MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

ЛАҲЗАЕ БО МАН

ИН БЛОГХОНА МЕҲМОНХОНАИ МАН АСТ.

ХУШ ОМАДЕД, АЗ ТАШРИФАТОН МАМНУНАМ!

Агар ин меҳмонхона барои нафаре писанд биёяд, хушҳол мегардам. Дастурхони оростаамро бо хонданиҳое оро додаам, ки хӯришҳояш аз ғизои маънавӣ таҳия шудаанд.


§§§ Шояд, нафаре бо ман мувофиқ аст.

§§§ Дигари пушаймонӣ мекашад, ки вақти қиматашро беҳуда масраф кардааст.

§§§ Баъзеҳоро ин дастурхон тамоман хӯш намеояд. «Ғизоҳо» дар таъми ақлашон «шӯр», «бенамак»,  «бетамЪ» ва… менамоянд.

§§§ Гурӯҳе бо маломат хоҳанд гуфт, ки чаро ин қадар ба сарояндаҳо «часпидаам»-у аз онҳо «чӣ» мехоста бошам.

Пештоз мегуям, ки ба ҳеч як сароянда комилан ҳеч гуна ғаразу марази шахсӣ надорам.

(Воқеан, ҳоло туйи домодӣ накардаам, ки кадом як ҳофиз сухани маро «ду то» кардаву дар туям иштирок накарда бошад ва ин бойиси ба қавли баъзеҳо «ситорабадбиниям» шуда бошад).

МАН, ЯГОН САРОЯНДАРО «БАД» НАМЕБИНАМ, балки

ТАНҲО МЕХОҲАМ, СУРУДУ ОҲАНГУ РАҚСИ ТОҶИКӢ ОЗОДА БОШАД.

Дуруст гуфтам?

Реклама

комментариев 30 to “ЛАҲЗАЕ БО МАН”

  1. Абдулло said

    Сахифаи хуб. Идияи нагз-ояндадор. Танхо вакт лозим то аз ин «дастурхон» «мехмонони» зиёд «хурок» хурнад. Пасон овозаашро ба чор суи дунё мебаранд.
    Муваффакият Махбуб!

  2. Гулноза said

    Салом дусти азиз ва журналисти буррокалами ман Махбуб! Хуб аст, ки сари мавзухои вобаста ба Шоу-биз дар Точикистон назарандози мекуни. Амалат боиси дастгирист.
    Ман бо онхое ки мегуянд, мо дар Точикистон ба маънои пурра Шоу-биз надорем, мувофикам. Дар тую маъракахо «то мурдан» сурудан маънои бозоргир будани хунари хофизро надорад. Ва инро Шоу-бизнес хам унвон кардан хатост. Дар чомеаи Гарб миллионхояшонро аксари сарояндагон аз хисоби фуруши фиттахо ба даст меоранд, на туйгарди.
    Аз руи мушохидахо мо хануз дар огози мархилаи воридшави ба Шоу-бизнеси вокеи карор дорем. Дунёи имрузро бе мусики тасаввур кардан амрест махол ва охангеро то дили шунаванда расонида тавонистан амалест махолтар аз ин. Танхо интихоби дурусти матну оханг кафили муваффакияти сароянда буда метавонад, ки мутаассифона ин талаботро аксари сарояндагони мо нодида мегиранд ва махз ана хамин нодидагирифтанхояшон боиси «сари баландашон» дар назди мухлисон аст!
    Ин чо ба умеди шунидани фикри чолибтаре аз ту хамчун коршинос ба навиштани парешонандешахоям хотима мебахшам…
    Аз Ту Махбуби Азиз, сари андешаи хар мавзуи чадид диди тоза ва танкиду таърифи арзанда умедворам. Муваффак боши!

  3. Шохписанд said

    Дуруду паёми пур аз мехри маро пазиро бошед, дусти азизам-Махбуб! Аз он шодам, ки дар сомонаатон мавзуъхои хубу шуниданиву хонданиибобро чой ва матрах намудаед. Итминон дорам, ки захматхоятон бе натича нахоханд буд ва албатта хонандаи закиву хушфахм пас аз мутолиа, албатта бахои арзандаи худро мегузорад. Шояд «булбулон»-и боги санъатамон низ иштибохи худро дарк намояд ва паи ислохи санъати худ гарданд. Боки муваффак бошед!

    • MAHBUB-TJ said

      Ташаккур, Шохписанди фарзона! Мо низ умед дорем, ки «бул-булакон» бо санъати баланд ва хунари воло руйи сахнахо мебароянд.

  4. Мухаббат said

    Ассалом дусти хеле доноям Махбуб! Баъди мутолиаи сомонаи Шумо хеле мамнун шудам ва ба Шумои нихоят азиз калами тезу кадами устуворонаро дар ин чода таманно дорам! Бигзор маслакатон хамеша хак ва фидои хак бошед!!!!

  5. Jovid said

    Блоги хуб аст. Ман аксари ин матолибро дар «Нигох» хонда ба кавле «кайф» мекардам. Агар мо нагуем ва ин овозхонхои навбаромадро ба рохи дуруст хидоят накунем, пас ки мегуяд?!
    Бо камоли эхтиром, Човид.

  6. farangis said

    Салом додарам Махбуб.Дар интихоби мавзуъ ва таърифу танкиди он хеле бочуръатед,кори дуруст хам мекунед.Ман хар шумораи хафтаномаи «Нигох»-ро интизор мешавам ва аз навиштахои шумо халоват мебарам.Албатта хуб аст ва шумо хеч кори хато намекунед.Муваффак бошед. Апаи шумо фарангис

  7. Нодирабегим said

    Махбуб, хатто тахаллусатон ба худатон муносиб….Бароятон дар ин чода муваффакияту комёбихои нав орзумандам.Хело шодам ки бо шумои донову гапдон шиносои пайдо намудам.Бо эхтиром Нодирабегим.

  8. Umed said

    Бародар бисёр блоги хуб тахия карди, комёб боши.
    Хар бор пас аз шунидан ё тамошои баъзе аз сарояндахо хамин фикрхои худат ба сари ман хам меояд. Аз сабаби он ки мисли ту хунару чуръат надорам ки блог созам факат бо ахли хонавода мораль мехондам ки бештар боиси дилсиёхи мегашт. Рости пас аз хондани матолиби ин блог бовари хосил кардам ки ман девона нестам ё ин ки танхо нестам))))

  9. Марисабель said

    Салом Махбуби мухтарам!!! Ман низ ба шумо мувафакиятро тамано дорам… Аммо ягон фикри дигар мебуд нагз мешуд! Чи хеле,ки шумо Журналистхо Хофизу Хофизахоро гап мезанед хамин хел низ Шумо журналистонро гап мезананд, ки масалан дар бораи ягон чизи дигар гап наёфтеду факат дар бораи хофизу хофизахо гап мезанед… Ман масалан ба ягон хамин сарояндагони Точик ягон дагали надорам вале дар бораи хамон стилистхояшон гуфтаниям ки тачрибаи кори надоран. Хамин ки сароянда ба сахна мебарояд куртааш меканад, руймоли «хил-Хил! -аш меафтад, ин айби Сароянда нест ин хама айби стилисташон… Аммо дар бораи гап заданашон дар сахна гуфтаниам, ки ин хама аломати китоб нахондани сроянда аст!!! Агар онхо вахти бештарашонро ба китоб хони сарф кунанд шояд гап заданашон дар сахна хуб мешуд!!!

    • MAHBUB-TJ said

      Дуруд бар Марисабел. Ташаккур барои изҳори назаратон. Бовар кунед, ман зиёд хурсанд мешавам вақте кадом як камбудии маро егӯянд. Ин боис мешавад, ки минбаъд кғшиш кунам то он иштибоҳ ё ғалат такрор нашавад. Фикр мекунам овозхонҳо низ бояд танқидҳоро нишонаи душманӣ қабул накарда пайи ислоҳи онҳо шаванд, то ҳунарашон намунаи ибрат бошад. Дар мавриди «стилист»-ҳо низ дуруст навиштед. Фикр мекунам сарояндаҳо бояд бештар ба ин чиз таваҷҷӯҳ намоянд.

  10. Follower said

    Мавзуъҳои ғайримаъмулӣ. Офарин. Боз ҷолибтар мебуд, агар гоҳ гоҳе бо сарояндаҳо мусоҳиба карда, ба онҳо саволҳоеро медодед, ки маъмулан дигарҳо намедиҳанд. На ин ки «устоди аввалинатон, матни аввалинатон, оҳанги аввалинатон, албоми нахустинатон»

    • MAHBUB-TJ said

      Муташакирам, ки вақти худро дареғ надошта ба кулбаи ман сар задед. Худованд хоста бошад чунин як нақша ҳам дорам, ки бо сарояндаҳо мусоҳибаҳои ихтисосӣ анҷом бидиҳам ва албатта бидуни саволҳои «устоди аввалинашон»ғу «оҳангу албоми нахустинашон»…

  11. Махбуби махбуб. Ба таври фаврй як акси Шуморо кор дорам барои муаррифии блогатон дар Блогистони Озодй. Сухбати самимонаат дар барномаи радио борхо пахш шуд, акнун навбати торнамо. Лутфан акси хубу чолибе бароям бифирист.

    • MAHBUB-TJ said

      О, бубинед, ки ба мехмонии ман Ки омада? Хело мамнунам аз ташрифатон! Посухро дар маувриди акс ба манзили электрониятон менависам, муваффак бошед!

  12. Беранҷ дар хонаи Пурганҷ said

    Маҳбуб, рости аз ин нимторнамоатон хеле хуш шудам, бо вучуди он ки қаблан дар ҷойҳои дигар матолиби хубтар ва пурмазмунтаре бо ҳамин «дастхат» хонда будам, аммо кунун фаҳмидам, дарвозаи илме, ки дар борааш он кадар дустдорори Али ҳарф мезананду гоҳ мебофанд, чи маъно доштааст? Яъне, бо мафҳуми тоҷики, Ганҷи Алӣ… шумо агар ба чои «а» бо изофаи фосила «и» мегузоштед, ҳамон «Ана мадинатул илми ва Алиюн бобуҳо»-ро хубтар ба хотир меовард, нимшухию нимчидди, ҳар чанд…
    Боз ҳам офарин, дусти Азиз, А.Азиз!!

    • MAHBUB-TJ said

      Хело мамнунам, дусти гироми! Лутфатон зиёд аст. Хамеша муваффак ва дар панохи Худои Бузург буданатонро орзумандам.

  13. Rustam said

    Салом ман Рустам, мехостам бо Шумо хамкори кунам , сомонаи ман http://www.rustam.okis.ru
    Мехостам маводхои Шуморо ба сомонаи худ чойгир кунам Шумо рози хастед?

    • MAHBUB-TJ said

      Ба Шумо хам саломи гарм! Агар ба шумо кадом як матлаби торнигори ман писанд омада бошад, лутфан бо нишон додани манбаъ, яъне https://mahbubtj.wordpress.com онро дар сомонаатон бознашр кунед. Муваффак бошед!

  14. Салом, дӯсти азиз!

    Муддатест пайваста аз торнигори Шумо дидан мекунем ва матолиби онро бо шавқи зиёд мехонему гоҳе сари онҳо баҳс мекунем. Хеле хуб аст, ки Шумо бо ҳузур ва фаъолияти хеш олами блоги тоҷикӣ ва ба ин васила фазои иттилоотиро дар шабакаи ҷаҳони интернет рангин мекунед. Дар ин ҷода бароятон устуворӣ ва комёбиҳо орзумандем.

    Агар огаҳӣ доред, хуб, вагарна бо ин нома ба таваҷҷӯҳи Шумо мерасонем, ки дар торнамои Радиои Озодӣ гӯшаи “Блогистон” таъсис шудааст, ки беҳтарин матолиби блогнависонро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мунташир карда, дар муаррифии ин блогҳо ва афзоиши теъдоди хонандагони онҳо саҳм мегирад.

    Ҳоло мехоҳем, Шуморо ба ширкат дар кори ин гӯшаи торнамои Озодӣ ҷалб намоем. Хоҳиши мо ин аст, ки агар имкон доред, ҳар моҳ яке аз навиштаҳои худро ҳамроҳ бо акси дилхоҳи хеш ва линки блоги худ ба гӯшаи “Блогистон”-и Озодӣ бифиристед. Мо матлаби Шуморо нашр мекунем.
    Ҳамчунин метавонем дар ҳамкорӣ Шуморо ба таҳияи видео-блогҳо даъват кунем, ки вақт ва нерӯи камтаре мегиранд. Агар компютери Шумо дурбин дорад, метавонем бо ҳам дар тамос шавем ва видео-блоги Шуморо мустақиман забту дар Блогистони Озодӣ пахш кунем.

    Шумо аз ҷумлаи пешгомони фанновариҳои нави иттилоотӣ ҳастед. Биёед бо ҳам ин пешсафиро идома диҳем ва блогосфераи тоҷикро ба сатҳи болотаре бардошта, ба доираҳои фарохтар муаррифӣ кунем.

    Бо дуруд ва эҳтиром
    Соҷидаи Мирзо,
    мудири Бахши Тоҷикии
    Радиои Озодӣ

    • MAHBUB-TJ said

      Ташаккур барои мехмони ва даъват ба мехмони! Пешниходи хуб ман розиям ва бо даст додани имкон хатман барои Блогистони «Озоди» баъзе матлабхоро ирсол мекунам. Бо видео-блог низ дар иртибот хохем буд. Муваффак бошед!

  15. Салом мехостам бо Шумои азиз хамкори кунам сомонаи мо: http://surudtj.wordpress.com/

  16. Махмуд А said

    Навиштахои чолиби муаллифро мутолиа кардам, аммо бо чехраву номи аслиаш шинос нестам. хохиш дорам номи аслиатонро зикр мекардед.

    • MAHBUB-TJ said

      Салом! Дӯстам фикр мекунам муҳим нест, ки кӣ мегӯяд, балки муҳим ин аст, ки чӣ мегӯяд. Ё нодуруст?

      • Mahmud said

        Аз сабки навиштатон пай бурдам, ки ки хастед! Каблан мешинохтам ин бор наздиктар шудам. Сипосгузорам! Каламатон бурро бошад.

      • MAHBUB-TJ said

        Ташаккур! Муваффак бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

 
%d такие блоггеры, как: