MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

САФАРДИДАҲО

ДУШАНБЕ-ВАШИНГТОН-НЕВАДА-ОҲАЙЁ-КАРОЛИНАИ ШИМОЛӢ-НЮ-ЙОРК

Субҳон Ҷалилов гуфт, аз дидаҳову шунидаҳоят дар Амрико бинавису аксҳо нашр кун. Гуфтам дар сафарноманависӣ Ту барин маҳорат надорам (ӯ сафарҳояшро хеле ҷолиб менависад ва агар касе шубҳа дорад ба блогаш бингарад). Аммо афзуд, ҳарчӣ ҳам бошад, навис. Ҳоло аз ин сафар қисса мекунам, агар бароятон ҷолиб нест, зуд ин саҳифаро бипӯшед.

03.11.15. ВАШИНГТОН

Ба қавли шоире чанд рӯз аст хобам чун калобае пароканда шудааст. Шояд аз он аст ки хонаро, кӯдаконро сахт пазмон шудаам. Шояд барои он ки ҳанӯз ба муҳити инҷо мутобиқ нашудаам. Ва шояд ҳам ин дуву боз чанд чизу чизҳои дигар…

Дар 75-умин соли роҳандозии барномаи IVLP (International visitor leadership program) ба Амрико омадем. Ману се журналисти дигар баъди чизе наздик ба 20 соати парвоз ба ин кишвари паҳновар расидем. Агар каме нофаҳмиҳо бо боғоҷҳо дар Франкфурти Олмон ва ларзишҳо дар ҳаво рӯйи уқёнусро сарфи назар созем, то ИМА хуб расидем. Дар фурудгоҳи Вашингтон моро Боб, пирамарди хушчеҳра ва чолок пешвоз гирифт ва то назди мошин, ки беруни фурудгоҳ интизорамон буд, ҳамроҳӣ намуд. Идомаи роҳ Аннахонум, яке аз ду тарҷумонро бо худ доштем.

Дар меҳмонхонаи «Мелроуз Ҷорҷтаун» аллакай моро интизор буданд. Ҳар кадом ба утоқҳои худ гузаштем. Шаби аввал кунда барин рӯи ҷойхоб афтидам. Аз шаби дуюм бедорхобӣ оғоз шуд. Шабе, ки ба Вашингтон расидем вақти тобистона тамом шуд ва ақрабаки соатро як соат ба қафо бурданд. Ҳоло вақти инҷо бо Душанбеи мо даҳ соат фарқ дорад.

Рӯзи якшанбе, 2 ноябр ба чанд ҷойи барои Амрикоиҳо мояи ифтихор рафтем. Роҳбалади мо Игор буд. Ӯ зодаи Белорусия буда, дар кишвараш чанд сол ба ҳайси журналист кор кардааст, ҳатто муассиси як нашрия ҳам буда. Аммо ба Амрико омадаву инҷо муқим шудааст. Таърихи Амрикоро хуб балад аст, аммо на ба дараҷаи Раймонд, тарҷумони дуюми гуруҳи мо, ки ихтисосаш таърих аст (таърихи давлати Сомониёнро хуб медонад). Моро дар ин сафар ҳамроҳӣ кардани Раймонд ба манфиат шуд. Ончи ки Игор мегуфт, ӯ пуррааш мекард. Он рӯз боғи миллии Амрикоро тамошо кардем. Аз минтақаҳои ёдгории Линколн, ҷанги Ветнам дидан намуда, ба тамошои бинои Қасри сафед рафтем. Рӯбарӯи бинои Қасри сафед хаймаи чиркини селофание зада шуда, гирду атрофи он пури шиорҳои эътирозист. Ба қавли Игор соҳиби ин хаймаи эътирозӣ пиразанест, ки чанд рӯз баъд дигарон ивазаш мекунанд. Ба бахти мо он рӯз «соҳибхона» дар хайма буд. Хеле солманд буда, рӯи курсии куҳнае менишаст. Ба гуфтаи Игор дар Амрико назди Қасри сафед задани хаймаи эътирозиро қонунан манъ кардаанд, аммо ин пиразан ба додгоҳ шикоят бурда, ки хаймаашро қабл аз тасвиби қонуни мазкур зада буду набояд он бардошта шавад ва додгоҳ талаби ӯро қонеъ мекунад. Дар инҷо шиорҳои зидди Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури пешини Амрикоро дидан мумкин аст, ки барои ба хоки Ироқ ворид кардани неруҳои ИМА танқид мешавад. Шиорҳои зидди бархе тасмимоти Исроил ва чандин шиори дигар низ зиёданд…

Дар Капитолия, ки парлумони Амрико ҷаласаҳояшро онҷо баргузор мекунад, филми «Out of Many, One»-ро тамошо кардем. Ин филм аз рӯзҳои душвори Амрико, ки нахустин намояндаи демократия шуд, нақл мекард. Дар Капитолия қисмати муҳими санъати амрикоӣ маҳфуз аст ва худи ин бино тарҳи муҳими таърихии меъморӣ ба шумор меравад. Вақте аз ин бино дидан мекардем, тармим мешуд. Ҷои таъкид аст, ҳар нафар имкон дорад, озодона ҷаласаи намояндаҳои мардумро назорат кунад.

Пойтахти Амрико ягона шаҳрест, ки ба ҳайати ҳеч иёлат шомил намешавад. Он миёни штатҳои Мэриленд ва Вирҷиния воқеъ аст. Аҳолии шаҳр 632323 нафар мебошад.

Дар Вашингтон сайёҳон мисли муру малаханд. Ба омори расмӣ солона то 15 миллион нафар аз пойтахти Амрико дидан мекунанд. Инҷо дучархасаворонро зиёд мебинед. Ҳам сокинони маҳаллӣ ва ҳам меҳмонону сайёҳон дучархаронӣ мекунанд. Дар кӯчаҳо сари ҳар қадам қатори дучархаҳо гузошта шудааст, ки ҳар нафар метавонад онҳоро иҷора бигирад. Хоҳишмандон тариқи корти бонкӣ маблағи иҷораро дар дастгоҳе, ки назди дучарха қарор дорад, пардохт карда, истифода мебаранд.

Сокинону меҳмонон Вашингтонро “шаҳри одамони расмӣ” мегӯянд. Ин шаҳр ором аст. Биноҳои қадимӣ ҳифз шудаанд. Дар пойтахти ИМА муқаррароте вуҷуд дорад, ки сохтмони биноҳои баландошёнаро номумкин мегардонад. Ин муқарарот ба хотири барҷаста нишон додани биноҳои таърихӣ ҷорӣ гардидааст.

Хабари омадани мо ба гуши тоҷикони муқими Амрико зуд расид ва яке аз онҳо аз иёлаи Чикаго ба дидани мо омад. Ӯро зуд шинохтем, зеро рақамҳои сабукраваш аз тоҷик буданаш гувоҳӣ медод—ALI TJK.

Амрикоиҳо дар осорхонасозӣ устухон надоштаанд. Дар ҳамаи бахшҳо музей ҳаст ва 90 дарсади онҳо ройгон. Мо аз осорхонаи инсоншиносӣ, ҳавоӣ-кайҳонӣ ва журналистика, маъруф ба Newseum дидан кардем (инҷо дар гӯшаи журналистоне, ки ҳангоми иҷрои вазифаи касбӣ кушта шудаанд, акси Отахон Латифӣ низ ҳаст. Акси ҳамватану ҳамкасби дигарамон-Искандари Хатлониро дар чунин як гӯша дар бинои «Садои Амрико» (Voice of Amerika) дидем (ӯ ба ҳайси хабарнигори «Радиои озодӣ» дар Маскав кор мекард ва соли 2000-ум кушта шуд).

Ронанда ба биное, ки сохтмон ҷараён дошт, ишора карда гуфт, онҷо осорхонаи таърихи афроамрикоиҳо бунёд мешавад.

Дар пойтахти Амрико аз Маркази байналмилалии журналистон, як созмон  ғайритиҷоратӣ ва Садои Амрико дидан кардем. Дар Департаменти ИМА, ки нақши Вазорати умури хориҷиро бозӣ мекунад, бо мутахасисоне, ки бевосита бо журналистон кор мекунанд, суҳбат доштем. Яке аз мавзӯъҳо озодии баён буд. Гуфта шуд, ҳукумати Амрико дар бисёр маврид масъалаи озодии баёнро бо кишварҳое, ки онро риоя намекунанд, ба таври ғайрирасмӣ, яъне дар суҳбатҳои алоҳида ба миён мегузорад ва онро оммавӣ намекунад. Аммо дар баъзе ҳолатҳо бо баргузории брифингу конфронсҳо мушкилро ба миён мегузорад.

Амрико ягона кишваре муаррифӣ шуд, ки раҳбари департамент ҳамарӯза бо журналистон суҳбат мекунад: “Ҳатто ними шаб ба почтаи электронӣ мактубҳо меоянд”. Дар ин суҳбат таъкид шуд, ки ҳамагуна талоши маҳдуд сохтани озодии баёну матбуот вазъи амниятиро шадидтар мекунад.

Охирин дидори мо дар Вашингтон аз Кумита барои озодии матбуот сурат гирифт. Фардо ба шаҳри Рено, штати Невада меравем. Онҷо фарқи соат бо пойтахти Амрико 3 ва бо пойтахти Тоҷикистон 12 соатро ташкил медиҳад.

7.11.15. Соат бо вақти Вашингтон 8:42. Ҳаво боронист. Аз меҳмонхона рухсат шудем. Дар роҳ ба сӯйи фурудгоҳ…

Бояд гуфт, мо мустақим ба Рено парвоз намекунем. Аз Вашингтон дар Феникс фуруд меоем. Баъдан ба Невада хоҳем рафт. Тарҷумонҳо мегӯянд, дар маҷмӯъ сафари мо шаш соат тӯл хоҳад кашид.

Соат бо вақти Феникс 13:50. Мебоист баъди ним соат бақайдгирии мусофирон оғоз мешуд ва баъди якуним соати парвоз ба Рено мерасидем. Аммо бо сабабҳои барои мо номаълум бештар аз як соат парвоз ба таъхир афтод.

 

РЕНО, НЕВАДА

 

Соати 17:00 ба вақти Рено аз фурудгоҳ берун шудем. Меҳмонхонаи мо Сиена (Siena) ном дорад.

Дар фурудгоҳ аввалин чизе, ки таваҷҷуҳи моро ба худ ҷалб кард, насб шудани дастгоҳҳои бозиҳои саргармкунанда буд. Сари ҳар қадам, компютерҳо гузошта шудааст. Невада яке аз штатҳоест, ки онҷо бозиҳои саргармкунанда муҷоз аст. Ин аст, ки шаҳр саропо чароғон асту казиноҳову қиморхонаҳои фаровон дорад. Казиноҳо тиҷорати хонаводагианд. Ба қавли як масъули шаҳрдорӣ соҳибони онҳо онро ба писаронашон мерос мегузоранд.

8.11.15. Соат бо вақти Рено 9:30. Ба мошин нишаста сӯи баҳри Таҳо роҳ гирифтем. Аз миёни арчазори васеъ гузашта баландии се ҳазор метрро пушти сар гузошта ба назди баҳр расидем. Баҳр дар баландии 2 ҳазор километр ҷой гирифтааст. 20 км паҳноӣ, 35 км дарозӣ ва 300 метр чуқурӣ доштааст. Тобистон инҷо серодамтарин минтақаи Невада аст, аммо ҳоло камодам менамояд. Шамоли сахт ва сардӣ вақти хубе барои дар соҳили баҳр нишастан нест охир.

Роҳи мо қад-қади баҳри Таҳо идома кард. Раймонд ва ронанда гуфтанд, инҷо омадаву аққалан аз ҳавои иёлати Калифорния нафас накашидан гуноҳ аст. Дар охирин қитъаи замине, ки мутаалиқи Невада аст, казино фаъол аст, ба қавли тарҷумони таърихдони мо ин охирин казино аст, зеро дар Калифорния қонун бозиҳои сргармкунандаву қиморбозиро иҷозат намедиҳад.

Тибқи барнома рӯзи дигар мо бо масъули барномаи сафарамон ба Невада мулоқот кардем. Гуфтанист дар ҳар иёлат созмони ҷамъиятие масъули роҳандозии барнома аст.

Мо ба бинои шаҳрдории Рено рафтем. Онҷо бо Matthew B. Brown, муовини директори  робита бо ҷомеаи шаҳрдорӣ мулоқот доштем. Дар ин шъба 11 нафар кор мекардааст. Ба қавли ҷаноби Бровн ҳар нафар метавонад дар ҷаласаҳои шаҳрдорӣ озодона иштирок намояд. Масъулин муваззаф будаанд ба саволҳои журналистон вобаста ба муҳимият давоми панҷ рӯз посух бидиҳанд.

Ҳамасола беш аз 4 миллион нафар ҳамчун сайёҳ ба Невада меомадааст. Танҳо қиморхонаву бозиҳо ягона манбаи даромади шаҳр нест. Минтақаи лижаронӣ ҳам ба буҷаи он пули андак намерезад, аммо хушксолии чанд соли охир ин тиҷоратро камдаромад кардааст. Ба ин нукта Matthew B. Brown, муовини директори робита бо ҷомеаи шаҳрдории Рено ҳам таъкид намуд. Ӯ хушксолӣ ва коҳиши лижаронҳоро фоҷеа хонд. Аммо барфрезӣ дар рӯзи дуюми ба Рено расидани мо мавзӯи суҳбат дар ҳама доираҳо буд. Нашри мустақими хабарии Шабакаи 2KTVN аз бахши обу ҳаво шурӯъ гардид. Мо, ки меҳмони ин шабака будем, ин нашри хабариро аз студия тамошо кардем. Баъди он ки мутахассиси ҳавошинос дар бораи чигунагии вазъи ҳаво гуфт, Кристин ва Вэндӣ, ровиёни ахбор бо хабарнигоре, ки дар кӯча қарор дошт, тамос гирифтанд. Дар ин бахш сокинон аз рехтани барф хурсандӣ мекарданд. Аммо на ҳамаро барфу сардӣ хушҳол карда буд. Дар Рено теъдоди бехонаҳо зиёд аст. Ҳудуди 10 нафари онҳо шабро зери шипанги биное лаби дарёча рӯ ба рӯи меҳмонхонаи мо рӯз карданд. Ба иддаои муовини директори робита бо ҷомеа, онҳо барномаҳои зиёдеро роҳандозӣ кардаанд, ки ҳадафаш бо ҷои кор таъмин кардани ин афрод аст, аммо ба гуфтаи ӯ бештари ин одамон намехоҳанд кор кунанд.

Дар Амрико расонаҳои электронӣ — радио ва ТВ ба ду гуруҳ ҷудо мешаванд: тиҷоратӣ ва ҷамъиятӣ. Дар Невада мо бо кору таҷрибаи ҳам ТВ-и тиҷоратӣ ва ҳам ҷамъиятӣ ошно шудем. Шабакаи 2KTVN тиҷоратист. Мавҷи он қариб барои ними штат қобили дастрас будааст. Яке аз продюсерони шабака гуфт, дар Невада 2 шабакаи ТВ рақиби онҳо маҳсуб мешавад, аммо чанд сол қабл дар пайи буҳрони молӣ бештари кормандонашонро ихтисор карданд. Аммо раҳбарияти 2KTV ин корро накард ва ин сиёсат имкон дод, яке аз ТВ-ҳои пешсафи иёлат шаванд. Ин телевизион бо дурбин (камера)-ҳои дар кӯчаҳо насбшуда ҳам дастрасӣ дорад ва ба тамошобинон дар бораи “пробка”-ву садамаҳо хабар медиҳад.  

ТВ-ҳои ҷамъиятӣ дар Амрико аз солҳои 50- и асри пор ба фаъолият оғоз кардаанд. Ҳадафи ин расонаҳо пешниҳоди иттилои бетараф гуфта мешавад. Як қисмати маблағи онро давлат пардохт мекунад, қисмати дигар аз ҳисоби андозҳои одамон ва донорҳо будааст. KNPB яке аз чунин ТВ-ҳост, ки соли 1983 таъсис ёфтааст.

Мо аз мактаби миёнае, ки курси вижаи журналистика дорад, дидан кардем. Аз 1700 хонанда 30 нафар дар ин курс мехондаанд. Он ҳафтае як маротиба гузаронда мешавад. Газетаи ин мактаб, ки Сурх ва Кабуд (рамзи штати Невада) ном дорад, 128 сол инҷониб нашр мешудааст. Он моҳе як маротиба чоп шуда, худи хонандаҳо мавзӯъҳоро интихоб мекунанд. Муҳаррирон низ аз ҳисоби хонандаҳоянд. Дар суҳбат бо мо ин донишомӯзон гуфтанд, харҷи нашр саддарсад аз ҳисоби рекламаҳо пӯшонда мешавад.Синфхонаи журналистика бо компютерҳои муосир муҷаҳҳаз аст ва ба гуфтаи журналистони ҷавон он аз ҳисоби маблағҳои худи газета харидорӣ шудаанд. Маблағҳо аз фурӯш ва хайрия ҷамъ мешудааст. Бархе волидон ва афроди дигар ба ҳисоби газета маблағ мегузарондаанд. Хонандаҳо мегӯянд, раҳбарияти мактаб ба сиёсати редаксионии газета комилан дахолат намекунад.

Дар Невада меҳмони факултаи журналистикаи донишгоҳи Невадаи шимолӣ ҳам будем.

Шоми 10 ноябр ба меҳмонии як хонаводаи маҳаллӣ рафтем. Ин ҷуфт соли 2009 чанд рӯз меҳмони Тоҷикистон буда ва хотироти неке доранд. Patricia бо чанд шаҳрванди Тоҷикистон дӯстӣ дорад. Вақте ба хонааш рафтем, пурсид, ки Ҷонибек Муродовро мешиносем?

Суҳбати хубе доштем он шом. Ғизоҳои хонуми Петрика хеле хушмазза буданд.

Соат бо вақти фурудгоҳи Рено 9:29. Мо ин шаҳри ҳаводорони бозиҳоро бо қасди Оҳайё тарк мекунем. Аз инҷо то Кливленд парвози мустақим нест. Мо ба Сан-Франсиско ва пасон ба Оҳайё хоҳем рафт.

КЛИВЛЕНД, ОҲАЙЁ

 

Соати 9:30 ба вақти Оҳайё дар меҳмонхона ҷой гирифтем.

Шамолҳои сахти Кливленд Файзободро ба ёд меорад…

Ин шаҳри қадимии саноатӣ буда, ба қавли коршиносон ҳоло дар марҳалаи начандон хубе қарор дорад. Бенавоӣ, бесаводӣ, мизони ҷинояткорӣ мушкили аслии ин шаҳр будааст. Тибқи бархе оморҳо ҳудуди 40 дар сади аҳолӣ камбағаланд. Бархе минтақаҳо комилан аз афроди бенаво таркиб ёфтааст. Ба қавли Блейн, раҳбари Шӯрои кор бо ҷомеаи шаҳрдории Кливеленд бештари мардуми бенаво афроамрикоиҳоянд. Беэътиноии афроамрикоиҳо ба пулис яке аз мушкилиҳои дигари шаҳр арзёбӣ мешавад. George P. Rodrigue, сардабири рӯзномаи Plain Dealer мегӯяд, бекорӣ аз мушкилоти калидӣ барои Кливеленд маҳсуб мешавад. Ба гуфтаи вай тибқи бархе оморҳо ин шаҳр аз рӯимизони камбизоатии аҳолӣ дар Амрико ҷои дуюмро ишғол мекунад.

Дар шаҳрдорӣ мо бо ҷаноби Блейн, раҳбари Шӯрои кор бо ҷомеа суҳбат кардем. Мегӯяд дар  маҳаллае ки вай зиндагӣ мекунад ягона намояндаи афроамрикоӣ аст, ки галстук мебандад. Гуфт, мехоҳад барои дигарон намунаи ибрат бошад. Монанди бештари афроамрикоиҳо дар шароити вазнин бузург шудааст. Ӯро модараш ба танҳоӣ ба воя расондааст. Вай аз саркардаи як гуруҳи ҷиноӣ ҳам минатдор аст. Мегӯяд, ӯ ки барои ҷиноятҳо барои 35 сол аз озодӣ маҳрум шуд, ҳамеша барои таҳсил ва варзиш карданакарданаш кумакаш мекард ва ташвиқ. «Мегуфт, мехоҳам босавод шавӣ, монанди ман набошӣ»,-гуфт вай.

Дар Шӯрои кор бо ҷомеаи кормандоне ҳастанд, ки бо намояндаҳои аққалиятҳои мухталиф кор мекунад. Масалан, Chia-Min Chen дар умур  намояндаҳои миллатҳои осиёӣ фаъолият мебарад. Гуфт, ҳоло талош доранд, то хизматрасонии телефони изтирорӣ-911 ба забонҳои мухталифи намояндаҳои аққалиятҳо, аз ҷумла забони тоҷикӣ дастрас бошад: «Ҳадафи мо ин аст, ки дар сурати зарурӣ ҳар нафар, ки англисиро балад нест, дар ҳолатҳои изтирорӣ тавонад ба ин хадамотҳои гуногун тамос бигирад ва дар гуфтугӯ мушкил надошта бошад».

George P. Rodrigue, сардабири рӯзномаи Plain Dealer мегӯяд тиҷорати матбуот дар ҳоли суқут аст, интернет хонандаҳояшонро гирифт ва ҳамасола теъдоди хонандаҳо кам шудан мегирад. Дар шароити муосир мо на танҳо бо интернет, балки бо ТВ ҳам бояд рақобат кунем. Мегӯяд, ин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки нашрияҳои ҳаррӯза аз байн раванд, аммо рӯзномаи охири ҳафта ё якшанбе солҳои тӯлонӣ мавқеашро ҳифз хоҳад кард.

Бар пояи назарпурсиҳое, ки кормандони нашрия анҷом додаанд, хонандаҳои аслии рӯзнома солмандрнанд. Ба ҳисоби миёна синни хонандаҳои асосиашон 50-ро ташкил медиҳанд. Аз солҳои 2000-ум дар ин рӯзнома сардабир аст ва ёд надорад, ки боре барои кадом матлаб ба онҳо фишрр оварда бошанд. Барои мардум озодии расонаҳо фарҳанг шудааст. Баъзан фишорҳои тиҷоратӣ ҳастанд, яъне рекломдиҳандаҳо шартномаро қатъ мекунанад, гуфт вай.

Дар ин рӯзнома 2 ҳазор журналист кор мекунад, аммо онҳо ҷои кори доимӣ надоранд. Аз онҳо талаб намешавад, ки рӯзи дароз дар корхона бошанд, ноутбуку дигар дастгоҳҳо ҳамроҳашон аст ва аз ҳар ҷо хоҳанд гузориши худро ирсол мекунанд.

Дар ин шаҳр бо Karl Idsvood, устоди донишгоҳ ва журналисти собиқадор мулоқот доштем. Ӯ вуруди нерӯҳои амрикоӣ ба хоки Ироқро провали журналистикаи  ин кишвар гуфт. Ба қавли вай расонаҳои маъруф ва жуиналистони ИМА ба таври бояд дар мавриди дахолати кишвар ба Ироқ нагуфтанд. «Дар масъалаи Ливия ҳам бисёр саволҳо беҷавоб мондаанд»,-таъкид намуд ӯ. Дар идома илова кард, нашунидааст, ки журналисте аз сенатори амрикоӣ пурсида бошад, ки чаро як кишвари диктатуриро дастгирӣ мекунанду, давлати дигарро бад мебинанд.

14.11.15. Соат бо вақти фурудгоҳи Кливеленд 11:03. Ба Шарлотт, шаҳре дар Каролинаи Шимолӣ парвоз хоҳем дошт.

 

ШАРЛОТТ, КАРОЛИНАИ ШИМОЛӢ

 

Якшанбеи 15 ноябр баъди субҳона бо мошин дуюним соат роҳ тай намуда, барои дидани қасри George W. Vanderbilt рафтем. Ин қаср бо шаҳомати хосса сохта шудааст. Аз соли 1889 сохтмони он оғоз гардида, соли 1895 аллакай дар онҷо зиндагӣ мекардаанд. Аз соли 1930 он ҳамчун осорхона истифода мешавад. Ҳоло он ба насли панҷуми Вандербилтҳо мутаалиқ аст. Майдони марбут ба ин қаср дар маҷмӯъ 32 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Аслан ин қасри зимистонаи Виндербилт будааст. Қасри тобистонаи он дар Ню-Йорк аст. Ҳоло ҳудуди ду ҳазор нафар дар ширкати Билтмор ба кор машғуланд, ки ба сайёҳоне, ки ба тамошои қаср меоянд, хизмат мерасонанд.

Дар Шарлотт бо кори ширкати 3WBTV, ки як радио ва ду шабакаи телевизионӣ дорад, шабакаи Fox 46, ки ба ширкати маъруфи Fox таалуқ дорад ва WTVI, ки ҷамъиятист шинос шудем. Ба Charlotte community radio рафтем. Ин радио на ба гуруҳи тиҷоратӣ ва на ҷамъиятӣ дохил мешавад. Онро радиои аҳолӣ мегӯянд, ки онҷо ба ҳар нафар, ки ҳаваси радиожурналист шудан дорад, имкон фароҳам меоранд. Дар ин радио ҳама ба ҳайси дастёр ё волонтёр фаъолият мебаранд ва ҳақмузд намегиранд. Масъули радио гуфт, дар як барнома суруди «Ситора»-и Садриддинро истифода кардааст. Ӯ саҳифаи фейсбуки радиоро нишон дод, ки клипи ин таронаи Садриддин бо як пешгуфтор дар бораи барномаи он шом гузошта шуда буд.

Аз факултаи коммуникатсияи Донишгоҳи хусусии Шарлотт дидан кардем ва бо чанде аз донишҷӯёни соли чорум гуфтугӯ доштем. Дар ин факулта 250 нафар таҳсил мекунад, ки 18 дар сади онҳо дар ихтисоси коммуникатсия ва дигарон дар риштаи журналистика мехонанд.

18.11.15. Аз рӯи барнома ба Norsan Media рафтем. Ин ширкат аз соли 2007 ба фаъолият оғоз карда, барои испониҳову мексикоиҳои муқими Амрико нигаронида шудааст. Он аз нашрия, сомонаи интернетӣ ва чор радио иборат аст. Студияи телевизиониро ба наздикӣ фаъол кардаанд ва ҳоло танҳо нашрҳои хабарӣ аз вазъи роҳу дамои ҳаво дар Шарлотт ва баъзе минтақаҳои Каролинаи Шимолӣ омода мекунад. Эфири баъдиро бо барномаҳои телевизиони умумӣ пур мекунанд.

Дар яке аз радиоҳои ширкат-Pepe, як корманди пулис ҳам кор мекунад. Ба қавли масъулини ин гуруҳи расонаҳо, онҳо талош мекунанд, ҳисси беэътимодии намояндаҳои мардуми испониву мексикоиро нисбати пулис аз миён баранд. Бино ба омори расмӣ танҳо дар Шарлотт теъдоди намояндаҳои ин миллатҳо ба миллион мерасад, аммо муҳоҷирони ғайриқонунӣ хеле зиёданд.

Norsan Media бар пояи шабакаи тарабхонаҳо созмон ёфтааст. Ҳамин аст, ки масъулони он мегӯянд, буҳрони молии чанд соли қаблро, ки ба расонаҳо зарбаи шадид зада, моликони расонаҳоро ба ихтисори кормандон маҷбур сохт, ба осонӣ рафъ кардаанд.

Шарлотт барои ҳамаи чор нафар гуруҳи мо писанд омад. Шаҳри дӯстдоштанист. Ором, зебо, мардумаш самимӣ.

Масъули роҳандозии барномаи мо дар Шарлотт созмони «International hous» буд.

Соат бо вақти фурудгоҳи Шарлотт 12:33. Парвоз ба Ню-Йорк барои ду соат ба таъхир афтодааст. Фурсати хубе барои шикамчаронӣ аст))))))

Бо гузашти ду соат, эълон шуд, ки боз се соати дигар парвоз таъхир шудааст. Соат 17:45. Ҳавопаймо ба ҳаракат даромад…

Соати 00:20 ба меҳмонхона даромадем. Қарор шуд, фардо соати 10:15 дар ошёнаи аввал ҷамъ шавем. Ба бинои СММ меравем…

Ню-Йорк

 

Дар Ню-Йорк ҳамагӣ то шоми 21 ноябр меҳмон хоҳем буд, аз ин рӯ барномасозон танҳо ду вохурӣ муайян кардаанд: тамошои бинои СММ ва мулоқот бо намояндагии Кумитаи дифоъ аз журналистон.

Вақте дар бинои СММ қадам мезадем, нохост намояндаи Тоҷикистон дар ин ниҳодро дидем. Як суҳбати сардастакӣ кардем ва қарор шуд, дар сурати даст додани фурсат дидор хоҳем дошт, аммо мутаасифона дигар чунин фурсат нашуд. Гуруҳи мо аз толорҳои баргузории ҷаласа дидан кард ва дар як брифинг, ки ба масъалаи ҳодисаи марбут ба меҳмонҳонае дар Малӣ бахшида шуд, иштирок дошт. Баъди нисфирӯз ба Кумитаи дифоъ аз журналистон рафтем. Онҷо бо Музаффар Сулаймонов суҳбат кардем. Ӯ дар бораи ҳадафи кумита ва авзои журналистон дар кишварҳои Осиёи Миёна гуфт. Ба қавли ӯ, созмони онҳо дар сурати зарурӣ аз ҳукуматҳо даъват мекунад, то расонаҳоро маҳдуд накунанд. Ӯ гуфт, бештар дар мавриди вазъи расонаҳо аз манбаъҳои гуногун маълумот мегиранд ва ҳамеша талош мешавад, ки иттилои дарёфтшуда аз чанд сарчашма тасдиқ шавад. Сулаймонов афзуд, созмон аз ягон давлат пул намегирад, зеро дар он сурат эътимоди шаффоф будани гузоришҳо аз миён меравад. Кумита аз ҳисоби маблағҳои донорҳо, пулҳои хайрия ва фондҳои мухталиф фаъолият мекунад.

Шоми он рӯз ба тамошои театр рафтем. Инро театр ва инро саҳна мегӯянд. Ончӣ мехоҳам гуфтан, наметавонам навиштан. Танҳо ҳамин қадар гуфта метавонам, ки офаринашон…    

Соат бо вақти фурудгоҳи Ню-Йорк 19:35. Ҳавопаймо ба самти Франкфурт ба ҳаракат даромад. Аз Франкфурт ба Туркия парвоз кардем ва қарор буд, баъди чор соат ба самти Душанбе ҳаракат намоем. Аммо баъди саргардониҳои зиёд (гоҳ мегуфтанд, назди ин терминал биравед, гоҳ эълон мекарданд, ки фалон терминал интизори шумост) эълон шуд, ки парвоз соати 10:00-и фардо анҷом мешавад. Хоҳишмандонро ба меҳмонхона бурданд, аммо чанд нафар, аз ҷумла банда шабро дар фурудгоҳ рӯз кардем. Соати 18:00-и рӯзи дигар аз ҳавои Тоҷикистон нафас мекашидам…   

 

 

Оставьте комментарий