MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

* Тамошои озмуни «ҷунбон-ҷунбон» сари табақи қурутоб

Posted by MAHBUB-TJ на 30.11.2011

Бархе аз намояндаҳои шоу бизнеси тоҷик зиёд талош доранд, ки бо ду роҳ таваҷҷӯҳи мардумро ба худ ҷалб намоянд: ҷинсҳои латиф бо дунбаҷунбониву ҷинсҳои «дурушт» бо ширкати раққосаҳои урёнпӯш дар клипҳояшон. Баъзан ба назар мерасад, ки сарояндазанакҳо гӯё бо ҳам мусобиқаи пӯшидае доранд, «яъне, кӣ хушрӯтар «меҷунбонад». Мардҳо низ ҳамчунин, «дар клипи кӣ зиёдтар духтарони нимурён рақс мекунанд». Хуб, гуфтем, шояд, ин як сабқати пӯшидае бошад, аммо биёед дар сӯҳбати имрӯз 2 озмуни ошкорое ташкил мекунем. То қадри имкон чанд намунаи дунбаҷунбониву синатакониро ба риштаи тасвир мекашам (агар тугмаҳои клавиатура об нашаванд), шумо дар охир ҷамъу тарҳу зарбу тақсим карда, баҳогузорӣ мекунед. Кӣ зиёду хушрӯтар меҷунбонад? Ман пешниҳод мекардам, ки вазири фарҳангро сардовар интихоб намоед (Ин ҷо бо баъзе «хотирҳо» исми бонуҳои сарояндаро зикр намекунем, вале агар барои нафаре, махсусан аз вазорати фарҳанг, таваҷҷӯҳбарангез бошад, метавонем телефонӣ ному насабро «ифшо» созем).

 Дунбаҷунбонак

Дар консерти рӯзи истиқлолият дар соли 2010 бонуе сароид, ки гӯё бо раққосаш озмуни «ҷунбониш» дошт. Бале, раққосаш, ки мисли ҷавонписарони ансамбли «Падида» рақси духтарона анҷом медод (дастҷунбониву имову ишора, тарзи ҳаракат дар саҳна ва билохира, «ҷунбондан»-ҳояш ба рақси занона шабоҳат дошт). Суруд дар бораи ёре буд, ки вафо надорад. Нуқтаи авҷ ин буд, ки қашангҳофиза пушташро ба мардум гардондаву «ҷунбонд». Дар ин фурсат, бовар дорам, «банди дил»-и бисёриҳоро «ларза» гирифт, зеро агар, Худо накарда, риштаҳои дарзи он шими танг канда мешуданд… (замони мактабхонӣ дар дарси тарбияи ҷисмонӣ, вақте духтаре ҳалқаи варзиширо дар миён тоб медод, чунин ҳолат ба вуқӯъ пайваста буд). Сарояндаи дигари қашанге дорем, ки лаби поёнашро бо дандон газида «меҷунбонад» (намунаашро дар дискоклубҳои шабонаи, дур наравем, Русия дидан мумкин аст). Аҷибаш ин аст, ки аз ҳама зиёдтар вақте «меҷунбонад», ки мегӯяд, рози ниҳон дораду ба касе ифшо намекунад. Аз саҳна поин шудаву назди тамошобинон меояд ва зиёдтар «меҷунбонад». Шояд, фикр мекунад, аз дур намоён нест? (ин суруд дар майдони футбол, хато накунам, бахшида ба рӯзи ҷавонон анҷом шуд). Намунаи дигар низ аз ҳамин ҳофизаамон ҳаст, ки метавон онро «рақси таърихӣ» унвон кард. Тибқи овозаҳои мухталиф, ин рақси зери «шипанг» дар кадом як шаҳри Русия иҷро гардидааст. Қиссаи синаи чапи бонуи дигар дар консерти шаби соли нав ба хубӣ дар хотиратон нақш бастааст, ба гумонам, ҳоҷати такрор надорад. Аммо клипе дидам, ки то имрӯз касе натавонистааст ба «қаҳрамон»-и он, сарояндаи тоҷик баробар шавад. Дар клипи суруде бо номи «Ишқи ту» сароянда танҳо синабанд пӯшидаасту дар шаби тор назди гулхан месарояд. Дар нофи луб-лучи модарзодаш расми офтоб кашида шудааст. Аз мазмуни суруд бармеояд, ки дӯстдоштааш аз канораш рафтаву ҳоло беқарор аст. Дар ин клип хонандазанак он чунон меҷунбонад, ки ба қавли мӯйсафеди Сафомиддин, «любой» арабзанакро ба як «нӯл» задааст… Як бонуи дигар ҳаст, ки ба тозагӣ дар «ситоразор»-и эстрада пайдо шудан дорад ва ӯ ҳам нишон доданист, ки аз дигарҳо кам намеояд. Бо ҷунбонданҳош, албатта…

Телевизони кӯдаконаи «Баҳористон» дар Амфитеатри Душанбе бо шикарти овозхонҳои тоҷик консерте баргузор намуд. Бонуи сарояндае, ки ҳамеша барои дар матни ҳузнангезу «мотамӣ» шодиву хурсандикунон рақскунияш мавриди интиқод қарор мегирад, дар ин барнома ҳузур дошт ва мисли ҳамешагӣ пушташро ба тамошобинон (аксариятро кӯдакону наврасон ташкил медоданд) гардонду «ҷунбонд»-э. Хайрият, вақте дар телевизион ин консертро манзур карданд, ин лаҳза намоиш дода нушуд.

Рекламная пауза 1. Тасаввур кунед, бо аҳли хонавода сари дастурхон нишастаеду дар ҳоли «бисмиллоҳ» гуфта даст сӯйи табақи қурутоб дароз кардан, бародари шашсолаатон «диск»-и консерти сарояндаҳои тоҷикро мемонад. Нав як-ду «тика» ба даҳон бурдаед, ки раққосаҳои синабандпӯш экрани шуморо ғасб мекунанду   сарояндазанаке дунбаи 20-қадоқаи худро назди чашмаки камера (пеши бинии коргардон) ончунон меларзонад, ки хаёл мекунед заминҷунбии шашбалла ба вуқӯъ пайваст. Хоҳаратон (ё, шояд, хоҳаронатон) аз шарм даст аз табақ мебардораду берун мебароя(н)д. Падару модаратон дар ҳоли ноҳинҷор мемонанд. Танҳо додарчаи шашсолаатон бо «пул(ь)т» телевизорро баландтар мекунад…

Синатаконӣ

Гурӯҳи Иқбол, ки аксари сурудҳои бемантиқро (ба ҷуз аз таронаҳое, ки аз Аҳмад Зоҳиру дигарон копӣ кардаанд) месарояд, шояд, бо нишон додани лучдухтарон (бо синабанд) таваҷҷӯҳи одамонро аз матн гурезонданиянд. Клипҳои «Марҷуна», «Малика» ва боз чандеҳои дигар гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Бонуи паҳлӯи Баҳром Ғафурӣ нишаста ҳам, дар клипи «Шаробӣ» «бад» намеҷунбонад. Дар клипи Диловари Саидзод низ раққосааш миёни ҳафт нафар (аз сароянда сар карда, то навозандаву коргардон) «синаҷунбонӣ» мекунад-э. Сӯҳроб Маҳмуд ҳам ёд гирифтааст. Дар таронаи «Лайлирӯ» як лайлирӯ хуб «баданнамоӣ» мекунад. Дар клипи гурӯҳи Фаррух— «Маликаи замон» ин  ду сароянда, ба фикрам, духтаре наёфтаанд, ки розӣ шавад дар клипашон нимурён бирақсад ва порча-порча аз ҳар клипи хориҷӣ бурида, клипашонро «зеб» додаанд (охир, як боракак ба ансамбли «Падида» муроҷиат мекардед, не, нагуфта, бо ҷону дил, ҳар гунае ки мехостед, бароятон рақс мекарданд). Аваз ҳам чанд духтари нофлучро пайдо кардаву клип кардааст.

Дар як клипи Садриддини Наҷмидинам ҳам зери борон духтару писар бадани ҳамдигарро молиш медиҳанду ба тамошобин намоиш.

Рекламная пауза 2. Як дӯстам ба наздикӣ аз Аврупо омад. Гиребон доштаву тоба кардаву гуфт, ки дар Туркия, Белгияву Фаронса танҳо дунбаву синаҷунбониро дар клубҳои махсуси шабона метавон тамошо кард. Ин «ҷунбон-ҷунбон» танҳо дар Тоҷикистони худамон оммавӣ шудааст. Яъне, метавон ба хулосае расид, ки ҳофизаҳои мо  чунон ки тарзи дурусти пӯшидани либосҳои аврупоиро намедонанд, қоидаи «ҷунбондан»-ро ҳам ёд нагирифтаанд. Баъзан ба он ки 98 дар сади мардуми тоҷик мусалмонанд, шубҳа мекунӣ (наузанбиллоҳ)…

Даҳ қадам то ҷамъбасти озмун. Мисолҳо дар мавриди «дунбаҷунбони»-ву «синатаконӣ» танҳо ҳамин кадар нест, аммо инҷо ҳамин қадараш кофӣ.

Танҳо ман ба як саволчаам посух гирифтан мехоҳам- ҳамин дунбаҷунбониву синатаконӣ ба масъулини вазорати фарҳангамон писанд бошад? Ба фикрам, кам-кам мефорадашон. Охир, агар писандашон намешуд, кайҳо бо қароре ё фармоне ин амали сарояндаву раққосаҳоро манъ, ё аққаллан, танзим мекарданд. Намешавад мегӯед? (охир, мо дар кишвари демократӣ зиндагӣ мекунем). О, чаро барои вазири маориф шуд-ку? Як синча карда бинед, ҳоло тамоми директорони мактабу муаллимони 55-сола дар кисаашон ҷадвал мегардонанд (сари ҳар қадам ришашонро чен карда меистанд, мабодо, аз 4 см зиёд шаваду обрӯйи устодияшон назди коллектив нол). Ун марди Худо, яъне ҷаноби Абдуҷаббор Раҳмонов бештар аз 50 ҳадис хондаву фармон содир кардааст, ки ба мактаб бо риш рафтан мумкин нест. Акнун ҳама меларзонанд, э, бубахшед, меларзанд. Чаро вазири фарҳанг натавонад? Метавонад, ба назарам…

Ба ин мавзӯъ боз бармегардем. Агар сарояндаҳое, ки ном бурда шуданду ном бурда нашуданд, ин амали худро дар мактуби ҷавобие «сафед» кунанд.

Ба ҷойи P.S. Сарояндазанаки нимурёне, ки ғайри одати духтарони имрӯз дар даст сумкача надошт, дар роҳ таксиеро медорад. Дар роҳ ронанда зуд-зуд ба духтар нигоҳ мекунад. Он хонум гӯё бо хашм мегӯяд, ки «зани нимурёнро нав дидӣ»? Ронанда ҷавоб медиҳад: «Нав надидаму ман ҳайронам, ки ту пули роҳкироро аз куҷо мегирӣ»?

Ин латифа ва ба ин монанд шӯхиҳои намакинро аз ин суроға ҷӯстуҷӯ намоед: http://www.latifatj.wordpress.com

 #

Реклама

комментария 4 to “* Тамошои озмуни «ҷунбон-ҷунбон» сари табақи қурутоб”

  1. Мухайё said

    Хеле оли гуфти! Аз хандая кариб буд мурам, зомини духтарчаам мешуди, дустам! Аммо баъди ханда фикр кардам, ки ба холи ки механдам?! Вокеан андеша бояд кард, аммо ки парвои ин дорад?

  2. moh said

    ООО шумо дарди дили падари маро навиштед агар мо дар наздашон ягон фита ва ё аз тв ягонтаи хаминора монем эхе чунон чанг мекунанду дашномхои зиёде ба ин бесохибо ба кавли худашон мекунан. Русхо шарм медоранд ки мисли баъзеи инхо либос пушида ба сахна бароянд мегун кани шарми духтари точик барои чи сарояндахои пешин мисли ино либос намепушидан аммо то имруз гушашон мекунанд мегуянд. Шояд пулашон намерасад ки мато зиёдтар харанд!!!

  3. sohibyor said

    Ахсан!!! Вокеан дуруст аст. Медонед, ман хамрохи модарам, хохарам ва хатто хамрохи завчаам шарм медорам, ки ягон боги фарогатии Душанбе сайругашт намоям. Чи расад, ба тамошои клипконсертхои сарояндагони точик….

  4. Subhiddin said

    ofarin, ancha vaqt shud hamin khel nakhandida budam

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

 
%d такие блоггеры, как: