MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

«Парем» таронаеро, бо охирин гиторнавозии марҳум Ҳазратқулов муаррифӣ кард

Posted by MAHBUB-TJ на 29.10.2013

Гуруҳи маъруфи «Парем» таронаи «Ай боди сабо»-ро муаррифӣ кард. Ин оҳанг аз охирин корҳои гуруҳ буда, сабт ва танзими он беш аз ҳафт моҳ тул кашидааст.

 

Алишер Сайфуллоев, овозхони гуруҳ далели ба дарозо кашидани таҳияи сурудро ба чанд омил рабт дод. Ӯ дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, «вақте мо сари ин тарона кор мекардем, Ҳакимҷон Ҳазратқулов, гиторнавози гуруҳ дар беморхона бистарӣ гардид. Бояд қайд намоям, ки дар ин суруд Ҳакимҷон охирон бор гитор навохтааст».

Ҳакимҷон Ҳазратқулов моҳи март дар ҷараёни бозии футбол ба замин афтода, косахонаи сараш зарб хӯрд. Баъди 43 рӯзи табобат, 29 апрел дар беморхонаи Қарияи Боло даргузашт.

Матн ва оҳанги таронаи «Ай боди сабо» маҳсули эҷоди Алишер Сайфуллоев мебошад ва он дар студияи гуруҳи «Парем» — JC RECORDS сабт шудааст.

Гуруҳи «Парем» 20 сол мешавад, ки рӯи саҳна аст, аммо танҳо ду албоми комилро вориди бозор кардааст. Алишер Сайфуллоев мегӯяд, онҳо ба хулосае расиданд, ки дигар барои нашри албом талош накунанд: «Ҳамин ки суруди нав пайдо шуд, сабт мекунем. Дигар аз паси албом намешавем».

Теъдоди таронаҳои «Парем» наздики 70 гуфта мешавад, аммо ба қавли аъзоёни гуруҳ на ҳамаи онро ба шунавандаҳо муаррифӣ кардаанд. «Бисёр сурудҳое ҳастанд, ки онҳоро пешниҳод накардем, чунки дар студияҳои дигар сабт шуда, барои мо чандон писанд наомаданд. Шояд дар оянда ин сурудҳоро аз нав сабт карда, ба шунаванда пешниҳод мекунем»,-афзуд Алишер Сайфуллоев.

Гуруҳи «Парем» моҳи марти соли 1993 дар базаи ансамбли «Бойчечак»-и назди хонаи пионерҳои ноҳияи Фрунзе (ҳоло Сино)-и Душанбе зери раҳбарии Георгий Непомняший таъсис ёфтааст. Ҳайати аввалияи гуруҳ аз Владимир Юматов, Олим Ширинов, Фирӯз Ҳакимов, Алишер Зариков, Владислав Нечипуренко ва Наргис иборат буд. Матни аввалин таронаи гуруҳ моли Фирӯз ва Олим будааст. Аммо гуруҳ бештар сурудҳои овозхонҳо ва гуруҳҳои маъруф аз қабили «The Beatles», «Браво», «Рондо», «Кураж»-ро бозхонӣ мекард. Дар ин давра чанд таронаи тоҷикӣ ва эронӣ низ хондаанд.

Нахустин таронаҳои тоҷикии «Парем» ба қалами Алишер Сайфуллоев мутаалиқ аст.

Аз моҳи майи соли 1995 то имрӯз гуруҳро Олим Ширинов раҳбарӣ мекунад. Моҳи майи соли 1996 нахустин албоми гуруҳ бо номи «Ай чаро ишк» нашр шуд, ки аз таронаҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таркиб ёфта буд. Муаррифии албом 15-уми июни соли 1996 дар театри ба номи Маяковский баргузор шуд.

Моҳи майи соли 1998 гуруҳ бо сафари ҳунарӣ ба Хуҷанд рафт ва ду консерт низ баргузор кард. 15-уми марти соли 1999 аввалин консерти “Парем” дар Кохи Борбади Душанбе доир гардид. Авохири моҳи ноябр бошад, албоми дуюми «Парем» бо номи «Дишаб» ба дасти мухлисон расида, расми муарифии он 4 ва 5-уми декабри соли 1999 дар Кохи Барбад сурат пазируфт.

Тирамоҳи соли 2001 бо барномаи ҳунарӣ ба Олмон сафар карда, чанд таронаи худро онҷо сабт карданд. «Парем» аз аввалин гуруҳҳои тоҷикӣ мебошад, ки ду маротиба дар бузургтарин клуби консертии Маскав мавсум ба «Б2» консерт додааст. Бори нахуст моҳи июли соли 2011 ва маротибаи дуюм сентябри соли 2012. Ҷои ёдоварист, ки аввалин сафари онҳо ба Маскав ва ҳанарнамоияшон дар «Б2»-ро ровиёни радиои «Маяк»-и Русия ба баҳс кашида ва нисбат ба гуруҳ ва фарҳанги тоҷикон носазо гуфтанд. Ба дунбол, Олим Ширинов, сарвари гуруҳ ба вазоратхонаҳои фарҳанг ва корҳои хориҷии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар якҷоягӣ ба мақомоти дахлдори Русия нотаи эътирозӣ фиристоданд, ки бо узрхоҳии ровиён анҷом ёфт. Он вақт Олим Ширинов гуфта буд, ки ҳатто ҳангоми пӯзиш кормандони «Маяк» баъзе шӯхиҳои бемаврид карданд, аз ҷумла гуфтанд, ки медонем, ҳоло мардуми тоҷик машғули сохтмон ҳастанд ё автомати «Калашникуф»-ро барои ғоратгарӣ омода месозанд.

«Нигоро», «Танҳо дар ёд», «Медонӣ ё не», «Гули ман» ва «Омадаст» аз маъруфтарин таронаҳои «Парем»-анд, ки қалби шунавандаҳоро тасхир кардаанд. Ин таронаҳо ҳарчанд умри беш аз 15 сола доранд, ҳанӯз дар қатори сурудҳои сершунавандаи радиоҳо мақом доранд.

 

Манбаъ: «Озодагон»

Оставьте комментарий