MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

* Иди Мусиқӣ муборак, ҳофизони мӯҳтарам!!!

Posted by MAHBUB-TJ на 20.10.2010

Бовар дорам, камуздтарин корманди вазорати кишоварзӣ (боғбону фарош дар назар аст-М.Г.) бе ҳеч дудилагӣ санаи дақиқи баргузории Идҳои харбузаву асалро «қориазёд» медонад, аммо бовар карда наметавонам, ки масъулини вазорати фарҳанг аз расидани Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ огаҳ бошанд.

Шубҳае надорам, ки баъди ҷумлаи боло даҳҳо корманди вазорати фарҳанг даст бар сина зада иддао пеш меоварад, ки мавҷудияти чунин як санаро медонад. Ҳатто далелҳое ҳам пешниҳод мекунанд, вале оё бо донистану хомӯшӣ ихтиёр кардан муроде ҳосил мешавад? Суоли марбут ба вазорати фарҳангро инҷо кушода мегузорему меравем дунболи сарояндаҳо, ки аксарияташон аллакай китф дарҳам кашидаву ҳайронанд, ки гап сари кадом Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ мерафта бошад? Барои ин қабил «ахтаракони боғи санъат»-амон, ки мутаасуф теъдодашон аз таври қобили мулоҳиза низ зиёд аст, ғизо барои андеша гуфта, аз таърихаки пайдоиши ин Рӯз ёдовар мешавем.

Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ 1-уми октябри соли 1975 бо қарори ЮНЕСКО, Бунёди илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангии СММ созмон ёфт. Мусиқасози маъруф-Дмитрий Шостакович аз ташаббускори аслии ин сана маҳсуб меёбад. Тарғиби санъати классику муосир, ҷалби бештари шунавандаи мусиқии асил, табодули арзишҳои бадеиву гурӯҳҳои эҷодӣ аз аҳдофи аслии таъсиси чунин як рӯз унвон шудааст. Ин рӯз дар аксари кишварҳои ҷаҳон бо баргузории консертҳо бо ширкати сарояндаҳои саршинос ҷашн гирифта мешавад. Дар бархе бузургшаҳрҳо (ба гунаи мисол Санкт-Петербурги Русия) қиммати чиптаи консертҳо дар ин рӯз хело ночиз ба фурӯш гузошта мешавад. Фикр мекунам, акнун сарояндаҳо мавзӯи мавриди баррасии имрӯзро дарк намуданд. Агар чунин аст, пас аз худи онҳо шурӯъ мекунем. Хонандаҳои мо ва продюсеронашон барои баргузор намудани ба қавли онҳо Шоу-консертҳо баҳона мекобанд. Гузашта аз ин, солҳои ахир теъдоди ширкату агентиҳое, ки корашон созмон додани консертҳо аст, занбурӯғи баъди борон шудааст. Тарҳи баргузории консертҳоро ба муносибати Идҳои бонувон (Модарон)-у Ғалаба, 23-юми феврал ва ба ин монандҳо, ки воқеан  бояд зери навои мусиқиву рақсу суруд таҷлил шаванд, аллакай, чандин моҳҳо пештар кашидаву толорҳои бузургро аз ҳамон замон «заказ» мегиранд. Аммо Идҳои Асалу Харбуза ҳам ба оҳистагӣ ба санаҳои пулкоркунӣ табдил мешавад. Расидани ин Идҳо сарояндаҳоро мисли оғози «сезон»-и туйҳо хурсанд мекунаду зиёд шудани шумораашонро аз даргоҳи Худованд талаб мекунанд. Ба бахти онҳо солҳои охир дар доираҳои мухталиф теъдоди чунин Идҳо афзудан дорад ва гумони ғолиб ин аст, ки дар ояндаи наздик сарояндаҳо дар рӯзи Иди Пудинаву, Нахуд, Помидору Бодиринг ҳам консерт хоханд дод (ошашон ҳам шавад). Аммо барои ман тааҷубарангез аст, ки чаро дар Рӯзи мусиқӣ  касе аз он ёд намекунад? Шояд барои он ки аз мавҷудияти чунин сана хабар надоранд, охир дар бораи Идҳои Харбузаву Асал моҳҳои дароз дар ТВ-ю радиову матбуоти давлатӣ гузоришу хабару ҳисобот пахш мешавад-ку? Хуб, гуфтем, ки сарояндаҳо бо иллати бехабарӣ аз чунин рӯз нисбати таҷлили он бетафовутанд, аммо вазорати фарҳангро чӣ шудааст, ки аз Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ фаромӯш сохтааст? Бӯҳрони ҷаҳонӣ? Охир дар 17-соли пеш аз бӯҳрон касе гап намекушод, вале мо ин санаро фаромӯш мекардем-ку? Тамоми ҷаҳон 1-уми октябр аз Рӯзи мусиқӣ таҷлил мекунанд, ба ҷуз  Тоҷикиситон, он гуна, ки аксари давлатҳо санаҳое ба монанди адолати иҷтимоиро бе кишвари мо ҷашн мегиранду, шубҳае нест, ки дар оянда низ хоҳанд гирифт.

Дар мо одат шудааст, ки њамеша иқдоми аввалро бояд Президент бигирад. Бо боварии комил мегӯям, ки агар Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Рӯзи мусиқиву таъсири оҳанги ҷаззоб ба рӯҳи инсон дар ҷаласа ё нишасте ҳамагӣ ду ҷумла бигӯяд, барои ТВ-ю радио ва матбуоти давлатӣ моҳҳои дароз баҳонаи «эфирпуркунӣ» пайдо мешавад. Он гоҳ вазорати фарҳанг низ эълом мекунад, ки аз ин пас ҳамасола Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ дар Тоҷикистон бо як вижагии хос ҷашн гирифта мешавад. Сарояндаҳову продюсерҳояшон ҳам фаъол мешаванду «Шоу-Консерт»-ҳо созмон медиҳанд. Аммо ҳоло ки то расидани он рӯз фурсат ҳаст, ман имрӯз ҳамаи онҳоеро, ки ба мусиқӣ пайвастагие доранд, муборак мегӯям, сароғоз аз Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, Сабоҳат Наҷмиддинова, хонандаи хуби Шашмақом, Давлатманди Хол, фалаксарои саршинос, Садриддини Наҷмиддин, сарояндаи муваффақи жанри эстрада, Олими Маҳмуд, хонандаи номуваффақ бо лаҳҷаи эронӣ, Суҳроб Отаев, ки аз сурудҳояш бӯйи оши палов меоянд, Манижа Давлатова, ки аз сурудҳояш вақтҳои ахир мухлисонаш бештар «Номи туро шунидам, аммо туро надидам»-ро зиёд зам-зама мекунанд, DJ ISMAIL, ки «тоҷикбачаҳо»-ро рэпсаро кард ва … хулас, ҳамаро шодбош мегӯям! Муборакатон бошад!

P.S. Ҳамчунин, ҳамасола 29-уми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии рақс таҷлил мешавад, ки бо вуҷуди раққоосаҳои зиёдаш бозам дар кишвари мо ин рӯзро кам касоне ба ёд меоранд, ки онҳо низ кормандони созмонҳои хориҷиянд. Масалан, дар гузашта ба муносибати ин сана Оҷонсии ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон се китоби донишмандони тоҷик- «Олами беканори рақси тоҷик»-и Низоми Нурҷон, «Таърихи либоси тоҷик»-и Гузал Мадинова ва «Фарҳанги мусиқии тоҷикон»-и Наим Ҳокимовро муаррифӣ карда буд. (#)

P.S.-2.  Ин матлаб каме дертар дар сомона гузошта шуд. Сабаб ноимконии техникӣ.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

 
%d такие блоггеры, как: