MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

* Эшонҳои суннатӣ дар «хӯрҷин»-и шоу-бизнеси тоҷик

Posted by MAHBUB-TJ на 27.08.2010

Ба назар мерасад, нафароне ҳастанд, ки хело зиёд талош доранд, то домуллоҳои маъруфи суннатӣ низ шомили шоу-бизнес шаванд.

Аз хӯрҷини шоу-бизнеси тоҷик, ки ба қавле, то таги гулӯ «таранг» шудааст, ҳама чиро метавон пайдо намуд. Мусиқии клоссик, ҶАЗ-у РОК ва РЭП-у наъту мавъизаҳоро… Яки ахир мавзӯест, ки имрӯз сари он андешаронӣ  хоҳем кард…

 Меросхӯрони Иттиҳоди Шӯравии собиқ таронаҳои Аҳмад Бобоқулов, Акашариф Ҷӯраев, Боймуҳаммад Ниёзов, Нуқра Раҳматова, Нигина Рауфова, Одинаи Ҳошим ва даҳҳо тани дигарро то имрӯз ба садҳо суруди намояндаҳои жанрҳои ахиран «маъруфгардида» иваз намекунанд. Аммо гурӯҳе аз «миёнасолҳо» шунидани сурудҳои Кароматуллоҳи Қурбон, Муқаддас Набиева, Хурмо Ширинова, Тоҷиддини Муҳиддин ва амсоли онҳоро намунаи олии санъати хонандагии тоҷик хондаву нисбат ба онҳо эҳтироми зиёдеро қоиланд. Ҷавонони «хундарҷӯш» ба РЭП дилбастагӣ доранд. Онҳо Master Ismail, гр. СОВА, Dr.ЭмФир ва ба онҳо монандҳоро мешунаванд. «Хундарҷӯштар»-у «хундарҷӯштарин»-ҳо бошад, ба қавле, «РОК»-и вазнин гӯш мекунанд. Дар ин миён, дарвозаи шоу-бизнеси тоҷикро жанри ҷадиде кӯбидан дорад. МАВЪИЗАҲОИ ЧЕҲРАҲОИ САРШИНОСИ МАЗҲАБИИ КИШВАР, ки ҳамакнун бо мусиқиҳои «оранжировкашуда»и суръатнок дар нуқтаҳои фиттафурушӣ фаровон таблиғ мешаванд. Чаро мавъизаҳоро дар баробари шоу-бизнес гузоштем? Зеро, ахиран, бисёр мушоҳида кардаем, ки мавъизаҳо «мусиқинок» шудаанд. Агар ин мусиқиҳо орому мувофиқ ба оҳанги хониши мавъиза мебуд ҳоҷат ба навиштан намемонд, аммо…

Гумони ғолиб ин аст, ки шояд нафароне меҳоханд бо омезиши мусиқӣ ба мавъизаҳои рӯҳониёни шинохта ё аз фурӯши фиттаҳо маблағи зиёдеро соҳиб шаванд, ё эшону муллоҳоро низ ба шоу-бизнес ҷалб созанд. Ба ҳар сурат, ин ҷо чанд шабеҳияти байни ину он (мавъизаву санъати мусиқӣ)-ро пешниҳод месозем ва боқӣ қазоват ба худи шумо мешавад, ки оё барои дар шоу-бизнеси тоҷик кушодани як «роҳрав» (коридор)-и нав ниёзе ҳаст ё на?

Аудиокассета, CD-ву DVD-ҳои рӯҳониҳои маъруфи кишвар дар баробари фиттаҳои «ситораҳо»-и эстрада «бозоргиранд». Агар як сароянда барои таҳияи як албоми сурудҳои мураккаб аз 12 таронааш 12 моҳ «такудав» намояд, пас дар нуқтаҳои фиттафурушӣ, тақрибан, ҳар ҳафта дискҳои рӯҳониёни шинохта (теъдодашон ба 8 нафар мерасад) муаррифӣ мегарданд. Дар ин баробар, агар қаблан мавъизаҳоро дар сурати асл дар аудиокасетаву дискҳо нашр кардаву мефурӯхтанд, ҳоло онҳо дар студияҳои сабти овоз «коркард» шудаву ба онҳо мусиқӣ пайваста мешавад. (Худо аз расидани он рӯз паноҳ дорад, ки домуллоҳои мо мавъизаҳояшонро аз тариқи фонограмма пешниҳод созанд).

Яке аз сабабҳои аслии бо мусиқӣ омезиш додани мавъизаҳо, шояд, сил-силаинтиқодҳо ба суроғаи бархе аз рӯҳониёни тоҷик бошад. Таври маълум, муддате лаҳни гуфтори мавъизагӯйҳои тоҷик дар сархати расонаҳо қарор гирифта буд ва аксар коршиносону сокинони кишвар шеваи пешниҳоди мавъизаҳои рӯҳониёнро танқид карданд. Онҳо мегуфтанд, ки бархе аз рӯҳониён ҳангоми амри маъруф бо ғазаб сӯҳбат мекунанд ва гоҳо ба таҳқири шахс низ роҳ медиҳанд. Шояд, афкори мардум «дӯстон»-и рӯҳониёнро водор сохтааст, бо омезиши мусиқӣ ҳамон эҳсоси «қаҳру ғазаб»-ро «пинҳон» созанд? Ё идеяи мавъиза+мусиқӣ аз таронаҳои Самӣ Юсуф тавлид шудааст? Ба ин ду суол посухи дақиқ ёфтан душвор аст, аммо як чиз мусаллам аст, ки дар бисёр маворид мавъизаҳо бидуни иҷозаи худи ҳамон рӯҳонӣ бо мусиқӣ «орову торо» дода мешаванд. Масалан, ман ҳеҷ наметавонам тасаввур созам, ки Эшони Нуриддинҷон ё Эшони Сироҷиддин бо кадом як студияи сабти овоз шартнома баставу иҷоза бидиҳанд, ки мавъизаҳояшон, ки баргирифта аз оятҳои Қуръони Карим ва ҳадисҳои паёмбар Муҳаммад (с) аст,  ба тариқи таҳқиромез «оранжировка» шаванд…

Аз телефон ҳамроҳи як нафар оҳангеро шунидам, ки пораҳое аз сӯҳбатҳои Эшони Сироҷиддин бо сурудҳои «ситора»-ҳои эстрада ба сурати як ҳаҷвияе пайванд шуда буд. Агар дақиқтар бигӯем, вақте Шаҳроми Абӯбакр «Фариштаҷонам» мехонад, сухани эшон шунида мешавад, ки мегӯяд «фардо ҳамроҳи ҳамон дӯзах мебарандат…»

Ҳамин гуна мавъизаҳои бисёре аз руҳониёни маъруф бо сурудҳо «омезиш» ёфтаанд…

Қорӣ Амриддин ва Қорӣ Собир, ки бештар ба қироати таронаҳои мазҳабӣ машғуланд, низ, ахиран, онро бо мусиқӣ омезиш медиҳанд. Дар фиттаҳои каме пештар сабтшудаи онҳо наът бо оҳанг ва бидуни мусиқӣ садо медод.

Дискҳои мавъизаҳои руҳониёни саршинос — Эшони Нуриддинҷон, Эшони Абдухалил, Эшони Сироҷиддин, Хоҷӣ Мирзо ва чанде дигаронро пайдо кардан мумкин аст, ки бо мусиқӣ пайванд дода шудаанд. Дар бастагӣ ба ҳамин мавзӯъ, Ҳоҷӣ Мирзо гуфтааст, пайвастани мусиқӣ ба мавъизаҳояшон боке надорад, агар мусиқиҳо на «ҶАЗ», балки ором бошанд. Ҳоҷӣ Мирзо мавқеяшро вобаста ба мавъизаҳои «мусиқиолуда» муайян кардааст. Аммо Эшони Нуриддинҷон ҳам ин мавқеъро ҷонибдорӣ мекарда бошад? Интизор мешавем! (#)

Реклама

комментарий 21 to “* Эшонҳои суннатӣ дар «хӯрҷин»-и шоу-бизнеси тоҷик”

  1. Сафар said

    Вокаен навиштахоят бамавриданд,лекин як нукатаро кайд кардан ба маврид аст, ки бештаре аз рухониён ва пешвоёни дини кишвар мусикиро харом медонанд. Аммо аз чи бошад, ки имрузхо мавъизахои рухониёни маъруфи кишвар бо мусикихои форами гитора ва пиянина оронжировка шудаааст ва аз бештари телефонхои чавонони кишвар садо медихад. Махсусан аз Хочимирзо…
    Ба ин боварам, ки Хочимирзо ва дигар рухониён ин маърузахои оронжировкашударо боре шунидаанд, вале хомушан.

  2. Хамин бечорахоро хам руз надоди да дустам!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

  3. Нагз, токат кардан мумкин аст.

  4. Мухлиси Махбуб said

    Ба гумони ман бад нест амри маъруф бо оханг омезиш ёбад. Мусики дар Ислом харом нест-ку?! Гузашта аз ин амри маъруфи домуллохо хамеша бо оханги гушнавоз омезиш дидааст. На бо РОКу РЭП. Барои чалби таваччух ба Ислом мумкин аст аз хамаи роххои шаръи истифода бурд, аз он чумла аз мусика хам…

    • MAHBUB-TJ said

      Ман хам ба андешаи Шумо мувофикам, вале агар мушохида кардаед на хамаи он мавъизаву амрхои маъруф, ки мусикапеч шудаанд, муассиранд. Зеро, дар баъзеи ин амрхои маъруф мусики бо мавъиза тавъам нестанд.

  5. Сафарали said

    Намедонам, имруз мардуми моро чи шудааст, бехтарин одоби инсониро ахли адаби точик дар китобхои худ чо намуда дар замонхои басо вазнин то имруз меъроси адабии гаронбахое боки гузоштаанд. Чи хочат аст, пайрави кардан, ба сарояндагони хорич! Дар мавриди рухониён бошад, ба фикри банда имруз моро баст аст, ки дигар коидахои шариатро таблиг намудан. Дар мо конуну амалхои шариатро чунон таблиг кардаанд, ки бештари имкониятхои мардумиро махдуд намуда тамгаи «харом»-ро задаанд. Бубинед давлатхои исломи кушиш мекунанд, ки рушди тарракиёти давлатро таъмин намоянд, аммо аз мо баръакс танхо таблиг менамоянд, ки тамоми кори дунё фоидае надорад, кариб хамаро «песемист» намудаанду гуломи русхо гардонидаанд. Хамдиёрони гироми мо кишвари худро обод мекунем, касе дигар ин корро анчом намедихад!!!

  6. Дилшод said

    Салом! Навиштаи хуб, вале чаро мулло Сирочиддинро эшон гуфти? Ин нодуруст аст!

  7. Ворис said

    Баъзе мвъизахое хаст,ки асбобхои мусикиро бе хузури ромишгар маст карда девонавор ба наво медарорад. Гумон мекуни, ки воиз ракос асту хай мераксаду мераксад. Ба гуфти баъзехо «халолу харом» хай часпоканак мекунанду шапошап… Худо хамаи моро биёмурзад.

    • MAHBUB-TJ said

      Устод Ворис аввалан хело мамнунам, ки ба кулбаи ман қадам ранҷа намудед. Дар мавриди мавъизаҳо хело дуруст нигоштаед. Ва ҳам дурусттар аз дуруст гуфтед, ки Худованд бо ин ҳама гуноҳҳоямон моро биёмурзад…

  8. Салом!
    бисёр навиштаи бамавриде буд, бароятон муваффакият дусти азиз!!!

  9. Daler said

    Avrupoiho meguyand : russho demokratiyai avrupoi gufta chakrimho az mo «pesh» raftan. Mo tojikon boshem arabhoro hele «obgonyat » kardem. Kalimai igrok allakaj chavobgui «dejstvi» mo nest .

    • MAHBUB-TJ said

      Чаноби Далер ба рости магзи навиштаатонро дарк накардам. Шояд гуфтан мехохед, ки дар навиштахоям ба игроки зиёд рох додаам? Агар манзуратон чизи дигар аст, лутфан каме рушантар бинависед. Сипос!

  10. Абдулло said

    Офарин Махбуб. Хавсала карда ба хамин гуна масълахо даст задед!
    Харчанд дар назар масъалаи одист вале ин тавр нест. Ин «воизон»-и навбаромади мо ба як машинаи бисёр пуркуввати иттилооти табдил гаштаанд. Мардум ба онхо бовар мекунанд, эътмод доранд. Вале сатхи дониши ин воизхо ба кавле дар сатхи «оши нахор» аст. Гуфти Хучандихо инхо «мияи мардума гич кара парофтосиян». Пеши рохи инхоро гирифтан даркор, аниктараш машинаи онхоро ба рохи дуруст рахнамун сохтан лозим. Вале чи тавр намедонам. Рохаша бояд масъулон Вазорати Фарханг ёбанд.

    • MAHBUB-TJ said

      Сипоси зиёд Абдулло барои он ки Шумо низ хавсала карда ба ин кулба сар задед. Ман низ дар мавриди ба як чодаи дуруст рохнамун кардани бархе аз намояндагони дин бо Шумо мувофикам. Фикр мекунам дар ин самт набояд тамоми масъулият бар души кадом ниходи вижа гузошта шавад, бояд дар якчояги талош кард.

  11. Шахло said

    Дуруди беандоза бар шумо.
    Бисёр хуб нигориш шудааст ин масъала.
    Дар олами ислом хам сарояндахо сурудхоро баъзан бо асбобхои мусики ба монанди чангу даф ичро мекунанад,ки хело хуш дилангез хам мебароянд факат ин мусики ба хамун суруд мувофик бошад.

  12. Хасан said

    Салом ба хама хамдиёрон!Бисёр сомонаи чолиб Махбубчон.Ба рости чанде кабл хам ин масъаларо пас аз шунидани як мавъизаи Хочи Мирзо бо худ аз сар гузаронидам.Аксари мардум имруз дар телефонхои дастии худ навозишхои омехта бо мавъизахоро гуш мекунанд,ки фикр мекунам бисёр чолиб асту бехтар аз он (Дар баъе маврид)садои охангхои мардуми гарб.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

 
%d такие блоггеры, как: