MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

* Соли ҳофизкуш

Posted by MAHBUB-TJ на 03.01.2011

 Соле, ки дурру гавҳарро аз мо рабуд…

2010. Соли паланг ҳам ба миёни хамзадаву кӯзапушти санъату фарҳанги тоҷик дандон тез кард. Дар қиёс ба солҳое, ки гузашт тӯъмаи паланг бештар ашхоси шӯҳратманду маъруф буд. Ин сол саршиностарин нафаронро аз мо бурд, ки миёнашон ҳунармандони санъату ҳунар низ зиёд буданд. Он гуна, ки кормандони ширкати соҳибгумноми IRS дар  ягона роҳи пайвандгари Душанбе — Хуҷанд дарвозаҳо сохтаву аз ронандаҳо пулчинӣ карданд, марг ҳам дар боғистони санъати тоҷик «шаст» партофтаву «гулчинӣ» кард. Агар IRS-чиҳо 5-у 10 ва 20-сомониҳои шаррақосиии мардумро ба ҷайб заданд, марг «гулҳои сари сабад»-ро ба кисаи хокаш андохт.

 

Ҳанӯз дар дувумин рӯзи «ҳукмфармоӣ» паланг нишон дод, ки сайдҳояш аслан «гулҳои сари сабад» хоҳанд буд. Замоне, ки ҷашнгирӣ аз соли 2010 дар ҳоли авҷ буду арчаҳои солинавӣ рӯйи дастурхони баъзеҳо ҷилва мезад ва қадаҳбардориҳои гурӯҳе ба шарофати саломатии дӯстонашон дар соли нав идома дошт, мусиқии тоҷик бо талафоти бузурге рӯ ба рӯ шуд. 2-юми январи соли 2010 оҳангсози маъруф, Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон, узви Иттифоқи оҳангсозон ва Иттифоқи синамогарону ходимони театри Тоҷикистон, лауреати мукофоти ба номи А.В. Александров ва дорандаи ҷоизаи давлати Тоҷикистон ба номи Абуабдуллои Рӯдакӣ ФАТТОҲ ОДИНАдаргузашт. Дар таърихи санъати мусиқии тоҷик исми Фаттоҳ Одинаев бо даҳҳо оҳанг, мусиқӣ барои хор ва фортепиано, асарҳои камеравӣ ва симфонӣ, вокалӣ, оркестри созҳои мардумиву эстрадӣ ва мусиқиҳои дилнишин барои филмҳо боқӣ хоҳад монд. Даргузашти Фаттоҳ Одина аввалин, вале охирин бохти санъату фарҳанги тоҷик дар соли 2010 набуд. Ҳамааш акнун сар шуда буд…

Расо баъди 36 рӯз марг аз гиребони ФАРРУХИ ҚОСИМ гирифт. Роҳбари театри «Аҳорун» вақте моро падруд гуфт, ки 62 сол дошт. ӯ муддати дароз рӯйи бистари беморӣ мехобид. Фаррухи Қосим соли 1948 дар хонаводаи ҳунармандони саршиноси театр ва синамои тоҷик Муҳаммадҷон ва Мушаррафа Қосимовҳо тавлид шудааст. Ҳунарпешаи маъруф Тоҷикистонро бо намоишномаҳои «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон…», «Даҷҷол», «Исфандиёр», «Шоҳ Фаридун», «Хонасӯзон» дар Белгия, Эрон, Русия, ӯзбакистон, Лаҳистон ва чандин кишвари дигар муаррифӣ кардааст. Матбуоти Русия ба хотири намоишномаҳои Фаррухи Қосим Тоҷикистонро «Макка»-и театр унвон карданд.

Баъди танаффуси чормоҳа марг боз ба суроғи намояндагони санъати тоҷик омад. Ин бор 6-уми май ЗУЛФИҚОРИ АЗИЗ, овозхонони маъруфро дар сини 44-солагӣ бо худ бурд. Зулфиқор тай иду соли ахир дар аз бемории қалб азият мекашид ва дар беморхонаи Қарияи Боло фавтид. Фаъолияти овозхонии ӯ нимаи дуюми солҳои 80-уми қарни пор шурӯъ гардид ва яке аз машҳуртарин хонандаҳои гурӯҳи овозадори «Анис» буд. «Аҷиб аст зиндагӣ, ёрон, дар ин дунёи пур армон» охирин таронаест, ки Зулфиқор суруд. Ин тарона 1-уми май зимни барномаи консертие дар Амфитеатри шаҳри Душанбе иҷро шуд. Таронаи «хайрбоди»-и ӯ гӯйё мегуфт, ки Зулфиқор мухлисонашро тарк гуфтанист. Зулфиқори Азиз аз шумули ҳунармандони камёфтест, ки ҳангоми бозхонии сурудҳои Аҳмад Зоҳир онҳоро тағйир намедод. Дар баробари иҷрои сурудҳои поп оҳангҳои суннатии «Шашмақом»-ро дар омезиш бо асбобҳои эстрадӣ пешниҳоди хонанда мекард. Як писар ва ду духтар меросбарони Зулфиқори Азизанд. Маросими ҷанозаи ӯ рӯзи ҷумъаи 7-уми май дар масҷиди Сариосиёи шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Тобистони гарми соли 2010 барои санъату ҳунари тоҷик сардиҳои бешумор овард. 27-уми июн аз Амрико хабари марги булбули санъати тоҷик- ШОИСТА МУЛОҶОНОВА паҳн гардид. Артисти Халқии Тоҷикистон соли 1925 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, баъди хатми Консерваторияи Маскав солҳои зиёд дар Театри академии опера ва балети ба номи Айнӣ фаъолият кардааст. Ҳунаршиносон овози Шоиста Муллоҷонова — сопранои лирикиро яке аз навъҳои нодир арзёбӣ кардаанд. ӯ ҳамчунин дар Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода сабақ дода, шогирдони зиёде тарбия кардааст. Шоиста Муллоҷонова соли 1990 аз Тоҷикистон ба Амрико ҳичрат кард ва то охири умр онҷо зиндагӣ дошт. Дар фестивалҳои «Музыка Азии» ё Рӯзҳои Тоҷикистон дар Амрико,  умуман дар ҳама чорабиниҳои фарҳангие, ки дар ИМА баргузор мешуданд,  ширкат меварзид. ӯро сафири санъати Тоҷикистон дар Амрико мегуфтанд. Шоиста Мулоҷонова санъати овозхонии тоҷикро дар Канадаву Австрия, Исроилу Ҳоланд, Лаҳистону Фаронсаву Маскав муаррифӣ кардааст. 27-уми июн дар шаҳри Ню Йорк ба хок супурда шуд.

Дар таърихи 3-юми август бошад, баъди бемории тӯлонӣ ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ЗАФАР НОЗИМОВи номдор дар сини 70-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Зафар Нозимов, Артисти халқии Тоҷикистон дар иҷрои таронаҳои мардумӣ ва «шашмақом» беҳамто буд. ӯ 2-юми июни соли 1940 дар деҳаи Ҳоити води Рашт ба дунё омадааст. Фаъолияти саҳнавии Зафар Нозимов аз охири солҳои 50-уми асри гузашта шурӯъ гардид. ӯ тарбиятдидаи мактаби мусиқии Акашариф Ҷӯраев мебошад, аз ин рӯ дар эҷодиёташ бештар ба ашъори классикон таваҷҷӯҳ мекард. Ба унвони намояндаи олии мусиқии мардумии тоҷик ёд мешавад, ки дорои истеъдоди худодод аст. Марги Зафар Нозимов хисороти бузурге на танҳо барои санъат, балки барои миллати тоҷик низ арзёбӣ гардид.

Субҳи рӯзи 10-уми сентябр ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон АБДУЛЛОИ СУЛТОН бар асари бемории тӯлонӣ аз ҷаҳон даргузашт.  Абдуллои Султон беш аз 30 соли дар ҷодаи санъат раҳнавард будан, тавонист ҳаводорони зиёде пайдо бикунад. Дар иҷрои таронаҳои мардумї шӯҳратёр гашта буд.  Абдуллои Султон солҳо дар Хонаи радио фаъолият намуда, муҳаррири шӯъбаи мусиқї, узви дастаи «Шашмақом» ва ниҳоят, пайванди дастаи ҳунарии «Дарё» буд. Абдуллои Султон ҳамеша мегуфт, ки Акашариф Ҷӯраев, Боймуҳаммад Ниёзов, Одина Ҳошим, Ҷӯрабек Муродов ва Зафар Нозим шоҳсутунҳои санъати сарояндагї ҳастанду Саидқул Билолов пайрави эътиқодманди онҳо. Абдуллои Султон бо таронаҳои «Яғноба обаш ширин», «Мустаҳзод», «Дуои модар», «Тоҷикистон» миёни мардум маъруф буд. Ҷанозаи ӯ дар масҷиди «Авул» ва расми бахоксупорияш дар қабристони «Сариосиё»-и пойтахт сурат гирифт.

Шумхабари навбатӣ рӯзи 24-уми октябр аз Маскав расид. Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки ҲАНИФА МАВЛОНОВА, маъруфтарин хонандаи опера ва «шашмақом» аз олам чашм пӯшид. Ҳанифа Мавлонова 87 сол дошт. Соли 1924 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Мавлонова дорои садои нерӯманде буд, ки миёни ҳаводорони опера маъруфаш сохт. Дар Донишгоҳи ҳунарҳои зебо барои шогирдон дарс гуфтааст. Ба ҳунарнамоии вай дар операҳои Пулот ва Гулрӯ, Евгений Онегин ва Найрангҳои Майсара коршиносон баҳои баланд додаанд. Соли 1968 ба унвони овозхони мардумии СССР даст ёфт. Ба иттилои Гулнор, духтари Ҳанифа Мавлонова модараш авохири соли 1996 ба Маскав куч баст ва то охирин лахзаои умр он чо зиндаги мекард.

Ҳарчанд зимистони имсола бидуни барфу хунукӣ оғоз шуд, аммо сардиҳои зиёдеро дар қалбҳо ба ёдгор гузошт. СӯҲРОБИ САФАЗОД, хонандаи жанри поп 8-уми декабр вақте 30 сол дошт, ин ҷаҳонро падруд гуфт. Бо вуҷуди се маротиба аз ташхиси тиббӣ гузарондан, табибон то ҳанӯз сабаби маргашро расман эълон накардаанд. Дар мавриди даргузашти Сӯҳроб бештар ду фарзия мавҷуд аст: сактаи қалбӣ ва истифодаи аз меъёр зиёди маводи мухаддир. Сӯҳроби Сафарзод бо номи «Муин»-и тоҷикӣ маъруф буд. Дар оғози пайраҳаи овозхонӣ солҳои 2000-ум маҳз бозхонии таронаҳои Муин ба вай шӯҳрат овард. Баъдан, сурудҳои «Нозанин», «Азизи диламӣ», «Ишқи ман», «Панҷара» ӯро миёни мухлисон зиёдтар машҳур гардонд. Дуэтҳое низ бо Шабнами Сурайё (Ишқи ту), Дилноза Сафарова (Нозанин), Остони Азиз (Аруси сарзаминам) ва Ҳабиба (Дил шикастӣ санам) иҷро кардааст, ки ба шӯҳраташ афзуд. Ба нақли дӯстонаш Сӯҳроб тасмим дошт, фурсати наздиктарин маҷмӯи нави таронаҳояшро таҳия ва пешниҳоди мухлисон кунад. То ин вақт Сӯҳроб ҳамагӣ як албоми худро таҳия карда буд, маҷмӯаи дуюми таронаҳояш нотамом монд. Ба қавли шоҳидон охирин таронаи Сӯҳроб рӯзи 9-уми декабр, як рӯз пеш аз фавташ сабт шудааст. Ҳарчанд дӯстонаш гуфтаанд, ки фардо барои сабти суруд биёяд, аммо ӯ зиёд исрор кардааст, мисле, ки аз бозии тақдир хабардор буд.

Вақте аз марги Сӯҳроб панҷ рӯз гузашт шумхабари дигар расид. ДАВЛАТҶОНИ МУҚИМ, ҳофизи халқии Тоҷикистон баъди бемории дурудароз дар сини 62-солагӣ ин ҷаҳонро падруд гуфт. Иллати марги ӯ маризии қанд унвон мешавад, ки солҳои зиёд ӯро азият медодааст. Давлатҷони Муқим, чанд муддат дар хонаи маданият ва баъдан дар театри мусиқӣ ва мазҳакавии шаҳри Қурғонтеппа кор кардааст. «Ғубори дил», «Модар», «Муҳайяр», «Муноҷот», «Завқи дил», «Тамошо кун» таронаҳоеанд, ки миёни мухлисон маҳбубияти зиёд доранд. Давлатҷони Муқим чанд соли ахир дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон зиндагӣ мекард. Маросими ҷанозаи ӯ дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон баргузор шуд.

Дар соли 2010 ҳамчунин чанд навроҳи санъати овозхонӣ низ ин ҷаҳонро падруд гуфтанд. ХУСРАВИ ИСО яке аз онҳост, ки 18-уми декабр зимни садамаи нақлиётие дар шоҳроҳи Душанбе-Файзобод ба ҳалокат расид. Хусрави Исо аз шумули овозхонҳои ҷавонест, ки ба тозагӣ вориди «санъати бузург» шуда буд. ӯ 23 сол дошт. Ба иттилои расида, Хусрави Исо баъди ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба беморхонаи ноҳияи Файзобод мунтақил шуда, баъди се соат мефавтад. Хусрав дар баробари овозхонӣ оҳангсозӣ ва пардозгарӣ низ мекард. Дӯстонаш мегӯянд, ӯ ба сурудҳои Садриддини Наҷмиддин, Маҳмадалӣ ва Файзалӣ Умаровҳо ва чанде аз дигар хонандаҳои муваффақи эстрада пардозгарӣ намудааст. Хусрав дар тобистони соли 2010 Донишкадаи ҳунарҳои зебои пойтахтро хатм кард. «Дунёи Ишқ» ва «Духтари Роғунӣ» маҳсули заҳматҳои овозхонии Хусраванд. ӯ ҷоизадори озмуни «Сарояндаи ҷавон»-и Кумитаи кор бо ҷавонони шаҳри Роғун буд.

Он гуна, ки оғози сол барои санъату ҳунари тоҷик миёншикан омад, ҳамон гуна ба анҷом расид. Дар охирин рӯзҳои соли 2010 марг аз домани НИГИНА РАУФОВА, машҳуртарин овозхони таронаҳои мардумӣ гирифт. Рӯзи чоршанбе, 22-юми декабр Нигини санъат дар сини 65 солагӣ бар асари сактаи қалбӣ даргузашт. Нигина овозхоне аз миёни мардум буд ва оҳангҳои сурудааш ҳамеша аз дилҳои мардум бармехостанд. Ҳамин вижагӣ буд, ки таронаҳои сурудааш ба зудӣ ба дили хурду ҷавон, ошнову ноошно, худиву бегона камин мегирифтанду ҳеч гоҳ майли тарк ба сар надоштанд. Мардум низ ӯро ҳамеша мисли хоҳари бузургашон ва ё касе ки барояшон хеле азиз аст «Апаи Нигина» мегуфтанд. Нигина Рауфова аъзои хонаводаи ҳар тоҷик буд ва мемонад. Нигина Рауфоваро чеҳраи аслии як бонуи тоҷик медонанд. ӯ аз шумули охирин ситораҳои асри гузаштаву имрӯз аст, ки бо тамом тоҷикӣ буд, шурӯъ аз симову, рафтор то ба гуфтору либосу шухиҳояш.

Нигина Рауфова 21 майи соли 1945 дар рустои Ришгирак (дар Энсиклопедия Шерамон навишта шудааст, аммо хонаводаи Нигина баъди муҳоҷир кардани мардуми қуҳистонишин ба Шерамон кӯч бастанд)-и ноҳияи Файзобод зода шудааст. Аз оғози солҳои 60-уми қарни пор номи Нигина ба шӯҳрат печид ва то охирин лаҳза бари домонашро сар надод. ӯ чанд муддат дар ҳайати дастаи ҳаваскорони санъати корхонаи бофандагии шаҳри Душанбе кор карда, соли 1971 дар ансанбли занҳои рубобнавози Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Аз соли 1975 то рӯзи марг узви дастаи ҳунарии Кумитаи телевизион ва радио буд.

Муваффақияти Нигина дар маҳорати бесобиқаи ӯ зимни иҷрои таронаҳои мардумӣ таъриф мешавад. Аммо сурдҳои хондааш бо забонҳои озарӣ, туркманӣ, русӣ, узбакӣ ва оҳангҳои афғониву эрониву арабӣ ҳам ба дили мухлисон жарф нишаста буд. Нигинаро барои маҳорати баланди овозхонӣ ва чеҳраи асили тоҷик буданаш шомили барномаҳои ҳунарие мекарданд, ки бояд дар хориҷи кишвар сурат мегирифт. Нигина Рауфова Тоҷикистонро то ба Авррупо муаррифӣ кардааст. Аввалин сафари ҳунарияш дар ҳайати дастаи занони рубобнавоз соли 1978 ба Белорусу Молдов буд. Дар соли 1978 бошад ҳамроҳ бо гурӯҳи рақсии “Лола” дар Фаронса ҳунарнамоӣ кард. Барои хизматҳои барҷастааш дар рушди фарҳангу санъати тоҷик соли 1977 ба Нигина Рауфова унвони “Ҳофизи мардумии Тоҷикистон” дода шуд. Нигина барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллои Рӯдакӣ буд.  Як рӯз қабл аз марг дар телевизиони «Сафина» суруди навашро сабт кардаву зимнан, мардуми кишварро бо соли нав табрик гуфта буд.  Ҷанозаи Нигина Рауфова рӯзи 22-декабр дар манзилаш анҷом шуд ва ӯро дар оромгоҳи маҳаллаи Лучоб паҳлӯи Абдулло Назрӣ, Убайди Раҷаб  дафн карданд.

Ва  ин сол ФАРЗОНАИ ХУРШЕД, овозхони 21-соларо ба маҳбас бурд. ӯро барои кӯмак ба дӯстписараш- Фаррух барои фирор аз боздоштгоҳ барои ду сол равонаи зиндон карданд. Ҳукми Фарзонаи Хуршед, духтари хурди Сурайё Қосимоваро додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт дар таърихи 23 феврали соли 2010 эълон кард. Фарзонаи Хуршед дар саҳна аз соли 2000-ум аз худ дарак дод ва дар як муддати кӯтоҳе миёни ҳаводорони мусиқии поп мавқеъ пайдо кард. “Ҷӯраҷон, хона биё” ва  “Эй ошиқон” аз сурудҳое буданд, ки маҳбубияти бештар пайдо карданд.

Бо ин ҳама «қаҳрамониҳо» акнун Паланг тасмими рафтан дорад ва танҳо баъди 12 соли дигар бармегардад. Аммо талафоти маънавию фарҳангие, ки дар соли 2010 доштем, барои абад фаромӯшамон нахоҳад шуд. Шояд, соли Заргӯш раҳмдилиҳое дорад ва хисороти Палангро ҷуброн мекунад, кошкӣ… (#)

Реклама

комментария 2 to “* Соли ҳофизкуш”

  1. amid said

    Салому дуруд бар Махбуб ва мехмонон. Хеле гамгиновар аст, ки дар муддати як сол ин кадар хунармандон новобаста аз синну солашон аз байни мо рафтанд. Худованд хаммаи онхоро рахмату магфират кунад. Ин гуна маргхои нобахангом бояд барои якояки мо дарс шавад, ки дар кадом синну соле набошем, вакту соати чудогардидаи Холики хасти, ки расид, фариштаи маргро ба сурогамон равон мекунад, то кабзи рухамон бикунад. Гузаштахоро мо бояд хамеша ед кунем, ки онхо ки буданд, чи гуна хает доштанд ва хозир дар кучоанд. Хает чизи кимматбахост, ки бояд вактро ганимат шуморему ба корхои бехудаву бемаъни сарф накунем, чунки аз кирдору рафтори хеш пагох бояд посух назди Худованд бигуем. Баъзе шахсонро мебини он кадар кушишу талош барои чамъоварии сарвату мол мекунанд бехабар аз оне, ки рузе Малакулмавт ба наздашон меояд ва ягон чизи чамъовардааш кумак намекунад. Вакте шахс аз олам гузашт то муддати муайяне наздиконаш аз у ед мекунанд, хамин ки ним солу як сол сипари шуд на парвои у доранд ва на едаш мекунанд. Ана хамин аст ин дунеи фони, ки барои хеч кас вафо намекунад. Паембари Акрам дар як хадиси муборак мефармоянд: Се чиз аз паси мурда ба кабристон мераванд: Оилаи вай, моли вай ва амалхои вай. Дутоаш аз кабристон бармегарданд ва яктоаш мемонад: оилааш кати молаш бармегарданд ва амалхояш мемонанд. Яъне чуз амали некамон дастери мо мешавад на чизи дигар. Бинобар ин хар яки мо бояд андеша кунем, ки нохост Хазрати Азроил барои кабзи рухи мо омад, ое таер хастем дар назди Парвардигор чавоб гуем е на?

  2. Мустафа said

    харчанд аз ватанахам дур бошам амо ёди Ватан мекунам хамеша,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

 
%d такие блоггеры, как: