MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

* Иброҳими Исмоилзод: Дар Тоҷикистон нафарони нобиноро баъзан як узви нодаркори ҷомеа медонанд

Posted by MAHBUB-TJ на 25.05.2012

Иброҳими Исмоилзод ҷавоне дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ дар феҳрасти овозхонҳои муваффақ қарор дорад. Ӯро нафаре муаррифӣ мекунанд, ки ҳамеша барои амалӣ шудани нақшаҳояш талош мекунад. Ҳеч гоҳ ноумед намешавад ва ҳам то замони расидан ба аҳдофаш ором намегирад. 25-уми май барномаи консертии ӯ бо номи «Дунёи меҳр» дар Кохи Ҷомии шаҳри Душанбе баргузор мегардад ва суоли нахустин ҳам аз Иброҳим дар мавриди ҳамин барномаи ҳунарӣ буд.
Иброҳими Исмоилзод: «Рӯзи 27-уми марти соли 2012 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Файзобод нахустин консерти ман баргузор шуд ва тасмим гирифтам, ки дуюмин барномаи ҳунарии худро дар Кохи Ҷомӣ барои теъдоди бештари тамошобинон гузаронам. Аз Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ, радиоҳои «Ховар» ва «Имрӯз», раиси Кумитаи телевизион ва радио, Ҷамъияти нобиноён ва шахсони алоҳидаи дигар, ки барои амалӣ шудани ин орзӯи деринаи ман саҳми худро гузоштанд, ташаккури зиёд мекунам. »

-Иброҳим, дӯстонатон Шуморо нафаре муаррифӣ мекунанд, ки ҳамеша барои расидан ба ҳадафҳо талош мекунад.  

Иброҳими Исмоилзод: «Як нафаре, ки аз қувваи босира маҳрум аст, кӯшиш мекунад, ки миёни нафарони бино аз бисёр ҷиҳат намуна бошад. Ман ҳам талош мекунам, то корҳое анҷом диҳам, ки барои аксар намунаи ибрат бошад, чӣ аз нигоҳи донишҷӯӣ, чӣ аз нигоҳи овозхонӣ ва чӣ аз нигоҳи сару либос. Аз ҳамин хотир пас аз хатми мактаб-парваришгоҳи нобиноён ва сустбинҳои ноҳияи Ҳисор ва колеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов барои идомаи таҳсил ба консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов омадам.»

-Воқеан дар аввал намехостанд, ки шуморо ба ҳайси донишҷӯ дар консерваторияи миллӣ қабул намоянд. Роҳбарияти ин муассисаи таълимӣ бо чанд далел аз ҷумла мавҷуд набудани методи таълим барои одамони имконияташон маҳдуд, ба вижа онҳое, ки аз қувваи босира маҳруманд, мегуфтанд, розӣ набуданд, ки шуморо дар қатори донишҷӯёни ин даргоҳ бубинанд.  Аммо баъди талошҳои зиёд муваффақ шудед, ки донишҷӯи консерватория шавад. Ҳоло муносибати устодон ва дигар муҳасиллини ин ҷо бо шумо чӣ гуна аст?

Иброҳими Исмоилзод: «Дар Тоҷикистон барои дохил шудани  одамони нобино ба мактабҳои олӣ мушкили зиёд пеш меояд. Ба гумони ман дар кишварҳои дигар чунин монеаҳо мавҷуд нест. Нобиное, ки истеъдод дорад чаро бояд таҳсил накунад? Нотаву мусиқиҳо бо ҳуруфи брайл ҳам мавҷуданд. Ростӣ як чиз маро бисёр озурда мекунад, ки дар Тоҷикистон нафарони нобиноро баъзан як узви нодаркори ҷомеа медонанд. Набояд одамони имконияташон маҳдудро аз афроди солим ҷудо кард. Миёни онҳо низ истеъдодҳои фавқуллода зиёданд. Вақти ба консерватория дохил шудани ман ҳам монеаҳо зиёд буд. Аммо вақте имтиҳону санҷишҳоро супоридам ва баҳои баланд гирифтам ҳама дар ҳайрат монданд. Баъди ин муносибат ҳам тағйир ёфт. Маро дарк мекунанд, мефаҳманд. Фикр мекунам пушаймон ҳам шудаанд, зеро ҳар супорише, ки аз консерватория ба ман медиҳанд, аз ӯҳдаи он мебароям.
Дар фестивали «Ганҷи нуҳуфта» суруди «Эй дӯст»-ро, ки матни он ба қалами шоир Гулназар Келдӣ ва оҳангаш ба худи ман мутаалиқ аст, иҷро кардам. Ин ҷашнвора дар Кохи Ваҳдат баргузор шуд ва суруди иҷрокардаи ман аз ҷониби иштирокчиён баҳои баланд гирифт. Ин ҳам боиси ифтихори консерватория аст, ки шогирди онҳо ба чунин комёбиҳо ноил мегардад. Суруд дар бораи онҳое нақл мекунад, ки қадри чашми биноро намедонанд:

Басо ҳастанд бо чашмони бино раҳгуманд эй дӯст,
Зи бебории фитрат бори души мардуманд эй дӯст.
Басо ҳастанд қадри чашми биноро намедонанд,
Миёни кӯчаи ҳамвор ҳам афтону хезонанд…

— Матн ва оҳангро чӣ гуна интихоб мекунед? Кӣ бештар дар ин самт бароятон кӯмак мерасонад?

Иброҳими Исмоилзод: «Як ҳамтақдири дигар дорам бо номи Маҳмадуллои Суннатзод, ки ҳамчунин аз қувваи босира маҳрум аст ва феълан дар колеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов дар ду шӯъба-Баян-аккордеон ва мусиқии омӯзгорӣ таҳсил мекунад. Оҳанги бештари таронаҳои ман ба ҳамин нафар таалуқ дорад. Баъзе аз оҳангҳоро худам эҷод мекунам. Аммо дар пайдо кардани матн душворӣ мекашам, зеро намехоҳам, ки ҳар гуна матни сабук ва харобро иҷро кунам. Аз ҳамин хотир дер-дер сурудҳои ман пешниҳоди мухлисон мегардад. Мехоҳам дар сурудҳои ман матнҳое бошанд, ки мазмуни баланд дошта бошанд. Аз ин ҷиҳат ҳам мехоҳам барои дигар сарояндаҳои тоҷик намунаи ибрат бошам.»

-Аввалин суруд, ки дар саҳнаи ба қавле бузург иҷро кардед кадом буд?

Иброҳими Исмоилзод: «Шеъри Мавлоно Чалолиддини Румӣ-Худоё мутрибонро ангубин деҳ буд, ки худам оҳангбандӣ кардам. Ин тарона маро муаррифӣ кард. Дар озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон. Ориён. Сомониён», ки соли 2005 баргузор шуд, ин таронаро иҷро кардам ва сазовори ҷои аввал гардидам.»

-Нақшаҳои аввалиндараҷаи шумо кадом аст?

Иброҳими Исмоилзод: «Мехоҳам консерваторияи миллиро бо баҳои хубу аъло хатм карда, дар ин даргоҳ ба ҳайси устод фаъолият кунам. Мехоҳам, ки донишҳои андухтаамро ҳам ба одамони бино ва нобино омӯзам. Ҳамин аст мақсади аслии ман. Дигар эҷоди таронаҳои тоза ва баъдан ба мухлисонам пешниҳод кардани албоми сурудҳо.

Реклама

Один ответ to “* Иброҳими Исмоилзод: Дар Тоҷикистон нафарони нобиноро баъзан як узви нодаркори ҷомеа медонанд”

  1. […] an interview on Mahbub-TJ blog, Ibrohimi Ismoilzod, Tajikistan’s most successful blind singer claims [tj] that persons with disabilities are often treated as “unwanted” people in the country. […]

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

 
%d такие блоггеры, как: