MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

* Бозгашти Кадушоҳ ва аксияи МММО

Posted by MAHBUB-TJ на 27.07.2010

Вақте барои навиштани мавзӯи имрӯза сари компутар нишастам, донаҳои сиёҳи ҳарф рӯйи саҳфаи сафед ба таври автоматик ҳамин унвонро нақш доданд. Ҳарчанд, чанд мавридаке ҳам талоши пайдо намудани сарлавҳаи дигарро кардам, аммо натиҷа О (сифри калон) буд. Фикр мекунам, баъди мутолиа худи хонанда натиҷабарорӣ хоҳад кард, ки то куҷо ин матлаб ба бозгашти Кадушоҳ пайвандӣ дорад.

 Аслан, ин навбат барои хонандагон ва мухлисони сарояндаҳо «сюрприз»-е доштам, аммо ҳамагӣ  чанд соат қабл  он «дастовез»-ро ба навбатҳои дигар гузоштам. Ду рӯзи ахир дар ҳар куҷое, ки набудам (бозор, кӯча, нӯқтаҳои фиттафурӯшӣ ва ғ.) чанд таронаи аз «мӯд» рафтаи аз нав «мӯд»-шударо шунидам…

Хелеҳо буд, ки аз матни хароби сурудҳо сӯҳбат намешуд, зеро шумораи ба ном чунин таронаҳо хело кам шуда буданд. Журналистон мегуфтанд, ки аз баракати қалами онҳо аст, ки билохира хонандаҳои тоҷик аз баҳри матнҳои хароби аз ҳама гуна қолаб берун даст кашидаанд. Шоиронеро ҳам медонам, ки дар маҳофиле бо фахр мегуфтанд, сарояндаҳои мо акнун ба қадри сухану шеър расидаанд ва дигар «шоиртарошӣ» намекунанд. Воқеан, ҳам чун сухан аз «шоиртарошӣ»-и сарояндаҳо рафт, ёдовар мешавем, ки дар гузаштаи начандон дур вақте орзӯи қариб аксарияти ҷавонон «ситораи эстрада» шудан буд, шиори ягонае доштанд: ШЕЪРИ ХУДАМ, ОҲАНГИ ХУДАМ, ХУДАМ МЕСАРОЯМ (ҳоло низ ин анъанаро хонандаҳои жанри РЭП азиз медоранд). Интиқоди зиёд таъсир кард ва хонандаҳои тоҷик роҳи навро пайдо карданд. Акнун, онҳо нони хоидаро фурӯ мебурданд, дақиқтар сурудҳои сарояндаҳои дигарро месароиданд. Аммо имрӯз мебинем, ки хурсандии журналистону соҳибони шеър дерпоянда набудааст. Гурӯҳҳои эстрадӣ ва ҳофизони «яккахоне» аз худ «дарак» медиҳанд, ки барояшон вазну қолабу маънӣ ҷаве арзиш надорад. Гузашта аз ин сурудҳои подарҳавову пур аз нуқсу ғалат, ки замоне зери тозиёнаи танқид гирифта мешуд, дигарбора «мӯд» мешаванд. Шуморо намедонам, аммо барои ман боварнокарданист, ки дигарбора талабот ба чунин сурудҳо зиёд шуда бошад. Шояд, дар арафаи қабули тарҳи «Қонун дар бораи забони давлатӣ» аз сӯйи ММ МО ва аз ҷониби райисҷумҳур имзо шудани он гурӯҳҳо ё афроди алоҳидае АКСИЯИ вижаеро роҳандозӣ карда бошанд? Ҳоло-ку ҳама кор имконпазир аст. Вале муҳим аз нав «сершунаванда» шудан ё аз ҷониби касе «сершуванда» кардани он сурудҳо нест, далели изтиробангез ин аст, ки чунин «таронаҳо» боз «майдондорӣ» мекунанд. Яке аз чунин сурудҳоро, ки ман зиёдтар шунидам, гурӯҳи  «Шабнам» мехонад. Инҷо аз вайрон шудани вазни арӯз, надоштани мантиқ … дар ин «тарона» чизе намегӯям. Хонандагони азиз, фақат шумо баъди қироат ба аҳли гурӯҳи Шабнам барор мехоҳед ё… комилан соҳибихтиёред:

 Ба ғайр аз ту дигар касе надорам,

Хаёли дигаре БАР сар надорам.

Ба як мӯяМ нарасад моли дунё,

Чиҳо созам, ки симу зар надорам.

 

Кам биёй дунболи ман,

Наё дар хонаи ман.

Духтаракои ҳамсоямон,

Мебинан дар кучамон.

Рафта мегуян касон,

Пеши он соҳибҷамол,

Хабаракора мешнаваН,

Ёри ман Умедаҷон.

 

Надорам тоқати дигар танҳойӣ,

Ки зи ҳиҷри рӯят беқарорам ман.

Гашта рангам зарду тана-ам пурдард,

Боре напурсидӣ, ки чи ҳол дорам.

 

Азизам сар-сари кардӣ, бисузӣ,

Бо ҳар кас бевафоӣ кардӣ, бисузӣ.

Надонистам давру даврони ошиқро,

Ту ДАР ман бевафоӣ кардӣ, бисузӣ. 

 Барои ман чизе илова кардан душворӣмекунад.

Шумо чӣ мегуфтед?!  (#)    

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

 
%d такие блоггеры, как: