MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

* Лаҳҷаи теҳронии Садриддин (Навбати Шумо 5)

Posted by MAHBUB-TJ на 21.02.2013

205108119Таронаи «Гулнор»-и Садриддини Наҷмиддин ахиран дар «Фейсбук» вокунишҳои зиёдеро ба миён овард. Баҳсҳо аслан сари шеваи сурудани Садриддин аст. Дар зер бархе аз ин сухбатҳоро копӣ мекунем (умедворем муаллифонашон зид набошанд) ва ҳамчунин аз Шумои азиз низ даъват мешавад, андешаи худро бинависед.

  • Sirojiddin Tolibov Хушам наюмад
  • فرهاد نبینژاد шеъру охангаш олй набуд.
  • Кодир Мирзоев бад нест….
  • Дилшод Раҳимӣ Мардум ба забонҳои англисию русию ҳиндӣ ва ғ. донам-надонам, бо сад ғалатҳо мехонанд. Ба лаҳҷаи теҳронӣ хондани Садриддин ҳеч мушкиле надорад.
  • Умед Ҷайҳонӣ Бад набуд, аммо ба гуфти ҳамон «теҳруниё», «лаҳҷааш тоблуст», мисли лаҳҷаи ҳама «тоҷикиҳое» ки мехоҳанд адои теҳрониҳоро дар биёранд.
    Дар воқеъ барои роҳ ёфтан дар бозори мусиқии порсизабон кўшишаш сутуданист. Аммо то ҷое ки ман аз таҷрубаи ошноиям бо дигар порсигўён медонам, онҳоро аз лаҳҷаи тоҷикии мо бештар хуш меояд, то аз тақлидамон ба лаҳҷаи теҳрунӣ ё кобулӣ.
  • Малохат Таджибаева Умед, умуман сарояндаи точик барои чи бояд таклид кунад? Оё шеъру таронахои адибони точик баданд??? Умуман, хам тарзи либос пуши ва тарзи сароидани онхо он кадар хуш нест, ин албатта фикри ман…..
  • Dariush Rajabian Ин як падидаи бисёр табиъист ва набояд бар сари он ин хама чигар хун кард. Хеч овозхони попи Бритониё ба лахчаи ланданй тарона ичро намекунад. Далелаш хам бозори чанд баробар бузургтари Омрикост. Таронахои махсуси махаллй доранд, аммо ситорахои попи Бритониё хама омрикоихонанд. Ва касе хам онхоро ба ин бахона сарзаниш намекунад. Чун даркашон аз забон фаротар аз лахча аст ва таъассубхои махаллию гуишй озорашон намедихад. Бо ин ки техронии Садриддин ба кавли Умед «тоблу аст», аммо шаммаву шуъури Садриддин аз бозори мусикй бештар аз хампешагони дигараш аст. Аз мардуми Эрону Афгонистон бипурсед, ки кадом овозхони марди Точикистонро мешиносанд, аввал номи Садриддин ба зехнашон меояд. Далелаш хам пахши охангхояш дар шабакахои чахоние чун PMC-ву Родю Чавон аст, ки сирфан техронй пахш мекунанд. Ва зимнан, агар сад бори дигар хам бигуянд, ки «аз лахчаи душанбеитон, кулобитон, хучандитон, бухороитон хушам омад», бовар накунед. Таъоруфе беш нест, барои дилхушии шумо. Агар баростй хушашон меомад, Садриддин аз Точикистон ва Муждаву Газалу Валй аз Афгонистон мачбур намешуданд барои шабакахои чахонй техронй бихонанд.
  • Умед Ҷайҳонӣ На ҳар эроние шоҳабдулазимӣ аст ки таъоруф кунад. Садриддину Муждаву Ғазалу Валӣ ва дигар овозхононро на касе, балки чизе водор карда ки «теҳрунӣ» бихонанд. Он чиз «пул» аст ва барояш бархе аз ҷон ҳам мегузаранд, чи расад ба забон.
  • Dariush Rajabian Забон?
    Умед Ҷайҳонӣ Бале, забон. Зеро «лаҳҷа» бо «ҷон» қофия намешавад.

    Dariush Rajabian Намоханги боло ба забони модарии мову шумо нест магар?

  • Dariush Rajabian Бале, конуни бозор ин паёмадхоро дорад. Ъарз шуд, ки овозхонхои мусикии попи Бритониё ба гуиши омрикойи мехонанд, ба далели вусъату бузургии бозори Омрико. Садриддину Муждаву Газалу Валй хам ба техронй хондаанд, ба далели вусъати бозори порсии Эрону Омрикову Урупо. Чи нанге дар ин кор хаст? Магар, Худой накарда, забони модаришонро фаромуш кардаанд? На. Пас эроде, ки аз у ва амсоли у мегиранд, дакикан чист ва чи ангезае дорад?
  • Умед Ҷайҳонӣ Магар касе гуфта ки овозхонӣ ба лаҳҷаи теҳронӣ нанг аст? Пул ки бӯй надорад. Агар бо ин «теҳрунихонӣ» метавонанд пуле ба даст оваранд, ҳалолашон бод. Ҳамин овозхонҳо барои пул ба дигар забонҳо низ овоз мехонанд. Хондан гиранд. Касе ки даҳонашонро набастааст.
  • Dariush Rajabian Пас «техронихонй» барои точикхо мутародифи «аз забон гузаштан ба хотири пул» набудааст ва эроде надорад. (Чун ба хотири пул аз забони модарй гузаштан баростй нанг дорад). Ин хама точик ба забонхои дигар шикаставу баста булгур мекунанд, хеч хассосияте барнамеангезад. Ин намоханг ки ба забони модарии худи мост, далеле надорад, ки нописанд талаккй шавад. Тасаввур кунем, ки Садриддин ба чои гуиши кулобй ба гуиши самаркандй таронае ичро кардааст. Бо ин дид мушкил хазм мешавад.

    Esfandiar Adina Дустон, пул чизи баде нест, як сабаби бадбахтии мардуми мо ин аст, ки онҳо дарвоқеъ пулро дӯст намедоранд, чун дӯст надоранд, он ҳам наздашон намеояд ё камтар меояд. Дигар, пул ҳам яке аз дастовардҳои фарҳанги башар аст, ки ба ҳахоманишиҳо марбут аст. Чунончи китобро дӯст медорем, пулро ҳам бояд дӯст дорем, то пуламон китоб-китоб шавад ва китобамон пул-пул.

  • Esfandiar Adina Муҳим он аст, ки хонанда чи гуна месарояд, гӯиш чандон муҳим нест. Агар сарояндаи бадовоз бошад, ба ҳар гуише нахонад, касе хушаш намеояд.

     

    Аз саҳфаи «Забони порси»-и Фейсбук

комментария 2 to “* Лаҳҷаи теҳронии Садриддин (Навбати Шумо 5)”

  1. Muzaffari Rustam said

    Фикр мекунам Садриддини Начмиддин ин сурудро бо кадом лахчае набошад, Оли сароидааст ва инро мо кормандони Радиои Ховар хуш кабул дорем

  2. Хуршеда said

    Хеле оливу самимиву ширин сурудааст хазрати Садриддин. Илохо хеч гох овози хостаниаш хаста мабод…

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

 
%d такие блоггеры, как: