MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

* «Бебахти»-и Саидаву марди «дубахта» (видео)

Posted by MAHBUB-TJ на 24.06.2011

Амрико ва ҷаҳони Ғарб муътақиданд, фидоиёни маргталаб, ки худро дар маҳалҳои серодам мунфаҷир сохта, ҷони даҳҳо нафари дигарро мегиранд, таълимдидаи базаҳои махсуси терористиянд. Аммо баъди тамошои бархе клипҳои тоҷикӣ фикр мекунӣ, ки нақши баъзе сароянда ва коргардонҳоямон низ дар омода кардани «фидоиён-террористон» камтар аз «Ал- Қоида»-ву «Толибон» нест.

 

Миёни мардум мақоле ҳаст: «гапи хонаро ба кӯча набарор», аммо иддае аз  сарояндаҳои мо сиру асрори хонаводагияшонро оммавӣ кардаанд. Гумони ғолиб ин аст, ки онҳо мафҳуми ҷаҳонишавиро нодуруст дарк кардаанд, вагарна ба ҳеч ваҷҳ хурдтарин нофаҳмиҳои миёни худу ҳамсарашон рухдодаро ба мардум ифшо намесохтанд. Гурӯҳе аз хонандаҳо ҳатто хушдоманҳояшонро дар миён мегузоранд. Аммо мавзӯи мавриди баррасии имрӯз сужаи як клип аст. Мазмун, мундариҷа, сифат ва…ҳоказои як клип бар суруди шикоятиро матраҳ хоҳем кард.

 

«Бахт, бахти аввалай, Бахти дуюм бесамарай, Бахти дуюм дарди сарай, дарбадарай…». Бо ҳамин мазмун Саидаи Низом «суруд»-е зам-зама мекунад, ки ба қавле ҳар нафари онро шунида оҳи сард аз дили пурдард берун карда, ба ҳоли хонандаи он дилаш реш-реш мешавад. Вале аз таъсири бедор сохтани  раҳму марҳамат ба дили шунаванда дида, таъсири манфии он зиёдтар аст. Соддатар бигӯем, ин суруд шояд бисёриҳоро ба ҷиноят тела диҳад. Чӣ гуна? Хело оддӣ. Дар як рубоии суруди «Бахти аввал»-аш Саидабону мехонад, ки:

Офтоб задае дар таҳаки долонуме,

Аз ёраки бевафо ман гудакбонуме.

ЯК ОҲ КАРДУМЕ ХОНАША АЛОВ МОНУМЕ,

Аз хотири фарзандом саргардонуме.

ДИҚҚАТ! Саидабону барои он хонаи ёраки бевафояшро алов намондааст (насӯзондааст), ки рӯйи хотири фарзандҳояшро дид, вале кӣ кафолат дода метавонад, ки баъди шунидани ин суруд аламҳои зане, ки шавҳараш баъди чор соли хонадорӣ ӯро бо иттиҳоми бефарзандӣ «кидат» кардааст, «тоза» намешавад? Дар чунин ҳолат дар сари он зан танҳо як фикр ҷой мегирад: «ҚАСОС». Ва дасту остин барзада меравад хонааловзанӣ. Табиист, ки рӯзона намоишкорона хонасӯзонӣ намеравад, балки як поси шаб «ҳадафаш»-ро «зиёрат» мекунад. Анна баЪд сар мешавад-э… Оташ аз хонаи истиқоматӣ ба коҳдону анборхона ва албатта хонаи ҳамсоя… То омадани мошинҳои сӯхторнишонӣ (воқеан солҳои охир аз мошинҳои сӯхторнишонӣ бо сабаби беоб ба ҷои ҳодиса омаданашон зиёд шикоят мешавад) боз чанд «камбағал»-и дигар ба шарофати суруди «Бахти аввал» манзили худро ба коми оташ медиҳанд…

Хуб, акнун биёед ба дигар паҳлӯҳои ин суруду клип диққат медиҳем. Бесамару дардисар будани бахти дуюм мазмуни аслии суруди Саидабонуи Низом аст. Дар клип нишон дода мешавад, ки чӣ гуна марде занашро бо се кӯдак дар деҳа (аз мазмуни наворҳо чунин хулоса баровардан мумкин) партофтаву назди маҳбубааш, ки дар як ҳуҷраи манзили бисёрқабатае истиқомат мекунад, меравад. Баъдан, мебинем, ки вақте мард бо маъшуқааш коняк менӯшаду сармаст мешавад, зани қонунияш ё ба қавли Саида бахти аввалаш бо ду кӯдак бо азобу шиканҷа ҳезум ҷамъ меоваранд. Баъдан ошиқу маъшуқ ба ресторан мераванду вақти ба хона баргаштан он «бахти дуюми бесамар» аз кисаи марди масту аласт пулҳояшро «мерӯбад». Омини клип ин, ки мард калавида-калавида дар охир боз ба хонаи аввалааш меояд. Инҷо чанд нуқси аз ҳад рӯшани суруду клипро ба таваҷҷӯҳи шумо мерасонем. Аз нигоҳи мо, албатта. Бовар дорем, ки баъди тамошои он шумо низ бисёр ноҷуриҳоро мебинед…

1.   Аслан, мазмуни суруд ба мазмуни клип умуман мувофиқат намекунад;

Дар суруд зан аз бахти дуюм шиква мекунад, аммо дар клип мард «дубахта» аст. Тибқи мазмуни суруд мебоист клип ҳадди аққал ба ин тарз сохта мешуд: Шавҳари зан мефавтад ё ӯро аз хона пеш мекунад ва ин зан бо ду кӯдакаш маҷбур ба марди дигар ба шавҳар мебарояду «бахти дуюм дарди сар»-аш мешавад.

2.  Суруд бо мисраи

«Аз сӯзиши дил гап мезанум ман бо алам,

Э, ман духтари дурӯза чаро дар ба дарам…»

оғоз мешавад. Маро бубахшед, вале сину соли он зани шавҳаргумкарда (дар клип) зери 40 аст (худи Саида ҳарчанд ба «дурӯза» монанд нест, аммо нисбатан ҷавонтар менамояд, тақрибан 30 сола);

3.  Зан ҳангоми ҷамъоварии ҳезум дар миёни ду фарзандаш мешинад, аммо танҳо сари яки онҳоро сила мекунад. Гӯё дувумӣ фарзанди угай бошад;

4.  Дар ҷойи дигар, айнан ҳолати боло аммо хонуми сароянда-Саидаи Низом бо либосҳои сап-сафед  аз пушти модару ду фарзандаш бо як ҷунбидани хосе пайдо мешавад (намедонам коргардону танзимгари клип бо нишон додани чунин кадр чӣ мехоҳанд, аммо шахсан баъди дидани ин лаҳзаи навор ба ёдам арвоҳ расид). Хаёли одамӣ-да…

Ин рақамҳоро метавон то 25 ва зиёда аз он бурд, аммо ба ҳаминаш иктифо мекунем. Вале чанд ҷумлаи зерро наметавон барои дафъаи дигар гузошт.

Аз коргардони клип- ҷаноби Рамзиёр даъват мекунем, агар мехоҳад ҳангоми таҳияи клипҳояш муваффақ шавад, пас ҳини наворбардорӣ синну сол ва мутобиқати суруд бо тасвирро ба инобат бигирад. Чизи дигар, муаррифии клип дар экран аст, ки бо ҳуруфи лотинӣ навиштани он муд шудааст. ВА АКНУН БА таваҷҷӯҳӣ ҲАМАИ КОРГАРДОНҲО: Биёед, тоҷикияти худро натанҳо бо оммавӣ кардани проблемаҳои хонаводагӣ, балки эҳтиром ба забони модарӣ низ нишон бидиҳем ва барои ин мунтазири амри президент ё қарору қонуни наве нашавем, чӣ гуфтед? (#)

Реклама

комментария 2 to “* «Бебахти»-и Саидаву марди «дубахта» (видео)”

  1. Фарангис said

    Хамаи гуфтахои боло дурустанд ва ба ман маъкул афтоданд. Агар, шумо,додарчон, чанд клипу мазмуни сурудхои сарояндахои моро гирифта ана хамин хел тахлил кунед, шояд ки дар оянда сарояндахои мухтарами мо кушиш кунанд, то сурудхои мазмуни баланддошта ва клипхои бамаънию маъкулро пешкаши мухлисонашон гардонанд. Охир рости, боз имрузхо мебинем, ки чи гуна ба хамин гуна сурудхо мухлисон зиёданд. Ман фикр мекунам, ки худи фахмиши чунин мухлисон то хамон кадри маънию мазмуни сурудхои фачу лачанд. Аммо набояд сароянда чи гунае, ки мухлисаш фахмиш дорад, хамон гуна суруд хонад. Ба пеш кадам ниходану ба куллахои баланди санъат бурдани мухлисон махз вазифаи сарояндахои мост. Албатта дар мавриди танкид оид ба интихоби мазмуни шеъру клипхо ман сарояндахои чавонро дар назар дорам…..Боки Худо нигахбони хамаи мо…

    • MAHBUB-TJ said

      Апаи азиз, Фарангис. Ташаккур барои изхори назар. Вокеан, дуруст аст, ки набояд сароянда аз паи тамошобин равад, балки бояд тамошобинро бо пешниходи таронаву охангхои оли аз паи худ бубарад. Дар мавриди баррасии клипхо низ дуруст навиштаи. Ман хам тасмим дорам, то сари чанд вакт баъзе аз клипхоро ба баррасии хонанда гузорам, то андешахояшонро бинависанд. Боки Худо нигахбон!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

 
%d такие блоггеры, как: