MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

Posts Tagged ‘сарояндахо’

* Ба тасмим дар бораи «танзим» чӣ назар доред?

Posted by MAHBUB-TJ на 23.07.2012

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар садади таҳияи низомномаест, ки тибқи он ҳамаи сароянда ва гурӯҳҳои мусиқӣ сабти ном хоҳанд шуд. Ин санад ҳамчунин сафарҳои ҳунарии овозхонҳо ба хориҷи кишварро танзим хоҳад кард. Назарпурсии навбатӣ ҳам дар ҳамин замина аст.

Читать далее…

Posted in ШОУ-БИЗ | Отмечено: , , , , , | Leave a Comment »

* Заифнолии сарояндаҳои тоҷик ва шофбурутҳои афғонӣ

Posted by MAHBUB-TJ на 12.01.2010

Аллакай, дар Тоҷикистон раванди клип-трагедияро намешавад ба ниҳоли дар ҳоли сабзиш шабеҳ кард, зеро он дарахте шудааст, ки патакрешааш ба рагу хуну пӯсти ҳофизону коргардонҳо чуқур давидаст. Сарояндамардакҳои тоҷик дар клипҳояшон худро ғуломи ҷафокашидаи ишқ ва назди тақдир ҳақиру нотавон нишон медиҳанд. Гӯиё онҳо бечоратарин табақаи ҷомеаи моянд, на нафақахӯрони танҳо (бо 60 сомонии нафақа) ва ё тамизкорони пойтахт (кӯчарубакҳо, ки соати 3-и шаб бо калӯши дарида, пӯчоқи «семичка» мерӯбанд…).

Нофи тамоми new-сарояндаҳои моро бо қайчии, ба қавле, «кидат(ь)» буридаанд. Баъди тамошои силсилаклипҳои тоҷикӣ хулосаи ман ҳамин шуд. Қариб ҳамагӣ объекти ҳамин «кидат» будаанд, ё шудаанд. Бо сабабҳои мухталиф арӯсҳояшон таркашон мекунанд: онҳоро кашида мегиранд; худашон бо дигарон мераванд; падару модарашон розигии тӯй намедиҳанд ва ғ. Як дӯстам низ рӯзе гуфт, ки ҳамин ҳофизҳои мо чӣ «балое» доранд, нотавонанд-чиян? Батолеътаринашонро бошад, гуйё чашми бобои Мухтор (шоҳидони айниву ғайни қисса мекунанд, ки чашмаш харсангро дукафон мекардааст) мегирад, ки дар охири клип арӯсашонро мошин мезанад. Касе ба ин шубҳа дорад, чанд лаҳзаяке худро ҳамроҳи мо ба уқёнуси клип-трагедияҳои тоҷик партояд.

Читать далее…

Posted in ШОУ-БИЗ | Отмечено: , , , , | 7 комментариев »