиқлолият аз консертҳои шабҳои «Соли нав»-и ҳамин майдон фарқияте надошт, валлоҳ, ки дуруғи маҳз мешавад. Агар як фарқи чашмраси ин ду консерт шаби сарди зимистонӣ буд, чизи дигари чашмраси базми аввал дар як монитори иловагии хираи саҳни боғи устод Рӯдакӣ намудор мешуд. Ҷузъиёти дигар бо камтарин тағйирот такрори ҳам буданд, ки агар аҷал амон диҳад дар чанд ҷумлаи зер хоҳем гуфт.

Фикр мекунам, аз сифати дастгоҳҳои «овозпаҳнкунанда» шурӯъ кардани бисмиллоҳи кор, баробар ба сари вақт андохтани намак дар таъом аст. Агар таърихи консертҳои ҳафт соли ахир дар базмгоҳи асосии шаҳри Душанберо варақгардон кунем, мебинем, ки дар сифати дастгоҳҳои паҳнкунандаи овоз тақрибан тағйироте нест. Масалан, соли 2002 ҳам агар мехостед, шунавед, ки ҳофиз дар саҳна чӣ хонда истодааст, бояд зӯр зада-зӯр зада, ба пеш, сӯйи саҳна ҳаракат мекардед. Гап сари ин ки, ту ягона нафаре нестӣ, ки хоҳиши аз наздик дидани чеҳраи сарояндаи баромадкардаистода ва шунидани садояшро дорӣ. Туб баринҳо онқадар бисёранд, ки баъзан кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳам дар майдон камтар аз онҳо менамоянд. Онҳо, яъне милисаҳо, бо чӯбчаҳои резинияшон сару гардан ва пуштатонро «молиш» диҳанд, ҳайрон нашаведу саркашӣ ҳам накунед, ки «молиш»-и баъди иддаоро Худо ба душманатон нишон надиҳад.

Вале агар мехоҳед ба ҷойи нисбатан камодам, наздикии бинои парлумон равед, на танҳо ҳофиз наменамояд, балки садояшро намешунавед. Садои сароянда мисли акси садо аз кўҳсорон  меояд. Яъне, не, зебо не, хира! Ана ҳамин ҳолат баъди ҳафт сол, дар консерти бахшида ба истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, шаби 9-ум ба 10-уми сентябри соли 2009 такрор шуд. Дар ин ҳафт сол дар дуртарин деҳаи Тоҷикистон антенаҳои мавқпаҳнкунанда насб шудаву қариб аксари сокинони кишвар соҳиби телефонҳои ҳамроҳ шуданд. Дар кӯчаҳои Душанбе акнун баробари «Москвич», ВАЗ «01» ва «011» қариб, ки «06»-у «OPEL» низ аз мӯд баромаданд, даҳҳо навъи нави тамғаҳои сабукрави хориҷӣ дар роҳҳо «интарафу он тараф» дар ҳаракатанд ва ба ин монанд ҳазору як «пешравӣ», аммо… Вале… Лекин то ҳанӯз сифати дастгоҳҳои лозимӣ дар консертҳои майдони назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ беҳтар нашуд, ки нашуд…

Дар ҳамин ҳол, вакте Ҳаётой Мӯминова месароид, он касро ҳама ҳатто аз пушти бинои вазорати корҳои хориҷӣ ҳам бинанд, мешинохтанд. Аммо аз сурудаш танҳо калимаи охири ҳар мисраашро шунидан имконпазир буд… Ман ва ҳамроҳонам (шаш нафар) аз сурудаҳои бону-Ҳаётой танҳо калимаи «НЕСТ»-ро каме равшантар шунидем. Аз Даврони Асадуллоҳ бошад, САРМАНЗИЛАМ ТУ, аз Иззат Шарифи ЭЙ ДӮСТ ва аз Муҳамадрафи БАС ДИГАР ҶАБРУ ҶАФО….

Шояд нафароне, ки ин консертро аз тариқи ТВ дидаанд, иддао пеш оварда мегӯянд, ки пахши мустақими онро дидаву нуқсе дар овозҳо эҳсос накардаанд. Ин ҳам дуруст, зеро шояд коргардонҳои ТВ микрофонҳоро тавре ба таҷҳизоти наворбардорӣ насбкардаанд, ки садоро ба сифати хуб пешниҳод мекунад, аммо биёед як бор фикр кунем, ки садҳо (ё шояд ҳазорҳо) нафаре, ки бо шукронаи истиқлолият мехостанд ба таври «зинда» ин консертро роҳат бубинанду имкони дар сафи пеш истоданро наёфтанд, аз ин базм чӣ лаззате бардоштанд? Гузашта аз ин, агар то ҳанӯз қудрати харидории дастгоҳҳое, ки воқеан дар фазои васеъ ё толорҳои «бесарпӯш» тавонад, ки ба таври зарурӣ садоро пахш намояд, надорем, пас тасмими вазорати фарҳанг, ки баргузории консертҳои зиндаро талаб дорад ба чӣ хотир аст? Мониторҳои калони саҳна ҳам ҳусни базми оншабаро коҳонданд. «Коҳонданд» чӣ ки тамоман резонданд. Яке аз он мониторҳо дар бинои ПОЧТА, дигари рӯ ба рӯйи он ва сеюмӣ дар боғи Ӯстод Рӯдакӣ насб шудаву ҷараёни базмро мустақим манзур мекарданд. Гӯйё то лаҳзаи оғози базм касе намедонист, ки камераҳо ба онҳо пайваст мешаванд. Аксари ҷамъомадагон, ки натавонистанд саҳнаро ба хубӣ бинанд, бо умеди аққалан аз экранҳо роҳат тамошо кардани чеҳраи ҳофизон ҷониби онҳо нигоҳ карданд, аммо…. Чӣ мегӯед, ки телевизорҳои «РАССВЕТ»-и сохти шӯравӣ, ки ҳафтоду ду маротиба таъмир дидаанд, аз он мониторҳо хубтару беҳтар нишон медоданд. Ё шояд дар ин мониторҳо низ лампаҳои камасраф гузошта буданд, ки ин қадар хирра нишон медоданд? (Агар не, бовар дорам, ки Рӯзе ҳатман ин тасмим гирифта мешавад)…

Аҷобати кор ин буд, ки расо як рӯз қабл, вақте савори автобус аз ҳамон майдон мегузаштам, дар ин экранҳо рекламаҳо «реклама» мешуд ва он чунон «светной»-у бенуқс буд, ки…

Ман донистан мехохам, ки худи сарояндаҳое, ки он шаб базмро «гарм» нигоҳ доштанд, медониста бошанд, ки аз ҷониби масъулини дуруст кардани дастгоҳҳо нисбати садову чеҳраашон беэҳтиромӣ сурат гирифтааст? Ё барои онҳо баромад кардан аз саҳнаи базми истиқлолият аз ҳама чиз муҳимтар аст?  Посухи худи онҳоро мунтазир мешавем, чӣ гуфтед? (#)

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

 
%d такие блоггеры, как: