MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

* Сӯҳроби Сафарзод гӯё маргашро эҳсос карда буд

Posted by MAHBUB-TJ на 14.12.2010

 Сӯҳроби Сафарзод, хонандаи ҷавони мусиқии попро сактаи қалб барои ҳамешагӣ дар ин дунё аз дӯстону ҳаводорон ва пайвандонаш ҷудо кард. Сӯҳроби Сафарзод, ҳамагӣ 30 сол дошт ва ба тозагӣ даричаи шӯҳрат ба рӯяш во шуда буд. Ӯ ҷойгоҳи хосеро дар олами санъати тоҷик касб карда буд.

 Сӯҳроби Сафарзод дуюмин хонандаи тоҷик аст, ки бо сурудҳои Муин, овозхони маъруфи форсзабони муқими Амрико миёни мухлисон муаррифӣ шуд. Фахриддини Малик ҳам ба шоҳроҳи шӯҳрат баъди бозхонии таронаҳои Муин ворид гардид. Дар қиёс ба аксари ҳофизони дигар Суҳроби Сафарзод дар бозхонӣ то андозае муваффақ дониста мешуд, шояд ба ин хотир, ки ӯ суруди аслро тақрибан таѓйир намедод, ҳам оҳанг ва ҳам матну шеваи бозхонӣ айнан иҷро мегардид. Овози Суҳроб низ ба Муин шабоҳатҳое доштанд. Ба оҳистагӣ ҷои колексияи сурудҳои бозхонишударо таронаҳои худи ӯ танг кардан гирифтанд. Сурудҳои «Нозанин», «Азизи диламӣ», «Ишқи ман», «Панҷара» ӯро миёни мухлисон зиёдтар машҳур гардонд. Дуэтҳое низ бо Шабнами Сурайё (Ишқи ту), Дилноза Сафарова (Нозанин), Остони Азиз (Аруси сарзаминам) ва Ҳабиба (Дил шикастӣ санам) иҷро кардааст, ки ба шӯҳраташ афзуд.

Як вижагии сурудҳои Сӯҳроб омезиши оҳангҳои эрониву ҳиндӣ буд, ки таронаҳояшро бештар массир ва маҳбуби ҳаводоронаш мегардонд. Мувофиқати ҳаракатҳои саҳнавияш бо матни сурудҳо низ ба андозаи 80 дар садро ташкил медод. Ба фарқ аз бархе овозхонҳо ҳангоми иҷрои таронаҳои маҳзун рақсҳои берабт намекард. Аммо дар ҳолатҳое, ки суруди шӯхеро иҷро мекард (махсусан дуэт, ки бо Дилноза дар толори Сирк суруд), ҳамчунон чеҳраи гирифтае дошт ва дар саҳна қариб беҳаракат меистод.    

Сӯҳроб аз оғози соли 2000-ум дар саҳна муаррифӣ гардид. Ихтисоси мусиқӣ надошт, аммо зимни таронасароӣ нозукиҳои талаффузи калимаҳоро риоя мекард, садояш бо оҳанг тавъам буд. Дӯстонаш мегӯянд, Сӯҳроб тасмим дошт, фурсати наздиктарин маҷмӯи нави таронаҳояшро таҳия ва пешниҳоди мухлисон кунад. То ин вақт Сӯҳроб ҳамагӣ як албоми худро таҳия карда буд, маҷмӯаи дуюми таронаҳояш нотамом монд. Сӯҳроб тасмими филмсозӣ низ доштааст, аммо акнун ин нақшаи ормонии ӯро шояд дӯстони ҳампешааш амалӣ мегардонанд. Охирин таронаи ӯ дар шакли дуэт як рӯз қабл аз маргаш суруда шудааст. Олим Ширинов, коргардони овоз ба хабарнигорон гуфтааст, Сӯҳроб рӯзи 9-уми декабр (як рӯз пеш аз фавташ) зимни тамоси телефоние изҳор доштааст, ки бояд таронаи навашро сабт кунад. Олим пешниҳод кардааст тарона фардо сабт шавад, вале Сӯҳроб зиёд исрор намуда, ки бояд ҳамин рӯз сурудро таҳия кунанд. Гӯйё Сӯҳроб медонист, ки фардо дигар имкони пешниҳоди тарона даст намедиҳад. Ҳоло дӯстонаш мегӯянд, ин сурудро ҳамчун охирин ҳадяи Сӯҳроб ба мухлисон пешкаш хоҳанд кард.

Баъди он ки хабари марги Сӯҳроби Сафарзод ба монанди раъду барқи баҳорӣ бо суръати кайҳонӣ паҳн шуд, миш-мишу сару садоҳо низ дар мавриди сабабҳои марги ӯ баланд шуданд. Ҳарчанд табибон иллати аслии даргузашти хонандаи ҷавонро сактаи қалб унвон карданд, аммо миш-мишҳову «гӯшаки»-ҳое низ шунида мешуд. Истифодаи аз меъёри зиёди маводи нашъадор асоси ин овозаҳоро ташкил медод. Дар Тоҷикистон бори аввал нест, ки дар қиболи хонандаҳову чеҳраҳои маъруфи санъат ба ин монанд овозаҳо паҳн мешавад. Агар ба ин овозаҳо, ки касе маълум накардааст, сарчашмаи аслияш киҳоянд бовар кунем, аксари сарояндаҳои тоҷик гирифтори бемории нашъамандиянд. Фарзияҳое низ ҳастанд, ки чунин овозаҳоро аслан ба хотири бадном кардани сарояндаҳо паҳн мекунанд. Баъзеҳо ҳатто бовар доранд, ки овозабофӣ кори рақибони хонандаҳо аст- аз шӯҳрати як сароянда ҳофизи дигар нороҳат шуда мехоҳад бо паҳн кардани овозаҳо ба номи ӯ иснод биёварад. Тавре ишора рафт, аммо то куҷо ҳақиқат доштани ин сару садоҳо норӯшан аст, ҳамон гуна, ки овоза дар мавриди сабаби марги Сӯҳроби Сафарзод. Аз ин хотир беҳтарин вариант бовар кардан ба хулосаи ташхиси тиббӣ аст, ки сактаи қалбро аз сабабҳои аслии марги Сӯҳроб мешиносад. Гузашта аз ин ба нақли модари Суҳроб вақтҳои охир аз дарди дил шикоят доштааст. Дар ин нукта зарур аст ишора кунем, ки сактаи қалб аз миёни сарояндаҳои ҷавон танҳо риштаи умри Сӯҳроби Сафарзодро канда накардааст. Дар моҳи майи соли ҷорӣ Зулфиқори Азиз, овозхони гурӯҳи маъруфи «Анис» ва ду сол қабл Соҳибқирони Нозим, сароянда ва оҳангсози муваффақ ҳам бо иллати бемории қалб мухлисонашонро тарк гуфтанд.  

Сӯҳроби Сафарзод дар оромгоҳи мавсум ба Калинини шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд. Ба иттилои расида, рӯзи ҷанозаи ӯ ҳеч нафаре аз масъулини вазорати фарҳанг ҳузур надоштааст. Аз тариқи шабакаҳои телевизион ҳам дар мавриди марги сароянда хабаре пахш нашуд. Воқеан, дар Тоҷикистон баъзан бо журналистони расонаҳои мустақилу сарояндаҳои берун аз долонҳои ҳукуматҳо ончунон муносибат мешавад, ки дар тафсираш чизе барои гуфтан намемонад.

Сӯҳроби Сафарзод як хонандаи бомаҳорат буд. Ӯ ҳанӯз шахсияти ба тамом накшодае дар санъати эстрада буд, ки ба таври комил муаррифӣ нашуда буд. Марг чунин имконро ба вай надод. Аммо сурудҳои бозхонишудаву таронаҳои иҷрокардааш ӯро барои ҷовидонӣ миёни дӯстон, пайвандон, ҳампешагон ва мухлисон зинда медорад.             

(бознашр аз ҳафтаномаи «ОЗОДАГОН»)

Реклама

комментариев 14 to “* Сӯҳроби Сафарзод гӯё маргашро эҳсос карда буд”

  1. Комрон said

    Рухаш шод бошад Сухроби Сафарзодро!!!! Аммо зиндахоро тамом карда ба шодравонхо гузаштед? Дар бораи зиндахо гап тамом шуд? Мегуянд агар шахсе,ки аз олам гузашт бояд дар борааш гапхои хуб занем на …

    • MAHBUB-TJ said

      Комрони гироми, ман низ аз даргузашти як нафар новобаста аз шуглу ихтисосаш гамгин мешавам, ба хусус вакте монанди Сухроб чавон ва дар хунари сарояндаги муваффак бошад. Мо одат кардаем, ки танхо баъди марг ба кадри одамон бирасем. Вакте як нафар фавтид хатман аз у ситора метарошем. Ман фикр мекунам хамеша бояд барои хакикат чой бошад.

      • Пас дар вакти зинда будани одамон ба кадрашон расед, на дар мурдан. Чун гуфтаанд:
        Пас аз мурдан чи суд ёд кардани ман …

      • MAHBUB-TJ said

        Дустам, аз одами хуб ва сазовор хам дар зинда будан ва хам баъди фавташ ёд кардан хуб аст…

  2. Орзу said

    Ташаккур мекунам,ки рухи сарояндаи сохибовоз ва чавонро баъди даргузашташ ёд кардем.

    Бубин хакасби азиз мо солеро сипари мекунем,ки чанди сарояндаро ба хок супурдем.Щохиста Мулочонова,Зафар Нози,Абдулло Султонов,Давлатчони Муким сарояндаи чавон Сухроб,ки хело рухафтода шудам.
    Умед мекунам, ки перумони дигар шодравонхо маводе менависед. Пас интизхорам, чун дар кисмати шодравонхо гузаштед.

    • MAHBUB-TJ said

      Хамеша муваффак бошед, Орзу! Тасмим дорам дар поёни соли равон аз вазъи санъати хонандаги дар Точикистон давоми 12 мох матлабе нависам. Ончо бахше «Соли сарояндакуш» унвон хохад дошт, ки бевосита ба мавзуи дахлкардаи Шумо рабт мегирад.

  3. хуршед said

    э, бародар! агар овозаи истеъмол шудани нашъа аз тарафи Сухроб асоси вокеи надошта бошад, ту баръакси онро исбот кун, то ки ба ту бовар кунем… кадом модар мегуяд, ки писари ман нашъаманд буд, бо хамон сабаб фавтид? хеч кас ин тавр намегуяд. аммо мардум хам чизе медонанд ки мегуянд, шохи дарахт просто так намечунбад.

    • MAHBUB-TJ said

      Хуршеди гироми, аслан ман хакки гуфтани харферо надорам, ки перомунаш далели кофи руйи даст нест. Ман танхо аз фарзияхо ва миш-мишу овозахо навиштам, ки хамеша дарчунин мавридхо баланд мешаванд. Муайян кардани сабаби асосии маргхои гайринтизор кори додситони аст ва шояд фурсати наздиктарин ба таври расми хулосахое ироа шавад.

  4. zevarshah said

    Чаро хамеша зиндагии хусусии фард барои мо мухимтараст аз хунару истеъдоди шахс. Чаро бештар руи он тамаркуз мекунем ки чи аъмоле дошт ва бо ки менишасту чи мегуфт, пушти сари кас хамеша гунохашро мечуем. Оё бехтар он нест ки аз хунараш бигуем, ки хуб буд ё на? истеъдоде дошт ё на? оё метавонад мондагор бошад баъди маргаш миёни алокамандони хунараш. Акнун дигар чи фарке дорад ки аз сактаи калби даргузашт ё аз итеъмоли героин. Агар барои касе ин хеле мухим мебуд чаро дар хангоми хаёт будани Сухроб борехам ба у нагуфтанд, ки бародар ин корро накун. Имруз хамма дои шудаанд ва насихатгар.

    • MAHBUB-TJ said

      Бародари гироми Зеваршох, хело хуб навиштед. Аслан, он чи ки гуфтед дар магзхои мардуми мо фарханг шудааст ва ба ин осони намешавад онро суфтаву берун кард. Дар мо хеле аз чизхо ба таври нодуруст шакл гирифтаанду бо шевахои галат ба ичро мерасанд. Аммо ба хар сурат имруз вакти он расида, ки талош намоем, то ба хар чиз аз нигохи дурусти бахогузори шавад. Худо кунад, ки муваффак шавем.

  5. РУХАШ ШОД БОДУ МАНЗИЛГАХИ ОХИРАТАШ ОБОД! ЧАВОН РАФТ,ДАР АЙНИ КАМОЛОТИ ХУНАР. ЧИ КАДАР СУРУДХОИ НОХОНДААШРО БО ХУД БУРД.ЧИ КАДАР СУХАНХОЯШ НОГУФТА МОНДАНД.СУХРОБ РАФТ,БЕБОЗГАШТ….
    МО ЧИ ХАК ДОРЕМ, КИ БАЪДИ САРИ У ЗИНДАГИЯШРО МУХОКИМА НАМОЕМ?АФСУС БОЯД АЗ ОН ХУРЕМ,КИ ЧАВОН РАФТ.БОЗ ЯК СИТОРАИ НОМДОР АЗ ОСМОНИ КАЛБИ МО РАФТ.СУРАЕРО АЗ КУРЪОНИ КАРИМ БАРОЯШ ТИЛОВАТ НАМОЕМ.НА ИН,КИ ПАС АЗ САРАШ ОДАМРО СИЁХ КУНЕМ….

    • MAHBUB-TJ said

      Шахризодаи озода! Вокеан, марги як одам, новобаста ба он ки чавон аст ё солхурда чое барои афсус дорад, харчанд рохи хамаамон ба суи Уст. Аммо дар мавриди «баъди сараш одамро сиёх кардан», ки навиштаед бояд гуям, ки новобаста аз зинда будану фавташ бояд хислатхои нохушоянди одамон инъикос шавад, то худи хамон нафар (боз агар миёни мардум шинохта бошад) тавонад ислох шавад (вакти зинда будан) ва барои дигарон дарсе бошад, ки аз эхтиёт кор бигиранд.

  6. Фариза said

    чаро мардуми мо хама вакт аз хакикат харф намезананд.

  7. MAHBUB-TJ said

    Барои он ки хакикат хамеша талх аст ва табиист, ки чомеаи мо тоби онро надорад…

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

 
%d такие блоггеры, как: