MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

* Овораи ишқ-ҳамоқат дар кинои тоҷик Ё «Ҷентелмени НЕудачий»

Posted by MAHBUB-TJ на 08.03.2012

Ман метавонистам, дар руёруи ТВ нашинаму ин филмро набинам, ё вақте чашмони бадбахтам ин филмро дид, хомӯширо ихтиёр кунам, аммо… Аммо нашуд, ки нашуд…

КВД «Тоҷиккино», сипас Тоҷикфилм тақдим мекунад: Аз раъду барқи экран хона торику рӯшан мешавад, номи «хуншор»-е экранро сурх мекунад: «Овораи ишқ»!!! Батс!!!! Кино сар шуд…

 

Дизайнер бо ҳама камҳунарӣ чӣ корҳое накардааст: мусиқии пурғулғулаву валвала, ҳарфҳои шикаставу хуншор, як сӯ раъду барқ, як сӯ оташу дуд… Чунин ранг гирифтани  филм, хаёли ҳар бинандаро ба Голливуду Болливуд мебарад. Тамошочӣ тахмин мезанад, ки аз миёни ин оҳу дуд Стэтхэм ё Жан Ренои тоҷикро пайдо мекунад. Ҳадди аққал давоми филмро бо кори Люк Бессону Тарантино муқоиса карданӣ мешавад, агарчи «тоҷикфилм» будани «филм» кайҳо ҳама гумонҳоро ботил, рангу ҳуруфаш димоғҳоро пурдуд ва дилҳоро захмин кардааст…

Ман дидаму агар ҳар бебасаре надид, хушбахт аст. Дизайнер як лаҳза аз оғози филми «Ҳомиён»-и туркӣ дуздӣ кардааст, боқӣ аз куҷо намедонам. Ҳамон як зочае (матрушка) мешиканаду аз дарунаш боз зочаи нав мебарояд… Ин меҳнати бо хуни ҷигари кадом дизайнери туркро «ҳамто»-и тоҷикаш бераҳмонаву аз шарм сурх нашуда, тасарруф кардааст. Ин ҷо ба яқин акси мисраи Ҳофиз бармеояд, ки: «Тоҷикон хони туркҳоро» ба «яғмо» бурдаанд…

Филм бо мусиқиву тасвиру  хат, (титр), ки ҳар кадоме ғалаттар аз ҳамдигаранд, шурӯъ мешавад. Мусиқии ҳиндӣ мимикаи тоҷикиро тағйир надодааст, ки надодааст. Кадом як бачаҳаки ошиқаки фарангипуш бо афти рустоиву лаҳни ҳиндуӣ аз миёни похсадевору хару ароба пайдо мешаваду бо як духтараки ҳамсони худаш нохост китфакӣ мезанад… Вохӯриҳои  романтикӣ! Нигоҳҳо лаҳзае ба ҳам мехӯранд. Аз ин нигоҳу ошноиву ошиқӣ ба бадани кас мурғак медавад. Қаҳрамони мо шабеҳи Ҷиммӣ аст. Гитара дорад, шарфи зарди сеқулоча гирди гардан ва кулоҳаки ленинии сараш ба ҳар сурат аз «қаҳрамони мусбат» будани ӯ дарак медиҳад. Коргардони филм ҳам ҳамин бачаяк аст. Аз ин хотир, ҳар тавру шакле, ки хостааст, дар моли худаш ормонҳои бачагӣ шикастааст. Ӯ Убайдулло ном дорад.

Ҳамин Убайдулло бо футляр (ғилофи асбоби мусиқӣ)-и сари китфаш ба автобус мешинаду шаҳр омаданӣ мешавад. Ин ҷо, дар дохили автобус ба бахти шуми бинанда як «қаҳрамон»-и шуъбадабози дигар пайдо мегардад. «Қаҳрамони даврони мо» як аъзои гурӯҳи масхарабози «Арабшо» аст.  Як сӯ ӯ бо ҳарфу ҳиҷои бемантиқу «ширинкори»-ҳои талхаш одамони дохили автобусро масхара мекунаду як сӯ наворбардори филм бо беҳунарияш бинандаро. Эҳ, он қадар номи филмӣ ҳамин ҷо хор мешавад, хор мешавад, ки ногуфтанӣ… Кадрҳои тираву тору ларзида, дар натиҷаи монтаж ҳам дуруст нашудааст. Мисли карбоспораи лахт-лахте, ки бо дарбеҳ ҳам беҳ намешавад. Хуллас, ин ду ҳаммаслак  чанд ҳарфе гоҳ аз чоҳ гоҳ аз моҳ раду бадал мекунанду  дар як қишлоқи дигар пиёда мешаванд. Дар ин қишлоқ чӣ нағмаву маросим аст, ғайри онҳо касе намефаҳмад. Ҳаминаш маълум аст, ки як Рэмбомаоб  дар байни издиҳом кадом девонасуратеро шаттакорӣ мекунад, дигарон аз ӯ тақлид мекунанд. Ҳамин вақт Ҷиммии мо мерасаду бо як чаҳиши  билотасвираш, ки дар илми якҳарбаҳои шарқӣ онро бо ҷопуни «Джодан йоко гери» меноманд, ба қафаси синаи ҳамин мустабиди Рэмбомонанд мезанад. Девонасурат раҳо шуда ба ин «дугона»-и ҳамокатбор мепайвандад. Онҳо секас мешаванд. Се каси бо ҳулқу атвор ба ҳамдигар шабеҳ баъди гурезогурез ба як мошини боркаш мечаспанду баъди як ғанаб дар Душанбе мешаванд…

Дару девори пойтахт аз қадами ин сегона гӯё мегиряд. На вохӯрӣ бо духтарони шаҳриву русигапзан, на саёҳат дар боғу хиёбонҳои пойтахт, хуллас, ягон кӯшиши коргардон ин се чеҳраи пурхамокат ва мазмуни ин филми риққатборро дигар карда натавонистааст…

Се чеҳраи беиқбол «чӣ дар кадр ва чи берун аз он» хеле даву ғеҷ мекунанд. Беҳтараш ин ҷо аз шарҳи ботафсили ҷузъиёти ин филм даҳон фурӯ мебандам. Дар мавриди драматургия, темпадинамика, композитсия, режиссура, кори рӯшноидиҳӣ, грим ва костюм, забони филм ва дараҷаи касбии бозингарон ва умуман зарфиятҳои дигари ин «филм» сухан рондан ҳич маъние надорад, чунки аслан, ки ин даву ғеҷи рӯйи навор филм ҳам набуд…

Акнун хамаи инро дида, бегумон кас ба хаёл меравад, ки дар ҳамин кӯчаву хиёбонҳои пойтахт худобиёмурзҳо Комил Ёдгорӣ, Борис Кимёгаров, Тоҳир Собиров коргардонҳои шинохтаи имрӯз Бахтиёр Худойназаров… хуллас чанд ҳунарманди воқеӣ сари штативи камераву рӯйи телешкаву релси наворгирӣ арақ рехтаанд, филм тавлид кардаанд… Дареғо, ки дар ҳамон роҳу пайроҳае, ки онҳо гулӯ даронда санъати асил мезоданд, ҳоло шикаргаҳи рӯбаҳакони соҳаи синамо шудааст. Боз ҳамаи ин ҳам дар ҳолест, ки аз даври фаъолияти он худобиёмурзҳо беш аз 80 сол гузаштаву дар ин муддат соҳаи кино инқилоби бузурги техникиву маъноиро паси сар кард.

Ман метавонистам дар рӯёруи ТВ нашинаму ин филмро набинам ё ин, ки вақто чашмони бадбахтам ин филмро дид, хомӯшӣ ихтиёр кунам, аммо …

Аммо ин филм аз номи яз замон пуршараф ва имрӯз камранги «Тоҷикфилм» «тақдим» мешавад, дар ҳоле, ки логотипи «Тоҷикфилм»-ро надорад ва умуман он моли Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» ҳам нест. Шояд таҳиягарони филм намедонанд, ки бо номи «Тоҷикфилм» танҳо як ниҳоди давлатӣ аст, ки салоҳияти филмофариро дорад ва филм «тақдим мекунад». Агар манзури эшон ҳамин ниҳод аст, пас конуншикани рӯирост кардаанд, вале агар манзурашон  бо забони тоҷикӣ будани филм аст, вой бар ҳолашон, ки ғалат фаҳмидаанд…

Ман метавонистам дар рӯёруи ТВ нашинаму ин филмро набинам ё ин, ки вақто чашмони бадбахтам ин филмро дид, хомӯшӣ ихтиёр кунам, аммо….

Аммо ин миллат забон дорад, забони бофасоҳату ноби тоҷикӣ. Ин забон соҳиб дорад. Балки санъату  фарҳанги ин миллат соҳиб дорад. Гумон намекунам, ки озодӣ маънои иҷоза додан ба сели дашғолу (халтура) майдони масхарабозӣ ва мазҳакаи миллат бошад. Филмофарӣ ин пиёда кардани ормонҳои бачагӣ нест, ин ба рӯйи лентаи навор гирифтаани ҳар чизи андешиданиву медиданӣ нест…

Синамо бузургтарин ва муҳимтарин соҳаи фарогири фарҳанги милли аст! Аммо имрӯз мебинед, ки ин фарҳангро кӣ соҳибӣ дораду онро чи гуна намоиш медиҳад? Бале мебинед! Пас чаро бетарафед??????

Ман ҳам метавонистам дар рӯёруи ТВ нашинаму ин филмро набинам ё ин ки вақто чашмони бадбахтам ин филмро дид, хомӯшӣ ихтиёр кунам, аммо… Аммо нашуд, ки нашуд!

Ба ҷои охирсухан: Шояд гумон кунед, ки ин филм дар жанри комедия таҳия шудааст, аммо ба ростӣ, ки жанри комедия ё мазҳака ингуна нест! Балки комедия нозуктарин ва нафистарин жанри синамо аст. Дар филми мазҳакавии «Ҷентелмени удачи» низ беиқболии се ошно тасвир мешавад, аммо на ба ин рангу беҳунарӣ! Ман зерсарлавҳаи ин матлабамро «Ҷентелмени НЕудачи» мегузоштам, яъне «Филме пур аз ҳамоқат ё тақлиди Ҷентелменҳои неудачний»!

Неъматулло Акбар,
роҳбари Иттиҳодияи эҷодии филмҳои мустанади киностудияи давлатии «Тоҷикфилм»
Реклама

комментария 3 to “* Овораи ишқ-ҳамоқат дар кинои тоҷик Ё «Ҷентелмени НЕудачий»”

  1. Хуршед said

    Бале, вакте худи шумоён аз ухдаи чизе намебароед, захмати дигаронро нодида мегиред. Шояд ба шумоён чизе нарасид ва ё шояд тарсидед, ки нони дахонатонро кашида гирифтанд.
    Тангназари накунеду икрор шавед, ки хасуд мехуред.
    Ман ки будани ин чавононро намедонам, аммо вакте филмро тамошо кардам, вокеан, ба фикр рафтам: дар шароити бепуливу тангдасти ва фишори гайбатхонахое, мисли киностудияи давлатии «Точикфилм» хеле филми чолиб сохта шудааст.
    Икрор шавед, ки ин филм аз пурфуруштаринхост, яъне мардуми мо онро кабул карданд. Дигар фалсафабозиву панду хикматофарии на Неъматулло даркор асту на «Точикфилм».
    Бехуда худро азоб надеху сафсата нагу, чун хакк дори, ки ту низ аз ин бехтарашро офари.
    Вокеан, хамзамон дидем, ки худи ту то чи андоза «истеъдод»-и филмофари дори. Ким-кадом як хархандае моххои дароз дод зада, «Сазои вафо» гуфт. Маълум гардид, ки талоши хадди акал, ба филмофарони «Овораи ишк» расиданро доред.
    Ба Шумо барори кор!
    Бори дигар таъкид мекунам ва ба ягонагии Худованд савганд мехурам, ки ба кахрамонони филми «Овораи ишк» ягон алокаманди надорам ва ки будани онхоро намедонам. Хакки изхори назар дорам ва онро гуфтам.

    • MAHBUB-TJ said

      Барои изхори назаратон ташаккур! Хуршед, вокеан хакки изхори назар доред ва ин хакро касе наметавонад аз Шумо бигирад. Умедворам ба изхори назари дигарон хам эхтиром мегузоред. Саломат ва муваффак бошед!

  2. GaRiB said

    Бале, бале хак арз кардед бародари, азиз Хуршед. Сад дар сад бо шумо рози хастам. Аз бе пуливу танг дасти хамин кадар фильм кардаан, ки аз як хел фильмхои Точикие, ки дар чандин хазор сомонхо мекунанд хуб аст. Агар инхо бахам спонсор бошад инхо хам метавонанд, ки хубтару бехтар фильм офаранд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

 
%d такие блоггеры, как: