MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

Шоу-биз: Кӣ дар клипсозӣ инқилоб мекунад?

Posted by MAHBUB-TJ на 29.10.2013

Клипҳои тоҷикӣ дар ҳоли муолиҷа шудан аз “вирус”-и худнамоии овозхонҳоянд ва ба оҳистагӣ сӯи касбият ҳаракат доранд. Аммо ба назар мерасад, барои маҳви комили ин ангезанда солҳои зиёде лозим меояд.

Ниҳоят клипсозӣ бо як камера ва дар назди хонаҳои боҳашамату мошинҳои гаронарзиш ба оҳистагӣ аз муд меравад. Акнун ҷои онро клипҳои нисбатан касбӣ мегиранд. Касбӣ аз нигоҳи техникӣ ё худ фаннӣ. Бо вуҷуд намешавад гуфт, ки теъдоди чунин “клип”-ҳо коҳиш ёфтааст. Ҳанӯз низ барои бархе овозхонҳо ба хориҷ сафар кардану пеши “яхта”-и ким кадом олигарх суруд хондан нишони пешрафт дар шоу бизнес менамояд.

Аксари ин “клип”-ҳо клип ҳам нестанд. Онҳо танҳо як навори видеоиеанд, ки сароянда дар чанд либос ҳузур пайдо мекунад: гоҳ назди бинои бисёрқабата ва гоҳе пеши “вилла”. Аксари ин “клип”-ҳо сенария надоранд (мувофиқат накардани матну сенария аз мавзӯи дигар хоҳад буд). Бештари чунин наворҳо дар Дубай, Туркия, Миср ё Ҳиндустон бардошта шудаанд.

Аммо акнун баргардем сари клипҳое, ки гуфтем нисбатан дар сатҳи ҳирфаӣ таҳия шудаанд. Бештари онҳоро дар хориҷ ва клипмейкерҳои маъруф сохтаанд. Овозхонҳои тоҷик барои сабти клип аслан ба Узбакистон мераванд. Баъзан дар Амрико ва Аврупо низ сабт мешавад. Таври маълум чунин клипҳоро бо маблағи андак таҳия намекунанд. Нахустин клипи гаронарзиштарин дар Тоҷикистон ба номи Ҷонибек Муродов нисбат дода мешавад, ки дар Амрико бардошт. Клипи таронаи “Сердце прасти” аз аввалин клипҳо буд, ки дар наворгирии он тамоми қоидаҳои клипбардорӣ риоя шудааст.

Овозхонҳо дар суҳбат бо хабарнигорон аслан намехоҳанд арзиши аслии клипҳояшон дар хориҷро ошкор созанд. Рӯзноманигорон низ зиёд исрор намекунанд. Муҳим пайдо шудани клипҳои босифат аст.

Клипҳои нисбатан хуб моли онҳоест, ки устухонашон дар шоу бизнес сахт шудааст. Наворҳои таронаи “Худо бо туст”-и Валиҷон Азизов, “Гулнор”-и Садриддини Наҷмиддин, “Танҳоӣ”-и Шабнами Сурайё, “Илоҳӣ”-и Шабнаму Фарзона низ нишони як қадам ба сӯи касбият дар клипсозӣ рафтани шоу бизнеси тоҷик аст.

Фирӯза Ҳафизова соли гузашта дар Тошканд таронаи «Мач»-ро дар формати 3D клип кард. Ин нахустин клипи тоҷикӣ дар чунин формат буд.

Воқеан, аввалин нафароне, ки аз хориҷ “клип” “дастовез” оварданд, ҳамин гуруҳи сарояндаҳои поп буданд, ки ҳоло дар саргаҳи шоу бизнес қарор доранд. Бештари онҳо на барои клипбардорӣ хориҷ мерафтанд, балки ҳадаф тамошо ё истироҳат буд, аммо “бо як тир ду фохта” шикор мекарданд. Қисме чӣ тавр оббозӣ кардан, дар кӯчаҳо гаштан, сайр намудани худро сабт мекарду суруд мехонд. Баъдан ҳамаи ин дар Тоҷикистон танзим мешуд ва номи онро мегузоштанд “клипҳои фалонӣ дар фалон кишвар”. Ҳол он ки ҷои ин наворҳо бояд архиви шахсии он сарояндаҳо бошад, на раддаи дискфурӯшиҳо.

Ин наворҳо аз “клип” дида ба худнамоии сарояндаҳо зиёд шабоҳат доранд. Ҳоло ки даври нави “клипсозӣ” шурӯъ гардидааст, бояд ҷои он наворҳо танг шавад ва овозхонҳо барои таҳияи клипҳои босифат талош намоянд. Ҳарчанд дар чандсолаҳои наздик ин кор ношуданист, аммо умед бастан хуб аст.

P.S. Дар ин навишта танҳо паҳлуи фаннии клипҳо мадди назар буд. Мазмун ва ғояи онҳо бояд мавзӯи дигар бошад, ки Худо хоста бошад ба он бармегардем.

 

Манбаъи асл: http://www.ozodagon.com/11826-klipoi-kalbak-ro-az-shou-biznes-meronand.html

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

 
%d такие блоггеры, как: