MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

* Навбати Шумо (видео)

Posted by MAHBUB-TJ на 30.03.2012

Сиву ҳафт ҳазору панҷ саду чордаҳ маротиба саломи гарму самимӣ ба хонандаи бениҳоят арҷманд! Ба саломҳои Шумо низ дар гармогармияш садҳо алейк! Фикр мекунам,  узри маро барои мӯҳлати зиёд чизи тозае дар торнамо нагузоштан қабул мекунед. Талош мекунам, ин танаффус ҷуброн шавад. Ҳолиё сари амалисозии идеяе бандам, ки ҳамчунон ба торнамо рабт дорад, аммо на ба блоги мазкур (бигзор ин бароятон як навъ сюрприз бошад). Аммо барои «Махбуб ТҶ» ҳам идеяи наве ҳаст. Интихобан бархе клипҳоро дар торнамо мегузорам, аммо дар мавриди мазмун, мувофиқати садо, ҳаракатҳо, саҳнасозӣ, танзим ва ҳунари сарояндаву коргардону ғайраву ҳоказои он хонанда фикрҳояшро менависад. Умедворам фаъол хоҳед буд.


Нахустин клипи интихобшуда таронаи «Бачаи кӯлобӣ»-и Фариштаи Фурайдон ном сарояндаест.

Дустони арчманд! Ташаккур барои он ки вакти худро дарег надошта андешахоятонро менависед. Ба фикрхои Шумо эхтиром мегузорам, аммо хохиш мекардам, ки аз доираи одоб ва ахлоки сухан берун набароед. Ин чо номахои зиёде дарёфт кардам, ки ба шахсияти сароянда расидаанд. Харфхое, ки буи тахкиру тахвин доранд, нашр намешавад. Саломат бошед!

комментариев 9 to “* Навбати Шумо (видео)”

  1. Ин бехунара аз кучо ефтед?

  2. Элдар аз Кулоб said

    Ин хофизаи бехунар чигуна ин матни бе мазмунро интихоб карда сароидааст ман намедонам инро худаш медонад. Ман ба ин хонуми бехунар тавсия медихам, ки шунавандаи точик дигар ниёз ба гуш кардани ин кабил сурудхои фач надорад хуб мешуд, ки ба сахна ворид нашуда сахнаро тарк кунад ин ба манфиати худаш аст, зеро наонкадар садои хуш дорад, ки шунаванда уро кабул кунад.

  3. Nozanin said

    Ин клип тамоман ба доираи санъати клипсози мувофикат намекунад. садои сароянда тамоман гушхарош аст. матн ба сужаи клип мувофикат намекунад.сароянда ва клипсозон тамоман завки эстетики ва зебоишиноси надоранд.

  4. yoqub said

    Паҳ… ита бетаъбайееее…. гуфти бачаҳакои кӯлобӣ, ки «гумуш-к», ай куҷо ёфтӣ и клипа?
    Ҳайф аст, ки студияи пуровозае мисли СИМО инро наворбардориву банду баст карда бошад. Аз ин бе таъбтару «дилбеҳузуркунандаашро» надида будам (аслан ку клипҳои тоҷикиро камтар тамошо мекунам, шояд хуб ҳам мекунам). Ин бечораро кӣ маҷбур кардааст, ки сароянда шавад?
    Як ҳикояи Шайх Саъдӣ ба хотирам омад, ҳо ҳамоне, ки бонги нохуше дошту муаззини масҷидаш монда буданд-ку?! Ҳамон. Баъд медонед ун бечораи Худоро бо чи роҳе аз манори масҷид ронданд? Оре, пулаш доданд ва гуфтанд, бирав дар дигар масҷид ин вазифаро бар душ бигир. Масҷиди дигар рафт, ин вазифаро як замони андак бар душ гирифт. Аҳли маҳалла машварат карданд, гуфтанд агар аз масҷиди мо бирави 25 тангаи тилло мегирӣ. Шайх Саъдӣ мегуяд, нафаре аз аҳли маҳаллае, ки ин муаззини нохушовоз онҷо ифои вазифа мекард, бар ин маҳал гузар кард ва чун воқиф шуд, лабханд заду гуфт, зинҳор то 100 танга наситонӣ ба ҳеч куҷо марав. Ҳозир хоҳанд шуд то ин миқдорро ба ту биспоранд.
    Ин ҳофизаи бечора аз фарти нодонӣ бар ин хаёл аст, ки «муаззине» бас хушовоз аст!!! Дар замони Шайх Сайъдӣ дастгоҳи сабту наворбардорӣ набуд, ки муаззин аз кароҳати садои худ воқиф гардад. Аммо ин бечора оё садои худашро нашнидааст, ки моро бо ин нохушовозӣ дар ранҷу заҳмат мегузорад?????

  5. Абдулатиф said

    Шояд Фаришта каме хато карда бошад ба фикрам бояд дар сахнаи хачвнигори у номдор мешавад мисли Гулбахор дар ХАНДИНКАМОН

  6. MAHBUB-TJ said

    Як шарҳи дигар зери ин навор дар суроғаи шабакаи Ю Тюб-и «Маҳбуб-ТҶ» омадааст:

    TUKTGUK: бадтарин суруде, ки дар хаётам шунидам. Ба назарам ин хофиза аз санъату шеъру суруд дури дур аст.

  7. istad said

    Ман садка шавум пулаа гуед хонум… Махз бо шарофати ана хамон пул Шумо сохиби ин клип гаштаед. Касе, ки овози Шуморо гуш карда, мегуяд, ки хуб аст, АХМАК аст… Хамин тавр не дустон?

  8. Рахимбек said

    Фикр мекунам, ки дар студияи Симо хама бо уммеди компутер хастанд. На наворбардору на режиссёру на максаде доранд.

  9. Surik said

    Это вообще позор))) кишлак)))

Оставьте комментарий