MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

Ду Далери овозхон тоҷикистониҳоро «сироят» карданд (ВИДЕО)

Posted by MAHBUB-TJ на 01.05.2013

1366894580_sahroДалер Хонзода ва Далер Аметист, ки дар Узбакистон ҳазорон нафарро ба вируси “Саҳромания” олуда кардаанд, ахиран тавонистанд, садҳо тоҷикистониро ҳам сироят созанд. Таронаи нави ду Далер бо забони ноби тоҷикӣ иҷро шуда ва шӯреро дар қалби дӯстдорони мусиқии тоҷик барангехт.

Клипи таронаи “Ёд кардам” аз гуруҳи “Саҳро” дар як фурсати кӯтоҳ миёни тоҷикон ба як навори сербинанда дар интернет мубаддал шуд. Ин таронаи комилан тоҷикӣ бо омезиши нозукиҳои жанри поп ва рэп иҷро гардидааст.

Бархе шарҳнависон зери навори клип дар интернет мавзӯи тоҷик ё узбак будани овозхонҳоро ба баҳс кашидаанд. Гуруҳе навишта, ки онҳо аз Самарқанд ҳастанд. Дар бархе таронаҳои гуруҳ низ аз Самарқанд зиёд ном бурда мешавад. Барои мисол, дар таронаи «Саломалайкум жоним», ки бо узбакӣ хондаанд, «чашмони туро садқа шавам меҳрубони самарқандии ман» мегӯянд.

Дар саҳифаи расмии гуруҳи «Саҳро» дар Твиттер низ нафаре навишта, ки клип дар Самарқанд наворбардорӣ шудааст. Бегиша Исоева, як рӯзноманигори самарқандӣ, дар сомонаи расмии гуруҳ дар мавриди клипи «Ёд кардам» матлабе навишта, муаллифони онҳоро зодаи Самарқанд гуфтааст. Аммо дар саҳифаи расмии гуруҳи «Саҳро» зодгоҳи Далер Хонзода шаҳри Регар ва ҷои таваллуди Далер Аметист шаҳри Уч-қудуқ гуфта шудааст. Ҳарду Далер Назаров, Рэй Чарлз ва Майкл Ҷексонро аз сарояндаҳои дӯстдоштаи худ гуфтаанд.

Ҳамаи таронаҳои “Саҳро” мисли «Ёд кардам» бо омезиши ду жанр-поп ва рэп иҷро шудаанд. Далер Хонзода дар хондани таронаҳои эстрадӣ ва Далер Аметист, ки бо тахаллуси «Dolar-D» маъруф аст, дар иҷрои рэп моҳиранд. Бештари онҳое, ки сурудҳои «Саҳро»-ро шунидаанд ба садо ва ҳирфаияти онҳо баҳои баланд додаанд.

Бахши аъзами таронаҳои «Саҳро» бо забони русӣ иҷро шудаанд, ки «Без меня», «Разлука» ва «Одинок» аз маъруфтарини онҳост. Гуруҳ чанд таронаи узбакӣ ва чанд таронаи гуногунзабон ҳам дорад. Бо ин ҳама, «Ёд кардам» ягона суруди тоҷикии онҳо набуда, таронаеро ҳамроҳ бо Master Ismail (Мастер Исмайл), аз рэпсароёни маъруфи Тоҷикистон хондааст. Ин тарона бо тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ иҷро шуда ва номи Самарқанду Душанбе гирифта мешавад.

Баъзе мунаққидони мусиқӣ далели бо забони тоҷикӣ кам иҷро кардани сурудҳо аз ҷониби гуруҳи «Саҳро»-ро ба фазои Узбакистон марбут медонанд. Ба қавли онҳо дар сурати бо забони модарӣ хондани таронаҳо хонандаҳои тоҷикзабон бо фишорҳои мустақиму ғайримустақим рӯ ба рӯ шуда, наметавонанд рушд намоянд, чун дари радиову телевизион барояшон баста мегардад.
Бо ин вуҷуд, бархе сарояндаҳои узбак ба таронаҳои тоҷикӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд. Барои мисол Юлдуз Усмонова даҳҳо таронаи тоҷикӣ суруда ва ҳатто маҷмӯи таронаҳоеро бо тоҷикӣ иҷро кардааст.

Клипи «Ёд кардам»-и гуруҳи «Саҳро» дар сатҳи ҳирфаӣ таҳия шудааст. Дар саҳифаи расмии гуруҳ бештари онҳое, ки клипро тамошо кардаанд, навиштаанд, яке аз беҳтарин корҳои гуруҳ ҳамин буда. Бино ба иттилои сомонаҳои марбут ба шоу-бизнеси Узбакистон муаррифии клипи «Ёд кардам» аз тариқи тамоми шабакаҳои телевизионии Узбакистон сурат гирифтааст.
Бегиша Исоева менависад, таронаи нави гуруҳи «Саҳро»-ро имрӯзҳо аз ҳама ҷо шунидан мумкин аст: шурӯъ аз манзил то мошину клуб ва телефонҳо. «Радиоҳо моломоли дархости шунавандаҳо шудааст. Ҷавонон ба оҳистагӣ, аммо бо қатъият олудаи вируси «Саҳромания» мешаванд»,-менависад ин журналисти узбакистонӣ.

Гуфта мешаввад, «Саҳро» ба оҳистагӣ шомили раддаи аввали маҳбубтарин овозхонҳои Узбакистон мешавад. Барномаҳои консертии он моломоли тамошобин аст. Консерти охирини он дар «Амфитеатр»-и Бухоро, ки ба сурати зинда ё бидуни фонограмма сурат гирифт, наздики 2000 тамошобин доштааст. «Саҳро» соли сипаришуда яке аз ҷоизаи «Беҳтарин гуруҳи сол»-и M&TVA-2012, яке аз маъруфтарин маросими ҷоизасупории Узбакистонро ба худ ихтисос дод. Ва Гулнора Каримова, духтари раиси ҷумҳури Узбакистон бо намояндагӣ аз Фонди Форум ба онҳо дар ҳаҷми 8 миллион сумми узбакӣ ҷоизаи пулӣ тақдим кард.

Сарчашмаи асл: http://www.ozodagon.com/casia/tj/9746-du-daleri-ovozhon-toikistonioro-siroyat-kardand.html

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

 
%d такие блоггеры, как: