MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

* Таронаҳои дуздӣ ва ҳуқуқи муаллифӣ (видео)

Posted by MAHBUB-TJ на 02.04.2012

Дар Тоҷикистон шурӯъ аз оғози соли равон оҳангнависону ҳунармандон дигарбора имкон пайдо карданд, то эҷоди худро сабти ном карда, дар сурати зарурӣ барои ҳифзи ҳуқуқи муаллифияшон ба додгоҳ шикоят баранд. Ин дар ҳолест, ки чанд соли қабл вазорати фарҳанг аз сабти моликияти зеҳнии муаллифон даст кашида буд.

Гурӯҳе аз оҳангсозони Булғористон алайҳи Филлип Киркоров ба додгоҳ шикоят бурдаанд. Ба иддаои Александр Савелев, Димитар Пенев, Иван Пеев ва Найден Андреев ин овозхони булғортабори рус ҳуқуқҳои муаллифии онҳоро нақз кардааст. Онҳо мегӯянд, Филлип бидуни мувофиқа аз эҷодашон истифода карда, бар илова ҳаққи қалам напардохтааст. Чавдар Гагов, намояндаи созмони «Ҷамъияти аврупоии ҳифзи ҳуқуқи башар» гуфтааст, ки гап сари таронаҳои «Мусбат ва манфӣ», «Хотираҳои кӯдакӣ» ва «Омурзиш» меравад. Хабаргузории Интерфакс аз нақли Гагов навиштааст, ки ин сурудҳоро Филипп Киркоров давоми солҳои тӯлонӣ чӣ дар барномаҳои консертӣ ва чӣ дар албомҳояш бидуни иҷозаи муаллифон истифода мекард.

Прокуратураи ноҳияи София аризаи шикоятии оҳангнависонро ба баррасӣ гирифтааст. Қонунгузории Булғористон барои плагиат аз 3 то 8 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад, аммо даъвогарон гуфтаанд, ки

Филипп Киркоров

ба пушти панҷара кашидани Филип Киркоров моил нестанд, танҳо мехоҳанд, ба мувофиқае бирасанд, ки ба нафъи ҳамаи ҷонибҳо бошад. Дар мавзӯи плагиат миёни овозхонҳо исми Филлип Киркоров яке аз серистеъмолтаринҳо маҳсуб мешавад. ӯ ҳамеша дар маркази ҷанҷолҳои марбут ба оҳангдуздӣ қарор гирифтааст. Чанд сол қабл эҳтимол дошт, ин овозхонро барои бидуни иҷоза истифода кардани як таронаи тоҷикӣ ҳам ба додгоҳ бикашанд. Нӯъмон Муқумов, мудири шӯъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, онҳо қасд доштанд, барои бидуни иҷоза бозхонӣ кардани суруди «Ман бо духтаре вохӯрдам» даъво бубаранд. Аммо вақте Филлипп Киркоров гуфтааст, таронаро танҳо ба хотири эҳтироме, ки ба мардуми тоҷик дорад, иҷро кардааст, аз ин тасмим даст кашидаанд.

Рашид Бейбутов

Таронаи мазкур аз филми ҳаммаънои “Ман бо духтаре вохӯрдам” аст. Матни суруд ба қалами Мирзо Турсунзода таалуқ дошта, тарҷумаи русии он заҳмати Гаролд Регистан аст. Дар филм таронаро Рашид Бейбутов иҷро кардааст. Ин тарона то ҳанӯз аз маъруфияти хос бархӯрдор аст. Ба ҳадде, ки дар як барномаи телевизионии шабакаи Русия озариҳо даъво кардаанд, ки суруд моли онҳост. Бо ин Филипп Киркоров ягона нафаре нест, ки суруди мазкурро бозхонӣ кардааст. Хонандае бо исми Дарвеш, Афзалшоҳ Шодиев, Саъдии Буризод ва Кароматуллоҳи Қурбон низ “Я встретил девушку” сароидаанд.

Акнун баргардем сари мавзӯи плагиат ва ҳифзи ҳуқуқи муаллифӣ. Мавриди тазаккур аст, ки дар Тоҷикистон ин масъалаҳо чандон ҷиддӣ гирифта намешаванд. Дар эҷодиёти аксари овозхонҳо дасти кам се чор таронаи бидуни иҷоза копишударо метавон дарёфт кард. Дар сӯҳбатҳо вақте аз сарояндаҳо суол мешавад, ки агар соҳиби тарона барои бозхонӣ кардани сурудаш даъво кунад, чӣ мекунед, китф дарҳам мекашанд. Ба ин маъно, ки оё чунин кор ҳам мешавад?

Баҳруллои Ҳабибулло, як овозхони ҷавон дар мавриди таронае, ки аз хонандаи маъруфи шарқ бозхонӣ кардааст, танҳо як ҷумла гуфт: “Ин суруд бисёр ҳам барои ман маъқул буд, барои ҳамин онро сароидам”.
Баҳрулло мегӯяд, агар таронаҳои ӯро ҳам бе иҷоза бозхонӣ кунанд, ҷое даъво нахоҳад бурд, балки хурсанд мешавад. Аммо копӣ шудани таронаҳо на ҳамаи сарояндаҳоро мамнун мекунад. Масалан, Зубайдулло

Зубайдулло Холов

Холовро: “Рости гап ман аз ин кор бисёр дар хиҷил ҳастам, чун як оҳанге бо номи “Гули ноз”, ки мо беш аз ҳашт моҳ бо Фарҳоди Одина заҳмат кашидем, бе иҷоза аз ҷониби як сарояндаи эронӣ сароида шуд”.
Аммо бо вуҷуди хиҷил шудан, Зубайдулло барои хифзи ҳуқуки муаллифӣ талош накардааст, зеро ҳеч санаде, ки ба ӯ таалуқ доштани таронаро тасдиқ кунад, надорад. Ин дар ҳоле, ки ба иддаои масъулини шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқи муаллифии вазорати фарҳанги Тоҷикистон доштани санад ҳатмӣ нест, ҳарчанд ахиран зарурати доштани шаҳодатномаи муаллифиро дарк кардаанд. Нӯъмон Муқумов, мудири шӯъбаи мазкур мегӯяд, аз аввали соли равон дигарбора моликияти зеҳнии хоҳишмандонро сабти ном мекунанд:
“Оғоз аз соли 2012 мо сабти ном кардани моликияти эҷодиро бо хоҳиши худи ҳунармандон дубора ба роҳ мондем. Як нафар ҳунарманде, ки дар Русия фаъолият мекард аз мо хоҳиш кард, ки эҷоди ӯро сабти ном кунем ва мо ин корро анҷом дода ба ӯ шаҳодатнома ирсол намудем”.
Аммо номбурда мегӯяд, барои ҳифзи ҳуқуқи муаллифӣ сабти ном ва дарёфти шаҳодатнома ҳатмӣ нест:
“Дар қонунгузории кишвари мо оид ба ҳуқуқҳои муаллиф барои даъво кардан доштани шаҳодатнома зарурат нест. Барои мисол, агар нафаре шаҳодатномаи ҳуқуқи муаллифӣ гирифта бошад, аммо муаллифи аслии асар дигар нафар бошад ва он муаллифи аслӣ исбот кунад, ки воқеан бори аввал ҳамин чиз аз ҷониби ӯ эҷод шудааст, пас метавонад ба мо муроҷиат кунад ва тариқи суд ин кор роҳи ҳалли худро хоҳад ёфт”.

Аз ҷаноби Муқумов мепурсам, ки оё ҳолатҳое буданд, ки ҳунармандони тоҷик барои нақз шудани ҳуқуқи муаллифияшон муроҷиат карда бошанд?
“Мутаассифона дар солҳои охир чунин муроҷиатҳо хеле каманд. Барои мисол соли каблӣ Тенгизбоев ба мо муроҷат карда гуфт, ки оҳанги ӯро дар Англия бе иҷозааш истифода кардаанд. Вақте аз ӯ пурсидам, ки ин маълумотро аз куҷо доред, гуфт, ки “фарзандам дар Англия таҳсил мекунад ва ӯ ин хабарро барояшон гуфтааст”. Мо аз Тенгизбоев хоҳиш кардем, ки агар имкон бошад, диск ё ягон сабти ҳамон сурудро пешниҳод кунад, чунки бо далел пеш овардани даъво дуруст аст. ӯ ҳам сӯҳбати моро пазируфт ва гуфт, ки фарзандаш ҳамон сурудро пешниҳод хоҳад кард, аммо дигар ӯ наомад. Агар ӯ далел меовард мо ба ҷониби Англия даъво ирсол мекардем ва ин қазияро пайгирӣ менамудем”.

Ёдовар мешавем, оҳангсози тоҷик Роман Тенгизбоев даъво дошт, ки гурӯҳи «Топик Рекертс» аз Бритониёи Кабир бидуни иҷоза бар як оҳанги ӯ бо забони англисӣ суруд навиштааст. Тенгизбоев он замон гуфта буд, ки қасд дорад, аз ҳуқуқҳояш то лаҳзаи охир, ҳатто дар додгоҳи байналмилалӣ дифоъ намояд.
Домони қазияҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқи муаллифӣ дар Тоҷикистон таърихи чандон тӯлонӣ надоштааст. Акбар Рӯзиев, сарояндаи тоҷик яке аз аввалинҳое маҳсуб мешавад, ки даъвои муаллифӣ карда буд. Соли 2005 ин овозхон эълон кард, ки таронаи «Зиндагӣ, бувад ҷудо»-и ӯро Зикриоллоҳ Ҳакимов бе иҷоза бозхонӣ кардааст. Ин қазия қариб монда буд, то долони додгоҳ кашида шавад.

Нӯъмон Муқумов, мудири шӯъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он дар Вазорати фарҳанг мегӯяд, агар ҳунармандоне, ки ҳуқуқи муаллифияшон нақз шудааст, ба суд муроҷиат кунанд, ҳолатҳои вайрон кардани қонун ҳам ба оҳистагӣ коҳиш меёбад. Аммо ба қавли вай боиси таассуф аст, ки муаллифон дар бисёр ҳолат хомӯширо авло медонанд:
“Мутаассифона муаллифон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ мегиранд, вале ба суд муроҷиат намекунанд. Вақте асари шуморо касе дуздид ва шумо даъво пеш намеоред, мақомоти дахлдор ҳақ надорад, ки ба ин кор бе даъвои шумо дахолат кунад”.
Ба қавли ҷаноби Муқумов шояд яке аз сабабҳои муроҷиат накардани сарояндаҳое, ки ҳуқуқи муаллифияшон нақз шудааст ин бошад, ки намехоҳанд муносибатҳои худро бо ин ё он сароянда ё муассиса вайрон кунанд.

Тоҷикистон конвенсия ва созишномаҳои байналмилалӣ, ки ба ҳуқуқи муаллифӣ рабт доранд, тасвиб кардааст. Тибқи он шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд барои нақзи ҳуқуқи муаллифияшон аз ҷониби табааи дигар кишварҳо даъво кунанд ва баръакс, вале то кунун ҳеҷ хориҷие даъвогар нашудааст. Бархе овозхонҳои хориҷ шояд намедонанд, ки таронаҳои онҳо дар Тоҷикистон фаровон копӣ мешавад ё бар оҳангашон бидуни иҷоза матни нав баста мешавад. Аммо нафароне, ки

Амирҷон Сабурӣ

медонанд, мегӯянд, даъво нахоҳанд кард. Амирҷон Сабурӣ, сарояндаи маъруфи афғон, ки ҳафтае қабл меҳмони Тоҷикистон буд, гуфтааст тасмим надорад, ки барои ҳуқуқи муаллифияш даъво пеш биёрад.
Дар Тоҷикистон як албоми Амирҷон Сабурӣ маъруф аст. Аз 12 суруди он 98 дар садашро хонандахои тоҷик бозхонӣ кардаанд. Шабнами Сурайё, Баҳроми Ғаффурӣ, Нигора Холова, Ёдгораи Суннатзод, Субҳон Умаров ва чандин нафари дигар.

Мешавад, гуфт, ки бархе овозхонҳои тоҷикро маҳз сурудҳои бозхонишуда маъруф кардаанд. Барои мисол, марҳум Суҳроби Сафарзод бо таронаҳои Муин, Шабнами Сурайё ва хоҳараш Фарзонаи Хуршед бо сурудҳои бозхонишудаи афғону эронӣ шӯҳрат ёфтанд. Воқеан, аз се таронаи ахири Фарзона, ҳам, ки баъди раҳоӣ аз маҳбас суруд, дутоаш моли хонандаҳои эронитабор аст. Таронаи “Хаста шудам”-ро Ҳамид Аскарӣ иҷро мекунад. Ва чунин ҳам шуда, ки як таронаро якбора чанд овозхони тоҷик бозхонӣ кардаанд. Масалан суруд маъруфи “Султони қалбам”-ро аз эҷоди 7 сарояндаи тоҷик мешавад шунид. Аммо дар ин маврид шояд навбати дигар мегӯем.

Аз барномаи “Ояндасоз Мюзик”-и радиои “Озодӣ”

Реклама

комментария 2 to “* Таронаҳои дуздӣ ва ҳуқуқи муаллифӣ (видео)”

  1. Комрон said

    Холо барои бештари хунармандон сароидани суруди дигар нафар овозхонхо муд шудааст, ба кавли бештари онон гуё он сурудхоро аз нав эхё мекунанд (Кори худро осон мекунанад чун бо ин амалашон мехоханд корашонро осон кунанд, ба гуфти маколаи мардуми амал мекунанад » Ба тайёраш айёрам») Ин чо руйхати чанд нафар хунармандоне, ки сурудро нусхабардори карда сароидаанд пешниходатон мекунам, агар чолибатон бошад:
    1.Шоиста Мулочонова — «Мухаббат»
    Нухабардори намудаанд: а) Нигинаи Амонкул
    б) Хунарманде бо исми «Дарвеш»
    2. Ахмад Зоир — «Зиндаги»
    Нухабардори намудаанд: а) С. Начмиддин
    б) С. Косимова
    в) Мансур (Сарояндаи Эрони)
    3.Ахмад Зоир — «Аз гамат ай нозанин»
    Нухабардори намудаанд: а) С.Начмиддин
    б) Ф,Хафизова
    в)Асадулло Қаландаров
    г)Бахтиёри Мирзо
    4.Амирчон Сабури- «Куча холи»
    Нухабардори намудаанд: а) Б.Гафури
    б) Н.Холова
    5.Амирчон Сабури — «Хануз аввали ишкаст…»
    Нухабардори намудаанд: а) Ш.Сурайё
    в) Ёдгораи С.
    (Барои навиштани хама он хунармандоне, ки сурудхоро нусхабардори кардаанд агар ошкоро бигуем «дузди» кардаан ин сахифа ками мекунад, ман танхо каме аз онхоро ёдовари шудаму халос ……
    Комрон ш. Душанбе

  2. Сухробчони Рустам said

    Ахсан бародари гироми барои пайгири намудани як мазуи рузмара.
    Ман гуфтаниям, аксарияти сарояндахои точик суруд дузди мекунанд. Албатта ин фикри ман аст агар сарояндахои мухтарами мо хунари вокеан хам сароянда будану санаткор буданро доранд аз бахри худо як суруди тозае аз шоирони Класик ба оханг дароварда сароянд аз сад суруди кади кучагие ки гуё бо кимати 500 долару 600 долар аст бехтару болотар аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

 
%d такие блоггеры, как: