MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

* Консерт барои Роғун

Posted by MAHBUB-TJ на 25.08.2010

 Дар авҷи гапо-гапу қапо-қапҳоҳои саҳмияхарӣ дар Душанбе ҳам якбора ду консерти хайрия баргузор шуд. Қаблан, эълон шуд, ки маблағҳои аз фурӯши чиптаҳо ба даст омадаро барои бунёди бузургтарин НБО-и минтақа мефиристанд. Сарояндаҳои эстрада ҳам тасмим гирифтаанд, ки дар сохтмони «Роғун» саҳм гузоранд.

Ин амалест савобу бойиси дастгирӣ, аммо як нозукӣ ҳам дорад. Тасмими ба қавле, «Роғунсозӣ» «кашфиёт»-и сарояндаҳо набуда, балки идеяи онҳоест, ки консертҳоро созмон додаанд. Шояд, худи ҳофизҳо низ пешниҳоди ширкати доиркунандаи консерти хайрияро бо хушнудӣ қабул кардаанд ё, шояд, аз даромади бадастомада «ҳақ»-и худро мегиранду ана баъд ташаббускори консерт боқии пулро ба «Роғун» мефиристад. Аммо, ба ҳар сурат, мебоист қадами аввалро худи сарояндаҳо мегузоштанд. Ё, шояд, дар чунин тасмимгирӣ нақши онҳо ҳам калидӣ бошад? Мантиқан бояд чунин бошад, зеро сарфаи барқ бо истифода аз фурӯзонакҳои камасраф танҳо барои «мухлисон» «ҳатмӣ» нест. Ва дар мавсими тӯйҳо, ки мардуми аксари навоҳии Тоҷикистон мушкили азими бебарқӣ мекашанд, аз ин тӯй ба он тӯй кашонидани «движок», ба қавле, «ба ҷони сарояндаҳо задааст», ана аз ҳамин ҷиҳатҳо фикр мекунам, бунёди НБО-и «Роғун» аз чанд ҷиҳат барои сарояндаҳо муфид аст.

Дар сӯҳбате гуфтем, ки баъзе сарояндаҳо барои дарёфти шӯҳрату «имиҷ» шабро шаб нагуфтаву рӯзро рӯз ду-се «сезон» тӯй мегарданд ва ё консерт баргузор мекунанд, то пул ҷамъ оварда, ба Дубай «клипбардорӣ» раванд. Агар ҳамин сарояндаҳо пулҳои «зиёдатиашон»-ро барои бунёди «Роғун» масраф намоянд, бовар дорам, ки ҳам шӯҳрат меёбанду ҳам «имиҷ».

Аз мушоҳида мегӯям, «ситораҳо»-е буданд, ки консерташон аз тариқи тамоми намуди ВАО ва девору шишаи истгоҳҳо таблиғ мешуд, аммо рӯзи консерт аз нисф зиёди курсиҳои толор беодам буд. Бовар дорам, баргузории консертҳоеро, ки маблағаш барои бунёди нерӯгоҳи Роғун масраф мешавад, мухлисон (ва на танњо онҳо) ҳам дастгирӣ мекунанд.

Дар Тоҷикистон одат шудааст, ки вақте аз сӯйи чанд нафар амал ё рафторе анҷом шуд, он, ҳатман, (дар бештарини вақт чизҳои манфӣ) аз ҷониби дигарон пайравии густурда пайдо мекунад. Пас, чаро раванди «Консерт барои Роғун», ки амали хайрест, дар оянда авҷ нагирад?  Ман пешниҳод доштам, ки сарояндаҳо АКСИЯЕ бо номи «Ҳама барои Роғун» роҳандозӣ намоянд. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон низ метавонад дар ин замина нақши хубе дошта бошад. Имрӯз аксари сарояндаҳои мо танҳо барои роҳ ёфтан ба ТВ талош меварзанд ва дар ин росто ҳар қадар маблағе, ки лозим шавад, дареғ намедоранд. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки барои як сурудро аз эфири шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон (давлатӣ дар назар аст) пахш кардан, маблағҳои ҳангуфте ситонида мешавад. Аз ин рӯ, агар Кумита пешниҳод кунад, ҳар нафаре, ки дар Аксия ширкат мекунад, сурудҳояш ба ТВ роҳ меёбанд, бовар дорам, ки бархеҳо, ҳатто, се шабу рӯз консерти хайрия медиҳанд.

Аксияи «Барои Роғун»-ро мешавад бо номҳои имрӯз мӯдшудаи ГАЛА-консерт, ШОУ-консерт ва, њатто, ЯККА-консерт анҷом дод.

Боварии комил дорам, ки Малика Саидова дар танҳоӣ метавонад барои Роғун маблағи хубе фиристад, зеро агар нафаре охирин консерти ӯро бо номи «Маликаи ҳунар» дар хотир дорад, медонад, толори Кохи Борбад ончунон серодам буд, ки, ба қавле, ҷои «сӯзанпартоӣ» намеёфтед.  Садриддини Наҷмиддин ҳам агар консерти худро созмон диҳад, «қапчуқ»-и Роғун каме «таранг»-тар мешавад.

Ҳамчунин, чеҳраҳои санъати тоҷик ҳам метавонанд дар доираи Аксияи мазкур саҳми худро дар бунёди НБО-и «Роғун» гузоранд. Кӣ медонад, шояд, Ҷӯрабек Муродов, Сурайё Қосимова, Давлатманди Хол ҳам рӯзе эълон мекунанд, ки аз маблағҳои «эҳтиётиашон» аз нӯги хамир — фатир гуфта, ба хазинаи Роғун мефиристанд. Интизор мешавем. (#)

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

 
%d такие блоггеры, как: