MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

* Ислом Каримов ва клипҳои Фирӯза Ҳафизова (видео)

Posted by MAHBUB-TJ на 29.08.2011

Фикр мекунам, пайдо кардани нафаре, ки баъди тамошои клипу консертҳои супер-овозхонҳои тоҷик гиребон нагирифтаву тавба накардааст, кори осоне нест. Ман ба ин овоза, ки Ислом Каримов тамоми се моҳи зимистон моро бо барқи «шикамсерӣ» таъмин мекунад, бовар мекунаму ба ҳарфе, ки «тавбагарон»-и тамошои сарояндаҳо ангушшуморанд, ҳаргиз не. Кӣ дасти рост рӯи синаи чап гузошта, ҷавонмардона (ё ҷавонзанона) мегӯяд, тамошои чунин дискҳоро бе нӯги забон овардани калимаи «наузанбиллоҳ» ба итмом расонидааст? Масалан, вобаста ба мавзӯи мавриди матраҳи имрӯз он қадар гиребон «панҷа» кардам, ки на «кӯк» монду на «дарз».

Номувофиқатии мазмуни суруд бо ҳаракатҳои саҳна. Ҳамин аст, мавзӯе, ки атрофаш сӯҳбат хоҳем кард. Азбаски теъдоди «ситораҳо»-еро, ки ҳаракату «баракаташон» заррае ба мавзӯву мазмуни таронаҳо мувофиқат намекунанд, ҳисоб кардан имконнопазир аст, тасмим гирифтем, онро сил-силабандӣ намоем. Агар дақиқтар бигӯем, ҳар навбат ба «албом» ва ҳаракатҳои саҳнавии як ё чанд сароянда «тақриз» менависем. Ин навбат қуръа ба номи Фирӯза Ҳафизова афтод.

Касе, ки аз ғаму андӯҳ, мушкилоти хонаводагӣ, ҳасрату дард, ҷудоиву фироқ, ноумедиву танҳоӣ, заррае парво надораду «шод»-она хурсандӣ мекунад, Фирӯза Ҳафизова аст (дар саҳна албатта). Ин қашангҳофизабону зери дилхоҳ ритм қариб «мастона» мерақсад. Ба гунаи мисол вақте суруди:

«Зиндагиям ба танҳоӣ гузашту мегузарад,

Бо ғаму дарду ҷудоӣ гузашту мегузарад…»-ро

мехонад, ончунон болидарӯҳ аст, ки гумон мекунед, моҳии тилло ба дасташ хӯрдааст. Моҳии тилло гуфему набояд аз либоси «тилои»-яш фаромӯш созем. Ин суруд баъди дар Кохи Борбад иҷро шудан, «вирди забонҳо» шуд. Фирӯзаи саропо зарҳалину попӯши соқнабаландпӯш кӯлоҳи «кавбойӣ» дар сару чӯбчае нӯги чор ангушти ду даст хурсандона аз «умри дар танҳоӣ сипаришавандааш» қисса кард. Ҳарчанд, ҳикмати чӯбчаи дасти ӯро ба 44 тариқ таъриф мекунанд, аммо аз нигоҳи мантиқӣ шояд Фирӯза гуфтанист, ки «аз ҳамроҳи бад чӯбдаст беҳтар». Охир, мазмуни суруд шикваю ҳасрат аз умри якнавохт аст-ку?

Фарзидем, чӯбдасти Фирӯза, ки рӯи ангуштони нозукаш ҳазор намуд алвонҷ мехӯрад, ба маъниест, ки ишора кардем, вале аз барои савоб шахси танҳоеро вохӯрдаед, ки (ба ҷуз аз сарояндаҳо) аз дарду ҳасраташ бо сари баланд қисса намуда, «ҷасту хез» ҳам мекунад? Суруд на ба ин маънист, ки ҳатман зери навои он устухонҳои хонандаву шунаванда ба ҳаракат дарояд. Ё шояд овозхонҳои мо баринанд, ки  бо «ритм»-и тез ва «рақс»-ҳои валъаҷоибот якбора ҷойгузини рейтинги ТОП-сарояндаҳо мешаванд? Агар на, пас чӣ ҳоҷат аст, вақте шикоят мекунем, ки «гаҳе чун най ба фиғонем»-у «гоҳе ишқи хазонем» ва бо «вале бо афсӯс» аз гузашти ҷавониямон ба танҳоӣ мехонему дар ин баробар, тамоми қувваро сарф кардаву «ҷингилменс»  мерақсем?

Давоми суруди Фирӯза Ҳафизова илтиҷо аз Худованд аст, ки «дили девонаашро чӣ чора созад» ва бонуи хонанда на бо чеҳраи маҳзун (агар мантиқан бигирем), балки бо табассуму чеҳраи кушодаву болида, ба осмон на, балки бо нӯги ангушти дуюми дасти чапаш «толоракиҳо»-ро ишора мекунад (аниқтараш ин амал ба ҳисоб монанд аст). Ман ҳеч тасаввур намекунам, ки муаллифи номаъуми ин шеър баъди солҳои тӯлонии ранҷи танҳоӣ дар нимашаби илҳомбиёраш «шоколад» хӯрдаву хандида-хандида онро эҷод карда бошад, балки хуб «хуни ҷигар» шудагист.

Фирӯза Ҳафизова аз замони ба саҳнаи санъат қадам  монданаш албоми мураккаб аз 15 сурудро бо унвони «Шаҳзодаи ман» манзури бинанда кардааст (2008-2009), ки се тои он копишудаанд: «Шабҳо ба майхона»-и Гугуш, «Азми сафар мекунам»-и Аҳмади Зоҳир ва «Дилам дук-дук мекунад»-и Фаввод Ромиз. Ҳамчунин, се суруди ин албомро бо хонандаҳои афғон иҷро кардааст: «Лаҳваи ошиқона» (Lahvai oshikona (?), «Ёри тоҷикӣ» (муштаракан бо Заби Истолифӣ) ва «Чашма» (бо Ҷаввод).

Умуман, агар ба албоми Фирӯза «синча» кунем, аксари сурудҳои мазмунан ғамангез бо «ритм»-и баланд ва хушҳолона суруда шудаанд. Фирӯза ҳангоми хондани он мерақсад, шунавандааш ҳам ихтиёрро аз даст медиҳад (ба ҷуз аз таронаи «Оча»). Дар баъзе маворид рақсҳои Фирқза ҳатто аз «ритм» ҳам пеш мегузаранд. Дар таронаи «Шаби борон», ки мегӯяд:

«Шаб ёди ту кардам, ҷигарам месӯзад,

 Дил дар ғаму ман аз ишқи ту месузам»…

низ тавре дар тӯйҳо мегӯянд, ошиқона «тов медиҳад». Ва ҳам бо як ҷумла аз «дук-дук»-и дили Фирӯза ёдовар шудан ба маврид аст. Ин сурудро ба фарқ аз таронаи  «Зиндагӣ» дар майдони варзишӣ иҷро кардааст ва ҷои чӯбдаст баландгӯяк дорад. Фирӯза нигоҳ мекунад, ки тамошобинон кадом вақт, аниқтараш, вақти иҷрои кадом ҳаракати бадан зиёд «ҳуштак» мекашанду «ҳаё-ҳуй» мекунанд ва онро батакрор иҷро мекунад (мувофиқи талаб-да).

Дар матни сурудаҳояш низ костагиҳо ба назар мерасанд.

Дар бораи мазмуни мантиқии клипхои Фирӯза дар мавзӯи ҳунари коргардонҳои клип хоҳем гуфт. Танҳо ғизо барои андеша ин аст, ки коргардони клип (Сафаров) Фирӯзаи «шаби боронхон»-ро бо либосҳое зери борон гузоштааст, ки… ҳич мондан гиред-да! Шумо аллакай дидагистед?

Дар маҷмӯи дигари таронаҳояш, ки фиттаи он соли соли 2011 ба дасти тамошобин расид низ аҳвол ҳамин аст. Инҷо низ либоспӯшӣ бо мазмуни суруд ва ҳаракатҳои саҳна бо оҳанг часпоиш надоранд. Яке аз таронаҳои ин маҷмӯа «Кист ӯ» ном дорад. Фирӯза мехонад:

Кист, кист ӯ ба ту моҲил нашавад,

Кист, кист ӯ ба ту қоҲил нашавад…

Воқеан, ин албомро вазорати фарҳанг дар расми баргузории «Суруди сол» дар Душанбе моҳи июни соли 2011 «Беҳтарин албом» шинохт.

Фирӯза Ҳафизова ҳамчунин дар озмуни рӯзномаи «Оила» ҷоизаи «Маликаи ҳунар»-ро соҳиб шуд.

Қатағани сози мо,

Бишнавӣ овози мо.

Ба нағмаҳои қатағанҷон,

Пайдо карда рози мо.

Ин яке аз дигар таронаҳои бемантиқи Фирӯза аст. Инҷо аз як мусоҳибаи дар сомонаи «Pressa.tj» нашршуда иқтибосе меорам.

«Pressa.tj» — Дуэте доред, бо номи «Қатаған». Дар луғатҳо омадааст, ки «Қатаған» як қабилаи туркҳост. Дар Хатлон низ бо ин ном қабилаест, ки дар қадим бо роҳзанию дуздӣ машғул буданд. Аз зулми онҳо мардуми деҳот ба ҷойҳои дигар мекӯчиданд. Аз ин рӯ, то имрӯз ифодаи «аз дасти қатағанҳо гурехта омадан» ҳаст. Яъне, имрӯз калимаи «қатаған»-ро ба маънои дузду роҳзан медонанд. Ин дуэтро бо афғонписаре месароеду «қатаған», -гӯён изҳори муҳаббат мекунед. «Қатағанҷон»-и шумо чигуна қатаған аст?

Фирӯза: — Ростӣ намедонистам, ки дар кишвари мо «қатаған»-ро ба маънии дузду роҳзан медонанд. Қатаған номи қабилаест ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Афғонистон. Санъат забон надорад. Ҳар сурудеро, ки ба мо маъқул аст ё супориш медиҳанд, мехонем. Ба маънои пасипардагии он кор надорем. Ин суруди маро танқид ҳам карданд, аммо ман дар ягон ҷои он боиси танқид шуданашро намебинам. Ба мардум куҷои суруд маъқул нест, намедонам.

 

Фикр мекунам, ҳама чӣ инҷо маълум шуд ва дигар шарт нест тамоми таронаҳои албоми нави Фирӯзаро, ки вазорати фарҳанг ҷоизаи «Беҳтарин албом»-ро насибаш гардонд, таҳлил намоем.

Қазоват аз шумост! #

Реклама

комментариев 8 to “* Ислом Каримов ва клипҳои Фирӯза Ҳафизова (видео)”

  1. Mijgona said

    Рисолати вазорати фарханг имруз дар эътироф намудани чунин суруду албомхо асту бас! Онхое, ки каме суруди пурмазмунтар месароянд, азбаски «пуштибон» надоранд, аз назархо дур мондаанд. Кош, рузе шаваду ин макоми давлати истеъдодхои вокеиро, ки ба гушаи фаромуши рафтаанд, дастгири карда, дубора руи сахна би1рад…

  2. moh said

    ин Фирузахон маъной сурудош майли хатто маъной клипхояшро одам фикр мекунад ки дар бораи чи бошад тамом мешаваду чизе намефахми дар яктоашхам дустписарашу хам саг намедонам чи маъно дорад яке сигор мекашаду дигаре бо чашмони сиёхи худ нигох мекунад аммо инду бо чи максад дар як клип намедонам.

    • MAHBUB-TJ said

      Он клипе, ки Шумо ишора кардед, бар суруди «Каҷакабрӯ» таҳия шудааст. Тарона аслан афғонӣ аст. Воқеан, ман низ баъди маротибаи 10-уми тамошо дарк накардам, ки мақсади коргардони клип аз намоиш додани саги бурдоқӣ дар чист? Он саг чӣ нақше дорад шояд танҳо коргардон медонаду Фирӯза Ҳафизова…

  3. салом, админ агар ин блог ба забони англиси русси ё урду таргумо кардад бо ман хеле беҳтар ҳаст. чунки ман забони шyмо кам кам медонам.

    • MAHBUB-TJ said

      Ташаккур барои он ки ба ин блог сар задед. Агар Шумо мухлиси Фирӯза бошед фикр намекунам, ки тарҷумаи он бо урду ё ҳуруфи англисӣ бароятон писанд афтад, зеро одат ҳаст, ки мухлисон интиқодҳоро дӯст надоранд ва барояшон танҳо таърифу тавсифи сарояндаҳо хуш меояд. Ё фикрам нодуруст?

  4. Сумая said

    Рости, ман хайрон мешавам, ки ин Вазорати Фарханг кучоро менигарад??? Ин чи суруду оханг аст дар сароядагони эстрадаи мо. Дар ин чо на танхо Фируза Хафизоваро гунахкор мекунам. Анкариб тамоми санъаткорони эстрадаи мо сурудхояшон на мазмун дораду на мантик! Сол ба сол матнхои месароидаи сарояндахо коста гардида истодааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

 
%d такие блоггеры, как: