MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

«Талоши зиндагӣ»-и Субҳони Саид

Posted by MAHBUB-TJ на 09.12.2011

Инқилобе дар мусиқии тоҷик, набарде алайҳи заъфу нотавонӣ, шӯрише дар ло балои қачравиҳои рӯзгор.

Филармонияи давлатии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе 3-юми декабри соли 2011 мизбони барномаи ҳунарии Субҳони Саид, маҳбубтарин овозхони тоҷик буд. Толоре, ки ҳамагӣ барои ҳудуди 900 тамошобин пешбинӣ шудааст, қадамҷои бештар аз 1,5 ҳазор нафар шуд. Тақрибан нисфи тамошочиён бо иллати набудани ҷой пушти дарҳои филармония монданд…

10 соле, ки ёди ӯро аз ёдҳо набурд

 «Ӯ аз миёни обу оташ бурун омад,
ӯ паҳнои дардро қадам зад ва акнун
ба сӯи мо бо як сабад гул меояд,
гули ёдҳо, гули андеша, гули алам…»
Субҳони Ҷалил, журналист

Субҳони Саид баъди бештар аз 10 сол дигарбора рӯи саҳна омад. Даҳ соли ранҷ, даҳ соли дард, даҳ соли интизорӣ. Аммо маълум гардид, ки ин фурсати тӯлонӣ ҳам маҳбубияти ӯро назди ҳаводорони мусиқӣ заррае коста накарда. Вақте пардаи саҳнаро боз карданд, аҳли толор ҳамагӣ аз ҷо баланд шуд ва ба истиқболи Субҳон мудаввом кафкубӣ кард. Вай солҳои зиёд дар саҳнаҳои консертӣ баромад надошт, аз экранҳои телевизион дур буд ва садояш ба мавҷи радиоҳои давлатӣ намерасид. Бовуҷуд, дар толори филармония ба таъбири мардум «ҷои сӯзанпартоӣ» набуд. Роҳраву роҳравчаҳои толор моломоли тамошобин. Шаҳриву деҳотӣ, галстукдору «спартивкапӯш», савораву пиёда ва пиру барно талоши дидани Субҳони Саидро мекарданд. Ҳарчанд бахт ба рӯйи ҳама нахандид ва даҳҳо нафар имкони вуруд ба толорро пайдо накард.

Ҷавонони зиёде ҳам аз тамошочии консерт буданд. Аз чанд нафар пурсидам, ки онҳоро чӣ ба ин консерт кашид? Эраҷ гуфт, ки шеваи таронасароии Субҳон барояш писанд аст, зеро ин овозхон дар ҳар куҷо ва ҳамеша аз дарди миллат гуфтааст. «Маҳз ҳамин вижагӣ Субҳони Саидро маъруф кардааст. Ман ӯро аз беҳтарин сарояндаҳои тоҷик мешуморам. Дар чандин консертҳо ширкат доштам, аммо ягон маротиба ин қадар истиқболи гарми мухлисонро надида будам. Мардум ҳама ӯро дастгирӣ намуд ва ба ҳунараш қоил шуд». Саида ҳам тақрибан ба ҳамин маънӣ андешаронӣ кард. Ба қавли вай таронаҳои оригиналӣ-матну оҳанги олӣ Субҳонро миёни ҷавонон саршинос нигоҳ медорад. Саида гуфт, ки бо азобе вориди толор шуд ва аз он ки одамон зиёд буданд, дар қатори аз ҳама охир то охири консерт рост истод. Аммо Абдуазим аз дигар ҷавонони тамошочии консерт сабаби аслии серодам шудани филармонияро ба муддати мадид рӯи саҳна набудани Субҳон марбут донист. Вай гуфт, барои аксар ҷолиб буд, ки баъди танаффуси тӯлонӣ ин хонанда бо чӣ пайғоме рӯ ба рӯи тамошобин меояд. Субҳон Ҷалилов, директории барномаҳои радиои «Ватан» бошад, маҳбубияти ҳамномашро дар хулқу атвори хонанда медонад: «Аксарият аз хулқу атвор ҳам сарояндаҳоро баҳогузорӣ мекунанд. Субҳони Саид ҳеч гоҳ барои ба даст овардани унвон талош накардааст, ӯ кӯшиш накардааст, ки ба барномаҳои фарҳангии давлатӣ бо ҳар усул роҳ ёбад ва ё барои худнамоӣ ё ба даст овардани чизе барои касе суруд хонад. Ҳамаи ин Субҳонро ба шахсияте табдил кард, ки мардум воқеан имрӯз ӯро гуш мекунанд, он гуна ки дирӯз мешуниданд ва фардову фардоҳои дигар низ хоҳанд шунид».

Дар барномаи консертӣ Субҳони Саид 12 тарона иҷро намуд, ки шаштои он сурудҳои қаблан таҳияшуда ва шаши дигар таронаҳое, ки рӯи бистари беморӣ эҷод шудаанд. Дар баробари дӯстону шогирдон фарзандони Субҳон-Сайёд, Амиршо, Ҷамшед ва Сорбон ҳам тарона хонданд.

Ӯ дар набард бо маводи мухаддир дастболо шуд

Ба ҳар коре, ки
ҳиммат баста гардад…

Субҳони Саид аз аввалин овозхонҳои тоҷик аст, ки муътодии худро ба маводи мухаддир пинҳон накардааст. Ба қавли Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи «Фараж» ва дӯсти наздики Субҳон Саидов дар сӯҳбат бо хабарнигорон вақте аз ӯ суол мешуд, ки оё рост аст, ки маводи нашъадор истифода мекард, посухи мусбат медод. «Субҳон Саид муроҷиати зиёде ҳам кардааст ба насли ҷавон, ки ба маводи мухаддир таваҷҷӯҳ накунанд ва аз ин чиз даст бикашанд».

Дар мавриди дилбастагии овозхонҳои тоҷик ба маводи мухаддир сару садоҳои зиёде баланд шудаву мешавад, аммо то кунун ҳеч сарояндае эътироф накардаст, ки маводи нашъадор истифода мекунад. Мавзӯи сарояндаҳо ва мухадарот дар Тоҷикистон замоне доғ шуд, ки хабари марги хонандаи ҷавон Сӯҳроби Сафарзод расонаӣ шуд. Он замон ҳарчанд табибон даргузашти хонандаи ҷавонро сактаи қалб унвон карданд, аммо рӯзи ҷанозаи вай Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, имомхатиби масҷиди маҳаллаи Ҳаёти Нави шаҳри Душанбе ишораҳое ба маводи мухаддир карда буд. Танҳо баъди 7 моҳи марги Сӯҳроб масъулини агентии назорати маводи нашъадори назди райисҷумҳур дар нишасти хабарие ба рӯзноманигорон тасдиқ карданд, ки дар хуни Сӯҳроби Сафарзод амфитамин кашф шудааст. Бахтиёр Алиев, ҷонишини шӯъбаи тафтишотии агентии мазкур гуфт, ки дар пайи хулосаи ташхиси судӣ маълум шудааст, ки марги Сӯҳроби Сафарзод дар натиҷаи заҳролудшавии шадиди бадан аз ҳисоби дорувории амфитамин ба вуҷуд омадааст.

Аммо Субҳони Саид тавониста, ки бар маводи нашъадор пирӯз шавад ва «Талоши зиндагӣ» унвон гирифтани барномаи консертияш зери шиори «Ситораҳо алайҳи нашъамандӣ» ҳам ба ҳамин хотир будааст. Субҳон на танҳо бар маводи нашъадор, балки бар бемории тӯлонӣ, ки билохира як пояшро то зонӯ гирифт, дастболо шуд. Фурқати Саид, дӯсти Субҳон мегӯяд, ҳатто сари болини маризӣ ҳам Субҳон аз эҷоди таронаҳо даст накашидааст. «ӯ яке аз фаъолтарин ҳунармандони тоҷик аст. Таронаҳои зиёдеро ба ман пешниҳод кард ва гуфт, ки интихоб кунам, то кадомаш беҳтар аст. Ҳар як таронаи эҷодкардааш рӯи бистари беморӣ яке аз дигаре беҳтар аст».

Субҳони Саидро кӣ ба «рӯйхати сиёҳ» ворид кардааст?

Гарчӣ ёрон фориғанд аз ёди ман,
Аз ман эшонро ҳазорон ёд бод.

Таронаҳои Субҳони Саидро чанд сол мешавад, ки телевизионҳои давлатӣ манзур намекунанд. Зимнан, баъзе таҳлилгарон ба мавҷудияти «рӯйхати сиёҳ»-е ишора мекунанд, ки ҳар насаби дар он фитода, аз экранҳо «гум» мешавад. Як корманди шабакаи аввал ҳам, ки нахост номашро ифшо кунад, гуфт ба шунидаш чунин рӯйхат ҳаст ва он бевосита аз сӯи раҳбарияти кумита пешниҳод мешавад. Фурқати Саид, раҳбари бадеии ансамбли «Шашмақом» аз пешниҳод нашудани таронаҳои ҳунармандони ҳирфаӣ дар шабакаҳои давлатии телевизиони кишвар изҳори нигаронӣ кард. «Овозхоне, ки нав пайроҳаи ҳунарро пеша мекунад таронааш бо ҳамон шеъри паст, бо оҳанге, ки ба дили кас роҳ намеёбад, аз тариқи телевизион намоиш дода мешавад, аммо ҳунарманди асил таронааш пахш намешавад. Ту медонӣ, ки миёни ҳамон 11 нафар суруд хондаӣ, аммо 11 нафарро нишон медиҳанд, суруди ту пахш намешавад. Дар ин ҳолатҳо шахс бемор мешавад ва дили ҳунарманди асил аз ҳама ин намоиш доданҳо мемонад».

Хуршеди Атовулло таърихи ба «рӯйхати сиёҳ» ворид шудани номи Субҳони Саидро ин гуна қисса кард: «Ин аз давраи раисии як нафаре сар шуд, ки дар маъракаҳо ӯро Субҳон ҳамроҳи худаш ба хотири он ки зиндагияшро пеш барад ҳамчун баранда мегирифт. Вай барандаи тӯйҳои Субҳони Саид буд. Аз ҳамон «мардаки хуб» сар шуд ҳамин кор».

Ёдовар мешавем, аз экранҳои ТВ-и давлатӣ дур мондани Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед, духтарони Сурайё Қосимова, Ҷӯрабек Муродов, Манижа Давлатова, Садриддини Наҷмиддин ва чанд чеҳраи дигари санъати тоҷикро баъзе таҳлилгарон ба «рӯйхати сиёҳ» шомил шудани номашон медоданд. Зеро ҳатто баъди ширкат дар барномаҳои давлатӣ ҳам зимни пахши телевизионӣ баромади онҳо «қайчӣ» мешавад.

Аммо консерти рӯзи 3-юми декабри Субҳони Саид бо эҳтимоли зиёд аз тариқи ТВ пахш мешавад, зеро таъсисдиҳандагони консерт-Маркази тадқиқоти журналистӣ ва шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии сафорати ИМА дар Тоҷикистон барои навор ва пахши консерт бо ТВС қарордод бастаанд. Аммо чаро бо эҳтимоли зиёд гуфтем, зеро тибқи иттилои як манбаъ раҳбарияти ТВС ҳам гуфтаанд, ки агар ба онҳо «аз боло» амр диҳанд, чорае ба ҷуз аз пахш накардани навори консерт надоранд.

Соҳибмактаби беунвон

Субҳони Саид ҳайкали ишқасту навост
Субҳони Саид ба ростӣ, ки доди Худост.

Таҳлилгарони мусиқӣ мегӯянд, Субҳони Саид монанди Акашариф Ҷӯраев, Зафар Нозим, Далер Назаров мактаби худро дорад ва ин мактаб нафарони зиёдеро муаррифӣ кардааст. Фурқати Саид, хонандаи маъруфи тоҷик аз шумули онҳост, ки мегӯяд, агар тавсияи Субҳон намебуд вай шояд на овозхон, балки ҳунарпеша мешуд, зеро ҳуҷҷатҳои худро нахуст ба шӯъбаи актёрии донишкадаи ҳунарҳои зебо супурдааст, вале вақте Субҳон ӯро мебинад, мегӯяд, беҳтар аст, то санадҳоро ба шӯъбаи овозхонҳои анъанавӣ супорӣ. Ҳоло Фурқат раҳбари бадеии ансамбли давлатии «Шашмақом» аст, вале дар пешниҳоди таронаҳои эстрадӣ низ паҳлӯи  мувафақҳои ин жанр мешинад.

Субҳони Саид аз соли 1983 дар рӯи саҳнаи ҳунар аст. Маҷмӯи таронаҳои ӯ дар 10 албом гирд оварда шудаанд, аммо гуфта мешавад, сурудҳое, ки дар бистари беморӣ омода шудаанд, ду албоми дигарро пурра хоҳанд кард. Субҳони Саид фаъолияти ҳунарияшро аз ансамбли «Ганҷина», зери раҳбарии Зафар Нозимов оғоз кардааст. Баъдан баробар бо Кароматуллоҳи Қурбон фаъолияташро дар эстрада идома дод. Баъди қатли Кароматуллоҳ аз соли 1992 то соли 2008 раҳбари ансамбли эстрадии «Гулшан» буд. Дар солҳои аввали раҳбарии вай, ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, Субҳон тавонист, ки «Гулшан»-и маъруфро дигарбора фаъол намояд. Солҳои 2002-2003 Субҳон дар се давраи озмуни хонандагони эстрада ғолиб омада, «Ситораи сол» эътироф гардид. Моҳи июни соли 2011 вазорати фарҳанг ба Субҳони Саид ҷоизаи «Беҳтарин сарояндаи эстрада»-ро сазовор донист.

Бо ин ҳама Субҳон мисли Далери Назар ва даҳо нафари саршиноси санъати Тоҷикистон унвони давлатие надорад. Аммо ба қавли наздикону дӯстонаш вай ҳеч гоҳ ба хотири «ширин» кардани худ назди касе тавалло намекунад. Ҳолдонҳо мегӯянд, шояд сабаби аз экранҳову маъракаҳои давлатӣ дур мондани Субҳон ҳамин «ғурур» ва «сарнафаровардан»-ҳояш бошад. Қисме ба ин назаранд, ки шояд бо далели замоне нашъаманд будан, рӯи номаш хатти сурх кашидаанд. Аммо Марадона ҳам мубталои ин беморӣ буд, вале тими миллии Аргентинаро тамрин медод (боз даҳҳо мисоли дигар метавон овард).

Ҳарчӣ ҳам буд ва ҳаст Субҳони Саид дар дили мухлисон маъво гирифтааст ва ҳеч монеаву «рӯйхат»-е наметавонад ин пайвандиро барканад. Бо ин ҳама Субҳон ба ҳаводорони ҳунараш ваъда кард, ки дар арафаи соли нави мелодӣ бо барномаи ҷадиди консертӣ ба дидорашон хоҳад омад.

Сарчашмаи асл:  http://ozodagon.com/sa/item/16067-%D1%82%D0%B0%D0%BB%D0%BE%D1%88%D0%B8-%D0%B7%D0%B8%D0%BD%D0%B4%D0%B0%D0%B3%D3%A3-%D0%B8-%D1%81%D1%83%D0%B1%D2%B3%D0%BE%D0%BD%D0%B8-%D1%81%D0%B0%D0%B8%D0%B4

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

 
%d такие блоггеры, как: