MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

* Фалаки тоҷикӣ думбаҷунбонӣ нест

Posted by MAHBUB-TJ на 19.11.2010

Рӯзе, ки садои «Фалак» бар Фалак печид, вақте ҳиндуҳо бо забони ноби тоҷикӣ суруданд, он замон ки танбалтарин донишҷӯйи колеҷи санъат баъди аз сӯи устодонаш маҷбурӣ вориди толори Кохи Ҷомӣ шудан то анҷоми консерт ба қавли бибим «нуққӣ» накарда шишт, ман ба вазири фарҳанг офарин гуфтам.

Ҷашни Фалак вақеан аз ҳамаи дигар чорабиниву маҳофиле, ки дар Тоҷикистон то имрӯз баргузор мешуд, ба маънии томаш фархунда иде буд. Сеюмин фестивал-симпозиуми байналмилалии Фалак ба андешаи ман ҷашни ҳамагонии тоҷикон буд. Инҷо аз ҷараёни баргузории фестивал-симпозиум, ки тайи ду рӯз (аз 8 то 10-уми октябри соли 2009) доир гардидаву чандин донишмандони фалакшиносу мусиқадонро аз кишварҳои дигар сарҷамъ овард, ҳарфе намегӯям. Андешаву бардоштҳои ман ҳамчун як шунавандаи оддии Фалак аз расми анҷоми ин фестивал аст, ки дар Кохи Ҷомӣ сурат пазируфт.

Нуќтаи ҷолиб сенарияи ифтитоҳи маҳфил буд. Ду монитори саҳна ба сурати лентаи филм лаҳзахое аз фалаксароии хонандаҳои саршиноси Тоҷикистонро намоиш медод. Сипас махфилро марде бо ҷелаку миёнбанди гулдузии тоҷикӣ оғозид. Садои ғул-ғуладор гӯиё мегуфт, ки соҳиби ин овоз бо оби чашмаҳои кӯҳсорон бузург шудааст. Аммо, ин ҷаноб низ ба монанди бархе аз бонуҳофизаҳои саҳнаи эстрадаи тоҷик ё ба таври дақиқ хоҳарон Шабнаму Фарзона пушташро ҷониби тамошобинон карду суруд ва на чанд лаҳза, балки дақиқаҳои тӯлоние мардуми тамошобин маҷбуран тамошо карданд…

Фарқияти пуштгардонии хонандаи фалаксарову ҳофизаҳо ин буд, ки

Муҳаммадсафар Муродов, фалаксарои маъруф, Ҳофизи халқии Тоҷикистон

дуюмиҳо пушташонро ба хотири думбаҷунбонӣ ба тамошобин намоиш медиҳанд (бо шумо, ки ин лаҳза мегӯед, онҳоро думба ҳам наметавон гуфт, сад дар сад мувофиқам, аммо агар варианти дигарро менавиштам, сарояндаҳои мо моддаҳои дӯстдоштаашон- 135, 136-и Кодекси ҷиноиро «дастак» кардаву тӯҳмату таҳқиргӯям хоҳанд хонд). Хуб, марди пуштгардон, ба қавле, пеш гардонду бо нимтаъзиме саҳнаро тарк намуд. Ба ин тартиб маҳфиле олудаи таронаҳои дилчаспу садоҳои марғудалор, ки минтақаҳои мухталифи Тоҷикистонро муаррифгар буданд, шурӯъ гардид.

Аксари фалаксароҳо бо вуҷуди синну соли бузургашон чеҳраҳои наве дар саҳнаи тоҷиканд. Дар ин баробар ҳайате аз Эрону Ҳиндустон ва Афғонистон низ иштирокдори маҳфил буданд. Фалак садои дилест, ки гоҳе дард, гоҳе ғам ва гоҳе ҳисиёти ботину замири як нафарро бо шикастани пардаи хомушӣ ғул-ғула меандозад. Аммо, чун оддатшуда, Фалакбазм низ аз мадҳу ситоиш орӣ набуд, боз онҳое мадҳ мегуфтанд, ки ба қавле «устухонашон» дар саҳна «сахт» шудааст. Аз ғароиботҳои дигар ин буд, ки аз се таронаи иҷрокардаи ҳайати Афғонистон 2-тоаш мадҳу ситоиши сарвари тоҷикон буд, ки Шоҳаш низ ном бурданд. Ҳайати Ҳиндустон чун филмҳояшон ҳамаро «қоил» карданд.

Орзӯ дорам, ки меҳмонат кунам,

Ҷону дил эй дӯст қурбонат кунам.

Ана ҳамин ғазалро ҳиндуҳо бо забони тоҷикӣ, дар қолаби мусиқии суннатияшон ва самимияти хосае суруданду Фестивали Фалак ба базми таронаҳои хостанӣ барои тамоми иштирокчиён табдил шуд. Кабл аз ворид шудан ба толор русдухтареро вохӯрдам, ки мепурсид, чи гуна барои худ ва дӯсташ билет дарёфт намояд, гуфтам, агар хоҳиш дорад бемалол, зеро вуруд ба он ройгон аст. Он ду, он гуна ба дунёи фалак дода шуданд, ки дар қатори охирин шиштаҳо толорро тарк намуданд. Донишљӯёни зиёдеро (аз донишкадаи санъату коллеҷҳои мусиқӣ) бовар дорам, ки бо таҳдиди хориҷ кардан аз таълимгоҳу ҳеч набошад, гузоштани 7-у 8 «НБ» оварда буданд (ин ҳолат дар кишвари мо чизи маъмулӣ гардидааст). Дар оғоз баъзе «современи»-ҳо чашми устодонашонро «хато» карда, толорро тарк кардан мехостанд, аммо баъди чанд тарона худро ба уқёнуси Фалак ҳаво доданд…

Вақте Абдурауф Султонов, фалаксаро аз ҷануби кишвар ба қавле ба торҳои дутор нохун мезаду аҳли толор ќарс мекӯфт, марди галстукпӯше аз толор рӯйи саҳна шуд ва ошиқонаву тоҷикона рақсид. Намунаи қариб аз миёнрафтаи рақси мардона буд, ки манзур кард. (Гурбае ҳам, ки номаълум аз куҷо вориди толор шуда буд, гуйё бо садои наю дутор ҳамовоз шудан мехост).

Ҳамон рӯз аксари ширкатдорон нобоваста ба ин ки бо даъвати вазорати фарҳанг, тавсияи дӯст, бо таҳдиду зурӣ ё ҳамту барои «интерес» вориди толор шуда буд, Фалакро дӯст дошт. Дигар хел шуданаш ҳам имконопазир буд. Мутмаинам, ки аксар он рӯз аз доштани жанри мусиқие бо номи Фалак ифтихор доштанд. Сар аз Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанг, Сайфулло Сафаров, муовини директори МТС то донишљӯйи соли аввали колеҷи санъат. Он қадар зиёд, ки бовар надорам, аз дидани клипҳои Шабнаму Ҷонибек дар Аврупо ба ин ҳад фахр карда бошанд.

Вазирро дидам. Эҳсос мешуд, ки аз худ розӣ аст. Ман низ он рӯз аз Ӯ ба унвони як пуштибони мусиқии асил ва арзишманд розӣ будам, таъкидан мегӯям, ки фақат он рӯз. Фардоро вақт довар аст! (#)

 

P.S. Тавре пай бурдед ба солгарди навишти ин матлаб 1 солу 1 моҳ пур шуд. Баъди Фалакбазм он дар гӯшаи «Шоубизнеси тоҷик бо Маҳбуби Ганҷаалӣ»-и нашрияи «Нигоҳ» ба нашр расид. Дишаб аз тариқи ТВ нафаре бо дард Фалак суруд ва ин боис гардид, ки баъди 13 моҳ навиштаи мазкурро дар блог бигузорам.

 

Реклама

Один ответ to “* Фалаки тоҷикӣ думбаҷунбонӣ нест”

  1. Фалакдуст said

    Вокеан бояд ба кадри фалаксароёни имруз расид. Дар холе, ки имруз аксари сарояндахо ба мусикии поп дил бастаанд, фалаксароёнро ба мисли дурдонахои ноёб хифз кардан лозим.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

 
%d такие блоггеры, как: