MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

* “Баҳористон” 12 “овози тиллоӣ”-и соли 2012-ро муаррифӣ кард

Posted by MAHBUB-TJ на 30.07.2012

Мавсими сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Овози тиллоӣ” анҷом ёфт. Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе бори сеюм мизбони даври ниҳойии ин лоиҳа шуд. Мубтакирони озмун мегӯянд, аз миёни беш аз 900 иштирокчӣ танҳо 12 истеъдоди беҳтаринро баргузидаанд.

Фаридун Алиев, зодаи шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар қатори 11 нафари дигар барандаи озмуни “Овози тиллоӣ-2012” гардид. Таронаи “Оча”-и Ҷовидон Нозимов пуле шуд, ки ӯро аз даври интихобӣ ба қисматҳои баъдӣ бурд. Тавре худи ӯ мегӯяд: “Якум маротиба дар шаҳри Қӯрғонтеппа озмун гузашт, ман он ҷо суруди Ҷовидон Нозимовро ба апаи Ҳаётой гуфтам ва он кас хуб пазируфта, маро ба шаҳри Душанбе даъват карданд”.
Аммо дар қисмати финалӣ Фаридун суруди падари Ҷовидон-Зафар Нозимовро бо номи “Гулдаста” иҷро кард.

Лоиҳаи телевизионии “Овози тиллоӣ” соли сеюм аст, ки бо ибтикори шабакаи кӯдакон ва наврасони “Баҳористон” роҳандозӣ мегардад. Даври интихобии “Овози тиллоӣ-2012” моҳи апрели соли ҷорӣ аз ноҳияи Рашт шурӯъ гардид. Баъдан, ҳайати ҳакамон иштирокчиёни боистеъдодро аз Рашту Қӯрғонтеппаву Хуҷанду Бадахшону Душанбе ҷӯстуҷӯ карданд. Озмун дар чор давр сурат гирифт ва исми ғолибон 21-уми июл эълон шуд. Ҳаётой Муминова, ҳунарманди маъруф ва сардовари лоиҳаи “Овози тиллоӣ” ба “Ояндасоз-Мюзик” гуфт, теъдоди иштирокчиёни имсола марзи 900 нафарро убур мекард. Дар ин миён 800 тани онҳо соҳибистеъдод шумурда шуданд: “Ҳамаи инҳо аллакай истеъдод буданд, танҳо азбаски озмун аст ва он як ҳаяҷони худро дорад, кӯдакон баъзан ҳиссиёташонро идора карда наметавонанд. Баъзеашон бисёр садои хуб доранд, истеъдод доранд, вале вақте бори нахуст бо минус месароянд, садояшонро бо мусиқӣ ҷӯр карда наметавонанд, камбудияшон низ маҳз ҳамин буд. Камбудии дигар ин буд, ки азбаски бештари иштирокчиён аз деҳаҳои дурдаст ҳастанд, аз мактаби мусиқӣ нагузаштаанд. Бачаҳое, ки саводи мусиқӣ, пойдевори мусиқӣ надоранд ҳангоми дар ҷӯр сароидан  каме меланганд. Бачаҳое, ки дар баробари мактаби миёна мактаби мусиқӣ мераванд, хоҳед наҳоед, болотар меистанд”.

Бонуи Муминова фарқияти аслии озмуни имсола нисбат ба солҳои сипаришударо ба афзоиши масъулияти волидони иштирокчиён пайванд дод. Ӯ мегӯяд, онҳо дарк кардаанд, ки суруди туй дигар аст ва таронаи саҳна дигар. Ҳамсӯҳбати мо аз интихоби суруд ва мусиқии муддаиёни “Овози тиллоӣ” изҳори хушнудӣ кард. Воқеан, дар озмуни имсола бештари иштирокчиён ба таронаҳои классикӣ ва мардумӣ такя кардаанд. Ба гунаи мисол Ғайратҷон Пулодов, ки бо “Шашмақом” худро муаррифӣ кард. Ғайратҷон 12 сол дорад ва дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд ба сар мебарад. Ягона фарзанди хонадон мебошад, ки баъди 16 соли интизории волидонаш ба дунё омадааст. Холаи Муҳтарам, модари Ғайратҷон мегӯяд, онҳо зиндагии фақиронае доранд ва дар манзили иҷора рӯз мегузаронанд. Ба қавли вай вақте писараш эълони озмуни “Овози тиллоӣ”-ро тариқи телевизиони “Баҳористон” тамошо кард, гуфт, ки хоҳиши ширкат карданро дорад: “ Худаш талабгор шуд. Гуфт порсол намондед, имсол худам меравам. Баъд пурсидам, ки дилат аз худат пур, гуфт ки ҳа, дилам пур. Гуфтам ки бо шарманда накунӣ, гуфт не…»

Ғайратҷон ҳам ба мисли ҳамаи иштирокчиёни даври финалӣ дар саҳнаи Кохи Ваҳдат пешоруи садҳо тамошобин бидуни фонограмма тарона хонд. Яке аз шартҳои аслии озмун ҳам ҳамин буда, ки аз “садои зинда” истифода шавад. Ин дар ҳолест, ки аксари овозхонҳои тоҷик бо далели мавҷуд набудани дастгоҳҳои зарурӣ розӣ намешаванд, бидуни фонограмма консерт бидиҳанд. Садриддини Наҷмиддин аз ягона овозхони поп аст, ки ду консерти худро дар Кохи Борбад бо садои зинда баргузор кардааст. Иззат Шарифӣ, овозхони муваффақи поп мегӯяд, баргузории чунин озмунҳо барои пайдо кардани истеъдодҳои воқеӣ кӯмак мерасонад. Ӯ гуфт, баррандагони лоиҳаи имрӯз аз сарояндаҳои касбӣ тафовуте надоранд: “Мо аз аввал то охири озмунро пайгирӣ кардем. Беҳтарин садоҳо, аз ҳунармандони касбӣ заррае  камӣ надоранд. Ростӣ, аз садоҳои ин ғолибон бисёр дар ҳаяҷон будам. Камбудӣ низ дида мешуд, вале ин маънои онро надорад, ки камбудии онҳоро дида аз муваффақиятҳояшон фаромӯш кунем. Баромадани онҳо ба саҳна ин аллакай як қаҳрамонӣ аст”.

Барандагони имсолаи лоиҳаи “Овози тиллоӣ” аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон буданд. Шурӯъ аз шаҳри Душанбе то Ҳисору Регару Ёвону Қӯрғонтеппаву Сарбанду Данғара ва Чкаловску Истаравшан. Хӯрдтарин иштирокчии озмун 9 сол дошт. Аммо бузургтарини он қарор аст соли равон донишгоҳро хатм кунад. Афзалшоҳ Исмоилов муҳассили филиали Донишгоҳи иқтисодии шаҳри Хуҷанд аст.

60 дар сади ғолибони “Овози тиллоӣ-2012” нафароне будаанд, ки дар ду сол пеш аз даврҳои мухталифи он нагузаштаанд. Масалан бо Насиба Латифова дар даври нимфиналии озмуни соли 2011 хайрухуш карда буданд. Дар сӯҳбат ба “Ояндасоз-Мюзик” номбурда гуфт: “Аз тарафи мо камбдиҳо буданд, то як сол ба фикрам каме ҳам бошад ислоҳ кардем”.
Насиба яке аз ду духтарест, ки барандаи озмун шуданд. Ӯ ҳамчунин яке аз шаш ғолиби хушбахтест, ки бидуни имтиҳони давлатӣ вориди донишгоҳ хоҳанд шуд. Аслиддин Низомов, ректори Донишкадаи санъати Тоҷикистон дар расми тақдими ҷоизаҳо изҳор дошт: “Роҳбарияти донишкадаи давлатии санъат бо қарори олимон ба хулоса омадем, ки панҷ нафар аз ғолибони ин озмуни хело ҳам бонуфуз роҳро бо ҳама гуна имтиёзҳо ба донишкадаи санъат боз карданд”.

Имсол ғолибони озмунро бар иловаи кафкубиҳои бешумор, ҳамчунин бо тӯҳфаҳои зиёде аз саҳна гусел карданд. Ҳамаи иштирокчиён диплом ва калиди мусиқӣ гирифтанд. Ба ҷуз ин сарпарастони лоиҳа дар алоҳидагӣ ба ҳар кадоме корти плостикӣ бо 100 сомонӣ дар ҳисоб, нетбук, тафдони микромавҷдор, телевизиори плазмавӣ, диски чандирӣ бо ҳаҷми 500 гигабайт, ДВД, маркази мусиқӣ ва ғайраҳо доданд. Ҳамчунин ба волидони ғолибони озмун роҳхат ба яке аз беҳтарин осоишгоҳи кишвар тақдим гардид.

Бархе аз меҳмонон ва иштирокчиён, ки барои тақдими ҷоизаҳо рӯи саҳна даъват мешуданд, зимнан пешниҳодҳое низ барои озмунҳои оянда доштанд. Дар қатори пешниҳодҳо бештар намудани теъдоди баррандагон аз ҳисоби духтарон  ва таъсиси сомонаи расмии лоиҳаи “Овози тиллоӣ” буд. Аммо Муродбек Насриддинов, роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки минбаъд дар баробари ҷустуҷӯи овозхонҳои бомаҳорат, навозандаҳои чирадаст низ кашф шаванд: “Озмуни “Овози тиллоӣ” як озмуни бисёр даркорӣ аст ва дар оянда мехостам, ки дар он мутрибони беҳтарин  низ баромад кунанд”.

Зевар Давлатова, сарвари шабакаи телевизионии кӯдакон ва наврасони “Баҳористон” ва ҳамзамон роҳбари лоиҳаи “Овози тиллоӣ” дар мавриди идея ва ҳадафи озмун ба “Ояндасоз-Мюзик” гуфт: “Фикр кардем, ки азбаски телевизиони кӯдакону наврасон аст, хуб мешуд, як лоиҳаи калонҳаҷм бошад, то мардум мудати хеле тӯлонӣ пойбанди ҳамин лоиҳа бошанду аз назди оинаи нилгун дур нараванд. Фикр кардем, ки ҳамин лоиҳа барои мо муваффақ хоҳад буд ва онро роҳандозӣ кардем”.

Нахустин лоиҳаи “Овози тиллоӣ” соли 2010 роҳандозӣ шуд ва он замон танҳо се нафар баранда гардид. Дар соли 2011 бахшида ба 20-умин истиқлолияти давлатии Тоҷикистон теъдоди ғолибон ба 20 расонда шуд. Ва тавре пештар гуфтем, имсол 12 нафар аз даври финалӣ берун шуд. Дар ин робита пурсида мешавад, ки тақдири баъдии ин афрод чӣ мешавад? Зевар Давлатова мегӯяд, ғолибони ҳама даврҳои “Овози тиллоӣ” дар экранҳои телевизион ҳузури бештар хоҳанд дошт ва дар барномаҳои мухталифи консертӣ, ки бо ибтикори “Баҳористон” созмон меёбад, иштирок хоҳанд кард. Аммо Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ки яке аз шарикони аслии лоиҳа маҳсуб мешавад, чунин посух гуфт: “Мо онҳоро муррифӣ кардем, мо онҳоро ба минбар баровардем ва роҳҳоро ба рӯи онҳо боз кардем. Онҳо дар рои худ устувор ҳастанд ва онҳо имрӯз ва фардо аз худ  дарак медиҳанд. Муҳим пайдо кардани анна ҳамин имконот ва пешниҳод кардани ҳамин минбар аст».

Ҷои ёдоварист, ки дар гузашта дар Тоҷикистон барои пайдо кардани истеъдодҳои наврас озмунҳое чун “Ғунчаҳои умед” ва “Чӯҷаи заррин баргузор мешуд.

Феҳрасти барандагони “Овози тиллоӣ-2012”
Шаҳром Зоиров;
Некрӯз Пиронов;
Фаридун Алиев;
Фарҳод Мақсудов;
Сарфароз Почокалонов;
Улуғбек Маъруфов;
Ғайратҷон Пулодов;
Фаромарзи Рустам;
Қосимҷони Туймурод;
Шоҳсанам Каримова;
Афзалшоҳ Исмоилов;
Насиба Латифова;

Ин матлаби радиои “Озодӣ”-ст. Нишонии асл:   http://www.ozodi.org/audio/broadcastprogram/597776.html

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

 
%d такие блоггеры, как: