MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

* ЧАШМАНДОЗЕ БА СОЛИ ХАРГУШ

Posted by MAHBUB-TJ на 03.01.2012

Дар 12 моҳе, ки гузашт уқёнуси шоу бизнес ҳолати якранг надошт. Сафинаи бархе аз овозхону ҳунармандон зери барфу туфон қарор гирифт ва қисме рӯи мавҷҳои ором дар шино буданд. Заврақи гурӯҳе дар нимароҳи санъат ба яхпораҳои бузург бархӯрда пора-пора шуд ва аммо боди форам киштии қисмеро ба соҳили мурод бурд. Ҳоло ки дар соли наҳанг умр ба сар мебарем, чанд тикае аз хабар ва ҳаводиси гуфтании соли заргушро пешниҳод месозем.

Нахустин воқеоти марбут ба шоубизнес дар нахустин моҳи 2011 ин буд, ки Меҳрубони Равшан, овозхони попи тоҷик эълом дошт, бо далели ба арзишҳои исломӣ рӯй оварданаш саҳнаро тарк мекунад. Меҳрубони Равшан ба «Озодӣ» гуфта буд, қасд дорад аз ин ба баъд таронаҳои мазҳабӣ иҷро намояд. Аммо бо гузашти ҳудуди як сол ҳеч як таронаи мазҳабии вай қобили шунидан нашуда, баръакс дар консертҳои Душанбе ҳамчунон таронаҳои «шух» иҷро мекунад. Воқеан, дар барномаҳои солинавии толорҳои Душанбе, ки аз тарики телевизион таблиғ мешавад, исми Меҳрубон низ ҳаст.  Дар ҳоле, ки як сол қабл ба хабаргузориҳо гуфта буд, чор сол мешавад, соли нави мелодиро ҷашн намегирад, зеро «дар ислом мамнӯъ аст».

14 июн дар рӯзи мавлуд ва ҳам марги Аҳмад Зоҳир, сарояндаи фақиди машриқзамин дар толори филармонияи давлатӣ маҳфили ёдбуд баргузор гардид. Дар он 40 нафар аз сарояндаҳо, ки таронаҳои Аҳмад Зоҳирро бозхонӣ кардаанд, барои алоқамандони ҳунари ӯ ҳунарнамоӣ карданд.

Моҳи июн дар шаҳри Душанбе ба беҳтарин сарояндаҳои эстрада ҷоиза супориданд. Дар маросими эътои мукофотҳо, ки «Суруди сол» унвон мешу два вазорати фарҳанг созмон дод, шоҳҷоиза- «Беҳтарин сарояндаи сол» насиби Садриддин Наҷмиддин ва Ҷонибек Муродов гардид. Баҳроми Ғафурӣ ҷоизаи «Беҳтарин клип», Зикриоллоҳ Ҳакимов «Беҳтарин оҳангсоз», Эҳсон ва Манижа «Беҳтарин Дуэт», Гулру Табарова ва Зайнура Пулодӣ  ҷоизаи «Барои қадамҳои нахустин дар саҳна», Фирӯза Ҳафизова «Беҳтарин албом», Валиҷон Азизов «Таваҷҷӯҳи тамошобин», Бахтиёр Иброҳимов, Нигина Амонкулова ва Дилноза Каримова «Беҳтарин иштирокчии чорабиниҳои давлатӣ» дониста шуданд.

Таронаи «We Found Love»-и Рианна сершунавандатарин суруди соли 2011 эътироф шудааст. Нақороти ин тарона, ки бо тоҷикӣ «Муҳаббати худро дар ҷои номуносиб дарёфтам» аст, 12 маротиба такрор мешавад ва ин такроршавиҳо боиси танқидҳои зиёди мунақидони шоу бизнес шуд, аммо бо вуҷуд ин тарона ҳашт маротиба паи ҳам дар садри  хит-паради Billboard қарор гирифт.

17 июл дар кохи Борбад консерти Мансури Ҷаъфарӣ, овозхони саршиноси эронитабори муқими Амрико доир шуд. Ин дувумин барномаи ҳунарии Мансур дар Тоҷикистон буд. Консерти нахустини вай соли 2004 ҳамчунин дар Кохи Борбад баргузор шуда буд.

Моҳи июли соли 2011 мақомоти Белорус пахши таронаи «Перемен» -и гурӯҳи «Кино»-ро дар радиоҳои ин кишвар мамнуъ кард. Гуфта мешуд, ин суруд дар қалби шунавандаҳо руҳияи инқилобиро бармеангезад. Ин таронаро ҳатто гимни ҳаракати эътирозӣ дар Белорус унвон мекарданд.

24 июл гурӯҳи «Парем» дар гаронарзиштарин толори консертии Маскав, мавсум ба «БИ-2» консерт иҷро кард. Хабари барномаи консертии «Парем»-ро шоуменҳои радиои «Маяк» ба танз кашиданд. Бо талоши Олим Ширинов, раҳбари гурӯҳи «Парем» вазорати умури хориҷии Тоҷикистон унвони радиои «Маяк» нома ирсол намуд ва талаби узр пурсиданро кард. Ровиёни радио номаро дар эфир хонданд ва аз мардуми тоҷик узр хостанд.

Соли равон Тимур Юнусов, мулаққаб ба Тимати бо 500 ҳазор евро бар матни таронаи «На краю земли» клип бардошт. Ин клипи 3,5 дақиқаии рэпсаро дар шоубизнеси Русия гаронтарин маҳсуб мешавад.
Дар Амрико бошад, видеоклипи Lady Gaga бар таронаи «Judas» гаронтарин дар соли 2011 будааст. Аммо буҷаи ин клип бо маблағи 10 миллион доллар натавонист, ба гаронтарин клип дар таърихи мусиқӣ-таронаи «Scream»-и Майкл Ҷексон ва Ҷанет Ҷексон дар соли 1995 баробар шавад. 
Дар Тоҷикистон гаронтарин клип таронаи «Сердце прости»-и Ҷонибек Муродов аст, ки дар Амрико бардошта шудааст.

Фарзонаи Хуршед баъди наздики ду соли маҳбас моҳи август дар пайи қонуни авф раҳо шуд. Ӯ авоили соли 2010 бо ҷурми кӯмак ба фирори дӯстдоштааш Фаррух Рӯзиев аз додгоҳ ба ду соли зиндон маҳкум шуда буд. Аз замони озодӣ то кунун 3 тарона иҷро кардааст. Дар нахустин рӯзҳои моҳи декабр вай ҳамроҳи апааш Шабнами Сурайё ба Амрико рафта дар ҷашнвораи «Биг Эпл» ба ҳайси меҳмон тарона иҷро намуд.

Далер Назаров, маъруфтарин сарояндаи попи тоҷик моҳи сентябр ҳаводорони ҳунарашро ба осорхонаи «Гуринҷ» хонд. Дар ин маҳфил Далер чанд оҳанги тоза низ иҷро кард, ки бо истиқболи гарми ҳаводорон рӯ ба рӯ шуд.

Имсол Ораш, хонандаи саршиноси Шарқ барои клипи «Мелоди» аз ҳаводоронаш кӯмак хост, дақиқтар вай барои ҷолиб шудани клипи суруд аз тариқи сомонаи расмии худ аз мухлисонаш даъват кард, то зери таронаи мазкур худро навор бардошта, ба ӯ фиристанд. Дар ин клип ҳудуди 200 навор аз тамоми гӯшаи сайёра ҷой дода шудааст, аммо ҳеч пораи наворе аз Тоҷикистонро онҷо намебинем, ҳарчанд дар суҳбате ба ОМ Ораш гуфта буд, ки зиёд мехоҳад, наворҳое ҳам аз Тоҷикистон дар ин миён бошад.

Онлайнмағозаи iTunes феҳрастиалбомҳоисерхаридорисоли 2011-ромунташиркард. Албоми Адел, овозхони бритониёӣ, ки «21» ном гирифтааст, дар ин рейтинг садрнишин аст. То имрӯз беш аз 12 миллион нусхаи албоми мазкур харидорӣ шудааст. Маҷмуаи «Sigh No More»-и Mumford & Sons дар зинаи дуюм қарор дорад. Албоми Лил Уэйн бо номи«Tha Carter IV» мақоми сеюмро муаррифӣ мекунад. Леди Гага бо албоми«Born This Way» дар ҷои шашум аст. Lady GaGa ҳамчунин имсол чор ҷоизаи MTV Europe Music Awards  ё «Ҷоизаи мусиқии Аврупо» дар соли 2011-ро ба худ ихтисос дод. Дар феҳрасти «Овозхони беҳтарин» садрнишин шуд ва таронаи «BornThisWay» ё «Таваллудшудаи ин роҳ» дар номгӯи «Беҳтарин Суруд» ва «Беҳтарин Клип» ба зинаи аввал баромад.


Консерти Ҷонибек Муродов, ки мебоист якуми октябр дар Кохи Борбад баргузор мешуд, он гуна ки масъулин гуфтанд, бо далели қавоиди зидисухторӣ дар филармонияи давлатӣ доир гардид.

27 октябр шаҳри Душанбе меҳмони дуюмин ҷашнвораи «Осмони иттиҳод» буд. «Самои иттиҳод» хонандаҳои саршиноси кишварҳои аъзои иттиҳоди давлатҳои ҳамсудро бо истиснои намояндагони Ӯзбакистон ба Душанбе овард.

11 ноябри соли 2011, соати 11:11, ки дар расонаҳо бо 12 як навишта мешуд, Андӣ, шоҳи мусиқии шарқ дар сини 55 солагӣ барои нахустин маротиба арусӣ кард. Ӯ бо амрикоидухтаре бо номи Шани издивоҷ намуд, ки даҳсолаҳост дар таҳияи албомҳои Андӣ кӯмак мекунад. Андӣ ва Шани таронаҳои муштарак ҳам иҷро кардаанд. Маросими арусии онҳо се рӯз идома кард.

Роман Тенгизбоев, оҳангсози тоҷикистонӣ гурӯҳи «Топик Рекертс»-ро барои бе иҷоза истифода кардани оҳангаш муттаҳам кард. Ба қавли Тенгизбоев ин гурӯҳи бритониёӣ ба як оҳанги ӯ бо забони англисӣ суруд навишта, ба фурӯш гузоштаанд. Тенгизбоев гуфт, оҳангро дар вазорати фарҳанги Тоҷикистон сабти ном карда ва шаҳодатномаи байналмилалӣ низ дорад. Тенгизбоев изҳор намуд, ки қасд дорад, аз ҳуқуқҳояш то лаҳзаи охир дифоъ намояд ва дар сурати зарурӣ баҳсро то ба додгоҳи британияи Кабир хоҳад кашид.

3 декбр се овозхони тоҷик баррандаи ҷашнвораи Big Apple Awards-и Амрико шуданд. Ҷӯрабек Муродов «Чеҳраи мондагор», фарзанди вай Ҷӯрабек Муродов «Беҳтарин сарояндаи мард аз Осиёи Марказӣ» ва Шабнами Сурайё «Беҳтарин овозхони зан аз Осиёи Марказӣ» эълон шуданд.

Филармонияи давлатии Тоҷикистон 3-юми декабри соли 2011 мизбони барномаи ҳунарии Субҳони Саид, маҳбубтарин овозхони тоҷик буд. Толоре, ки ҳамагӣ барои ҳудуди 900 тамошобин пешбинӣ шудааст, қадамҷои бештар аз 1,5 ҳазор нафар шуд. Тақрибан нисфи тамошочиён бо иллати набудани ҷой пушти дарҳои филармония монданд. Субҳони Саид баъди бештар аз 10 дурӣ аз саҳна дигарбора рӯ ба рӯи ҳаводорони ҳунараш омад.

13-декабр дар театри ба номи Лоҳутии Душанбе нахустин консерти  се гурӯҳи фолклорӣ- «Яр», «Алос» ва «Ло Ноти Фломенгу»-и Русия баргузор шуд.

Алла Пугачева, примаддонаи рус баъди даҳ соли ҳамзистӣ бо ҳаҷвнигор Максим Галкин билохира 24 декабри соли 2011 расман ақди никоҳ баста, арусӣ карданд.

Реклама

Один ответ to “* ЧАШМАНДОЗЕ БА СОЛИ ХАРГУШ”

  1. sohibyor said

    Бехтарин!!! Натанхо дар Чумхури…

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

 
%d такие блоггеры, как: