MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

  • Маҳбуби Ганҷаалӣ

  • ҚАДАМҶОЙ

    • 53,009 назар
  • Ба наздикӣ

  • Вируси худнамоӣ «клип»-ҳои баъзе хонандаҳоро хароб кардааст

    Акнун, дар баробари лаби дарёи Варзобу кӯчабоғу хиёбонҳои Душанбе ва мошинҳои «Мерс»-у «Таёта», сарояндаҳои тоҷикро дар соҳили уқёнуси Ҳинду назди биноҳои бисёрқабата, дохили «Яхта»-ву пеши «Лимузин»-ҳои валъаҷоибот «чухт» мебинем...
  • НА ШОУ НА БИЗ

    Сарвмардҳоро дар ҳафтаи нав «муҳориба»-ҳои ҷиддӣ интизор аст, зеро намояндагони ин бурҷ зери варзиши Бокс ё муштзанӣ номнавис шудаанд. Оғози ҳафта бо як зарбаи «бакавой» ҳамсаратонро бо усули «накаут» мағлуб мекунед, аммо инро ҳанӯз ғолибият гуфтан нашояд. Хушдомани Шумо аз номи занатон талаби «мач реванш»-ро мекунад.

    ***

    "...баъди чор сол то ҳанӯз мухлисони футбол аз 17 метр масофа «через себя» ГОЛ задани бозингари бразилягӣ- Жулио Бабтистаро фаромӯш накардаанд. Аммо мардоне ҳам хастанд, ки дар нимашаб чунон «через себя» ё бо усуби қайчӣ ГОЛҳое намезананд..."

    Ба бахши на Шоу на Биз ҳам ворид шуданро фаромӯш насозед!

  • СЕРХОНАНДАҲО

  • ВОКУНИШ

    Хуршеда на * Лаҳҷаи теҳронии Садриддин (Н…
    Muzaffari Rustam на * Лаҳҷаи теҳронии Садриддин (Н…
    Абубакр на * «ШОҲБАЙТ»-ҳои эстрадаи …
    Surik на * Навбати Шумо 2 (видео)
    Surik на * Навбати Шумо 3 (видео)
    Surik на * Навбати Шумо (видео)
    Сумая на * Ислом Каримов ва клипҳои Фир…
    Мая на * Навбати Шумо 3 (видео)
    Tajikistan: Persons… на * Иброҳими Исмоилзод: Дар Тоҷи…
    Ганчи Бебахо на * Навбати Шумо 3 (видео)
  • ТАҚВИМ

    Июль 2011
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    « Июн   Авг »
     123
    45678910
    11121314151617
    18192021222324
    25262728293031
  • Реклама

* Сароянда узвҳои баданашро ба ниёзмандон мерос гузошт

Posted by MAHBUB-TJ на 18.07.2011

Наталя Ветлитская, хонандаи маъруфи жанри попи Русия дар васиятномаи худ узвҳои баданашро ба ниёзмандон мерос гузоштааст.

 

Бегурдае, ки ба васияти гурда сабаб шуд

Дар васиятномаи сарояндаи 46 сола чунин омадааст: «баъди маргам тамоми узвҳое, ки имкони пайвандсозияшон мавҷуд аст, бояд ба беморони ниёзманд дода шавад». Наталя дар сӯҳбате ба маҷаллаи  «Асрори Ситораҳо» (Тайны Звезд) гуфтааст, шояд қалби ман, гурдаҳоям, шушам нафареро аз марг наҷот диҳад.

Сабаби чунин васияти ҳунарпешаи маъруфи рус як фоҷеа будааст, ки ба қавли Ветлитская «онро ҳеч гоҳ фаромӯш нахоҳад кард». «Вақти дар беморхона табобат гирифтанам ҷавонеро дидам, ки солҳои дароз дар интизори гурда бо азоби алим ҷон дод. Ин писарак ҳамагӣ 21 сол дошт ва дар интизори донор аз олам чашм пӯшид». Ин ҳодиса ба Ветлитская ба ҳадде таъсир гузоштааст, ки баъди аз касалхона ҷавоб шудан зуд ба нотариус рафта васиятнома навиштааст.

 Карераи зани 8-шавҳара хотима ёфт

Наталя Ветлитская 17 августисоли 1964дар шаҳри Маскавтаваллуд шудааст. Соли 1979 мактаби мусиқиро бо ихтисоси навозандаи фортепиано бо медали тилло хатм намудааст. Соли 1988 ба гурӯҳи овозадори «Мираж» пайваст. Баъди солҳои 1996  аз гурӯҳи мазкур канор рафт ва дар алоҳидагӣ ба эҷод машғул шуд. Ситораи эстрадаи шӯравӣ ва Русия маҳсуб мешавад. Даври беҳтарини шӯҳрати ӯ солҳои 90-и аспи гузашта буд.

Аз соли 1994 то 2004 9 маҷмӯи сурудҳояш нашр шуда, дар ҳашт филм (1983-2003) иштирок кардааст.

Ветлитская дар баробари овозхонӣ хайрхоҳӣ низ мекунад. Аз соли 1999 ба таври пайваста ба кӯдакони беморхонаи касалиҳои асабу рӯҳи № 4 (воқеъ дар рустои Николи ноҳияи Рузсккӯмаки молӣ мерасонад.

Шояд зиндагии шахсии ӯ низ барои баъзе хонандаҳо ҷолиб бошад. Наталия бо сершавҳарӣ «маъруф» аст. Чор шавҳари қонунӣ кардаву чор ақди шаҳрвандӣ бастааст.

Соли 2004 духтар таваллуд намуд ва бо ҳамин ба фаъолияти эҷодияш хотима бахшид.

Сарояндаҳои тоҷик кай васият мекунанд?

Намояндаҳои шоу бизнес дар Тоҷикистон талош мекунанд, то ҳамеша монандиҳои зиёде бо хориҷиён ба вижа русҳо дошта бошанд: дар танзими мусиқӣ, хондани суруд, таҳияи клип. Шояд рӯзе хабари васияти хонандаҳои тоҷик низ дар саҳифаи расонаҳо мардуми кишварро дар ҳолати шок қарор бидиҳад, ҳарчанд чунин тасмим аз сӯи сарояндаҳо боварнакарданист. Ба ҳар сурат барои хонанда хело ҷолиб аст, донистани ин хабар, ки Сурайё Қосимова, Шабнами Тоҷиддин, Садриддини Наҷмиддин, Зикруллоҳ Ҳакимов, Фирӯза Ҳафизова ва амсоли инҳо кадом узвҳои баданашонро (албатта онҳоеш, ки солим ва мувофиқи қавоиди тиббӣ пайвандсозияшон мумкин аст) мерос мегузоранд…

Реклама

комментария 2 to “* Сароянда узвҳои баданашро ба ниёзмандон мерос гузошт”

  1. sohibyor said

    Барои чунин васият ДИЛУ ГУРДА даркор, ако!

    • MAHBUB-TJ said

      Дӯстам, фикр мекунед, сарояндаҳои мо чунин дилу гурда надоранд, ки дилу гурдаашонро васият кунанд?

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

 
%d такие блоггеры, как: