MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

* Иброҳими Исмоилзод: Дар Тоҷикистон нафарони нобиноро баъзан як узви нодаркори ҷомеа медонанд

Posted by MAHBUB-TJ на 25.05.2012

Иброҳими Исмоилзод ҷавоне дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ дар феҳрасти овозхонҳои муваффақ қарор дорад. Ӯро нафаре муаррифӣ мекунанд, ки ҳамеша барои амалӣ шудани нақшаҳояш талош мекунад. Ҳеч гоҳ ноумед намешавад ва ҳам то замони расидан ба аҳдофаш ором намегирад. 25-уми май барномаи консертии ӯ бо номи «Дунёи меҳр» дар Кохи Ҷомии шаҳри Душанбе баргузор мегардад ва суоли нахустин ҳам аз Иброҳим дар мавриди ҳамин барномаи ҳунарӣ буд. Читать далее…

Реклама

Posted in ШОУ-БИЗ | 1 Comment »

* Толибҷон Қурбонхонов «фанат»-и Владимир Путин (видео)

Posted by MAHBUB-TJ на 03.05.2012

Таронаҳо дар мавриди Путин аслан кам нест, аммо сурудҳое ба монанди «ВВП» ва «Шукр худойро барои Владимир» аз чанд ҷиҳат «беназиранд». Владимир Слепак, овозхони рус ҳам дар бораи Путин мехонад, аммо ӯро «фиристодаи Худо», «дар вуҷудаш нури худовандӣ» ва «варзишгари беҳтарин» намегӯяд.

Читать далее…

Posted in ШОУ-БИЗ | Отмечено: , , , , , , | Leave a Comment »

* Навбати Шумо 3 (видео)

Posted by MAHBUB-TJ на 21.04.2012

Нишонии ин наворро як дӯстам фиристод. Гуфт дар блогат гузор, то хонандаҳо назари худро бинависанд. Иқрор мешавам, ки ба худи ман писанд наомад. Оҳангаш бад нест, аммо матн мантиқ надорад. Мусиқӣ барои ҳамаи шумо ошност, зеро моли дигарон аст. Ин сароянда талош кардааст, ки бо ларзондану ҷунбондани тамоми аъзои баданаш таваҷҷӯҳи тамошобинро ба худ ҷалб кунад. Чӣ ларзиши дилбеҳузуркунандае… Шумо чӣ мегӯед, хонандаҳои арҷманд?

Читать далее…

Posted in ШОУ-БИЗ | Отмечено: , , , | 3 комментария »

* Навбати Шумо 2 (видео)

Posted by MAHBUB-TJ на 06.04.2012

Барои ин навбат клипи «Бачаи камбағал»-и гурӯҳи «Ориён»-ро пешниҳоди Шумо мекунем. Лутфан, дар мавриди мазмун, мувофиқати садо, ҳаракатҳо, саҳнасозӣ, танзим ва ҳунари сарояндаву коргардону ғайраву ҳоказои он фикрҳоятонро бинависед.

Читать далее…

Posted in ШОУ-БИЗ | Отмечено: , , , | 1 Comment »

* Таронаҳои дуздӣ ва ҳуқуқи муаллифӣ (видео)

Posted by MAHBUB-TJ на 02.04.2012

Дар Тоҷикистон шурӯъ аз оғози соли равон оҳангнависону ҳунармандон дигарбора имкон пайдо карданд, то эҷоди худро сабти ном карда, дар сурати зарурӣ барои ҳифзи ҳуқуқи муаллифияшон ба додгоҳ шикоят баранд. Ин дар ҳолест, ки чанд соли қабл вазорати фарҳанг аз сабти моликияти зеҳнии муаллифон даст кашида буд.

Читать далее…

Posted in ШОУ-БИЗ | Отмечено: , , , , , | 2 комментария »

* Навбати Шумо (видео)

Posted by MAHBUB-TJ на 30.03.2012

Сиву ҳафт ҳазору панҷ саду чордаҳ маротиба саломи гарму самимӣ ба хонандаи бениҳоят арҷманд! Ба саломҳои Шумо низ дар гармогармияш садҳо алейк! Фикр мекунам,  узри маро барои мӯҳлати зиёд чизи тозае дар торнамо нагузоштан қабул мекунед. Талош мекунам, ин танаффус ҷуброн шавад. Ҳолиё сари амалисозии идеяе бандам, ки ҳамчунон ба торнамо рабт дорад, аммо на ба блоги мазкур (бигзор ин бароятон як навъ сюрприз бошад). Аммо барои «Махбуб ТҶ» ҳам идеяи наве ҳаст. Интихобан бархе клипҳоро дар торнамо мегузорам, аммо дар мавриди мазмун, мувофиқати садо, ҳаракатҳо, саҳнасозӣ, танзим ва ҳунари сарояндаву коргардону ғайраву ҳоказои он хонанда фикрҳояшро менависад. Умедворам фаъол хоҳед буд.

Читать далее…

Posted in ШОУ-БИЗ | 9 комментариев »

* Овораи ишқ-ҳамоқат дар кинои тоҷик Ё «Ҷентелмени НЕудачий»

Posted by MAHBUB-TJ на 08.03.2012

Ман метавонистам, дар руёруи ТВ нашинаму ин филмро набинам, ё вақте чашмони бадбахтам ин филмро дид, хомӯширо ихтиёр кунам, аммо… Аммо нашуд, ки нашуд…

КВД «Тоҷиккино», сипас Тоҷикфилм тақдим мекунад: Аз раъду барқи экран хона торику рӯшан мешавад, номи «хуншор»-е экранро сурх мекунад: «Овораи ишқ»!!! Батс!!!! Кино сар шуд…

  Читать далее…

Posted in ШОУ-БИЗ | Отмечено: , , , , | 3 комментария »

* ЧАШМАНДОЗЕ БА СОЛИ ХАРГУШ

Posted by MAHBUB-TJ на 03.01.2012

Дар 12 моҳе, ки гузашт уқёнуси шоу бизнес ҳолати якранг надошт. Сафинаи бархе аз овозхону ҳунармандон зери барфу туфон қарор гирифт ва қисме рӯи мавҷҳои ором дар шино буданд. Заврақи гурӯҳе дар нимароҳи санъат ба яхпораҳои бузург бархӯрда пора-пора шуд ва аммо боди форам киштии қисмеро ба соҳили мурод бурд. Ҳоло ки дар соли наҳанг умр ба сар мебарем, чанд тикае аз хабар ва ҳаводиси гуфтании соли заргушро пешниҳод месозем.

Читать далее…

Posted in ШОУ-БИЗ | Отмечено: , | 1 Comment »

* Сукути Фарзонаро соли нав мешиканад?

Posted by MAHBUB-TJ на 03.01.2012

Номи Фарзонаи Хуршед чун 22 моҳи қабл боз ба сархати хабарҳои Тоҷикистон баромад. Агар дар 23 феврали соли гузашта вақте додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ӯро барои ду сол равонаи зиндон кард, расонаӣ шуд, пас ҳоло аз он хотир, ки дар ҷашнвораи мусиқии мавсум ба «Big Apple Awards» тарона иҷро кард.

Читать далее…

Posted in ШОУ-БИЗ | Отмечено: , , | Leave a Comment »

«Талоши зиндагӣ»-и Субҳони Саид

Posted by MAHBUB-TJ на 09.12.2011

Инқилобе дар мусиқии тоҷик, набарде алайҳи заъфу нотавонӣ, шӯрише дар ло балои қачравиҳои рӯзгор.

Филармонияи давлатии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе 3-юми декабри соли 2011 мизбони барномаи ҳунарии Субҳони Саид, маҳбубтарин овозхони тоҷик буд. Толоре, ки ҳамагӣ барои ҳудуди 900 тамошобин пешбинӣ шудааст, қадамҷои бештар аз 1,5 ҳазор нафар шуд. Тақрибан нисфи тамошочиён бо иллати набудани ҷой пушти дарҳои филармония монданд…

Читать далее…

Posted in ШОУ-БИЗ | Leave a Comment »