MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

* Сартарошон дар «Лексус»

Posted by MAHBUB-TJ на 16.08.2010

Баъди як соли оғози сӯҳбатҳо сари фурӯзонакҳои камасраф ва дар ин миён қатъи воридоти лампаҳои иличиву анҷоми мӯҳлат барои «хайру маъзур» бо онҳо ҳеч як овозхоне «Лампаи камасраф» насуруд. Ин то андозае тааҷҷуббарангез низ ҳаст, зеро то имрӯз қариб мавзӯе намондааст, ки бо зиёд шудани ҳарфњо болои он (албатта баъди супоришҳои президент) перомунаш «суруд»-е таҳия нашуда бошаду ҳадди аққал, албоми як хонандаи тоҷикро «назебонад». Ҳатто, РЭП-ерҳо ҳам дар ин маврид хомӯшӣ ихтиёр кардаанд.

Мавзўямон таърифу тавсифи «фурӯзонакҳои камасраф» ва изҳори таассуф аз «реклама» накардани онҳо аз сӯйи ҳофизон нест, балки мазмуну равиши сурудҳоест, ки гӯё «серхаридор»-анд. Дар ин баробар, чанд «тика» аз табақи завқи шунавандаи имрӯз низ ба даҳон мебарем.

 

Имрӯз қариб аз дилхоҳ сабукрави тамғаи навтарини хориҷӣ, ки садои «mp4»-ву «DVD»-яш «фалакро сақф мешикофад»-у аз пеши нозири БДА, ки гӯё чизеро надида, радари «чухташ»-ро поин мекунад, «шуввас» мегузарад, сурудҳои «тӯйёна» мешунавем. Бале, бастаи сурудҳое, ки «ситораҳо» ё ҳофизони «кӯчагӣ» дар кадом тӯйе «наъразанон» «маст ша, бача»-ву «буҷумон»-у «ҳай, баракалло» ва «замина бгаз» ё «мастша ба хубї» гуфта мехонанд. Ҳатто, вақте ин мошинҳо аз пешатон мегузаранд, фикр мекунед, дохилаш ҳеч чиз набошад, «маросими хатна» ҷараён дорад. Базми сартарошон дар авҷ. Аз сабукрави «Лексус»-е бо рақамҳои давлатӣ, ки дар кӯчаи марказӣ дар ҳаракат буд, «ҳофизе» мехонд: «шаш карат шаш — сиву шаш-э сартарошонем-э»… Аз шиму галстук, «причёска» ва ғурури «мусофир» фаҳмидам, ки кадом раисесту ба кадом маҷлиси муҳиме меравад. Ин лаҳза дуруст андешидед, ки дар кишвари демократие, чун Тоҷикистон ҳар шахс дар интихоби суруду мусиқиву ибрози андеша, Худоро шукр, комилан озод аст. Ман низ ба ин мухолифате надорам, ин ҷо гап сари завқи шунавандагии мо аст, ки то чӣ ҳад поин рафтааст. Даҳто кам хулоса кардам, ки сарояндагон вобаста ба завқи шунавандаашон суруд мехонанд. Яъне, чун харидори сурудҳои бемазмуну «по дар ҳаво» зиёданд, ҳофизон ба он бештар таваҷҷӯҳ мекунанд. Боре аҳамият додаед, ки вақте ба рақами телефони ҳамроҳ (мобил)-и дӯст, ошно, пайвандон ё нафари бегонае дар зарурат тамос мегиред, дар бештарини вақт ба ҷои «гудок» сурудҳое мешунавед, ки…

Тамоми ашёву ҷиҳоз, хӯрокаву пӯшока, мавҷудоти зиндаву беҳаракат объекти сурудҳои хонандаҳои мо шудаанд. Бовар намекунед? Хеле хуб, чанд дақиқа дар «чархофалак»-и мазмуни сурудҳои овозхонҳои тоҷик ва завқи шунавандаҳои онњо «сайр» хоҳем кард. Ман пешниҳод мекардам, аввал, «шикам»-ро сер кунем, зеро дар нимароҳ, шояд, сари баъзеҳо чарх занаду гурӯҳи дигар, ҳатто, дилбеҳузур шаванд. Сӯҳроб Отаев, сарояндаи шимолӣ «Оши палов» «пӯхтааст». Ин хонанда бо ҳамин ном суруде дорад ва давоми 3,5 дақиқа тамоми нозукиҳои таоми миллиро ошкор месозад. Шояд, ба таърихи пайдоиши ин суруд суруди «Хушдоманҷон»-аш сабаб шуда бошад. Охир, хушдоман, ки меҳмонӣ омад, беҳтарин таом — оши палов аст, боз агар мисли хушдомани Отаев «ҳарфҳои ширин» дошта бошаду «ширинзабон» бошад, (русҳоянд, ки хушдоманҳояшон объекти рақами яки танзи латифаҳошон аст, Сӯҳроб Отаев аз некиҳои хушдоманҷонаш қисса мекунад). Ҳа, ногуфта намонад, ки Сӯҳроб Отаев «Ҳе, оча, келин омад» гуфта, суруд ҳам дорад, ки барои одамоне, ки факултаи филология ё журналистикаро хатм кардаанд гӯш карданашро тавсия намедиҳем…

Маҳмадалӣ Умаров бошад, дар суруди «Гулбаҳор»-аш бо як ҷумла рубоӣ сохтааст. Дар нақороти ин тарона мехонад, ки:

Чашми пурхумор,

Ашки шашқатор,

Моем интизор,

Моем интизор,

Гулбаҳор.

Акнун давоми ин суруд, ки мазмунан ҷудоӣ тасвир мешавад, мебоист рубоие пурсӯзу гудоз ва ё дубайтие, ки хитобан маъшуқаро ба висол даъват мекунад, хонда мешуд. Маҳмадалӣ ҳам чунин кардааст:

Интизорӣ мекашам дар роҳи ту,

Интизорӣ мекашам дар роҳи ту.

Интизорӣ мекашам дар роҳи ту,

Интизорӣ мекашам дар роҳи ту.

ва нақарот. Танҳо ҳофиз ҳар мисраро бо кашидани калима ё зада ба ҳарф мехонад, яъне ҳамин як ҷумла бо чанд кашиши овоз. Заррина, як бонуи дигар бошад, мехонад, ки

Лаби чакдони банур,

Омадай бачаи зўр.

Ма намерам оча-е,

Мара мебаран базӯр.

Акнун бубинед, ки ин духтари дилаш рафтан намехостагӣ, дар идома чӣ мегӯяд:

Олучаву олучаву зардолуча,

Бачара касал гуфтан зиқум оча.

Ҳар гоҳе брам сари болини бача,

Нолиш мекна, тоқат надорум оча.

Духтаре, ки бо «бачаи зӯр» рафтанӣ нест, сари болинаш нишаставу афсӯс мехӯрад…

Боз дар мо суруд-сервисҳо низ руш кардан доранд. Масалан, Валиҷон Азизов дар мавриди муштарии машғул мехонад. Баҳриддин SMS-ро реклама мекунад. Дилноза Каримова бошад, ошиқашро ба чиҳое шабеҳ насохтааст:

Дӯстам туӣ, туӣ,

Ишқам туӣ, туӣ.

Дилам туӣ, туӣ,

Гулам туӣ, туӣ

Агар ба ин минвол равад, шояд, рӯзе сарояндаҳо дилдодаҳояшонро ба тамоми (умед мебандем, ки на ҳамааш) аъзои баданашон нисбат дода, «суруд» месозанд…Масалан, гӯшам ту, биниям ту, рўдаи дувоздаҳангуштаам ту, шушҳои хунукгирифтаам ту ва ғайраву ҳоказо… Шумо ин рӯйхатро давом додан гиред. Мо мавзӯи завқи шунавандаву мазмуни сурудҳоро пайгирӣ мекунем. Маслиҳатњо пухт?! (#)

Реклама

Один ответ to “* Сартарошон дар «Лексус»”

  1. Хасан said

    Салом!Бале,фикр мекунам бисёр мавзуи халталаб,Имрузхо дар хакикат хам кам нестанд сарояндагоне,ки сари хар мазуъ сурудхо(ба фикри онхо) месароянд,ки на аввал мефахмию на анчом.Хонандаи асил хмавакт нуктасанч ва ба сухани воло саъй дошта бошад.Биёед бубинем,ки Кихо буданнд авлоду ачдоди мо!?Хофиз,Бедил,Сайидо,Хилоли ва даххо дигарон.Аз чи мегуфтанду чи менавиштанд!?.Магар каманд имруз шоироне,ки бо эчоди онхо метавон назар кард.Ман шахсан зид нестам агар овзхоне худ кобилияти навиштани суруду таронае бошанд,ки дар он маъно ва матни воло манзур бошад.Хунарро хурмат мебояд дошт!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

 
%d такие блоггеры, как: