MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

* Аз Апаи Нигина як умр қарздор мондам…

Posted by MAHBUB-TJ на 24.12.2010

Он субҳ барои мусоҳиба бо машҳуртарин бонуи ҳунари санъати овозхонии тоҷик омодагӣ мегирифтам. То субҳ нахуфтам, ба апаи Нигина суолҳои зиёде доштам. Дар андешаам феҳрасти суолҳоро тартиб медодам, ки аз кадомаш бояд оғоз кард. Тибқи як мувофиқаи қаблӣ мебоист рӯзи чоршанбе, 22-юми декабр ҳамроҳ бо Субҳон Ҷалилов, корманди радиои “Ватан” ва Сафарбек Кабиров, хабарнигори ҳафтаномаи “Наҷот” бо қасди анҷоми як мусоҳибаи комили навориву садоиву нашрӣ меҳмони Нигина Рауфова мешудем. Аммо афсус… Субҳдам хабар оварданд, ки тоҷиктарин бону ва мардумитарин овозхон моро тарк гуфтааст. Боварамон намеомад. Ҳаво абрӣ буд. Ҳатто осмон гиристан мехост…

Нигини санъат аз мо рафт

Дар маросими видоъ бо Нигина Рауфова дар манзилаш ба қавле «ҷойи сӯзанпартоӣ набуд». Ҳар нафаре, ки хабари маргашро шунид, роҳ сӯйи манзили ӯ гирифта буд. Чеҳраҳои саршиноси тоҷик ҳамагӣ онҷо буданд. Аз вазиру кабир то фақиру сағир.  Ҳар нафар талош мекард, пояи тобути апаи нозанинашро ба даст бигирад ва бо ӯ то охират видоъ кунад. Ҳама бо дард «Алвидоъ апаи ширин» мегуфтанд. Худро маломат мекардем, ки чаро як рӯз қабл барои мусоҳиба наомадем. Қисматро меандешидем, ки чаро як рӯзи дигар интизор нашуд…     

Нигина Рауфова дар сини 65 солагӣ бар асари сактаи қалб даргузашт. ӯро дар оромгоҳи маҳаллаи Лучоб дафн карданд. Нигина акнун, паҳлӯи бузургмандони мардонаи тоҷик, Лоиқ Шералӣ, Абдулло Назрӣ, Убайди Раҷаб рафт. Рафту санъати тоҷикро камбағалтар кард. Рафтани Нигина ба миёни шикастаи фарҳангу ҳунари тоҷик лагади даҳшатборе зад.

Он рӯзу баъди он ҳар ҷо ки сухан аз апаи Нигина меравад, ҳама аввалан тоҷикияти ӯро ба мисол мезананд. Нигина чеҳраи тоҷики асил буд. Нигина аз шумули охирин ситораҳои асри гузаштаву имрӯз аст, ки бо тамом тоҷикӣ буд, симояш, рафтораш, гуфтораш, либосаш, ҳазлҳояш, хандоҳояш, нозу карашмааш…

 Нигина апаи ҳамаи мо буд

Нигина овозхоне аз миёни мардум буд, оҳангҳои сурудааш ҳамеша аз дилҳои мардум бармехостанд. Ҳамин вижагӣ буд, ки таронаҳои сурудааш ба зудӣ ба дили хурду ҷавон, ошнову ноошно, худиву бегона камин мегирифтанду ҳеч гоҳ майли тарк ба сар надоштанд. Мардум низ ӯро ҳамеша мисли хоҳари бузургашон ва ё касе ки барояшон хеле азиз аст «Апаи Нигина» мегуфтанд. Нигина Рауфова аъзои хонаводаи ҳар тоҷик буд ва мемонад. Нигина ҳар куҷо гули сари сабади ҳамагон буд.

Нигина шахсе буд, ки мартабаву унвон ва мақом ӯро натавонист иваз кунад. Бо вуҷуди расидан ба мартабаҳои баланд ҳеч гоҳ хислату хӯ, рафтору гуфтор, лаҳҷаи сӯҳбаташ тағир нахӯрданд (одатан дар мо вақте нафаре миёни мардум шӯҳратёр мешавад, ба зудӣ аз мардум фаромӯш мекунад). То охирин лаҳза ҳамон Нигинаи хоксоре боқӣ монд. Бо хурду бузург баробар.     

Нигина Рауфоваро аз охирин ҳунармандони соҳибмактаби тоҷик ном мебаранд, ки шогирдони зиёдеро ба воя расондааст. ӯро дар баробари устодони санъат Акашариф Ҷӯраев, Одина Ҳошимов ва Зафар Нозимов мақом медиҳанд.  Аксари ҳунармандоне, ки дар маросими видоъ гирди ҳам омада буданд, худро шогирди Апаи Нигина мегуфтанд.

Маҳфилу шабнишиниҳо, маъракаҳои хурсандӣ, ки Нигина даъватӣ буд, ранги тозае мегирифтанд. Дар баробари овозхонӣ ҳазлу шухиҳои намакин мекард. Аз қиссаҳои шавқовар, ки бевосита бо худи ӯ рух додаанд, нақл мекарду ҳозиринро механдонд. Худаш ҳам завқ бурдаву механдид, хандаҳояш зебову тоҷикона буданд.     

Шӯхдухтари кӯҳистон

Нигина Рауфова 21 майи соли 1945 дар рустои Ришгирак (дар Энсиклопедия Шерамон навишта шудааст, аммо хонаводаи Нигина баъди муҳоҷир кардани мардуми қуҳистонишин ба Шерамон кӯч бастанд)-и ноҳияи Файзобод зода шудааст.

Нақл мешавад, ки Нигина ҳар рӯз ҳудуди бештар аз 5 километр роҳро тай карда аз Ришгирак, деҳае дар миёни кӯҳсор ба Кабкрез (зодгоҳи Дӯстмуроди Алӣ) барои дарсхонӣ омада мерафтааст. Дар хӯрдӣ аз модар ҷудо мешавад ва зиндагии сахтеро пушти сар кардааст.

Замони дар  корхонаи бофандагии шаҳри Душанбе кор карданаш, ҳунари овозхонияш ошкор мешавад ва ӯро ба дастаи ҳаваскорони санъати корхона шомил мекунанд. Ҳамин гуна, аз оғози солҳои 60-уми қарни пор номи Нигина ба шӯҳрат печид ва то охирин лаҳза бари домонашро сар надод. ӯ таҳсилкардаи мактаби махсуси мусиқӣ набуд, аммо ҳунараш ба авҷи аъло расид. Соли 1971 дар ансанбли занҳои рубобнавози Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва аз соли 1975 то рӯзи марг узви дастаи ҳунарии Кумитаи телевизион ва радио буд.

Муваффақияти Нигина дар маҳорати бесобиқаи ӯ зимни иҷрои таронаҳои мардумӣ таъриф мешавад. Аммо сурдҳои хондааш бо забонҳои озарӣ, туркманӣ, русӣ, узбакӣ ва оҳангҳои афғониву эрониву арабӣ ҳам ба дили мухлисон жарф нишаста буд.

Нигинаро барои маҳорати баланди овозхонӣ ва чеҳраи асили тоҷик буданаш шомили барномаҳои ҳунарие мекуарданд, ки бояд дар хориҷи кишвар сурат мегирифт. Нигина Рауфова Тоҷикистонро то ба Авррупо муаррифӣ кардааст. Аввалин сафари ҳунарияш дар ҳайати дастаи занони рубобнавоз соли 1978 ба Белорусу Молдов буд. Дар соли 1978 бошад ҳамроҳ бо гурӯҳи рақсии “Лола” дар Фаронса ҳунарнамоӣ кард.

Барои хизматҳои барҷастааш дар рушди фарҳангу санъати тоҷик соли 1977 ба Нигина Рауфова унвони “Ҳофизи мардумии Тоҷикистон” дода шуд. Апаи Нигина барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллои Рӯдакӣ буд. 

Ба нақли наздиконаш як рӯз қабл аз марг дар телевизиони «Сафина» суруди навашро сабт кардаву зимнан, мардуми кишварро бо соли нав табрик гуфтааст. 

Нигинае, ки нигини қалби ҳама боқӣ монд

 Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон:

Нигина Рауфова аз зумраи шахсиятҳои мӯътабари марбуми тоҷик аст, ки ба шарофати истеъдоди асил ва истеъдоди табииву худододи худ дар дилу дидаи мардуми кулли ҷумҳурӣ ҷой гирифтанд. Нигина Рауфова дар санъати сарояндагии касбии тоҷик услубу равиши хосаи худро доштанд ва барои тарбияи даҳҳо нафар шогирдон низ хидмати арзанда кардаанд.

Муҳиддин Кабирӣ, райиси ҲНИТ:

Ба санъати мардумӣ содиқ монд. Ҳамеша мухлисашро маҷбур мекард, ки аз қафои ӯ биравад. Ҳеч гоҳ ба мухлисаш хиёнат накард ва мухлисони апаи Нигина низ то охир ба ӯ содиқ монданд. Ин вижагии апаи Нигина буд, ки ӯро аз дигар санъаткорон, ки ҳамеша дар пайи бозор ҳастанд ва услуби худро вобаста бо бардошти бозор тағйир медиҳанд, фарқ мекунонд.

Сафарали Раҷабов, райиси кумитаи МН МО:

-Апаи Нигина зеби саҳнаи тоҷик буд. ӯ барои ҷовидона дар дили мардум боқӣ мемонад. Дар ҷумҳурӣ нафареро, ки ба дарки мусиқӣ сарфаҳм меравад ёфтан душвор аст, ки мафтуни сурудҳои апаи Нигина набошад.  

Саидқул Билолов, сарвари дастаи ҳунарии Кумитаи телевизион ва радио:

-Мо бо Нигина 30 сол боз аҳди апагиву додарӣ доштем. Нигина барои ҳамеша дар дилҳои мо ҳамчун овозхоне, ки истеъдоди худодод дошт, боқӣ мемонад. Беҳтарин сурудҳои мардумиро Нигина иҷро кардааст.

Нуқра Раҳматова, овозхони маъруф, дӯсти Нигина:

-Ҳама медонанд, ки ҳарчанд Нигина тахассуси мусиқии касбӣ надошт, аммо садҳо маротиба беҳтар ва касбитар аз бештари овозхонҳои касбӣ буд. Нигина ҳеч оҳанге нахондааст, ки маъруф нашуда боша два дар дили мардум барои ҳамеша ҷой пайдо накарда бошад.

Ҷурабеки Мӯъмин, сармуҳаррири нашрияи “Набзи Файзобод”:

-Нигина Рауфова дар боғи санъати тоҷик гули хушбуе буд. Хизмати ӯ барои рушди фарҳанги асили тоҷик бесобиқа аст. Бе мусиқӣ низ он чунон гушнавоз месуруд, ки тавсиф наметавон кард.

Малика Саидова, овозхони тоҷик, шогирди Нигина:

Имрӯз аз ҳама рӯзи вазнинтарин барои шогирдони Нигина аст. Рӯҳи устод шод бошад.

Гулрухсор Сафиева, шоири мардумии Тоҷикистон:

Барои ман Нигина Рауфова намояндаи бузурги миллати фарҳангӣ, боистеъдод ва ҳунарманди тоҷик аст, ки мисли барқ дурахшиду мисли ахтар хомӯш шуд. Фуруғи Фаррухзод гуфтааст, танҳо садост, ки момонад. Ба андешаи ман агар танҳо садо боқӣ монад, яке аз садоҳои бисёр шунаво, бисёр баландово, бисёр ширин садои Нигина Рауфова аст.

Қудратулло Яҳёев, оҳангсоз:

-Садои Нигина Рауфова аз садои аксар овозхонҳо тафовут дошт. Сарҳади овозаш баланд буд. Барои оҳангсозон ифтихор буд, ки оҳангу суруди навиштаи онҳоро Нигина Рауфова иҷро кунад. ӯ ҳам бо асбоби мусиқӣ ва ҳам бидуни асбоб метавонист суруд  бихонад.

Меҳрангез Ҳасанова, мухлиси Нигина:

-Апаи Нигинаро ман ҳамчун сарояндаи хушсалиқаву хушсадо хеле дӯст медоштам ва садояшро меписандидам. Ҳанӯз кӯдак будам, ки сурудҳои ӯро гӯш мекардам ва то ҳол гӯш мекунам. Апаи Нигина бо ана ҳамон либоси тоҷиконааш, гуфтори точиконааш, симои точиконааш ними ҷаҳонро тасхир кард. Гарчанде имрӯз ин олиҳаи ҳусну ҳунар дар байни мо нест, вале сурудҳояш, симои тоҷиконааш дар дилу хотири мо нақш бастааст. Апаи Нигина барои сарояндагони имрӯзаи мо намунае буд, ки тоҷикона бояд суруд, тоҷикона бояд гуфт ва тоҷикона бояд зист.

Нигинаи «Як рӯза меҳмон» бо «ормонҳои садсола»

Апаи Нигина аз «шаб хам-хами пур сояву пурмаҳтоби Файзобод», қад-қади «санговаи Элок», ки ҳар каси қадамгузошта хокаш «ба мижа мебарад» нафас гирифтаву «Дил ҷудо, ақл ҷудо, дида ҷудо ошиқ» шуд. Ошиқи содиқ ба ватан, миллат ва ҳаводоронаш, з-ин сабаб дар ҳоле, ки «Асрори ҳама даруни дил меғунҷид» ӯ хомӯш нишастан натавонисту «Дарди дилашро қиссаи мардум кард». Он рӯз, ки хаткашон пушти дараш омад, садо сар дод, ки «Офтоб задаст дар таҳаки оличаме, Хат омадайе имрӯз зи аскарбачаме». Мактуб дар даст, ашки шодӣ рӯйи рухсораҳо мегуфт, ки «Шодам, ки ба аскаро калонай бачаме». Баъдан, бо нозу карашмаи тоҷиконае, ки дошт, «Нозам ба чашмонат» гуфту тоқӣ пушид, то ба «Духтари каҷтоқӣ» монанд бошаду аз «Буи гул» маст шуда, «Кокулони борон»-ро майдабофӣ созад. Бо ҳавои таронаи «Сарзамини мо» паҳлуи «Мазори Сурхпӯш»-и Ришгирак гузаштаву аз оби «Чашмаи Лесак» нушида мастона қаҳ-қаҳа бизанад, ки «Қадат баланд аст ёр». Баъдан, «Ишқи хубон» дар сар ҳамнишини дилписандеро бо нидои «Биё ёр, биё ёр, биё ёри сазовор» ба сӯяш хондаву бигуяд: «Ман садқаи ту»! Ва дигар «Асли гап чи мепурсӣ», ки акнун «Дар таҳаки долони ту айвон дорум, Як лаҳза ба шиштани ту ормон дорум, Як лаҳза бишин, бишканад армонум, Сар дар бағалат монум шавад ормонум» гуфтаву сарашро дар бағали хок гузошту барои абад сӯйи У рафт. Чун «Як рӯза меҳмон» буду «Садсола армон» дошт, ормонӣ рафт. Ормонӣ аз он, ки мегуфт: «Ҳайф аз гули ночидаам, Аз ишқи новарзидаам». Садояшро ҳаводоронаш ҳамоно мешунаванд. Ин садоҳо гӯйё ҳамеша мегӯянд, ки барои фотеҳа даст бар дуо бардоранд, сари қабраш барои қироати ояҳои муқаддас биёянд. Апаи мо бо ҳамон садои марғуладоре, ки дошт, ҳанузам садо мекунад, ки: «Гул чида биё, хандида биё»….  

Гулҳои чидаи ман ҳам, ки ба вақти дидор бояд тақдими Нигина мекардам, рӯйи дастонам хушкиданд. Ман акнун дастагуле аз апаи Нигинаам қарздор мондам…

Маҳбуби ГАНҶААЛӣ

комментариев 7 to “* Аз Апаи Нигина як умр қарздор мондам…”

  1. Marjona said

    Ман бо Махбуб розиям,апаи Нигина хунарманде буд, ки новобаста ба тагйиротхое, ки дар санъати точик ба амал омаданд, дигар хел нашуданд. Аз Махбуб хохиш карда мешавад, ки мувофики имконият сурудхои апаи Нигинаро дар блогашон гузоранд.Мо аз ин хурсанд мешудем…

    • MAHBUB-TJ said

      Марчонаи Азиз! Изхори сипос аз изхори андеша! Ман чунин тасмим дорам ва Худо хохад дар фурсати наздик на танхо таронахои апаи Нигина, балки сарояндахои дигар, ки дар бораашон чизе навиштаам дар блог чойгир хоханд шуд.

  2. Nosirjon said

    Вокеан, як матлаби хубу хондани омадааст. Офарин!
    Худованд манзили охирати хонум Нигинаро обод гардонад!

    Мутаассифона, соли 2010 аз мо бузургтарин инсонхоеро рабуд, ки тахаммули ин вокеият низ сода нест.
    Фаттох Одина,
    Шоиста Муллочонова,
    Нигина Рауфова,
    Ханифа Мавлонова,
    Фаррухи Косим,
    Зафар Нозимов,
    Карим Абдулов,
    Расул Ходизода,
    Иноят Насриддинов,
    Амонулло Неъматзода,
    Мухммадшариф Химматзода,
    Абдулло Султон,
    Зулфикори Азиз,
    Сухроби Сафарзод

    ва чандеи дигар, ки аз чехрахои саршиноси точик буданд ва хизматхои шоиста барои рушди илму фархангу адабиёт анчом додаанд, хама давоми сол аз мо рафтанд.

    Руху равони якояки онхо шод бод!

    Умедворам, ки дасти Махбуб бирасад, то дар мавриди ин чехрахои шинохтаи точик, ки дар соли 2010 рехлат кардаанд, дар як матлаби хуб аз онхо, аз кору эчодашон ёд бикунад.

    Худованд якояки мову шуморо дар панохаш нигах дорад!

    • MAHBUB-TJ said

      Сипоси зиёд бар Носирчон! Ташаккур барои изхори андеша. Вокеан, соли паланг чанде аз «Гулхои сари сабад»-и точикро аз мо рабуд. Матлабе дар ин маврид зери унвони «Соли хофизкуш» дар холи омода шудан аст, ки дар наздиктарин фурсат нашр мешавад.

  3. Абдували said

    Чаноби Махбуб,матлабро токатфарсо нави
    штаед, махсусан аз «Нигинаи «Як рӯза меҳмон» бо «ормонҳои садсола» то ба охираш хело хондани буд. Умед мекунам, ки ба дигар хунармандон барои такдимаш гул намегиред, вагарна вой бар холи он хунарманд …..

    • MAHBUB-TJ said

      Дустам Абдували! Танхо Худованд муайян мекунад, ки Ки ва кай бояд наздаш равад. Ин гулгирифтанхои мо кудрати муъчизаофари надоранд ё не?

      • Абдували said

        Аммо гулгирифтанхои Шумо муъчиза шуд ку, ё на …

Ответить на Marjona Отменить ответ