MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

Posts Tagged ‘клип’

«Дига мара занг назан»… (Навбати Шумо 4)

Posted by MAHBUB-TJ на 03.12.2012

imagesГумонам, кам касоне аз «Дига мара занг назан»-и Ҳасани Чилла хабар надоранд. Як муддат онро дар ҳама ҷо шунидан мумкин буд: бозор, кӯча, дохили нақлиёт…
Баъдан, Ҳасан ба қавлаш, ки дар мусоҳибаҳо дод буд, вафо карда идомаи «Дига маара занг назар»-ро пешниҳод кард. Ҳоло агар фурсат доред онро тамошо карда, андешаҳои худро инҷо бирезед…

Читать далее…

Posted in ШОУ-БИЗ | Отмечено: , , | Leave a Comment »

* Навбати Шумо 3 (видео)

Posted by MAHBUB-TJ на 21.04.2012

Нишонии ин наворро як дӯстам фиристод. Гуфт дар блогат гузор, то хонандаҳо назари худро бинависанд. Иқрор мешавам, ки ба худи ман писанд наомад. Оҳангаш бад нест, аммо матн мантиқ надорад. Мусиқӣ барои ҳамаи шумо ошност, зеро моли дигарон аст. Ин сароянда талош кардааст, ки бо ларзондану ҷунбондани тамоми аъзои баданаш таваҷҷӯҳи тамошобинро ба худ ҷалб кунад. Чӣ ларзиши дилбеҳузуркунандае… Шумо чӣ мегӯед, хонандаҳои арҷманд?

Читать далее…

Posted in ШОУ-БИЗ | Отмечено: , , , | 3 комментария »

* «Бебахти»-и Саидаву марди «дубахта» (видео)

Posted by MAHBUB-TJ на 24.06.2011

Амрико ва ҷаҳони Ғарб муътақиданд, фидоиёни маргталаб, ки худро дар маҳалҳои серодам мунфаҷир сохта, ҷони даҳҳо нафари дигарро мегиранд, таълимдидаи базаҳои махсуси терористиянд. Аммо баъди тамошои бархе клипҳои тоҷикӣ фикр мекунӣ, ки нақши баъзе сароянда ва коргардонҳоямон низ дар омода кардани «фидоиён-террористон» камтар аз «Ал- Қоида»-ву «Толибон» нест.

 

Миёни мардум мақоле ҳаст: «гапи хонаро ба кӯча набарор», аммо иддае аз  сарояндаҳои мо сиру асрори хонаводагияшонро оммавӣ кардаанд. Гумони ғолиб ин аст, ки онҳо мафҳуми ҷаҳонишавиро нодуруст дарк кардаанд, вагарна ба ҳеч ваҷҳ хурдтарин нофаҳмиҳои миёни худу ҳамсарашон рухдодаро ба мардум ифшо намесохтанд. Гурӯҳе аз хонандаҳо ҳатто хушдоманҳояшонро дар миён мегузоранд. Аммо мавзӯи мавриди баррасии имрӯз сужаи як клип аст. Мазмун, мундариҷа, сифат ва…ҳоказои як клип бар суруди шикоятиро матраҳ хоҳем кард.

  Читать далее…

Posted in ШОУ-БИЗ | Отмечено: , , , , | 2 комментария »

* Заифнолии сарояндаҳои тоҷик ва шофбурутҳои афғонӣ

Posted by MAHBUB-TJ на 12.01.2010

Аллакай, дар Тоҷикистон раванди клип-трагедияро намешавад ба ниҳоли дар ҳоли сабзиш шабеҳ кард, зеро он дарахте шудааст, ки патакрешааш ба рагу хуну пӯсти ҳофизону коргардонҳо чуқур давидаст. Сарояндамардакҳои тоҷик дар клипҳояшон худро ғуломи ҷафокашидаи ишқ ва назди тақдир ҳақиру нотавон нишон медиҳанд. Гӯиё онҳо бечоратарин табақаи ҷомеаи моянд, на нафақахӯрони танҳо (бо 60 сомонии нафақа) ва ё тамизкорони пойтахт (кӯчарубакҳо, ки соати 3-и шаб бо калӯши дарида, пӯчоқи «семичка» мерӯбанд…).

Нофи тамоми new-сарояндаҳои моро бо қайчии, ба қавле, «кидат(ь)» буридаанд. Баъди тамошои силсилаклипҳои тоҷикӣ хулосаи ман ҳамин шуд. Қариб ҳамагӣ объекти ҳамин «кидат» будаанд, ё шудаанд. Бо сабабҳои мухталиф арӯсҳояшон таркашон мекунанд: онҳоро кашида мегиранд; худашон бо дигарон мераванд; падару модарашон розигии тӯй намедиҳанд ва ғ. Як дӯстам низ рӯзе гуфт, ки ҳамин ҳофизҳои мо чӣ «балое» доранд, нотавонанд-чиян? Батолеътаринашонро бошад, гуйё чашми бобои Мухтор (шоҳидони айниву ғайни қисса мекунанд, ки чашмаш харсангро дукафон мекардааст) мегирад, ки дар охири клип арӯсашонро мошин мезанад. Касе ба ин шубҳа дорад, чанд лаҳзаяке худро ҳамроҳи мо ба уқёнуси клип-трагедияҳои тоҷик партояд.

Читать далее…

Posted in ШОУ-БИЗ | Отмечено: , , , , | 7 комментариев »