MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

* Маддоҳи ВВП-ро бо «Калуши нуқрагин» қадр карданд (видео)

Posted by MAHBUB-TJ на 25.06.2012

Нахустин маротиба як овозхони тоҷикро сазовори ҷоизаи тамасхуромези радиои «Борони нуқрагин»-и Русия донистанд. Толибҷон Қурбонхонов, ки бо ду таронаи мадҳиямонандаш дар васфи Владимир Путин сари забонҳо шуд, дигарбора дар сархати расонаҳои русиву тоҷикӣ қарор гирифт.

18-уми июн дар Маскав маросими ҷоизасупории “Калуши нуқрагин” сурат пазируфт. Бори аввал исми як хонандаи тоҷик низ миёни баррандагон мақом гирифт. Толибҷон Қурбонхонов, сарояндаи таронаи “ВВП” дар номгӯи “Нафаси чуқур” барои “талоши охирин ҷиҳати дарёфти қайди зист дар Маскав” бо ин ҷойизаи рамзӣ мушарраф гардид.
Дар ин номинатсия Қурбонхонов аз Надежда Бабкина, Тимати ва Стас Михайлов пеш гузашт. Исми Қурбонхонов дар қисмати финалии маросими эълони ба қавле ҷоизадорон, ки беш аз шаш номгӯйро фаро мегирифт, садо дод.

Ҷойизаи “Калуши нуқрагин”-ро шабакаи радиоии “Серебрянная дожд” таъсис дода ва онро “барои дастовардҳои шубҳаовар” дар номинатсияҳои мухталиф тақдим мекунад. Ба ҷуз аз номгӯи “Дуздӣ ё плагиати сол” номинатсияҳои дигар ҳамасола тағийр меёбанд. Ҷоизаҳо низ унвони танзу масхараомез доранд. Ба гунаи мисол соли равон  Владимир Гунаев (Патриархи Москав)-ро дар номгӯи “Дастон зери бағал интизори муъҷиза” барои “рабуда шудани ҳангомавии соаташ” сазовори “Калуши нуқрагин” донистанд. Исми Владимир Жириновский, пешвои ЛДПР бошад, дар номгӯи “Савораи хар ва ё сояи таблиғот” барои “муносиботи дурушт бо интихобкунандагон” дар ростои ҷоизадорон навишта шуд.

“Калуши нуқрагин” дар асл барои дастовардҳои шубҳаовар дар шоу бизнес тақдим мегардад. Маросими эълони ҷоизадорон аз соли 1996 ба ин сӯ ҳамасола баргузор мешавад. Дуруст аст, ки ҳеч нафаре аз баррандаҳо дар толор ҳузур надорад ва барои гирифтани калуши нуқрагин рӯи саҳна намебарояд. Гуфта мешавад, бо эҳтимоли зиёд идеи ҷоизаи мазкур аз «Малинаи тиллои»-и амрико гирифта шудааст, ки барои дастовардҳои нокомтарини бахши синамо супурда мешавад.

Дар Тоҷикистон низ чанд сол пеш ҳафтаномаи «Боргоҳи сухан» ҷоизаҳои рамзӣ таъсис дод. Дар баробари вазири чубин, бонкдори чубин, муаллими чубин ва ба ин монандҳо, хонандаҳо мебоист сарояндаи чубинро ҳам интихоб мекарданд. Аммо мутаасифона ин озмун ҷамъбаст нагардид. Савфат Бурҳонов, сармуҳаррири онвақтаи нашрия ва яке аз тарроҳони идея гуфт, бо далели муфлис ва аз чоп бозмондани нашрия тақдири озмуни мазкур ҳам норӯшан монд.
Барои ман хело ҷолиб буд, ки кадом овозхони тоҷикро хонандаҳо ба ҷоизаи “Сарояндаи чубин” сазовор медонанд. Зимнан, шумо метавонед, дар зери ин матлаб андешаи худро дар ин мавриди бинависед, яъне ба фикри шумо кадом овозхони тоҷик ба ҷоизаи “Сарояндаи чубин” арзандааст?

Бархеҳо ба ин назаранд, ки “Калуши нуқрагин”-и Толибҷон Қурбонхонов обрӯи тоҷиконро дар Русия бештар мекоҳонад. Қисме ҳам мегӯянд, он ба имиҷи Тоҷикистон ҳеч таъсире нахоҳад дошт. Ба ҳар сурат ба андешаи Парвин Юсуфӣ, сарояндаи муваффақи тоҷик, ки ҳамагӣ ду моҳ қабл ду ҷоизаи ҷашнвораи мусиқии ҷази Қирғизистонро бо худ овард, ҳунармандони тоҷик бояд талош намоянд, ки дар озмун ва сабқатҳои намунавӣ соҳибҷоиза шаванд.

Толибҷон Қурбонхонов

Исми Толибҷон Қурбонов аввалин маротиба оғози моҳи феврали соли равон расонаӣ гардид. Замоне, ки маъракаи таблиғи номзадҳо ба курсии президентӣ дар Русия ҷараён дошт, шабакаи телевизионии Piter.TV дар торнамои худ видеои як таронаро нашр кард, ки аз Владимир Путин ситоиши зиёд мешуд. Таронаи «ВВП» баҳсу сару садоҳои зиёдеро ба дунбол дошт. То имрӯз ВВП-ро дар шабакаи Ю тюб 1326664 нафар тамошо карда, наздики шаш ҳазор шарҳ зери он навишта шудааст. Баъди нашри ВВП дар интернет ҷомеаи Тоҷикистон низ ба он бетафовут набуд.

Қабл аз ҳама расонаҳои мустақил ба ин мавзӯъ доман заданд. «Фараж» яке аз онҳо буд. Хуршеди Атовулло, сардабири нашрия ва муаллифи матлабе бо номи «Хушомади тоҷикӣ» ба ОМ гуфт, аз нигоҳи аввал ин ду суруд аз таронаҳое, ки ҳамарӯза шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон пахш мекунанд, фарқияте надорад. Яъне, як таронаи моломоли тамалуқу хушомад ба роҳбари Русия. Аммо дар таърихи фаъолияти сиёсии Путин бори аввал аст, ки як нафар ӯро фиристодаи Худо ва ба сатҳи паёғамбар баробар мекунад.

Замоне, ки авҷи баҳсҳо сари таронаи «ВВП» поён нашуда буд, дар интернет навори дигаре бо ҳузури Толибҷон пайдо шуд. Дар ин видео ӯ дар фурудгоҳи Душанбе қарор дошт ва аз ҳамаи онҳое, ки «ВВП»-ро дидаанду барои ӯ нома навиштаанд, ташаккур мегуфт. Ҷаноби Қурбонхонов баъдтар дар сӯҳбате ба шабакаи РЕН ТВ-и Русия гуфт, ояндаи наздик навори таронаи «ВВП» бо зерматнҳои олмонӣ, фаронсавӣ, чиноӣ ва арабӣ дар интернет пайдо мешавад. Аммо клипи ҷадиди «ВВП» пайдо нашуда, суруди тозаи вай дар интернет ба сайр даромад. Ин тарона «Шукр худойро барои Вламидир» ном гирифтааст.

Суруди «Шукр худойро барои Владимир»-ро ҳам бо русӣ иҷро кардааст. Аммо ба фарқ аз таронаи «ВВП», ин навбат ба назар мерасад, бештар ихлосу алоқаи шахсии худро ба президенти тозаинтихоби Русия изҳор доштааст. Дар сӯҳбате ба шабакаи телевизионии НТВ-и Русия гуфт, зиёд мехост дар расми савгандёдкунии Путин суруди тозаашро иҷро кунад. Аммо таври маълум дар маросими мазкур ӯ даъватӣ набуд.
«Шукр Худойро барои Владимир» шоми рӯзи якуми май дар шабакаи Youtube пайдо шуд ва то замони таҳияи гуфтори мо теъдоди бинандагонаш ба 58157 мерасид. Аммо танҳо 32 нафар зери навори мазкур тугмаи «лайк» ё мақбулро пахш карда 165 шарҳ низ навиштаанд.

Мазмуни шарҳҳо мухталиф аст. Агар гурӯҳе дар чӣ мавзӯъ хондани сарояндаро ҳақи ҳалоли вай тарҷеҳ кардаанд, пас қисме ҳам дашному ҳақоратҳои болохонадорро дареғ надоштааст. Ба назари ин шарҳнависон Толибҷон шаъни тоҷиконро паст задаст. Аммо навиштаҳое низ ҳаст, ки ин суруд танҳо марбути як нафар аст ва ба ҷамъи тоҷикон иртиботе надорад. Нафаре ҳам навишта, ки суруд бо лаҳҷа ё аксенти дилбеҳузуркунандае иҷро шудааст. Ин нафар суол ҳам гузошта, ки наход муаллифон ягон осиёии донандаи хуби  забони русиро пайдо накарда бошанд. Воқеан, дар мавриди таронаи «ВВП» низ ба ҳамин нукта зиёд ишора рафта буд. Мунақидони рус мегуфтанд, он лаҳҷаи бисёр дағали осиёимиёнагӣ дорад.

Ҳар чӣ ҳам ҳаст, акнун дар таърихи ҷоизаи «Калуши нуқрагин» номи як шаҳрванди Тоҷикистон ҳам сабт мешавад. Худо кунад, ки ин аввалин ва охирин бошад, чӣ гуфтед?

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

 
%d такие блоггеры, как: