MAHBUB-TJ

Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид

* Туркманҳоро ҳам қоил кардем

Posted by MAHBUB-TJ на 23.09.2010

Туркманҳо низ ахиран бо «фарҳанги махсуси консертгузарони»-и мо  ошноӣ пайдо карданд. Ҳайати ҳунармандони Туркманистон, ки ҷиҳати баргузор намудани «Рӯзҳои фарҳангии Туркманистон дар Тоҷикистон» вориди Душанбе шуданд барои мудати мадид ин сафарро фаромӯш нахоҳанд кард…

Ҳарчанд дар даъватномаҳо оғози консерт 17:30 дақиқа нишон дода шуда буд, аммо даъватшудаҳо «баҳузур» буданд… Сокинони Тоҷикистон ба ин хабар, ки соли равон як ҳамватани мо ба кайҳон меравад имкон дорад, ки бовар намоянд, аммо ҳеч бовар карда наметавонанд, ки консертҳои Душанбе сари вақт оғоз мешавад. Акнун туркманҳо низ ин «қоида»-ро ҳалқа ба гӯш хоҳанд кард.

Аслан барои тамошобинони тоҷик хомӯш шудани барқ  пеш аз консертҳову дар ҷараёни он ҳеч ҷои тааҷуб надорад, аммо фикр мекунам ин ҳолат  меҳмонҳоро хуб ҳайратзада кард. Соати 18:00 буд, аммо аз саршавии консерт дарак не, ногоҳ қувваи барқ хомӯш гардид. Чанд рӯз пештар шунида будам, ки ширкати «Барқи Тоҷик» ба ҳукумаат тарҳи ҷорӣ кардани лимити барқро пешниҳод кардааст, шояд аз ҳисоби консертҳо акнун дар Душанбе «эконом» карданиянд? Ба ҳар сурат то рӯшан шудани толор чанд ҷавонро «Худо дод». Худонододаҳо интизори оғози консерт шуданд. Чанд нафари «бетоқат» толорро тарк намуд. Баъдан як намояндаи вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба саҳна баромаду бо забони шикастаи русӣ барои мушкили техникӣ «маъзарат» хост.

Консерт соати 18-47 шурӯъ гардид. Як туркманмардаку як туркманзанак онро ҳусни оғоз бахшиданд. Бо забони туркманиву русӣ меҳмононро тамошобинонро хушомадед гуфтанд. Муарифии ҳунармандону оҳангу мусиқӣ бо ин ду забон сурат мегирифт, яъне эҳтиром ба забони модарӣ дар дараҷаи аввал гузошта мешуд. Ба муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Миралӣ Достиев ва раҳбари намояндагии ҳайати меҳмонон (номашро мутаасифона дар хотир надорам) сухан дода шуд. Миралӣ Достиев гӯё наметавониста бошад, ки чанд ҷумлаи русиро азёд кунад, ки бо «шпаргалкааш» пайдо шуд. Аққалан дар оғози сӯҳбаташ бо тоҷикӣ як ҳарф нагуфт, танҳо дар қисмати охир меҳмононро «хуш омадед» гуфт.

Аз ду экрани бузурги ду тарафи толор якеаш кор намекард. Ин ҳам барои тамошобини тоҷик хабари «нав» набуд, аммо барои туркманҳо шояд «иттилои нав»бошад.

Консерт дар маҷмуъ фикр мекунам ба тамошобин писанд афтод. Махсусан як ҷузъи санъати овозхонии туркманҳо, ки «ҳиъ-ҳиъ-ҳиъ» мегуянд, тамошобини тоҷикро ба шавқ овард. Консерт бидуни фонограмма анҷом шуд.

 Ба мушоҳидаи ман як гуна садои овозхонҳои туркман бо мусиқӣ ҷур намешавад. Дар аввал фикр кардам шояд барои он аст, ки бидуни фонограмма иҷро мешавад, шояд чунин ҳам бошад, зеро ин ҳолдат дар тамоми ҳунармандоне, ки иштирокчии консерт буданд мушоҳида мегардид. Ё шояд фарҳанги туркманҳо чунин бошад? Ба ин суол ростӣ ҷавоб ёфта натавонистам.  

Қабл аз консерт дар даромадгоҳи «Кохи Борбад» намоиши маҳсулоту дастовардҳои фарҳангии туркманистон ба маъраз гузошта шуд. Аз нону намаки туркманҳо тамошочиён чашиданд.

Туркманҳо ба лисоби миллияшон эҳтироми зиёдеро қоиланд. Қариб аксар дар сар тоқиҳои миллӣ мепушанду либоси миллӣ ба бар мекунанд. Ҳатто тамошобинони туркмане, ки (намояндаҳои дипломатӣ, донишҷӯён) ба таври муваққат дар Душанбе ба сар мебаранд ба консерт бо либоси миллӣ рафта буданд.

Бо як коргардони туркман, ки дар шабакаи аввали  телевизиони Туркманистон кор мекардааст, сӯҳбати кӯтоҳе доштам. Гуфтам, ки ба ман хело хуш омад, ки шумо ба либоси миллиятон зиёд таваҷҷӯҳ доред, махсусан ба тоқӣ. Ӯ гуфт, ки баъди консерт тоқиро ба ман ҳадя мекунад. Гуфтам чаро пеш аз консерт не, гуфт беҳтараш баъди он. Баъди консерт ман соҳиби як тоқии миллии туркманӣ шудам…

комментария 2 to “* Туркманҳоро ҳам қоил кардем”

  1. Marjona said

    Э муборак шавадее, калексияи токихои шумо боз хам зиёдтар шуд!

    • MAHBUB-TJ said

      Ташакур, Марҷонаи азиз! Воқеан, дуруст аст, ки колексияи тоқиҳои ман боз ба якто афзуд ва аз ҳама аҷибаш ин ки дар қатори тоқиҳои тоҷикӣ акнун онро тоқии туркманӣ зеб медиҳад

Оставьте комментарий