MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

* Субҳон Ҷалилов: «Барои сароянда шудани ман аллакай дер шудааст» (видео)

Posted by MAHBUB-TJ на 14.12.2012

Субхон Чалилов«Сенздаҳ солу се моҳ». Унвони филми ҷадиди тоҷикиест, ки бо заҳмати коргардонии Муҳаммадрабии Исмоил телевизиони «Сафина» навор гирифтааст. Саундтрек, пайроҳаи мусиқӣ ё дақиқтараш пушиши аслии мусиқии филм таронаи «Азиза» дар иҷрои Субҳон Ҷалилов мебошад.

Муҳаммадрабии Исмоил мегӯяд, интихоби тарона ба сифати оҳанги аслии филм ғайримунтазир пайдо шуд: «Ҳамроҳи Субҳон Ҷалилов дар утоқи кории вай нишаста барои таҳияи сенарияи филм, ки аз рӯи асари Гулназар Келдӣ аст, омодагӣ медидем. Дар сенария баъзе саҳнаҳоро илова кардан лозим буд. Вақте аз компютери Субҳон ҳамин суруд садо дод, дарк намудам, ки таронае, ки барои филм лозим дорам, ҳамин аст».

Субҳон Ҷалилов, ровии барномаи субҳгоҳии «Субҳи Ватан»-и радиои «Ватан» дар мавриди таърихи пайдоиши таронаи «Азиза» гуфт: «Матни сурудро худам навишта будам. Оҳангаш ҳам бадоҳатан пайдо шуд. Ҳамроҳи Баха-84, ки дар радиои мо коргардони овоз буд, як рӯз баъди кор дар студияи радио ҳамин сурудро сабт кардем. Тақрибан чор сол қабл буд ин. Танҳо бо як гитор. Баъдан барои филм Фирӯз Ҳакимов онро такмили мусиқӣ кард».

«Азиза» аввалин таронае нест, ки Субҳон Ҷалилов хондааст. Нақороти чанд таронаи рэпсарои тоҷик-Баха-84-ро иҷро кардааст ва ҳам дар алоҳидагӣ ду суруди сабтшуда дорад. Субҳон мегӯяд, таронаҳоро барои худ ва дӯстонаш месарояд на ба хотири шӯҳрат ёфтан. Аммо баъзеашон бо хоҳиши шунавандаҳо тариқи эфири радио садо медиҳанд, ки «Оламафруз» аз шумули онҳост.

Субҳон маълумоти миёнаи мусиқӣ дорад. Шӯъбаи баян-акордеони мактаби мусиқии ноҳияи Файзободро хатм кардааст. Аммо навохтани гиторро дӯст медорад. Ҳамин аст, ки дар сурудҳои иҷрокардааш гитор мавқеи калидӣ доранд. Таронаи «Буд-набуд» ҳам бо истифода аз ин асбоби мусиқӣ сабт шудааст:
Буд-набуд як қаҳвахлона буд,
Дар як канори шаҳр.
Худ ҷойи хилвати  рози ниҳонӣ буд,
Пайванди ошноии пиру ҷавонӣ буд…Абдувохид Зеваров

Қаҳвахонае, ки Субҳон васфаш мекунад, дар Муҷтамаи табъу нашри Шарқи Озод ҷойгир аст ва макони сӯҳбатҳои қаймоқии журналистон маҳсуб меёбад. Матни ин тарона ба шоир Абдулвоҳиди Зевар таалуқ дорад, ки таърихи навишта шуданаш ин гунабудааст: «Таронаи «Буд-набуд» илҳом аз қаҳвахонаи «Килк»-и Шарқи Озод аст, ки ҷои ҷамъшавии журналистону, шоирону нависандаҳо мебошад, буд. Ҳамарӯза аҳли адаб субҳ нахуст он ҷо омада, як истакони қаҳва менушанду баъдан аз пайи кор мераванд».


Субҳон Ҷалилов аз ҳунари овозхонӣ барои таҳияи барномаи субҳгоҳӣ ва роликҳои таблиғотӣ зиёд истифода мекунад: «Аз аввали пайдоиши барномаи саҳарии «Субҳи ватан» баъзе кӯлоҳҳои бахшҳоро бо мусиқӣ иҷро мекардам. Фикр мекунам барои кор кардан дар радио ровии радио бояд, ки овозхонӣ ҳам карда тавонад, мусиқиро фаҳмад, шуурнокии мцусиқӣ бошта бошад. Бе ин дар радио кор кардан намешавад. Ҳолатҳое мешавад, ки шумо бояд худатон чизе иҷро кунед. Масалан барномаҳои идона ё соли навӣ, ки он ҷо бояд чизе хонед. Ё дар хондани роликҳо низ бояд камакак истеъдоди  актёрӣ ё бозӣ кардани овоз дошта бошед, вагарна як чизи қолабиву сохта мебарояд».

Аммо мегӯяд, хоҳиши комилан ба саҳнаи сарояндагӣ омаданро надорад: «Аслан дар бораи пурра овозхонӣ кардан ягон маротиба наандешидаам ва фикр мекунам, ки барои мо ин аллакай дер шудааст. Ман бояд дар радио кор кунам ва манфиати барномаи саҳарӣ ё барномасозӣ дар радио шояд ба мардум бисёртар бошад, зеро ҳоло аз сарояндаҳо ягон танқисӣ надорем, онҳо бениҳоят зиёданд».

Воқеан, дар чанд соли ахир фазои овозхонии Тоҷикистон аз намояндаҳои бахшҳои мухталиф «рангин» шудааст, ки миёнашон кормандони бахши журналистика ҳам зиёданд.
Фарзона, як рӯзноманигори ҷавон муътақид аст, ки кормандони бахши журналистика танҳо ба хотири шӯҳрату дороӣ ба овозхонӣ рӯй меоранд: «Фикр мекунам журналистони тоҷик барои худро ситора эҳсос кардан ба овозхонӣ рӯй меоранд. То ҷое маълумот дорам Зиёвиддини Нурзод он қадар машҳур набуд, вақте ки ба сарояндагӣ шурӯъ кард, мухлисони зиёд пайдо кард. Ҳамчунин журналистон барои пайдо кардани маблағ ҳам роҳи овозхониро пеш мегиранд».

Воқеан, Зиёвиддини Нурзод танҳо баъди он маъруф гардид, ки овозхонӣ кард ва сурудҳояшро тариқи радиои «Садои Душанбе» фаровон шунавонданд. Фаъолияти кории вай аз ҳамин шабакаи радиоӣ оғоз шуда, ҳоло низ он ҷо кор мекунад. Давоми чанд соли ахир, ки хонандагӣ мекунад, чанд маҷмӯаи таронаҳояшро вориди бозор карда, чанд барномаи консертӣ ҳам баргузор намудааст. «Лонаи тақдир», «Ёри хушгил», «Ошиқ шудаам» ва «Шона ба шона» аз таронаҳои маъруфи Зиёвиддин маҳсуб меёбанд.

Шояд баъди муваффақияти Зиёвиддин рӯйи саҳнаи сарояндагӣ буд, ки ду ҳамкори дигари вай ҳам ба овозхонӣ гузаштанд. Исми Сайфуллоҳи Бозор ва Фирӯзи Карим ҳамагӣ бо чанд тарона дар таърихи шоу бизнес навишта шуд.
Танҳо «Садои Душанбе» нест, ки дар «ситораборон» кардани осмони поп нақш гузошт. Шодмон Файзалиев аз радиои Тоҷикистон ва Кирил Камбарову Акмал Мансуров, мулаққаб ба DJ AkI аз «Азия плюс» маҳорати худро дар сарояндагӣ санҷидаву рӯйи саҳнаҳои консертӣ ҳунарнамоӣ кардаанд.
Анзурат Назарзода, ровии як барномаи субҳонаи ТВ «Сафина» ҳам сурудхонӣ мекунад. Ин хонум чанд клипе ҳам дорад, аммо натавонист аз маъруфияти шунавандаву тамошобин бархӯрдор шавад. Бино ба нақли ҳамсабақони Асадулло Раҳмонов райиси Кумитаи ТВ ва радио низ дар фурсатҳои холӣ ва танҳо дар ҳузури дӯстони наздик сурудхонӣ мекунад. 

Журналистони тоҷик ба сарояндагии ҳамкасбонашон муносибати якранг надоранд. Бархеҳо ба мақоли «ба як мард чил ҳунар кам аст» такя мекунанд, қисме «гунҷишкро қасоб кушад»-ро шиор мезананд. Ба қавли Ҷасур Абдуллоев, сармуҳаррири нашрияи «Самак» журналистика сиёсат аст ва ҳар нафаре, ки онро пеша мекунад, бояд ҷиддӣ бошад: «Ман аслан журналистикаро ҳамон тавре ки дар назарияҳо мехонем ҳамон тавр қабул мекунам журналистикаи ҷиддиро. Журналистика ин сиёсат аст. Жар сиёсат рақсу суруд ба таври оммавӣ қабул намешавад.  Агар хобби онҳо бошаду дар фурсатҳои холӣ сурудхонӣ кунанд ин чизро қабул кардан мумкин аст, леки нагар вақте як журналист боз ҳам як журналисти шинохтаву ҷиддӣ бошаду ба сурудхонӣ ки гузашт ба таври оммавӣ хонд ва сурудҳои ӯ паҳн шуданд шахсан ман ӯро дигар чун журналисти ҷиддӣ қабул намекунам. Қабул дорам, ки онҳо дар вақти холӣ ва барои –худ хонанд. Масалан худи ман ҳам кам-кам гиторнавозӣ машқ мекунам».

ганчина Ганчова

Ганҷина Ганҷова, хабарнигори МТЖ бошад, мегӯяд, барои ӯ фарқ надорад, ки сароянда шудааст. Ӯ сурудҳоеро гуш мекунад, ки ба қалбаш наздик бошад: «Ҳозир замоне расидааст, ки ба қавле «ҳар кас худаш медонаду дави аспаш». Барои ман дигар аҳамият надорад, ки кӣ чӣ кор мекунад, агар суруд писандам омад гуш мекунам, писанд наомад фарқ надорад агар ректори Институти санъат ё худи вазири фарҳанг ҳам хонда бошад, гуш намекунам. Як ду маротиба тариқи телевизион сурудхонии як барандаи телевизиони «Сафина»-ро тамошо кардам, тарзи хонданаш писанд наомад, дигар тамошо накардам. Лекин таронаҳои журналисти шинохта Фахриддини Холбек, ки чанд клипаш ҳам дар интернет ҳаст, қобили қабуланд».

Фахриддини Холбек ё Фарҳоди Милод ҳамкори мо дар радиои «Озодӣ» аст. Ӯ бештар бо сарояндаҳои маъруф ҳамкорӣ дорад ва барои онҳо таронаву оҳанг менависад, дар ин баробар баъзан худаш ҳам суруд мехонад: «Баъзе сурудҳое ҳастанд, ки инсон мехоҳад худаш хонад. Фикр мекунад, ки ҳамон суруд ба овозу вазъи руҳӣ ва зиндагиву ҷаҳонбинияш рост меояд. Масалан таронаҳое, ки худам мехонам тасаввур намекунам, ки каси дигар  хонад, шояд аз манн беҳтар хонад, вале ба назари ман онҳоро бояд худам иҷро намоям».
Таронаи «Тоҷикистонам баред» баъди нашр дар қатори сершунавандаҳо қарор гирифт, клипи онро дар Ютуб то имрӯз наздики 65 ҳазор нафар тамошо кардааст.
Фарҳоди Милод мегӯяд, ҳоло се таронаи дигараш дар ҳоли таҳияшавист, ки фурсатҳои наздик пешниҳоди ҳаводорон мегардад.

Сарчашмаи асл: http://www.ozodi.org/audio/broadcastprogram/658568.html

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

 
%d такие блоггеры, как: